Ҳамовозӣ ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бубин тафовути раҳ аз куҷо то ба куҷост

№13 (4596) 16.01.2023

Шурӯъ аз соли 2000-ум Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар сол ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Паём ироа намуда, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварро муайян мекунанд. 22 сол боз паёмҳои Роҳбари давлат чун ҳуҷҷати раҳнамунсоз яке аз сарчашмаҳои асосии фаъолияти кормандони вазорату идора ва дигар муассисаҳои давлатист, зеро Президенти мамлакат зимни ироаи Паём дар баробари зикри дастовардҳо, ҳамчунин доир ба беҳтар кардани фаъо­лият дар ҳама соҳа дастуру супоришҳо медиҳанд.

Паёми Президенти мамлакат имрӯз ҳамчун як ҳуҷҷати хронологӣ низ хизмат карда метавонад. Ҳангоми хондани он аз ­дастовардҳои яксолаи давлат пурра огоҳ мешавем. Он ҳамчунин, ҳуҷҷатест, ки раванди рушди Тоҷикистони соҳибистиқлолро пурра бозгӯӣ менамояд. Албатта, пешрафту дастовардҳо дар муқоиса беҳтар шинохта мешаванд. Бинобар ин, мо барои намуна чанд иқтибос аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (30-юми апрели соли 2001) ва Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» (23-юми декабри соли 2022) оварда, оид ба раванди рушди иқтисодиву иҷтимоӣ қазоватро ба хонандагони ҳушманд мегузорем.

АЗ ДАВРАИ ГУЗАРИШ ТО СОЛИ БОБАРОР

«Мо ҳоло дар марҳилаи махсуси таърихии худ — давраи гузариш қарор дорем. Яке аз талаботи давраи гузариш ин аст, ки бо мақсади таъмини кафолатҳои ҳуқуқи инсон, адолати иҷтимоӣ, ҳамчунин, бо дарназардошти шароити марҳилаи гузариш ва давраҳои минбаъдаи пешрафти соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварамон ба қонунҳои амалкунанда тағйироту иловаҳои саривақтию ҷавобгӯ ба талаботи иқтисоди бозорӣ ва муносибатҳои нави иқтисодиро ворид намоем».

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 30 — юми апрели соли 2001

«Соли 2022 барои Тоҷикистони мо, дар маҷмӯъ, соли бобарор буд.

Ба шарофати заҳмати содиқонаи мардуми кишвар раванди созандагиву ободкорӣ бомаром идома ёфта, нақшаву барномаҳои пешбинигардида ҷиҳати таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат ҳадафмандона амалӣ карда шуданд.

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», 23-юми декабри соли 2022

ИСЛОҲОТИ ИҚТИСОДӢ ВА РУШДИ МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ ДОХИЛӢ

«То имрӯз ислоҳот дар шароите гузаронида мешуд, ки дар назди мо вазифаи ба вуҷуд овардан ва инкишоф додани неруи идоракунии мутобиқ ба талаботи иқтисоди бозорӣ қарор дошт. Аз ин рӯ, дар ин раванд баъзан сустшавии суръат ҷой дошт.

Бо вуҷуди ин, имрӯз бо қаноатмандӣ зикр карданӣ ҳастам, ки бо кумаки шумо барномаи миёнамуҳлати ислоҳоти иқтисодӣ ба иҷро расид…

Вазифаи муҳимтарини Ҳукумат дар се соли оянда аз татбиқи устуворонаи барномаи ислоҳоти иқтисодӣ, ки ба паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва болоравии иқтисодиёт равона шудааст, иборат аст».

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 30-юми апрели соли 2001

 «Сарфи назар аз таҳаввулоти дар иқтисоди ҷаҳон идомадошта ва таъсири манфии омилҳои берунӣ ба иқтисоди миллии мо, дар натиҷаи татбиқи самараноки ислоҳоти иқтисодӣ, амалӣ намудани стратегияву барномаҳо ва тадбирҳои зиддибуҳронӣ дар панҷ соли охир рушди иқтисодиёти Тоҷикистон ҳамасола ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7,3 фоиз таъмин гардида, Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 71 миллиард ба 115 миллиард сомонӣ расид ва ба ҳар сари аҳолӣ 1,5 баробар афзоиш ёфт. Аз ҷумла, соли 2022 корҳо ҷиҳати устувор нигоҳ доштани нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, коҳиш додани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, фаъолияти босуботи низоми бонкӣ, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноативу кишоварзӣ, беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ ва дастгирии соҳибкорӣ тақвият пайдо карда, рушди иқтисоди миллӣ дар сатҳи 8 фоиз таъмин карда шуд.

Дар панҷ соли охир сатҳи некуаҳволии мардум тадриҷан баланд шуда, даромади пулии аҳолӣ аз 41,1 миллиард сомонии соли 2018 ба 87 миллиард сомонӣ дар соли 2022 расонида шуд, яъне 2,1 баробар зиёд гардид.

Музди миёнаи меҳнат дар кишвар якуним баробар ва андозаи нафақаи ниҳоӣ 1,3 баробар афзоиш ёфт. Дар натиҷа сатҳи камбизоатӣ аз 27,4 фоизи соли 2018 то 22,5 фоиз дар соли 2022 коҳиш дода шуд».

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», 23-юми декабри соли 2022

ТАНАЗЗУЛИ БЕҚУРБШАВИИ ПУЛ

«Давлат тарафдори сиёсати қатъии монетарӣ мебошад, ки ба кам кардани беқурбшавии пул ва таъмин намудани устувории қурби номиналии асъор нигаронида шудааст.

