Пешвои миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 9-уми марти соли равон ҳангоми мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар гуфтанд: «Ман ифтихор мекунам, ки аввал тоҷикам ва баъдан мусулмон». Ин суханонро бори дигар дар ҷамъомади назди Қалъаи Хуҷанд ва дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи мамлакат такрор намуданд. Чаро?
Ҳамчун мутахассиси таъриху динҳои қадим ташвиши Пешвои миллатро хуб дарк мекунам. Мо тайи ҳазор сол зери ҳукумати бегонагон будем. Дар натиҷа тафаккури миллиро аз даст дода, бештар ба хурофот рӯ овардем. Имрӯз мардум ба сухани олим не, ба мулло бовар дорад. Ҳар ҳафта дар намози ҷумъа баъзе муллоҳо як соат аз соҳибистиқлол шудани миллат ва ба шарофати он ободу зебо гардидани шаҳру деҳот, осудаҳолӣ, ҳифзи марзу буми мамлакат, ифтихори миллӣ не, балки аз тоату ибодату ҷиҳод, зиёрати ҳаҷ сухан мекунанд. Гӯё мусулмонӣ танҳо ҳамин бошад, ҳол он ки дар китобҳои муқаддас, ҳифзи марзу бум фарз дониста шудааст, аз ҷумла барои пайравони дини Ислом низ.
Дар китоби «Авесто» на танҳо инсонҳо, балки фариштагон ба ҳифзи марзу буми Ориён сафарбар шудаанд: «Дар оини ориёиҳо Худованди бузург муҳофизи ватани ориёиҳо мебошад ва ба мардумон мегӯяд, ки агар онҳо Баҳроми Аҳуро (Баҳром худованди ҷанг ва футуҳот аст) он чунон ки бишояд, ниёз пешкаш оваранд ва ситоишу ниёиши сазовор ва ба оини Аша бигзоранд,… душманро ба сарзамини Ориён роҳ намедиҳад». Дар «Яштҳо» (яке аз бахшҳои «Авесто») ҳамаи паҳлавонони заминӣ, ба монанди Ҷамшед, Фаридун, Рустам ва Исфандиёр, барои муҳофизати Ватан қаҳрамониҳои зиёд карда, вирди забони мардум ва достону афсонаҳо шудаанд.
Дар адабиёти замони исломӣ дар бораи ватанпарастии тоҷикон маълумот пайдо намешавад. Масалан, дар «Футувватнома», «Ахлоқнома» ва панду ҳикматҳо атрофи ин мавзуъ ҳарфе ба назар намерасад. Ҷои мавзуи ватанпарастиро ситоиши шайху сӯфиён — ташвиқгарони дин ишғол менамояд. Ин ҳама боис шуд, ки бисёр ҷавонони мо ба хурофот бовар кунанд ва ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ пайванданд.
Тавре дар суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар таъкид шуд: «Тибқи маълумоти мавҷуда, дар се соли охир 24 нафар шаҳрвандони мо дар 10 кишвари дунё ба амалҳои террористӣ, аз ҷумла дар анбуҳи одамон таркондани худ, даст задаанд. Ҳол он ки худкушӣ на ҷиҳод, балки гуноҳи азим, хилофи таълимоту талаботи дини мубини Ислом аст».
Дар «Яштҳо» барои ҳифзи ватани ориёиҳо яке аз фариштагони бузургтарин — Миҳр, ки то зуҳури Зардушт нақши худованди бузургро иҷро менамуд, камар бастааст. Масалан, дар достони Миҳр Яшт мегӯяд: «Он ҷойҳое, ки шаҳриёрони далер қавои бисёр мураттаб созанд, он ҷойҳое, ки кӯҳҳои баланд, чарогоҳҳои бисёр барои чорпоён мавҷуд аст, он ҷойҳое, ки дарёҳои амиқ ва васеъ воқеъ аст, он ҷойҳое, ки рӯдҳои паҳни қобили киштиронӣ бо хеле хезобҳои хурӯшон ба санги хоро ва кӯҳ бархӯрда сӯи Мару, Ҳирот ба сӯи Суғди Гава ва Хоразм мешитобанд, Миҳри тавоно назорат мекунад».
Умуман, дар «Авесто» ҳамаи фариштагон бо сарварии худованди бузург — Аҳуромаздо бо қувваҳои бадӣ дар ҷанг мебошанд, то онҳо ба Осмон, Замин ва одамон зарар нарасонанд.
