1-уми майи соли 2025 бо ибтикори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Ҳамгироии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар пасманзари дигаргуниҳои муосири ҷаҳонӣ, ҳолат ва дурнамо» конфронси илмӣ баргузор гардид, ки дар он Андре Алгермиссен, намояндаи минтақавии Бунёди Конрад Аденауэр доир ба Осиёи Марказӣ, мутахассисони марказҳои таҳлилӣ ва институтҳои илмию тадқиқотии кишварҳои Осиёи Марказӣ, Жавлон Вахабов, директори Донишкадаи байналмилалии Осиёи Марказӣ, Акрамжон Неъматов, муовини якуми директори Институти тадқиқоти стратегӣ ва байниминтақавӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, коршиносони хориҷию ватанӣ иштирок ва суханронӣ карданд.
Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода инчунин, иброз намуд, ки ҳадафи баргузории ҳамоишро муҳокимаи ҳолат ва дурнамои рушд ва таҳкими робитаҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи байни кишварҳои минтақа, масъалаҳои минтақавӣ ва стратегияҳои ҳалли муштараки онҳо, пешгирии таъсири мушкилоти эҳтимолӣ ба амният ва иқтисоди минтақавӣ, баррасии ҷараёни татбиқи санадҳо ва созишномаҳое, ки дар доираи вохӯриҳои машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ба имзо расидаанд, инчунин, рақамикунонии иқтисодиёт ва ташаккули иқтисоди «сабз», таҳкими иқтидори содиротии кишварҳои минтақа, муборизаи муштарак бо хатарҳо ва тағйироти иқлимӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ арзёбӣ намуд.
Конфронс аз се бахш иборат буд, ки дар онҳо нақши вохӯриҳои машваратии сарони давлатҳо дар ҷараёни равандҳои ҳамгироӣ дар Осиёи Марказӣ таъмини амнияти минтақавӣ дар партави тағйироти байналмилалӣ ва пайдоиши чолишҳои нав, ҳолат ва дурнамои рушди иқтисоди «сабз» дар фазои Осиёи Марказӣ баррасӣ гардиданд.
Н. МУРОДБЕКОВА,
«Садои мардум»