Ин чораи зарурист, зеро беқурб­шавӣ соли 2000-ум зиёда аз 60 фоизро ташкил дод. Соли 1999 ин рақам 31,3 фоиз буд. Сабаби асосии ин ҳолат дар муомилот зиёд шудани ҳаҷми пул буд.

Пешбинӣ шудааст, ки соли 2001-ум беқурбшавии пул, дар маҷмӯъ, 16 фоизро ташкил хоҳад дод».

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, 30 — юми апрели соли 2001

 «Дар самти сиёсати пулию қарзӣ нигоҳ доштани устувории қурби пули миллӣ, баланд бардоштани қобилияти пардохти низоми бонкӣ, дар сатҳи пешбинишуда нигоҳ доштани таваррум, инчунин, таъмин намудани фаъолияти самараноки низоми пардохтҳо аз ҷумлаи вазифаҳои муҳим боқӣ мемонанд.

Дар соли 2022 қурби пули миллӣ муътадил нигоҳ дошта шуда, сатҳи таваррум 4,2 фоизро ташкил намуд».

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», 23 — юми декабри соли 2022

МАҚСАД АЗ ҚАРЗУ САРМОЯ РУШДИ ИҚТИСОДИВУ ИҶТИМОИСТ

«Қарзҳои Бонки ҷаҳонӣ, Бонки осиёии рушд, Бонки исломии рушд ва ташкилотҳои ба онҳо монанд бо шартҳои комилан имтиёзнок дода мешаванд ва барои ба вуҷуд овардани шароити умумии тараққиёти иқтисодии мамлакат сафарбар карда мешаванд.

То ин дам аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади амалӣ намудани лоиҳаҳо аз ҳисоби маблағгузорӣ дар бахшҳои зикршуда барои се соли наздик ҷалб намудани маблағҳои имтиёзноки хориҷӣ дар ҳаҷми 500 миллион доллари амрикоӣ, ҳамчунин, кумаки техникӣ дар шакли грантҳо дар ҳаҷми қариб 12 миллион доллари амрикоӣ шартнома баста шудааст.

Ҳамаи лоиҳаҳои амалишаванда афзалияти калон доранд ва дар ҳамаи онҳо саҳми Ҳукумат дар ҳаҷми на камтар аз 10-15 фоиз пешбинӣ шудааст, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ карда мешавад».

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, 30 — юми апрели соли 2001

 «Дар панҷ соли охир ба соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ беш аз 15 миллиард сомонӣ сармояи мустақими хориҷӣ ҷалб карда шудааст, вале ин нишондиҳанда ҳанӯз ба талаботи рушди иқтисодиёт ҷавобгӯй нест.

То соли 2025 дар кишвар татбиқи беш аз 200 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ пешбинӣ гардида, танҳо ба бахши воқеӣ ва инфрасохтор зиёда аз 82 миллиард сомонӣ сармоягузорӣ карда мешавад.

Таъкид менамоям, ки дар шароити таҳаввулоти босуръату пешгӯинашавандаи иқтисоди ҷаҳонӣ, рақобатҳои шадид барои дастрасӣ ба захираҳо ва пайомадҳои тағйирёбии иқлим бояд дар кишвар тамоми воситаҳои муосири фаъолгардонии сармоягузорӣ ба таври васеъ истифода бурда шаванд».

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», 23 – юми декабри соли 2022

ШАРИКИИ ДАВЛАТ ВА БАХШИ ХУСУСӢ

«Болоравии иқтисодӣ механизми муҳимтарини ба вуҷуд овардани имконияти шуғли аҳолӣ бо роҳи ташкили ҷойҳои нави кор ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум аст.

Фаъолияти бахши хусусӣ асоси афзоиши даромади аҳолӣ хоҳад буд. Вобаста ба ин, Ҳукумат барномаи ислоҳоти куллии корхонаҳо ва фароҳам овардани шароити мусоидро барои рушди бахши хусусӣ дастгирӣ мекунад».

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 30 — юми апрели соли 2001

 «Дар доираи сиёсати пешгирифтаи Давлату Ҳукумат доир ба дастгирии фаъолияти соҳибкориву сармоя­гузорӣ дар замони соҳибистиқлолӣ тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардида, дар ин самт барои соҳибкорон имтиёзу сабукиҳои зиёд ҷорӣ карда шуданд.

То имрӯз ба онҳо беш аз 120 намуди имтиёзу сабукиҳои андозиву гумрукӣ пешниҳод шуда, шумораи сохторҳои бақайд­гирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ аз 4 ба 1 кам гардида, хизматрасонӣ дар ин самт ба таври ройгон ба роҳ монда шудааст.

Дар соли 2022 маблағи имтиёзҳои андозиву гумрукии истифодагардида зиёда аз 12 миллиард сомониро ташкил медиҳад. Аз ҷумла, аз ҳисоби паст ва бекор кардани меъёрҳои 5 намуди андоз зиёда аз 1,5 миллиард сомонӣ ҳамчун дастгирӣ дар ихтиёри субъектҳои соҳибкорӣ боқӣ мемонад.

Дар натиҷа, соли 2022 шумораи субъект­ҳои соҳибкорӣ ба 339 ҳазор расид, ки нисбат ба соли 2018 беш аз 76 ҳазор зиёд мебошад.