Вазифаи инсонҳо дар Замин низ муҳофизати он аз бадист. Дар оини ориёӣ мамлакатро аз тохтутозҳои ғоратгарон эмин доштан вазифаи ҳар марду зан дониста мешавад. Мо аз таърих дар бораи қаҳрамониҳои Исфандиёру Рустам, паҳлавонзанон Заринаю Гурдофарид, Рӯдоба, Томирис ва Артемис, ки барои ҳифзи Ватан ҷангиданд, огоҳем. Аз қаҳрамониҳои Спитамон, Катан, Овсиён ба муқобили таҷовузгарони юнонию мақдунӣ, Деваштич ва Муқаннаъ зидди арабҳо, Темурмалик муқобили муғулҳо низ хуб огоҳӣ дорем, аммо аз чӣ ватанхоҳии онҳо дар асрҳои минбаъда тараннум нашудааст?
«Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ифодагари ақидаи ватанпарастии пешини тоҷикон мебошад. Дар он ба хирадмандӣ, дониш, фарзонагӣ ҳамчун бузургтарин диҳиши эзид бартарӣ дода шудааст:
Хирад беҳтар аз ҳар чӣ эзид-т дод,
Ситоиш хирадро беҳ аз роҳи дод.
Хирад роҳнамою хирад дилкушой,
Хирад даст гирад ба ҳар ду сарой.
«Шоҳнома» асарест, ки дар он ҳамаи корҳо мувофиқи ақидаи дини ориёиҳо дар асоси ақлу хирад ва дониш равиш мегиранд, аз ҷумла, ватанхоҳию қаҳрамониро тараннум менамояд.
Фирдавсӣ, пеш аз ҳама, ба ҷавонони тавоною далери майдони ҷанг талқин менамояд ва дар симои онҳо муҳофизони Ватан, замину об ва фарзандони тоҷикро мебинад. Қаҳрамонони «Шоҳнома» Рустам, Исфандиёр барои муҳофизати Ватан, дифои он аз душманон меҷанганд. Рустам бошад, ба хотири ҳимояи Ватан ҳатто писари худ Суҳробро, ки аз ҷониби душманон меразмид, ба қатл расонид.
Вақте ки сухан аз дифои Ватан меравад, бояд ҳисси ватанхоҳии мо аз эҳсосоти диниамон баландтар бошад. Агар чунин мебуд, дар таърих туркони қарахонӣ давлати миллии Сомониёнро аз байн намебурданд. Дар вақти ҳуҷуми туркон ҳомиёни Ислом мардумро аз ҷанги ватанхоҳӣ боздоштанд. Онҳо дар байни мардум баромад намуда, мегуфтанд: «Туркони қарахонӣ мусулмонанд ва барои муҳофизати дудмони Сомонӣ хуни мусулмононро рехтан гуноҳ аст». Ба ибораи дигар, дар он вақт муллоҳои беҳувият ба Ватан ва миллати худ хиёнат карданд.
Таъкиди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Ман аввал тоҷикам ва баъд мусулмон» ҳамон маъноеро дорад, ки дар боло зикр шуд, яъне, эҳсоси миллии мо бояд аз ҳисси динӣ баландтар бошад.
Мо бояд миллатпараст бошем. Имрӯз Тоҷикистон давлати соҳибистиқлол аст ва зимоми давлатдории мо дигар ба дасти бегонагон нест. Фақат бояд заҳмат кашем, зарур аст корҳоеро анҷом диҳем, ки аз он ба Ватану миллат манфиат расад.
Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асарашон «Тоҷикон дар оинаи таърих» нигоштаанд: «Агар мо аз роҳи тайкардаи пур аз шебу фарози миллати хеш огоҳии комил медоштем ва аз хатоҳои содирнамудаи ниёгонамон сабақ мебардоштем, шояд туфони офатбори ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, ки ба сари халқи тоҷик омад, чунин ранги фоҷиавӣ намегирифт. Омӯхтани таърих танҳо ба хотири донистани гузашта нест, балки он дурнамоест, ки роҳи ояндаи миллат ва пешомадҳои давлатдориро равшан намуда, барои худогоҳии миллӣ, ваҳдату ягонагӣ ва рушди тафаккури таърихии наслҳои оянда хизмат мекунад».
Яъне, аз таърих сабақ бояд омӯзем, бурду бохти онро ба назар гирем ва дар рушди мамлакат гомҳои бехато монем. Ташаккули маниш ва тафаккури миллӣ гарави заҳмати ҳалол, ободии мамлакат ва иҷрои дастурҳои Пешвои миллат мебошад. Заҳмати ҳалол ришва нагирифтан ва ба амонати давлат — ба миллати хеш хиёнат накардан аст.
Ташаккули маниш ва тафаккури миллӣ, ҳамчунин, гарави пойдории истиқлолият, дӯст доштани Ватан ва баҳраш ҷон фидо намудан аст. Бо сухан не, дар амал Тоҷикистон, истиқлолияти асрҳо интизорбуда ва бо хунрезӣ ба дастомадаро дӯст ва онро аз ҳама гуна хатар эмин бояд дошт. Барои пойдории он бояд ҷон нисор кард.
Юсуфшоҳи ЯЪҚУБШОҲ,
доктори илми таърих, академик