Ҳамовозӣ ба мулоқоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маорифи кишвар

Бетараф набошем

№78-79 (4818-4819) 21.06.2024

53757397939_a9de81e672_oЗимни мулоқоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маорифи кишвар на танҳо масоили илму маориф, балки мушкилоти дигари рӯз, аз ҷумла хурофоту таассуб, ҳадафҳои муғризонаи созмону гурӯҳҳои ифротӣ, бегонапарастӣ ва оқибатҳои ногувори он, баррасӣ шуданд. Пешвои миллат дар баробари таҳлили мӯшикофонаи масоили зикршуда, чун муршиди раҳомӯз роҳҳои ҳалли мушкилотро, ки сангаре дар масири рушди илму маориф ва ҷомеаи кунунии мо мебошанд, пешниҳод намуданд.

Пешвои миллат таъсири таассубу ифротгароиро ба ҷомеа сахттар аз яроқи ҳастаӣ арзёбӣ намуда, ба зиёиён хитоб намуданд: «Назоратчӣ нашавед, барои огоҳ кардан, боло бурдани сатҳи маърифати ҷомеа бетараф набошед. Касе ба ҷои мову шумо Ватан обод намекунад. Ба хотир оред солҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро. Кӣ канорамон буд, кӣ мушкилотамонро бартараф карду барои мо Ватан сохт? Ҳеҷ кас!».

Дарвоқеъ, Тоҷикистон он рӯзҳои наҳс танҳо буд бо роҳбари тозаинтихобаш. Дигарон, хоса неруҳои беруна, ки яке аз омилҳои сар задани низоъҳои дохилӣ буданд, тамошогар. Имрӯз ҳам, чунин неруҳои фурсатталаб кам нестанд. Онҳо бо истифода аз боварӣ ва эҳсосоти динии ҷавононе, ки ҳанӯз зиракии сиёсиашон шакл нагирифтааст, ҷомеаро ноором ва ҳадафҳои нопоки хешро пиёда кардан мехоҳанд. Дар чунин вазъияти ҳассос Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон зарур шумориданд, ки зиёиён, махсусан олимони кишвар, бетараф набошанд, ҷавононро ба илмомӯзӣ ҷалб намоянд, бо тарзи тафаккури илмӣ муқобили таассубу андешаҳои ифротӣ мубориза баранд.

Қабл аз баррасии ҳолати имрӯзаи илм ва маорифи кишвар Президенти ҷумҳурӣ аз вазъи ногувори солҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва солҳои аввали баъдиҷангӣ, ки ба соҳаҳои гуногун, аз ҷумла илми ватанӣ, таъсири манфӣ расонд, ёдовар шуданд. Гуфтанд, ки қариб даҳ соли аввали соҳибистиқлолӣ бо мухолифату кашмакашҳои дохилӣ гузашт. Танҳо аз соли 2000-ум мо имкон пайдо кардем, ки пастравии иқтисоди миллиро боздошта, ба оғози марҳалаи рушд ворид гардем.

Маълум мегардад, ки ин муддат барои тақвияти заминаҳои моддию техникии илми ватанӣ маблағгузорӣ марҳала ба марҳила зиёд гашта, ба ин мақсад 1 миллиарду 607 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст. Аз ҷониби Ҳукумати мамлакат солҳои охир барои рушди илми ватанӣ ва дастгирии олимон корҳои зиёд сомон пазируфтаанд. Аз ҷумла, дар назди АМИТ чандин муассисаҳои нави илмӣ-таҳқиқотӣ, барои олимони ҷавон ҷоизаҳои махсус таъсис ёфта, лоиҳаҳои илмӣ мунтазам дастгирӣ меёбанд. Тавре дар вохӯрӣ зикр шуд, ҳоло дар мамлакат боз 724 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 152 миллиард сомонӣ амалӣ мегардад, ки даҳҳо лоиҳаи он ба соҳаи илм равона гардидааст. Албатта, ин ҳама дар рушди илми ватанӣ бетаъсир намонд. Олимони кишвар аз ҷумла, дар соҳаҳои тиб, кишоварзӣ, дорусозӣ, физикаю математика ва нуҷум ба чандин бозёфти нави илмӣ дастёб шуданд, аммо, тавре Роҳбари давлат дар мулоқот изҳор доштанд, ҳанӯз дар ин самт мушкилоте мавҷуд аст, ки садди рушди илм мебошанд. Посухгӯи ниёзҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ набудани баъзе натиҷаҳои илмӣ, тарбияи кадрҳои ҷавон, ки дар рушди илми кишвар қодир бошанд, дар истеҳсолот ҷорӣ нашудани натиҷаҳои илмӣ, ба плагиат (асардуздӣ) даст задани баъзе довталабони дараҷаҳои илмӣ ва фаъолияти сохтакоронаи шуроҳои диссертатсионӣ аз ҷумлаи онҳост.

Ҳарчанд дар замони соҳибис­тиқлолӣ кадрҳои дорои дараҷа ва унвони илмӣ зиёд гардидааст, аммо нишондиҳанда ҳанӯз қонеъкунанда нест. Аз таҳлилҳои Пешвои миллат маълум шуд, ки ба масъала дар ­бисёр пажӯҳишгоҳҳо хунукназарона муносибат доранд. Махсусан, дар Пажӯҳишгоҳи математикаи Академияи миллии илмҳо, Пажӯҳишгоҳи масоили амнияти биологӣ ва биотехнология ва дар Пажӯҳишгоҳи чорводорӣ ва чарогоҳи Академияи илмҳои кишоварзӣ.