Қобили зикр аст, ки соҳибкорони мамлакат, дар навбати худ, дар раванди саноатикунонии босуръати кишвар, бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ, иншооти иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои кори нав саҳми назаррас гузошта истодаанд ва бовар дорам, ки чунин иқдомоти созанда аз ҷониби соҳибкорони ватандӯст вусъати боз ҳам бештар пайдо мекунанд.

Танҳо дар панҷ соли охир аз ҷониби соҳибкорони мамлакат ба маблағи умумии беш аз 12 миллиард сомонӣ қариб 18 ҳазор иншооти таъиноти истеҳсоливу иҷтимоӣ сохта, ба истифода супорида шудааст».

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», 23 – юми декабри соли 2022

ТАЪМИНИ БЕХАТАРИИ ОЗУҚАВОРӢ

«Яке аз афзалиятҳои Тоҷикистон ба соҳаи кишоварзӣ вобаста аст, чунки кишвари мо дорои захираҳои бузурги об, шароити мусоиди иқлим барои зироаткорӣ ва чорводорӣ аст. Ҳамчунин, мо қувваи барзиёд ва арзони корӣ дорем.

Ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ дар бобати паст кардани сатҳи камбизоатӣ яке аз масъалаҳои асосист, зеро чунон ки гуфта шуд, аҳолии аз ҳама камбизоат дар деҳот зиндагӣ мекунад.

Бо сабаби махдуд будани захираҳои замин бояд ба баланд бардоштани маҳсулнокӣ дар кишоварзӣ диққати асосӣ дода шавад.

Кӯшиши Ҳукумат, ҳамчунин, минбаъд ба барқарорсозии инфрасохтори деҳот, шабакаҳои обёрӣ, такмил додани низоми обрасонӣ, тараққӣ додани низоми қарзҳои хурд дар деҳот ва дигар масъалаҳои соҳаи кишоварзӣ равона хоҳад шуд.

Ҳамаи ин тадбирҳо барои баланд бардоштани самаранокии соҳаи кишоварзӣ нигаронида шудаанд.

Мо бояд барои баланд бардоштани маҳсулнокии меҳнат дар соҳаи кишоварзӣ, серҳосилии ҳар як гектар замин ва пурзӯр сохтани иқтидори содиротии соҳаи кишоварзӣ шароит муҳайё намоем.

Ин дар сурате муяссар мегардад, ки ҳар як порча замин соҳиби ҳақиқии ­худро, ки ба беҳбудии ҳолати агротехникии замин ва рӯёнидани ду-се ҳосил дар як сол манфиатдор аст, пайдо намояд».

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 30 — юми апрели соли 2001

 «Солҳои охир, бо вуҷуди таъсири манфии омилҳои берунӣ, пайи ҳам омадани хушксолӣ ва маҳдудсозии содироти озуқаворӣ аз ҷониби кишварҳои ҷаҳон, маҳз бо заҳмати шабонарӯзии кишоварзони мамлакат амнияти озуқаворӣ ва фаровонии бозори дохилӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ таъмин карда шуд.

Аз ҷумла, соли 2022 истеҳсоли ғалладонагиҳо ба 1 миллиону 600 ҳазор тонна, картошка ба 1 миллион ва меваю сабзавот ба 3 миллиону 200 ҳазор тонна расонида шуд.

Дар натиҷа, тайи панҷ соли охир ­суръати рушди солонаи истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба ҳисоби миёна, дар сатҳи 7 фоиз нигоҳ дошта шуда, 1,4 баробар афзоиш ёфт.

Истеҳсоли гӯшти паранда дар ин давра 8 баробар зиёд шуда, ҳаҷми воридоти он 11 баробар кам гардид.

Дар панҷ соли охир ҳолати мелиоративии 50 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида, 13 ҳазор гектар замини нав аз худ ва 23 ҳазор гектар замини аз гардиши кишоварзӣ берунмонда ба гардиш ворид карда шуд.

Дар доираи супоришҳои додашуда таҷрибаи кишоварзони мамлакат вобаста ба маданияти заминдорӣ, бахусус дар кишти такрорӣ ва гирифтани ҳосили иловагӣ, беҳтар гардида, майдони кишти заминҳои такрорӣ дар панҷ соли охир аз 90 ҳазор гектар ба 213 ҳазор гектар расид».

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», 23 – юми декабри соли 2022

ҶАҲИШ АЗ 358 ТО 2500

«Роҳи асосии эҳёи саноат реструктуризатсияи корхонаҳои саноатӣ мебошад. Вазифа аз он иборат аст, ки кори даромадноки корхонаҳои саноатӣ дар шароити иқтисоди бозорӣ, яъне дар шароити озод будани нарх, савдои хориҷию дохилӣ ва озод будани иқтисод, дар ин шароит душвор будани муборизаи рақобатнок дар бозорҳои дохилию хориҷӣ таъмин карда шавад.

Дар амалӣ сохтани реструктуризатсияи корхонаҳо ҳуқуқ ба моликият ва тағйир­оти дахлдори тадбирҳои ҳавасмандӣ омили асосӣ мебошад.

Дар саноат бе азнавтаҷҳизонӣ ва таҷдиди истеҳсолоти амалкунанда ва таъсиси корхонаҳои нав истеҳсоли маҳсулоти қобили рақобат ғайриимкон аст. Дар робита бо ин, чанде пеш дар бораи аз андоз аз арзиши иловагӣ озод намудани воридоти таҷҳизоти технологӣ ва маснуоти такмилаи он қарор қабул карда шуда буд.

