Бунёдкорӣ, муҷаҳҳазгардонӣ ва пешсафӣ

№68 (4651) 22.05.2023

Ба шарофати муҳтарам Рустами Эмомалӣ рушду такомули пойтахт, аз ҷумла соҳаи маориф, бардавом ва дар сатҳи хубу сифати баланд аст

52744826120_1afa7c6d73_oДар арафаи Рӯзи ҷавонони кишвар бо сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Баҳром Исмоилзода оид ба дастовардҳои ҷавонони пойтахт ва рушди соҳаи маориф ҳамсуҳбат гардидем. Номбурда, қабл аз ҳама ҷавонони кишварро, бо ин сана самимона табрик гуфта, барояшон комёбиҳои беш аз пешро таманно кард.

- Бамаврид ва рамзӣ аст, ки суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро иқтибос орам, -афзуд номбурда: «Мо бо ҷавонони кишвари худ ифтихор дорем, зеро онҳо дар рушди давлат ва ободии Ватан фаъолона саҳм мегузоранд, марзу буми сарзамини аҷдодиро ҳимоя мекунанд, ватандӯсту ватанпараст, бонангу номусанд ва ба халқу давлати Тоҷикистон содиқ мебошанд». Боварии комил дорам, ки ҷавонони кишвар ба эътимоди Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзанда мемонанд ва таваҷҷуҳу ғамхории ин Абармарди дунёи сиёсатро ба таври бояду шояд арҷгузорӣ менамоянд.

Қобили зикр аст, ки Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мактабро боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгорро шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф карда, ба онҳо арҷу эҳтиром гузоштанро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин номидаанд.

Роҳбари мамлакат барҳақ таъкид кардаанд: «Агар мактаб ва омӯзгор набошад, сатҳи маърифатнокии мардум паст мегардад, миллат бесавод мемонад, ҷомеа ба ҷаҳолат гирифтор мешавад ва дар натиҷа оромиву сулҳу субот, амнияту осоиш ва муҳимтар аз ҳама, рушди давлат сахт халалдор мегардад».

Баҳром Исмоилзода ифтихорманд аст, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе таҳти сарварии парвардаи мактаби беназири тарбияи фарзанди Пешвои миллат — Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам ­Рустами Эмомалӣ ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, ин раванд бардавом аст.

- Бидуни муболиға метавон гуфт, ки бо сарварии муҳтарам Рустами Эмомалӣ рушду такомули пойтахт, аз ҷумла соҳаи маориф, бардавом ва дар сатҳи хубу сифати баланд аст. Мо шоҳид ҳастем, ки ба шарофати Раиси ҷавону масъулиятшинос ва қонунмеҳвари шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ пойтахти кишвари азизамон тамоюли ободтар ва хуррамшавиро касб намудааст. Ин ҷавонмарди масъулиятшиносу поквиҷдон бо меҳвар қарор додани суханони Пешвои миллат: «Бунёди миллати мутамаддин аз маориф оғоз меёбад», ба дастовардҳои беназир ноил шуданд, ки дар таърихи пойтахти мамлакат назир надоранд,- таъкид кард ҳамсуҳбатам.

Агар дастовардҳои соҳаи маорифи кишварро тайи солҳои 2021, 2022 ва панҷмоҳаи аввали соли 2023 мухтасар бозгӯӣ намоем, пас вусъат ёфтани бунёду азнавсозии муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ, ба истифода додани муассисаҳои таълимии типи нав (гимназияву литсейҳо), ҷорӣ гаштани низоми муосири иттилоотӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе, тақвияти равобити муассисаҳои таълимӣ бо оила ва аҳли ҷомеа, баланд бардоштани самаранокии хизматрасониҳои давлатӣ дар соҳаи маориф тавассути «Барномаи электронии eDonish» аз ҳамон ҷумлаанд.

Ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ гардонидани заминаи моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ, роҳандозӣ намудани озмунҳои гуногун, зиёд шудани теъдоди ғолибони олимпиадаҳои сатҳи ҷумҳурӣ ва байналмилалӣ, дастгириву ҳавасмандгардонии кӯдакону наврасони болаёқат, баланд бардоштани мақоми аҳли маориф аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами ­Эмомалӣ идомаи мантиқии ин раванд аст. Месазад ёдовар шавем, ки аз соли 2021 инҷониб 9 муассисаи таҳсилоти томактабӣ бо 1544 ҷой ва 19 муассисаи таълимӣ барои 18630 хонанда дар як баст бо харҷи зиёда аз 768 млн. 13 ҳазор сомонӣ мавриди истифода қарор гирифтанд.

Илова бар ин, дар доираи нақшаи чорабиниҳои таҷлили 35 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёду азнавсозии 8 муассисаи таҳсилоти томактабӣ бо 1810 ҷойи нишаст ва 16 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо 15736 ҷойи нишаст оғоз гардид.

Айни замон дар шаҳри Душанбе 161 муассисаи таҳсилоти томактабӣ бо фарогирии 31469 тарбиягиранда ва 199 муассисаи таҳсилоти умумӣ барои 274920 толибилм фаъолият менамояд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 мутаносибан 11 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва 730 тарбиягиранда, 7 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 6518 нафар хонанда зиёд мебошад.