Аз он ки дар Пажӯҳишгоҳи математикаи Академияи миллии илмҳо аз 18 нафар дар давоми 5 сол 2 докторант рисолаи илмии худро ҳимоя карда, дар Пажӯҳишгоҳи чорводорӣ ва чарогоҳи Академияи илмҳои кишоварзӣ аз 16 докторант, ки аз ҳисоби буҷет қабул шудаанд, муддати 6 сол як нафар ҳам рисолаи илмии худро ҳимоя накардааст, воқеан, боиси нигаронии ҷиддист.

- Дар Пажӯҳишгоҳи хокшиносӣ дар даҳ соли охир 13 нафар докторант аз рӯйи ихтисос қабул шудааст, вале то ҳол ягон нафар рисолаи илмии худро ҳимоя накардааст, — зикр намуданд Пешвои миллат. Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон ҷумҳурии аграрӣ буда, ҳоло дар кишвари мо чунин мутахассисон мисли обу ҳаво заруранд.

Ба масъалаи ҳамгироии илм бо истеҳсолот таваҷҷуҳ зоҳир намудани Роҳбари мамлакат бесабаб нест. Ҳанӯз бисёр ихтироъҳои олимони кишвар тадбиқи худро наёфта, рӯи коғаз боқӣ мондаанд. Аз таҳлилҳое, ки мо қаблан дар ин мавзуъ дош­тем, маълум мегардад, ки олимони мо дар самтҳои гуногуни илм боз­ёфти муҳим доранд. Масалан, Ғуломқодир Бобизода, профессори кафедраи кимиёи органикии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, бо шогирдонаш дар натиҷаи таҳқиқ ва омӯзиш омехтасозии (композитсия) растаниҳои шифобахшро бо доруҳои мавҷуда пешниҳод карданд, ки дар фармакологияи кишвар даст­оварди нав аст. Силсилаи таҳқиқоте, ки 6 сол боз дар ин самт анҷом пазируфт, нишон медиҳад, ки ба вуҷуд овардани чунин доруҳо дар асоси растаниҳои шифобахш таъсирнокии доруро пурзӯр менамояд. Мисоли дигар: олимони АМИТ якҷо бо кормандони Пажӯҳишгоҳи гастро­энтерология як қатор иловаҳои фаъоли биологӣ, ба монанди «Камолид», «Камолин», «Седармон», «Мукофер», малҳамҳои «Херболит», «Ҳербитол»-ро таҳия намуданд, ки ба роҳ мондани истеҳсоли он дар саноати дорусозии ватанӣ метавонад ҷои баъзе иловаҳои фаъоли биологиро, ки аз хориҷи кишвар ворид мешаванд, иваз намояд. Ин гуна мисолҳо кам нестанд, таассуфовар он аст, ки бо сабабҳои гуногун ҳанӯз дар амал тадбиқ нагардидаанд. Сарвари давлат ин мушкилро ба сатҳи пасти ҳамкории муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ бо соҳибкорон, шарикии давлат бо бахши хусусӣ дар корҳои илмиву таҳқиқотӣ ва таҷрибавӣ вобаста дониста, хотирнишон намуданд: «Таъсиси сохтори алоҳида – Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти мамлакат бояд ба раванди пайванди илм бо истеҳсолот ва рушди фаъо­лияти инноватсионӣ такони ҷиддӣ бахшад. Фаъолияти ин сохтор бояд ба рушд, танзим ва дастгирии давлатии фаъолияти инноватсионӣ ва таҳияи механизми татбиқи он равона карда шавад».

Ҷобаҷогузории дурусти кадр­ҳо дар пажӯҳишгоҳҳои илмӣ, таъмини марказҳои илмӣ бо технологияи муосир, ба талаботи рӯз мувофиқ намудани китобҳои мактабию донишгоҳӣ, пос дош­тани таъриху фарҳанги ниёгон аз ҷумлаи мавзуъҳои дигаре буданд, ки дар вохӯрӣ баррасӣ шуданд.

Тоҷикистони соҳибистиқлол, агарчи аз солҳои 2000-ум ба оғози марҳалаи рушд ворид шуда бошад ҳам, ин муддат ҳам дар сатҳи давлатӣ ва ҳам байналмилалӣ ба даст­овардҳои зиёд ноил шудааст. Маълум мешавад дар баробари дастовард ҳанӯз мушкилот кам нест, хоса дар самти илму маориф. Ҳар тасмиму эроде, ки Пешвои миллат вобаста ба соҳаҳои мазкур гирифтанд, ба хотири бартараф намудани онҳо, рушди ҷаҳонбинии илмӣ, ҷалби бештари ҷомеа ба илм­омӯзӣ ва аз роҳи илм рушд бахшидани кишвар мебошад. Воқеан, дар муқобили мушкилоти дохилӣ ва ҳам таҳдидҳои берунӣ тавассути ваҳдати миллӣ, якдилӣ ва истиқлоли комил метавон истодагарӣ намуд. Ҳама талош­ҳои Роҳбари давлат танҳо ба хотири ҳифзи истиқлол, ояндаи дурахшони Ватан ва зиндагии беҳин аст. Мо низ, чун Пешвои миллат, набояд нисбат ба тақдири миллату давлат ва ояндаи кишвар бетараф бошем.

Фарзона ФАЙЗАЛӢ,

«Садои мардум»