Бинобар нарасидани маблағ ва зиёд будани қувваи корӣ Ҳукумат доир ба фароҳам овардани шароит барои пайдо гардидани ҷойҳои нави кор тавассути инкишоф додани соҳибкорӣ, густариши босуръати тиҷорати хурду миёна дар мамлакат тадбирҳо меандешад».

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 30-юми апрели соли 2001

 «Тадбирҳои дар самти рушди саноат ва афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳа андешидашуда имкон фароҳам оварданд, ки дар панҷ соли охир афзоиши номгӯи маҳсулоти саноатии истеҳсоли ватанӣ ба зиёда аз 40 фоиз расонида шавад.

Дар ин давра 1382 коргоҳу корхонаи саноатӣ бо таъсиси 15 ҳазор ҷойи кории нав сохта, мавриди истифода қарор дода шуд.

Умуман, агар соли 1991 дар мамлакат ҳамагӣ 358 корхонаи саноатӣ бо 33 ҳазор ҷойи кор фаъолият дошта бошад, пас дар замони соҳибистиқлолӣ 2500 корхонаи истеҳсолӣ бунёд гардида, соли 2022-юм 2800 корхонаи саноатӣ бо 85 ҳазор ҷойи кор фаъолият карда истодаанд.

Танҳо соли 2022-юм беш аз 500 коргоҳу корхонаи истеҳсолӣ бо 6 ҳазор ҷойи нави кор ба фаъолият оғоз карданд ва барои то 43 миллиард сомонӣ афзоиш ёфтани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар соли 2022 мусоидат намуданд».

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», 23 – юми декабри соли 2022

АЗ ТУННЕЛИ «АНЗОБ» ТО БОМИ ҶАҲОН

 «Дар соҳаи нақлиёт бояд барномаи давлатии дурнамои сохтмон ва таҷдиди роҳҳои мошингарди мамлакат таҳия гардида, нақшаи ба стандартҳои аврупоӣ гузаштани авиатсияи гражданӣ қабул ва назорати давлатии авиатсионӣ мустаҳкам карда шавад.

Доир ба афзоиши сармоягузориҳо ба муассисаҳои роҳи оҳан ва татбиқи барномаҳои таҷдиди онҳо тадбирҳои амалӣ андешида мешаванд.

Ҳукумат ҷиҳати ба мувофиқа расонидани масъалаҳои вобаста ба тарифҳои роҳи оҳан, ки барои истеҳсол ва истеъмолкунандагон бисёр созгор бошад, инчунин густариши минбаъдаи боркашонии транзитӣ бо кишварҳои ҳамсоя кӯшиш хоҳад кард. Ҷиҳати барқарорсозии инфра­сохтори нақлиёт, ки барои тараққиёти кишвар аҳамияти калон дорад, Ҳукумат маблағи қариб 60 миллион доллари ташкилотҳои байналхалқии молиявиро ҷалб намудааст, ки ба беҳтар намудани вазъи роҳҳои мошингард, таҷдиди инфрасохтори фурудгоҳҳои Душанбе ва Хуҷанд равона карда шудаанд.

Дар солҳои наздик ҷалб кардани кредит барои давом додани барқарорсозии роҳҳои муҳимтарини мошингард, пурра иваз намудани таҷҳизоти навигатсионии фурудгоҳҳои асосии мамлакат ба нақша гирифта шудааст. Лоиҳаҳои беҳтар кардани хатти рафтуомади нақлиёти автомобилӣ ва роҳи оҳан дар байни минтақаҳои гуногуни кишвар таҳия карда мешаванд.

Лоиҳаи афзалиятноки соҳа барои мо сохтмони туннели «Анзоб» аст, ки шимоли мамлакатро бо ҷануби он мепайвандад».

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 30-юми апрели соли 2001

«Бо мақсади беҳтар намудани вазъи роҳу шоҳроҳҳои мошингард ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон дар 5 соли охир дар соҳаи нақлиёт 13 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 5 миллиарду 130 миллион сомонӣ амалӣ гардида, дар натиҷа 250 километр роҳҳои мошингард, 42 пул, 4 долон ва якчанд эстакада бунёд карда шуданд.

Ҳоло дар соҳа боз 17 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 11 миллиард сомонӣ амалӣ гардида истодааст.

Дар се соли оянда 6 лоиҳа ба маблағи 7,4 миллиард сомонӣ ба анҷом расида, 317 километр роҳи байналмилалии мошингард, 32 пул, 5 нақб бо дарозии 11,2 километр ва 7 долон ба истифода дода мешавад.

Корҳои дар соҳа анҷомдодашуда имконият фароҳам оварданд, ки мавқеи Тоҷикистон дар зарфи чор соли охир тибқи арзёбии Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ дар раддабандии ҷаҳонии сифати роҳҳо дар байни 138 давлати ба таҳқиқот фарогирифташуда зинаи 50-умро устувор нигоҳ дорад.

Ҷиҳати идомаи корҳои таҷдиду азнав­созии роҳҳо ва тақвияти имкониятҳои транзитии кишвар дар соли 2022 татбиқи 3 лоиҳаи сармоягузорӣ, аз ҷумла таҷдиди як қисми роҳи мошингарди Данғара – Бохтар (29 километр) ва роҳи мошингарди Душанбе – Кулма дар қитъаи Қалъаихумб – Ванҷ – сарҳади ноҳияи Рӯшон (93 километр) оғоз гардид.