Роҳандозии низоми муосири иттилоотӣ тавассути «Барномаи электронии eDonish» дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе низ самараи таваҷҷуҳи хосаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ мебошад. Муҳим он аст, ки барномаи мазкур пурра ройгон буда, ҳамаи хароҷот вобаста ба татбиқи он бо дастгирии муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе пардохт шудааст.

Ҳамасола ташкил ва баргузории олимпиадаҳо дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, озмунҳои ҷумҳуриявии «Илм -фурӯғи маърифат», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикис­тон — Ватани азизи ман», озмунҳои шаҳрии «Забон донӣ — ҷаҳон донӣ», «Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм», озмунҳо барои ноил шудан ба номи пуршарафи гирандаи Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистону Стипендияи Раиси шаҳри Душанбе, дигар озмуну мусобиқаҳои зеҳнӣ, аз қабили «Китоб — сарчашмаи рушди тафаккур» (байни мураббиёну омӯзгорон ва хонандагони муассисаҳои таълимӣ), «Беҳтарин кабинети методӣ» (миёни муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ), «Доноякон» (сабқати тарбиягирандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ) ҷузъе аз фаъолияти маорифмеҳвари муҳтарам ­Рустами Эмомалӣ ба ҳисоб меравад.

Боиси хурсандист, ки шумораи иштирокчиён ва гирандагони стипендияҳо сол аз сол зиёд шуда истодааст. Таҳлилҳо гувоҳи онанд, ки соли таҳсили 2020-2021 барои дарёфти Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳри Душанбе 800 нафар ширкат варзида, 43 кас муваффақ гаштанд. Соли таҳсили 2021-2022-юм 2000 хонанда дар озмун ширкат варзида, 312 кас ғолибиятро ба даст оварданд. Соли равон аз 2500 довталаб 320 нафарашон комёб гаштанд, ки мутаносибан 1700 дов­талаб ва 277 гирандаи стипендия зиёд аст.

Шумораи довталабони Стипендияи Раиси шаҳри Душанбе низ имсол дар муқоиса ба соли 2021- ум 626 нафар зиёд гашт. Лозим ба ёдоварист, ки соли 2022 шумораи довталабон 3941 нафар ва соли 2021- ум 3371 кас буд.

Натиҷаҳои даври ниҳоии олимпиада аз фанҳои таълимӣ низ арзандаи ситоиш мебошанд. Барои мисол, агар соли таҳсили 2020-2021 шаҳри Душанбе дар умум 663 мақоми ифтихориро ба даст оварда бошад, соли таҳсили 2021-2022 муҳассилини пойтахт 1087 ҷойи ифтихориро соҳиб шуда, дар ҷумҳурӣ пешсаф гардиданд.

Шоистаи зикр аст, ки дар соли таҳсили 2022-2023 сабқати хонандагон идома дошта, то ин вақт хонандагони пойтахт 289 медал ба даст оварданд ва мо ба натиҷаҳои аз ин беҳтар боварӣ дорем.

- Ифтихормандем, ки хонандагони пойтахт бо муҳасиллини бештар аз 90 кишвари дунё қувваозмоӣ карда, ба комёбиҳои назаррас ноил гашта истодаанд. Аз ҷумла, дар соли 2022 хонандагони пойтахт соҳиби 248 медал аз олимпиадаҳои байналмилалӣ гардида, 647 медали дигарро дар олимпиадаҳои байналмилалӣ (фосилавӣ) ба даст овардаанд. Шоистаи зикр аст, ки ин нишондод дар панҷмоҳаи аввали соли 2023-юм 18 медалро ташкил медиҳад.

Ҷамъбасти ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар соли 2022 шаҳодати он аст, ки иштирокчиёни он аз шаҳри Душанбе аз 95 ҷойи ифтихорӣ 33-тоашро ба даст оварда, дар маҷмӯъ соҳиби ҷойи аввал гаштанд.

Дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» низ шаҳри Душанбе пешсаф буда, аз 71 ҷой 43 ҷойро ишғол намуд, ки 60,5 фоиз ҷойҳоро ташкил медиҳад. Дар даври ниҳоии озмуни «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аз 77 ғолиб ба шаҳри Душанбе 33 ҷой ва 3 Шоҳҷоиза рост меояд. Ҷоиз ба зикри алоҳида аст, ки аз теъдоди зикршуда 12 нафар хонандагони муассисаҳои таълимӣ буда, ин нишондиҳанда нисбат ба соли пеш зиёд мебошанд, — гуфт сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе.

Баргузории нахустозмуни шаҳрии «Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе» бахшида ба Ҷашни 30 — солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ ва Фестивали 2-юми байналмилалии эҷодиёти бадеии кӯдакон ва наврасон таҳти унвони «Шукуфаҳои пойтахт» барои дарёфти истеъдодҳо такони ҷиддӣ бахшиданд.

