Даъвати ҳарбии тирамоҳӣ – 2022

№№122 - 123 (4542 - 4543) 04.10.2022

1 октябри соли 2022 дар мамлакат даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шурӯъ шуда, дар шаҳру навоҳӣ маъракаи гусели наваскарон доир гардид.

Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон яке аз аввалинҳо шуда, нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳро дар рӯзи якуми даъват иҷро намуд. Бо ин мақсад дар шаҳри Хоруғ бо иштироки раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот, раисони шаҳру ноҳияҳо, роҳбарияти ниҳодҳои қудратии кишвар, волидони даъватшудагон, сардорони идораву сохторҳои маҳаллӣ, муассисаҳои таълимӣ, донишҷӯёну мактаббачагон ва сокинони вилоят чорабинии тантанавӣ — «Рӯзи даъватшаванда» баргузор шуд.

Алишер Мирзонабот барои масъулияти баланд ва ихтиёран ҳозир шудан ба даъватшудагон, инчунин муташаккилона ба роҳ мондани маъракаи даъвати тирамоҳӣ ба волидони онҳо, ҳайати комиссияи даъват, масъулини комиссариатҳо, роҳбарони идораву муассисаҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят миннатдорӣ баён намуд.

***

Ҳамчунин, дар «Рӯзи даъватшаванда» дар ноҳияи Рашт маъракаи гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд. Бино ба иттилои АМИТ «Ховар», даъватшавандагон аз ноҳияҳои водии Рашт ба таври ихтиёрӣ барои шомил шудан ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳозир гардиданд. Нақшаи даъвати ҳарбиро ноҳияҳои Сангвор, Лахш, Тоҷикобод, Нуробод ва Рашт пурра иҷро карданд.

Дар ҷамъомади тантанавӣ раисони ноҳияҳои водии Рашт, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, падару модарони даъватшудагон ва собиқадорону фаъолони ҷомеа иштирок намуда, наваскаронро бо дуои нек ба хизмати ҳарбӣ гусел карданд.

Ҳамон рӯз ба 104 нафар навас­кароне, ки курси ронандагии ТҶММ «Мададгори мудофиа» — ро аз ҳисоби Вазорати мудофиа ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳои водии Рашт хатм намуданд, шаҳодатномаҳои ронандагӣ супорида шуд.

***

Бино ба маълумоти расида, дар рӯзи аввали гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат ноҳияҳои Вахш ва Данғараи вилояти Хатлон низ нақшаи даъватро иҷро карданд.

Инчунин, Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ додааст, ки дар рӯзи нахустини даъвати тирамоҳӣ Ҷамоати деҳоти «Ворух» ва Ҷамоати «Чоркӯҳ»-и шаҳри Исфара низ нақшаи даъвати ҳарбиро иҷро карданд.

М. ИМОМНАЗАР,

Ҳ. ТОҲИРӢ, «Садои мардум»