Ҳамзамон бо ин, татбиқи лоиҳаи сохтмони роҳи мошингарди Роғун – Обигарм – Нуробод (76 километр) бомаром идома дорад.

Соли 2022 корҳои лоиҳакашӣ оид ба таҷдиду бунёди роҳҳои мошингарди Хуҷанд – Конибодом ва Рӯшон – Хоруғ – деҳаи Варшез оғоз шуданд.

Илова бар ин, соли 2023 татбиқи 5 лоиҳаи дигар, аз ҷумла сохтмони роҳҳои мошингарди Гулистон – Кӯлоб (32,5 километр), Данғара – Гулистон (49,2 километр), Гулистон – Фархор (40 километр), Бохтар – Левакант – Данғара (40 километр), 4 қитъаи роҳ дар вилояти Суғд (52 километр) ва сохтмони пулҳо дар болои дарёҳои Ғунд, Шорфдарё ва долонҳо дар минтақаи Барсем (4,6 километр) дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон оғоз мегардад».

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», 23-юми декабри соли 2022

ЭНЕРГЕТИКА: АЗ НАҚША ТО АМАЛ

«Бо дарназардошти аҳамияти фавқулодаи энергетика барои рушди иқтисодиёт Ҳукумат ба ин соҳа ҷиҳати татбиқи лоиҳаи барқарорсозии сохтори тақсимоти қувваи барқ ба маблағи қариб 50 миллион долларро аз ташкилотҳои молиявӣ ва донорҳо ҷалб намуд.

Дар доираи ин лоиҳа барқарорсозӣ ва беҳбудии таъминоти вилояти Хатлон ва шаҳри Душанбе бо қувваи барқ, таъмини фаъолияти Неругоҳи барқи обии «Норак» ва таҷҳизоту шабакаҳои интиқолдиҳандаи он пешбинӣ мегардад. Арзиши умумии лоиҳа 64 миллион доллари амрикоӣ мебошад. Ҳукумат аз рӯйи лоиҳаи мазкур ҷустуҷӯи ташкилотҳои шарики маблағгузориро идома медиҳад…

Идомаи сохтмони неругоҳҳои барқи обии «Сангтӯда» ва «Роғун», ки оид ба ин масъала Ҳукумат музокироти дахлдор бурда истодааст, аз ҷумлаи масъалаҳои афзалиятнок мебошад. Зеро бе анҷоми муваффақиятноки иншооти мазкур таъмини истиқлолияти энергетикии мамлакат душвор аст».

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 30- юми апрели соли 2001

«Бо мақсади расидан ба истиқлоли энергетикӣ ва истифодаи самараноки неруи барқ дар идомаи корҳои дар солҳои соҳибистиқлолӣ баанҷомрасида ҳоло татбиқи боз 20 лоиҳа ба маблағи 17 миллиард сомонӣ идома дорад.

Аз ҷумла, имсол таҷдиди Неругоҳи барқи обии «Сарбанд» бо тавоноии 270 мегаватт ба маблағи 1 миллиарду 360 миллион сомонӣ пурра ба охир расида, таҷдиди неругоҳҳои барқи обии «Норак» ба маблағи 7 миллиард сомонӣ ва «Қайроққум» ба маблағи умумии 2 миллиард сомонӣ, инчунин, сохтмони Неругоҳи барқи обии «Себзор» ба маблағи 612 миллион сомонӣ дар ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва неругоҳҳои бодиву офтобӣ дар ноҳияи Мурғоб ба маблағи умумии 170 миллион сомонӣ бомаром идома дорад.

Бояд гуфт, ки баъди 50 соли фаъолият агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Норак» пас аз таҷдид бо харҷи беш аз 800 миллион сомонӣ бо тавоноии 375 мегаватт моҳи октябри соли 2022 мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Бо пурра ба анҷом расидани корҳои таҷдиду азнавсозӣ ва муҷаҳҳазгардонӣ бо таҷҳизоту технологияҳои муосир ба Неругоҳи барқи обии «Норак» умри дубора бахшида шуда, иқтидори кории он иловатан 775 мегаватт зиёд мегардад.

Инчунин, корҳои сохтмон дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» бомаром пеш рафта истодаанд. Бо ин мақсад дар соли 2022-юм 3,2 миллиард сомонӣ равона карда шуд».

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», 23 — юми декабри соли 2022

СОҲАҲОИ АФЗАЛИЯТНОК

«Таъминоти хизматрасониҳои асосии иҷтимоӣ низ яке аз самтҳои муҳими стратегияи пешниҳодшаванда мебошад. Хизматрасониҳои асосӣ дар соҳаи маориф ва тандурустӣ, инчунин сифати баланди онҳо на танҳо ҳуқуқи ҳар як шахс аст, балки омили муҳими паст кардани сатҳи камбизоатӣ мебошад.

Ҳукумат ҷиҳати баланд бардоштани сифат ва сатҳи маълумот, хизмати тиббие, ки ба табақаҳои камбизоати аҳолӣ расонида мешавад, тадбирҳо меандешад.

Ҳамчунин, барои амалӣ намудани лоиҳаҳо дар соҳаи маориф то имрӯз ба маблағи зиёда аз 23 миллион доллари амрикоӣ бо шартҳои имтиёзнок аз созмонҳои байналхалқии молиявӣ ҷалб шудааст.

Ҷиҳати амалӣ сохтани лоиҳаҳо дар соҳаи тандурустӣ, ки барои ислоҳоти кумаки аввалияи тиббӣ ва бо дастгоҳҳои замонавӣ муҷаҳҳаз намудани як қатор клиникаҳои асосӣ равона шудаанд, Ҳукумат то имрӯз зиёда аз 22 миллион доллари амрикоиро танҳо бо шартҳои имтиёзӣ ҷалб намудааст.

Ғайр аз ин, пешбинӣ шудааст, ки ба соҳаи мазкур аз рӯйи як силсила лоиҳаҳои ба нақша гирифташуда дар давоми ду соли наздик ба таври илова 40 миллион доллар ҷалб карда шавад».

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 30- юми апрели соли 2001

«Дар панҷ соли охир танҳо барои рушди соҳаҳои маориф ва тандурустӣ 36 миллиард сомонӣ равона гардида, ҳиссаи маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ дар ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ 44 фоизро ташкил кард.

Дар давраи зикршуда аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 842 бинои муассисаи таълимӣ барои 382 ҳазор хонанда, аз ҷумла дар соли 2022-юм 190 бинои таълимӣ барои 87 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шудааст.

Ҳамзамон бо ин, ба маълумоти вакилони муҳтарам ва ҳамватанони азиз расонида мешавад, ки дар 31 соли истиқлоли давлатӣ 3430 муассисаи нави таълимӣ барои қариб якуним миллион хонанда сохта, ба истифода дода шуд.

Ҳол он ки дар 70 соли замони гузашта ҳамагӣ 3229 муассисаи таълимӣ бунёд гардида буд…

Инчунин, агар то соли 1991, яъне дар 70 соли замони гузашта дар мамлакат ҳамагӣ 2862 муассисаву иншооти тандурустӣ бо 52 ҳазору 800 нафар корманд фаъолият дошта бошад, пас дар даврони соҳибистиқлолӣ, хусусан, дар 25 соли охир 2827 муассисаву иншооти тандурус­тӣ сохта, ба истифода дода шудааст.

Ҳоло шумораи муассисаҳои тандурустии мамлакат нисбат ба соли 1991 қариб ду баробар зиёд гардида, ба 5116 ва кормандони онҳо ба 79 ҳазор расидааст».

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», 23-юми декабри соли 2022

АЗ «СОЛИ ОБИ ТОЗА» ТО «СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО»

«Дар давоми соли гузашта мавқеи Тоҷикистон чун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва субъекти муносибатҳои байналхалқӣ дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам мустаҳкам гардид.

Дар пойтахти Тоҷикистон доир шудани як силсила чорабиниҳои муҳим, аз ҷумла вохӯрии сарони кишварҳои аъзои Иттиҳоди иқтисодии Осиёи Марказӣ ва Саммити сарони кишварҳои Форуми Шанхай гувоҳи он аст, ки нуфузи байналмилалии Тоҷикистон тадриҷан меафзояд.

Дастгирӣ ёфтани ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Соли оби тоза» эълон намудани соли 2003 — юм аз ҷониби аксари кулли кишварҳои ҷаҳон ва дар ин хусус қабул гардидани қатъномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид низ далели равшани афзудани нуфузу эътибори давлати тоҷикон дар сатҳи байналхалқӣ мебошад».

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 30 — юми апрели соли 2001

 «Боиси қаноатмандист, ки Тоҷикис­тон дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун кишвари ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои марбут ба обу иқлим эътироф шудааст.

14-уми декабри соли ҷорӣ Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи «Соли байналмилалии ҳифзи ­пиряхҳо» эълон кардани соли 2025 ва 21-уми март ҳамчун «Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо», ки аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод шуда буд, якдилона қарор қабул кард.

Мувофиқи ин қатънома дар чаҳорчӯби Созмони Милали Муттаҳид Фонди мақсадноки байналмилалӣ оид ба ­масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо таъсис ёфта, вобаста ба ин мавзӯъ соли 2025 дар шаҳри Душанбе Конфронси сатҳи баланди Созмони Милали Муттаҳид баргузор мегардад.

Мояи ифтихор ва сарфарозии ҳамаи мост, ки панҷумин ибтикори ҷаҳонии кишвари мо оид ба масъалаҳои об ва иқлим дар миқёси сайёра амалӣ хоҳад шуд.

Воқеан, қабули ин қатънома дар миқёси ҷаҳон иқдоми муҳим ва таърихӣ буда, тавассути он ҷомеаи ҷаҳонӣ имкон пайдо мекунад, ки барои ҳифзи бузургтарин манбаъҳои оби ошомиданӣ тадбирҳои муштараки зарурӣ андешад».

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» 23 – юми декабри соли 2022

«Чунон ки аз ин пеш низ борҳо гуфта будам, яке аз нишондиҳандаҳои асосии солим, озодипарвар ва воқеан демократӣ будани ҷомеа ин то чӣ андоза дар корҳои давлатию ҷамъиятӣ фаъол будани занон мебошад.

Бо мақсади баланд бардоштани мақоми занон дар мамлакат мо фармони махсус қабул намудем, ки дар муддати кӯтоҳ самараи нек дод ва боиси афзудани нақши занон дар ҷомеа гардид. Як қатор занони қобилиятнок ва ботаҷриба ба мансабҳои масъули давлатӣ таъин шуданд, ки бомуваффақият адои вазифа мекунанд. Онҳо собит намуданд, ки занон аз уҳдаи ҳама гуна вазифаи душвор баромада метавонанд.

Бинобар ин, дар маҳалҳо бояд ба кори ҷалби занони лаёқатманд ба фаъолияти пурмаҳсули давлатию ҷамъияти бештар эътибор дода шавад. Ҳамчунин, ба хотири дар оянда афзудани сафи мутахассисон аз ҷумлаи занҳо масъалаи ба донишгоҳҳо қабул намудани духтарон аз ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон дар асоси Квотаи президентӣ бояд зери назорати қатъӣ гирифта шавад».

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 30- юми апрели соли 2001

«ХУБ ШУД, КИ ЗАН БА ДАВЛАТ ЁР ШУД»

 «Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати мамлакат бо мақсади дастгирии занону бонувон ва баланд бардоштани мавқеи онҳо дар ҷомеа бисёр тадбирҳои судмандро амалӣ намуд.

Ҳоло аз шумораи умумии хизматчиёни давлатӣ 25 фоиз, аз ҷумла кадрҳои роҳбарикунанда, қариб 20 фоизро бонувону занон ташкил медиҳанд.

Инчунин, бонувону занон дар соҳаи маориф — 73 фоиз, тандурустӣ — 71, фарҳанг — 47, бонкдорӣ — 39, алоқа — 25, аз ҷумла дар соҳаи хизматрасонии иттилоотӣ қариб 40 фоиз мебошанд.

Таъсиси грантҳои президентӣ ба гус­тариши фаъолияти соҳибкории занону бонувон мусоидат намуд ва онҳо дар баробари беҳтар сохтани шароити оилавии худ ҳоло ба рушди иқтисоди кишвар низ таъсири назаррас расонида истодаанд.

Соли 2022 ба зиёда аз 600 ҳазор занону бонувон аз ҷониби муассисаҳои бонкӣ ба маблағи беш аз 3 миллиарду 400 миллион сомонӣ қарз дода шудааст, ки нисбат ба соли 2018-ум 2,4 баробар зиёд мебошад.

Умуман, дар панҷ соли охир маблағи қарзи ба занону бонувон пешниҳодшуда 12,1 миллиард сомониро ташкил кардааст.

Рақамҳои зикршуда гувоҳи равшани фаъол будани занону бонувон дар иқтисодиёти кишвар мебошанд.

Дар 21 соли охир беш аз 504 ҳазор духтарону бонувон муассисаҳои ҳамаи зинаҳои таҳсилоти касбиро хатм карда, соҳибкасб шудаанд.

Аз ин ҳисоб 239 ҳазор нафари онҳо соҳиби маълумоти олӣ гардида, ҳоло боз 100 ҳазор нафар духтарон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таҳсил карда истодаанд».

 Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», 23 – юми декабри соли 2022

СОЗАНДАГОНИ ВАТАН

«Ба ҳамагон маълум аст, ки ояндаи ҳар як кишвар бо насли ҷавон алоқаи бевосита дорад. Қисми зиёди аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд.

Ин, албатта, хуб аст, вале дар айни замон масъулияти калонро ба дӯши мо мегузорад. Ҳукумати ҷумҳурӣ дар бобати ҷавонон барномаи махсусро қабул намуда буд, ки ҳадаф аз он тарбияи насли сазовор мебошад.

Чунин насле, ки дар рӯҳияи ватан­дӯстию худшиносии миллӣ ба воя расида бошанд, истиклолият ва якпорчагии давлати тоҷиконро ҳифз кунанд, аз даст­овардҳои илму фарҳанги ҷаҳонӣ бархурдор бошанд ва номбардори ниёгони хирадманд, сулҳпарвар, эҷодкор ва ба ору номуси хеш бошанд. Ман итминони комил дорам, ки насли ояндаи тоҷикон маҳз ҳамин гуна хоҳад буд ва кори падару бобоёни худро бо сарбаландӣ идома хоҳад дод».

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 30 — юми апрели соли 2001

 «Ҷавонони Тоҷикистони соҳиб­истиқлол неруи созандаи Ватан буда, нақши онҳо дар тараққиёти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа бисёр арзишманд ва назаррас мебошад.

Мо бо ҷавонони кишвари худ ифтихор дорем, зеро онҳо дар рушди давлат ва ободии Ватан фаъолона саҳм мегузоранд, марзу буми сарзамини аҷдодиро ҳимоя мекунанд, ватандӯсту ватанпараст, бонангу номусанд ва ба халқу давлати Тоҷикистон содиқ мебошанд.

Маҳз ҷавононанд, ки дар оммавигардонии варзиш нақши асосӣ дошта, ба шарафи пирӯзиҳои онҳо Парчами Тоҷикис­тони маҳбуби мо дар гӯшаҳои гуногуни дунё парафшонӣ мекунад.

Бо дастгириву ғамхорӣ фаро гирифтани ҷавонон, ҳаллу фасли мушкилоти ҳаёти онҳо ва истифодаи дурусту оқилона аз ин захираи стратегии миллӣ ба хотири ободиву пешрафти Ватан ва таъмини амнияту суботи ҷомеа аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарине мебошанд, ки таҳти таваҷҷуҳи хосаи Ҳукумати мамлакат қарор доранд, зеро Тоҷикистон худ кишвари ҷавонон аст.

Мо имсол «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои солҳои 2022 — 2026» ва «Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2023 — 2027»- ро қабул намудем.

Дар ин замина, зарур аст, ки аз ҷониби Кумитаи ҷавонон ва варзиш якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати қабули барномаҳои маҳаллии кор бо ҷавонон тадбирҳои амалӣ андешида шаванд».

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», 23 – юми декабри соли 2022

ИФТИХОРИ ВАТАНДОРӢ

«Вақте дар бораи давлати неруманду қавӣ ҳарф мезанем, давлатеро дар назар дорем, ки дар доираи Конститутсия, қонунҳо ва меъёрҳои эътирофшудаи умумибашарӣ фаъолият мекунад.

Мо ҳама бояд масъулияти худро дар назди Ватан амиқан эҳсос намоем.

Бо дарки ин ҳақиқат, мо тамоми қувваи худро ба он сарф кардем, ки омили асосию таъминкунандаи пешрафти ҷомеа — сулҳу оромӣ ба даст ояд ва бо ин таҷрибаи ҳалли масъалаҳои дохилиамон бори дигар исбот намудем, ки ба ҳама гуна пешравиҳо қодир ҳастем.

Масъулияти шохаҳои ҳокимияти давлатӣ дар назди ҷомеа хеле бузург аст, аммо шаҳрвандони Тоҷикистон низ аз ҳаёти сиёсӣ набояд дар канор бошанд.

Инкишофи солими ҷомеа дар бисёр мавридҳо ба сатҳи масъулияти рукнҳои ҳокимияти давлатӣ, камолоти ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва мавқеи воситаҳои ахбори омма вобастагии узвӣ дорад.

Вазифаҳои дар боло зикргардидаро ба хотири мустаҳкам намудани давлатдорӣ марҳила ба марҳила иҷро мекунем. Барои ба даст овардани ин мақсадҳо имрӯз зарур аст, ки мо тамоми ҷидду ҷаҳди рукнҳои ҳокимияти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва аҳли ҷомеаро ҷалб намоем.

Хусусан, ки имсол барои мо соли воқеан таърихист. Пас аз чанд моҳ ҷашни даҳсолагии истиқлолияти Тоҷикистони азизамонро таҷлил менамоем.

Даҳ соли истиқлолият ба таърихи миллати қадимаи тоҷик ва давлатдории тоҷикон ҳамчун давраи талошу худшиносӣ, болоравии бесобиқаи эҳсоси гарми худогоҳиву ифтихори миллӣ, хулоса як марҳилаи томи пешрафти Ватанамон дохил мегардад.

Даҳсолагии истиқлолият дар айни замон давраи меҳнати созанда ва исботи садоқати ҳар яки мо ба Ватани аҷдодӣ, сарзамини бостонӣ ва ифтихори миллии мост».

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 30- юми апрели соли 2001

«Пешрафту дастовардҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар дар солҳои охир ва мушкилоту масъалаҳои ҳалталаби ҳаёти ҷомеа ва давлат ин ҷо баён шуданд ва вазифаҳо барои бартараф намудани онҳо низ муайян гардиданд.

Таъкид менамоям, ки танҳо саъю талоши содиқонаву софдилона, ҳисси баланди масъулият дар назди халқу Ватан ва иқдому ташаббусҳои созанда моро ба ҳадафҳои олиамон наздик мерасонанд.

Бовар дорам, ки мардуми шарифу сарбаланд, ватандӯсту ватанпарвар ва қавииродаву заҳматдӯсти мо аз уҳдаи иҷрои ҳама гуна амалҳои нек ва бартараф намудани тамоми мушкилот мебароянд, Тоҷикистони азизамонро боз ҳам ободу зебо ва пешрафта мегардонанд ва барои зиндагии аз имрӯза беҳтар шароит фароҳам меоваранд.

Ҳар яки мо — роҳбарони сохтору мақомоти давлатӣ ва кулли хизматчиёни давлатӣ дар ин ҷода масъулият дорем ва вазифадорем, ки ба халқи азизи Тоҷикис­тон софдилонаву содиқона хизмат кунем.

Яъне, мо бояд боз ҳам бештар заҳмат кашем ва барномаҳои созандаву нақшаҳои бунёдкоронаи барои рушди давлат ва ободии Ватан тарҳрезикардаи худро сари вақт ва бо сифати баланд ба анҷом расонем.

Мо бояд ватандӯсту ватанпараст бошем ва ҳаргиз фаромӯш насозем, ки эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва ҳисси баланди миллӣ омили асоситарин ва роҳи муҳимтарини рушди давлат ва ҷомеа мебошад.

Яъне, ҳар яки мо бояд минбаъд низ мафҳумҳои «ватандӯстӣ» ва «рушд»-ро шиори кору фаъолияти ҳаррӯзаи худ қарор диҳем.

Илова бар ин, ҳифзи истиқлолу озодии Тоҷикистони маҳбубамон ва дастовардҳои он — сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ бояд қарзи инсонӣ, вазифаи шаҳрвандӣ ва рисолати имонии ҳар як фарди бонангу номус ва ватан­дӯсту ватанпарасти ҷомеа бошад.

Мо бояд тамоми донишу таҷриба, маҳорату малака ва саъю талоши худро минбаъд низ ба рушди давлати соҳибихтиёрамон ва Ватани аҷдодиамон равона кунем, кишвари маҳбубамонро пешрафта гардонем ва барои наслҳои оянда як мулки обод мерос гузорем».

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», 23 — юми декабри соли 2022

Таҳияи Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум»