«Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда»

№138-139 (4878-4879) 15.11.2024

Ҷомеаи ҷаҳонӣ онро чун тарҳи нави сулҳ бояд пазирад

ОонСулҳ. Ин бор Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари бонуфузи Созмони Милали Муттаҳид таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба ин мавзуи бениҳоят муҳим ба таври махсус ҷалб карданд. Ташаббус ва пешниҳоди навбатие, ки Роҳбари давлатамон дар ин самт дар «Саммити Оянда» (шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико) ироа намуданд, баҳри рифоҳи давлат ё миллати махсус не, балки ҳалли мушкилоти ҷаҳони муосир, имрӯзи неку фардои ободу зебои насли башар аст — тавассути қатъномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» қабул карда шавад. Ин ташаббуси башардӯстонаи Сарвари давлати мо ва мавқеъгирии Тоҷикистон дар ин самт сархати бисёре аз расонаҳои дунё гардид.

 Ҷанг ҳамеша харобӣ меорад

Агар ба таърихи начандон дур назар афканем, маълум мегардад, ки ҷангҳо дар тамаддуни гузаштаи инсоният чӣ таъсири манфие гузоштаанд. Ҳазорҳо китобхонаю мактаб, роҳу пулҳо, муассисаҳои саноатию фарҳангӣ, ки ҳамагӣ дар рушди тафаккур ва зиндагии босаодати бани башар нақши созанда мегузоранд, хароб гаштаю аз байн рафтаанд. Тибқи баъзе сарчашмаҳо танҳо дар ду ҷанги ҷаҳонии асри ХХ ва ҷангҳои маҳдуд зиёда аз 100 миллион нафар одам ҳалок шудаанд.

Ҳоло ҳам бисёре аз кишварҳои ҷаҳон дар гирдоби муноқиша қарор доранд. Бар асари ҷангу низоъҳои шаҳрвандӣ, ҷангҳои байнидавлатӣ, низоъҳои дохилию байналмилалии ду даҳсолаи охир дар ҷаҳон ҳазорон нафар ҷони ширин аз даст додаанд, ки миёнашон кӯдакон кам нестанд. Ҳазорон нафари дигар бехонумону дарбадаранд ва садҳо тифлакони маъсум аз оғӯши гарми волидон барои ҳамеша маҳрум.

Расонаҳои гуногуни ҷаҳон танҳо дар соли равон аз буҳронҳои байни Озарбойҷон ва Арманистон, Россия ва Украина, Исроил ва Фаластин ҷангҳои шаҳрвандӣ дар Сурия, Судон, Ҷумҳурии Африқои Марказӣ ва монанди инҳо хабар доданд.

Созмони Милали Муттаҳид аз он изҳори нигаронӣ дорад, ки бештари осебдидагон дар ин муноқишаю ҷангҳо занону кӯдакон мебошанд. Зимни як таҳқиқоте, ки коршиносони Пажӯҳишгоҳи сулҳи шаҳри Норвегия якҷо бо ташкилоти Наҷоти кӯдакон анҷом доданд, муайян гашт, ки ҳоло 468 миллион кӯдак дар саросари ҷаҳон аз оқибатҳои ҷангу низоъҳои гуногун азият мекашанд. Шигифтангез, аммо ҳақиқат аст ва ин рақам ниҳоӣ нест, зеро дар баъзе кишварҳо ҳанӯз ҷангу низоъҳо идома доранд.

Таҳдид ба ҳастии башар

Коршиносон ин ҳолат — ҷанг ва низоъҳои дохилию байналмилалиро таҳдид ба ҳастии башарият меҳисобанд. Андеша доранд пешгирӣ накардани он, махсусан дар сурати сар зандани ҷанги ҳастаӣ, метавонад ҳатто инсониятро аз байн барад.

Физики амрикоӣ, роҳбари илмии лоиҳаи Манхэттен (Манхэттен номи рамзии барномаи ИМА оид ба таҳияи силоҳи ҳастаӣ мебошад) Ҷулиус Роберт Оппенгеймер, ки зери роҳбарии ӯ солҳои ҷанги дуюми ҷаҳонӣ (аниқтараш соли 1942) намунаҳои аввалини силоҳи ҳастаӣ таҳия шуд, нахустин таркиши бомбаи атомиро дида, чунин гуфта буд: «Акнун ман марговар, харобкунандаи дунё шудам».

Воқеан, ин силоҳ, ки ба дасти худи инсонҳо сохта шуд, қудрати аз байн бурдани тамоми мавҷудоти зиндаро дорад. Аз ин хотир, пешгирии ин раванд ва хатарҳои дигари монанд дар рӯи Замин ба манфиати мардумони тамоми сайёра мебошад. Албатта, кишварҳо дар алоҳидагӣ наметавонанд ин корро анҷом диҳанд, аммо дар ҳамбастагӣ имконпазир аст.

Чунин таҷриба, муборизаи дастҷамъонаи башарро ба хотири рафъи хатаре, ки ҷаҳон ба он рӯ ба рӯ буд, чанд соли пеш мушоҳида намудем. Тавре медонем, оғози соли 2020 ҷаҳон ба буҳрони шадид — бемории коронавирус (COVID-19) гирифтор шуд. Мувофиқи маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, дар ҷаҳон бо ин сабаб беш аз 7 миллион нафар ҷон доданд, аммо наандешидани чораҳои зарурӣ метавонист боиси марги бештари сокинони сайёра гардад. Иттиҳоду ҳамбастагӣ ва дастгирии якдигар буд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ тавонист пеши роҳи паҳншавии ин ваборо гирад, дунёро аз он пок созад.

Маҳз ба ҳамин хотир, Роҳбари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчун шахси адолатхоҳ, ҳамаи сарварони кишварҳоро ба ҳифзи пойдории сулҳ даъват намуданд: «Мо — роҳбарони давлатҳоро зарур аст, ки атрофи ҳадафҳои умумӣ ба мақсади таъмини сулҳи пойдор дар тамоми кураи Замин ва хотима бахшидан ба ранҷу азоби одамон бар асари ҷангҳо ва паёмадҳои даҳшатбори онҳо муттаҳид шавем».

Пешвои миллат зарур донистанд аз иқдомҳои муассир барои тақвияти нақши асосии Созмони Милали Муттаҳид дар ҳалли низоъҳо ва барқарорсозии сулҳу субот дар сайёра кор гирифта шавад.

Инсон набояд худро маҳв созад

Аз воқеаҳои ҷаҳони муосир метавон чунин хулоса кард: инсон метавонад худро маҳв созад ё баръакс, барои худ зиндагии шоистаю зебо бисозад ва барои саодати насли фардои башар заминаи созгор фароҳам орад.

Аслан, ҳидисае, ки инсон дар муқобили он оҷиз аст, офати табиӣ, мисли сели маргбор ё тарма мебошад. Заминларзаи шадид­ро (7,5 балл бо ҷадвали Рихтер), ки дар Туркия ва Сурия 6-уми феврали соли 2023 рух дод, ба хотир биоред. Ин зилзила ҳазорон нафарро бехонумон намуда, риштаи умри садҳо нафар, аз ҷумла кӯдакони маъсуми ҳанӯз аз шири модар сернашудаю аз баҳори умр гуле начидаро барканд. Чунин ҳодисаҳо собит менамоянд, ки инсон бо вуҷуди рушд бахшидан ба илму техника ҳанӯз наметавонад муайян созад, ки фардо табиат ба сараш чӣ меорад, аммо қодир аст ба амалҳои даҳшатборе, мисли ҷанг дар рӯи Замин, хотима бахшад. Албатта, тавассути фарҳанги сулҳ ва дипломатия.

Аз ҳамин лиҳоз, пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути қатъномаи махсуси СММ қабул намудани «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» тарҳи нави сулҳофарие мебошад, ки пазируфтани он аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба манфиати башар аст.

Фарзона ФАЙЗАЛӢ,

«Садои мардум»