Дар доираи эълон гардидани соли 2022 «Соли мутолиаи китоб» дар шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Форуми якуми навқаламон ва эҷодкорони навраси шаҳри Душанбе таҳти унвони «Килки сабз» баргузор гардид. Ба шарофати ин иқдом аз 160 иштирокчӣ 55 нафар сазовори Шаҳодатномаи навқаламон ва эҷодкорони нав­раси шаҳри Душанбе гашта, маҷмӯаи шеъру ҳикояҳояшон нашр шуд. Бо назардошти натиҷаҳои назаррас ибтикори мазкур соли ҷорӣ низ амалӣ мешавад.

Нишондиҳандаҳо дар самти пешбурди фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ низ назаррас буда, ҳамасола «Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе» ва дар заминаи он Форуми наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе оид ба технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ доир мегардад.

Барои ҳавасмандгардонӣ ба фаъолияти мустақилонаи илмиву амалӣ, бедор намудани ҳисси зебоипарастӣ, тарғиби ҳунарҳои мардумӣ се сол аст, ки дар шаҳри Душанбе олимпиада аз фанни технология доир мешавад. Ёдовар бояд шуд, ки ин таҷрибаи нахустин дар кишвар буда, барои касбинтихобкунии хонандагон шароити мусоид фароҳам овардааст.

Бо ташаббуси Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар робита ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ» озмуни шаҳрии «Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм» аз рӯйи 6 номинатсия ва барои амалигардонии «Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» озмуни шаҳрии «Забон донӣ — ҷаҳон донӣ» баргузор шуда, дар муддати кӯтоҳ маҳбубияти зиёд пайдо кардаанд.

Дастовардҳои хатмкунандагони соли таҳсили 2021-2022 низ назаррас буда, 13 хатмкунандаи синфи 11 муассисаи таълимиро бо медали тилло хатм намуданд, ки дар қиёс ба соли таҳсили 2020-2021 зиёд аст.

Аз ҷониби филиали Муассисаи давлатии «Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф» дар шаҳри Душанбе кормандони соҳа ба курсҳои такмили ихтисос фаро гирифта шуда, дар ин раванд ба омӯзиши технологияҳои навтарини иттилоотӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир мешавад.

Бо дастгирии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ 22 омӯзгори шаҳри Душанбе барои такмили ихтисос ба шаҳрҳои Москва, Санкт-Петербурги Федератсияи Россия, шаҳри Тошкенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, шаҳри Алма-атои Ҷумҳурии Қазоқистон сафарбар гардиданд.

Лозим ба ёдоварист, ки таи ду сол 7 омӯзгори шаҳри Душанбе ғолиби озмун барои дарёфти «Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимону омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ» гашта, имсол низ даври шаҳрии озмун дар сатҳи зарурӣ ташкил гардида, ғолибони даври шаҳрӣ барои иштирок дар даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд.

Боиси ифтихор аст, ки ҳамасола аҳли маориф дар чорабиниҳои бахшида ба «Рӯзи пойтахт», таҷлили «Рӯзи омӯзгор», конференсияи августии кормандони соҳаи маорифи пойтахт бо мукофот ва ифтихорномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қадрдонӣ мегарданд. Аз ҷумла, дар арафаи таҷлили Рӯзи омӯзгор ба 111 омӯзгору мураббӣ, ки шогирдонашон дар олимпиадаи сатҳи ҷумҳуриявӣ, озмунҳои шаҳрии «Килки сабз», «Ватанпарвар», «Донояк» мақомҳои ифтихориро ишғол намуданд, 3 000 сомонӣ, 36 омӯзгор, ки шогирдонашон дар олимпиадаи шаҳрӣ аз фанни технология (таълими меҳнат) ғолиб омаданд, 2 000 сомонӣ туҳфа гардид.

Ба ғайр аз ин, 35 омӯзгоре, ки шогирдонашон дар озмунҳои ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат», 42 омӯзгоре, ки шогирдонашон дар озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», ғолибони даври шаҳрии озмунҳои касбии «Омӯзгори сол», «Мураббии сол» гаштаанд, бо 10 000 сомонӣ қадрдонӣ гардиданд.

Дар конференсияи августии кормандони соҳаи маорифи пойтахт 53 собиқадори соҳаи маорифи пойтахт бо туҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қадрдонӣ гардида, дар маҷмӯъ 75 корманди соҳаи маориф бо нишони Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, 9 нафар Ифтихорномаи Раиси шаҳри Душанбе, 50 нафар Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, 227 нафар Ифтихорномаи Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе сарфароз шуданд.

- Дар партави сиёсати хирадмандона ва бунёдкоронаи Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамовозӣ ба иқдомҳои созандаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ мо вазифадорем фаъолиятамонро беш аз пеш тавсеа бахшида, рисолати худро вобаста ба тарбияи насли наврас дар рӯҳияи худогоҳиву ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои милливу давлатӣ дар сатҳи хубу сифати баланд ба сомон расонем.

Мутмаинам, ки бо дастгирии ҳамдигар дар ин самт минбаъд низ комёб хоҳем буд, — суҳбатамонро хулоса намуд Баҳром Исмоилзода.

Далер АБДУЛЛО,

«Садои мардум»