«Бо тамоми ҳастӣ барои ҳифзи ватан»

№56 (4796) 03.05.2024

шиоре, ки бояд сармашқи кори ҳаррӯзаи мо бошад

53575576842_4aa25e32b4_oҲукумати мамлакат таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таҳкиму тақвияти ватандӯстию ватандории шаҳрвандон ва хусусан, ҷавонон заминаи ҳуқуқӣ ва ҳам шароити моддӣ фароҳам овардааст. Бо супоришу ҳидоятҳои бевоситаи Пешвои миллат «Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022», «Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020», «Консепсияи миллии сиёсати ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026», «Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикис­тон барои солҳои 2023-2027» таҳия, қабул ва татбиқ гардида истодаанд. Ин санадҳои муҳиму стратегӣ дар самти тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон ва ҷавонон нақши бориз дошта, тадбирҳои саривақтию судманд ва дархӯри ниёзҳои ҷомеаи кишвар маҳсуб меёбанд.

Бо мақсади таҳким бахшидани заминаи қонунии тарбияи ватандӯстӣ моҳи декабри соли 2022 аз ҷониби Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» таҳия ва пешниҳод гардида, аз ҷониби парлумони мамлакат ҷонибдорӣ ёфт ва бо имзои Президенти мамлакат  мавриди амал қарор гирифт. Бешубҳа, таҳияи чунин санади муҳиму стратегӣ вобаста ба вазъи печидаи геополитикии ҷаҳон ва минтақа бисёр саривақтӣ буд.

Аз ҷониби коршиносони соҳа қабули қонуни мазкур хусусан, дар шароити мавҷудияти зуҳуроти хатарноки замони муосир, ки башариятро ба ташвиш овардаанд, тақозои замон ва вусъати саривақтии корҳо оид ба тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон дар чаҳорчӯбаи танзими ҳуқуқӣ арзёбӣ мегардад.

Ҳамзамон, мулоқотҳои доимии Пешвои миллат бо ҷавонони кишвар, таъсиси Шурои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Соли ҷавонон» эълон гардидани соли 2017, рушди соҳаи варзиш, баланд бардоштани майлу рағбати ҷавонон ба илмомӯзию навоварӣ, бевосита таҳти сарпарастии Сарвари давлат баргузор гардидани озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон — Ватани азизи ман», «Илм — фурӯғи маърифат», «Тоҷикон» — оинаи таърихи миллат» ва ба ин васила дарёфту дастгирӣ кардани истеъдодҳои ҷавон, тақдими асари таърихии «Тоҷикон»-и академик Бобоҷон Ғафуров ба ҳар як оилаи кишвар далели таваҷҷуҳи махсуси давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ ба ин қишри пешбарандаи мамлакат маҳсуб меёбад. Инчунин, дар даврони соҳибис­тиқлолӣ бо дастгирии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаш ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимон ва муҳаққиқони ҷавон, Фонди махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати омода кардани мутахассисон дар давлатҳои хориҷӣ ва грантҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҷавонон дар соҳаи ватанпарастӣ таъсис ёфтаанд.

Барои омода намудани шахсони ватандӯст ва мафҳуми ватандӯстиро дар ботини онҳо ҷой додан адабиётамон низ хизмати бузург дошт. Чунки он аз таъриху фарҳанги ватандӯстӣ ғанӣ буда, аксари олимону донишмандони гузаштаю имрӯзаи мо ватандӯстию ватандорӣ, ахлоқи намунавӣ, образҳои қаҳрамонӣ ва ғайраро дар меҳвари эҷодиёти худ қарор додаанд. Агар мо осору ашъори Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Ҷомӣ, Сино, Форобӣ, Хайём, Бедил, Зоконӣ, Камол, Ал-Бухорӣ, Имоми Аъзам, Берунӣ, Закариёи Розӣ, Дониш, Айнӣ, Улуғзода, Бобоҷон Ғафуров ва дигаронро мавриди омӯзишу таҳлил қарор диҳем, ҳазорон матолиби ватандӯстию ватандориро муайяну корбарӣ хоҳем кард. Шояд дар ҷаҳон тоҷик ягона миллатест, ки дорои чунин адабиёти ғании фарогири ҷанбаҳои ватандӯстӣ бошад.

Дар баробари ин, дар тарбияи ватандӯстӣ мутахассисони соҳаҳои илму маориф, фарҳанг, иттилоот, варзиш ва коммуникатсия низ метавонанд бо фаъолияту амалҳои санҷидашуда ва давлатмеҳвар хидмати бузург намоянд.

Ба ҳар ҳол ин заҳмату талошҳо вобаста ба вазъи печидаи геополитикии минтақа дар самти тарбия, огоҳонидан ва «мусаллаҳ» кардани ҷавонон бо «силоҳи» ватандӯстӣ кофӣ набуда, тадбирҷӯиҳои бештарро талаб менамояд.

Тавре зикр шуд, адабиёти мо саршори ҳодисаҳои таърихӣ, падидаҳои ватандорӣ, фоҷиаҳои ибратомӯз, панду ҳикматҳои ватандӯстӣ аст. Мутахассисони соҳаи кино метавонанд, дар асоси ин зарфиятҳои адабӣ филмҳои бадеӣ, мустанад, силсилавӣ ва тасвириро бо иловаи хаёлоти арзишмеҳвар, миллатмеҳвар ва давлатмеҳвар офарида пешкаши тамошобинони кишвар, хоса ҷавонон, намоянд. Масалан, образҳо, нақшҳо ва саҳнаҳои тарбиявиро метавон дар асоси корнамоию қаҳрамонии чеҳраҳои таърихию фарҳангии миллиамон Куруши Кабир, Рустаму Суҳроб, Баҳроми Чӯбина, Спитамен, Абумуслими Хуросонӣ, Муқаннаъ, Деваштич, Темурмалик, Маҳмуди Торобӣ, Исмоили Сомонӣ, Яъқуби Лайс, Низомулмулк, Восеъ, С. Айнӣ, Н. Махсум, Ш. Шоҳтемур, Б. Ғафуров ва дигарон офарид. Дар асоси маъхазҳои таърихӣ доир ба давлатдории Модҳо, Ҳахоманишиён, Портҳо, Кӯшониён, Сосониён, Ҳайтолиён, Тоҳириён, Саффориён, Сомониён, Ғуриён, Сарбадорон, Музаффариён, Бармакиён ва ғайра филмҳои гуногун офаридан ба манфиати кор аст.

Албатта, барои истифодаи ин зарфиятҳо мутахассис, қобилияту истеъдод ва қудрати иқтисодӣ лозим аст. Имрӯз мо мебинем, ки дар ин самт, воқеан, мутахассисони Туркия, Россия, Чин, Кореяи Ҷанубӣ, Ҳиндустон ва ҳамсоякишварҳои мо Ӯзбекистону Қазоқистон муваффақ мебошанд. Имрӯзҳо силсилафилмҳои таърихии туркӣ фазои кишвари моро пур кардааст, ки ба фазои иттилоотӣ, суботу амният ва арзишҳои миллии мо таҳдиду хатарҳои ҷиддӣ хоҳанд буд.

Пас, бояд зудтар дунболи офаридани филмҳои миллии хусусияти тарбиявӣ, ҳувиятӣ ва ҳисси миллӣ дошта бошем, то дар ҳифзи манфиатҳои миллӣ ақиб намонем. Ин гуна филмҳо ба ҷавонони мо таъсири мусбат расонида, ҳисси миллӣ ва рӯҳияи ватандӯстии онҳоро баланд мебардорад.

Яъне, суханҳои Пешвои миллат: «Фаромӯш набояд кард, ки танҳо шахси воқеан ватандӯст метавонад дилсӯзона ва бо тамоми ҳастӣ ҳифзи амният ва ободии Ватани худро таъмин созад», бояд ҳамеша дар гӯши мо садо диҳад ва шиору сармашқи кори ҳаррӯзаи мо бошад.

Табассум АЗИМЗОДА,

омӯзгори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон