Ҳамовозӣ ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар ҳар сатр маънӣ зиёд асту мазмуни баланд

№3 (4743) 05.01.2024

53426454319_75ffcbd49c_oМардуми кишвар зери таассуроти ­Паёми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори кишвар, ки аз соли 2000-ум ироаи он ба ҳукми ­анъана даромадааст, қарор доранд. Дар бораи мазмуну моҳияти ин ҳуҷҷати муҳим андешаҳои зиёд баён шуда, ин раванд бардавом аст, вале дар баъзе ҳолатҳо умумигӯӣ меҳвар буда, дар натиҷа шарҳу тавзеҳи он ва вокуниш ба иддаои нотавонбинон то андозае мувофиқи мақсад нест. Дар ин робита иқтибос овардани суханони пурҳикмати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бамаврид медонам, ки фармудаанд: «Давлату давлатдорӣ як мафҳуми назариявӣ набуда, он маҳз бо мавҷудияти рукнҳои амалии давлат маъно пайдо мекунад».

Қобили зикр аст, ки истиқлоли давлатӣ танҳо бо қабули Эъломияи соҳибихтиёрӣ ва ё дигар ҳуҷҷатҳои расмӣ ба анҷом намерасад. Барои пойдории истиқлолият ва ташкили давлати мустақил, ки тавонад ба ҷомеаи ҷаҳонӣ халқро ҳамчун иттиҳодияи устувори сиёсӣ бо фарҳангу унсурҳои миллиаш муаррифӣ кунад, ҳаққи таърихӣ ва замонавии ӯро ҷиҳати мавҷудияти сиёсӣ ва ҳуқуқияш эътироф намояд, қабл аз ҳама, халқ орзую омолашро бояд барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун ҳадаф ва дастурамали зиндагиаш дуруст муаррифӣ намояд ва барои расидан ба ин ҳадафҳо пайваста мубориз ва омода бошад. Ҳамчунин, зарур аст, барои шаклгирии истиқлоли давлатӣ корҳои муҳими ташкилӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқию фарҳангиеро ба анҷом расонид, ки онҳо таҳкимбахши иттиҳоди устувори сиёсӣ ва истиқлолияти он бошанд.

Аз ин лиҳоз, метавон хулоса намуд, ки яке аз рукнҳои амалии давлат Паёми Президент ба Маҷлиси Олии мамлакат мебошад. Мутмаинам, ки хулосаи мазкур ҳоҷат ба шарҳу тавзеҳ надорад.

Нуктаи дигаре, ки мехоҳам ба он таваҷҷуҳ бештар ҷалб шавад, ин андешаронӣ дар бобати Паёми Президент ба парламент аст. Зарур ва ногузир аст, ки мақолаю гузориш ва ҳамовозӣ ба ин ҳуҷҷати муҳим бояд сатҳӣ омода нагарданд ва онҳое назарашонро баён намоянд, ки ба умқи масъала сарфаҳм рафтаанду шахсияташон дар ташаккули афкори ҷомеа саҳим аст.

Сониян, истифодаи ибораҳои «нуқтаи муҳими Паём», «иқтибосҳои беҳтарини Паём», «нуктаҳои меҳварии Паём», «дар ҳошияи (бо назардошти маънои луғавии ин калима) Паём» ва ғайра, ки мутаасси­фона, зиёд корбурд мешаванд, ба ҳеҷ ваҷҳ қобили қабул нест. Ба андешаи мо, Паёми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз аввал то фарҷом муҳиму муфид аст. Ба ибораи дигар, дар ҳар сатри он маънӣ зиёд асту мазмуни баланд.

Муҳимияти Паём ва мазмуну муҳтавои бениҳоят баланди он дар навбати аввал аз дарки амиқи набзи ҷомеа, самимияти беандоза ба мардум, азми қавӣ, нияти нек, масъалагузории саривақтӣ, таҳлил, ояндабинӣ, роҳнамоӣ, ошкори камбудиҳо, муайян намудани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ маншаъ гирифтааст. Баъдан, ин ҳуҷҷати муҳим барои тамоми мардуми кишвар, сарфи назар аз мансубияташон ба ин ё он қишри ҷомеа, сармашқи кор ва дастури роҳнамост. Ниҳоят, Паём шабеҳи оинаест, ки мо метавонем пешравию даст­овардҳои мамлакатро дар он мушоҳида ва онҳоро ба нишондиҳандаҳои пешин муқоиса намоем, зеро танҳо дар заминаи муқоиса мо муътақид мешавем, ки «ин куҷову он куҷо?».

Барои онҳое, ки ба дастовардҳои мо аз паси панҷа менигаранду муносибаташон ба арзишҳои миллию давлатӣ дуюмдараҷа аст, дар Паём чунин таъкид гардид: «Танҳо пас аз барқарорсозии сулҳу субот ва роҳандозии фаъолияти бонизоми соҳаҳои фалаҷгардидаи ҳокимияти давлатӣ мо имконият пайдо кардем, ки ба масъалаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат машғул шавем. Яъне, мо ба рушди иқтисодии мамлакат аз соли 2000-ум – ҳамагӣ 23 сол пеш шурӯъ кардем». Ин суханони Роҳбари мамлакат рамзу ҳикмат дошта, иброз гардиданашон саривақтӣ аст.

Паёми навбатӣ низ аз оғози марҳилаи сифатан нави давлатдорию давлатсозии мо мужда расонд. Пешвои миллат зикр карданд, ки «соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид».

Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар, ки яке аз нишондиҳандаи асосии муайянкунандаи рушд мебошад, нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардида, ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расид. Аз он ифтихор кардам, ки дар ду даҳсолаи охир сатҳи зиндагии мардуми кишвар тадриҷан беҳтар гардида, камбизоатӣ аз 83 фоизи соли 1999-ум то 62 банди фоизӣ дар соли 2023 паст гардидааст.

Азми қавӣ ва иродаи хастагинопазири муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он зоҳир мегардад, ки ба дастовардҳои ноилгардида иктифо накарда, ба Ҳукумати мамлакат супориш доданд барои дар ҳафт соли минбаъда то ба 10 фоиз паст кардани сатҳи камбизоатӣ чораҳои мушаххас андешад.

Бояд аз он ёдовар шавем, ки бо ибтикори Пешвои миллат буҷети давлатӣ моҳияти иҷтимоӣ дорад, ки ин омил на дар ҳама давлатҳо ба мушоҳида мерасад. Ҳамон тавре ки дар Паём зикр шуд: «Бо фароҳам омадани имконият хусусияти иҷтимоии буҷети давлатӣ тақвият дода шуда, хароҷот барои илму маориф, тандурустӣ ва дигар соҳаҳои иҷтимоӣ аз 9,6 миллиард сомонии соли 2017 ба 18,5 миллиард сомонӣ дар соли 2023 расонида шуд, яъне 1,9 баробар зиёд гардид».

Зимни баргузории чорабиниҳои марбут ба Паём нотиқон дар баробари дигар масоил, ба маълумоти мардум бояд расонанд, ки «дар ҳафт соли охир аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои дастгирии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ тавассути пардохти нафақа, кумакпулӣ ва ҷубронпулиҳо, нигоҳдории муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ ва уҳдадориҳои дигар зиёда аз 21,9 миллиард сомонӣ, аз ҷумла танҳо дар соли 2023-юм 4 миллиард сомонӣ равона карда шуд».

Омили дигари рӯҳбаландкунанда, ки мардум зимни ироаи Паём огоҳ шуданд, суботкорона ва муваффақона идома доштани талошҳои пайгирона ҷиҳати дастёбӣ ба яке аз ҳадафҳои стратегӣ — расидан ба истиқлолияти энергетикӣ мебошад. Пешвои миллат бо итминони комил гуфтанд, ки «Ҳукумати мамлакат, бо дарназардошти фаровонии захираҳои гидроэнергетикӣ, иқтидори бузурги истеҳсоли «энергияи сабз» ва содироти он, дар ҷодаи ноил гардидан ба ҳадафи стратегии худ – расидан ба истиқлоли энергетикӣ қадамҳои устувор гузошта истодааст».

Комёб будананамон дар ин самт бо он асоснок гардид, ки соли 2023 иқтидори энергетикии Тоҷикистон зиёда аз 6 ҳазор мегаватт ва истеҳсоли неруи барқ 22 миллиард киловатт – соатро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2017-ум 4,8 миллиард киловатт – соат ё 28 фоиз зиёд мебошад. Илова бар ин, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мужда расониданд, ки «мо тасмим гирифтаем, ки соли 2025 агрегати сеюми Неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро ба истифода диҳем».

Ба таъбири Пешвои миллат, «Бо амалисозии тадбирҳои зикршуда соли 2032 истеҳсоли барқ дар кишвар пурра аз ҳисоби манбаъҳои барқароршаванда, яъне 100 фоиз бо «энергияи сабз» таъмин гардида (ҳоло 98 фоиз), дар ин замина аз рӯйи меъёрҳои байналмилалӣ то соли 2037 партови газҳои гулхонаӣ то ҳадди ниҳоӣ коҳиш дода мешавад. Яъне, Тоҷикистон ҳамчун давлати пешсафи ҷаҳон дар самти инкишофи «иқтисоди сабз» соли 2037 воқеан ба «кишвари сабз» табдил меёбад».

Пайғоми неки дигар, ки зимни ироаи Паём садо дод, он аст, ки «тибқи «Стратегияи миллии рушди кишвар барои давраи то соли 2030» ҳаҷми сармояи мустақим то соли 2026 нисбат ба маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ то 10 фоиз расонида шуда, солҳои 2022–2026, яъне дар панҷ сол бояд ба иқтисоди миллӣ беш аз 60 миллиард сомонӣ сармояи мус­тақим ҷалб карда шавад».

Рушди густурдаи соҳибкории хурду миёна қодир аст сатҳи бекориро хеле ҷиддӣ коҳиш бидиҳад. Дар аксари мамлакатҳои пешрафта корхонаҳои хурду миёна беш аз нисфи маҳсулоти кишварҳояшонро истеҳсол мекунанд. Тавре шоҳидем, дар кишвар як қатор қонунҳои марбут ба фаъолияти соҳибкорӣ таҷдиди назар шуданд, то соҳибкорони ватанӣ ва сармоягузорони хориҷӣ барои таъсиси ҷойҳои нави корӣ тамоми шароиту имкониятро дошта бошанд. Президенти мамлакат аз он қаноатманданд, ки соли 2023 соҳибкорони мамлакат 715 корхонаи нави истеҳсолӣ бо 5 ҳазор ҷойи корӣ сохта ба истифода супориданд. Илова бар ин, соли гузашта аз ҷониби соҳибкорони ватандӯст дар соҳаи маориф 117 иншоот барои беш аз 43 ҳазор хонанда бунёд гардида, дар соҳаи тандурустӣ сохтмону навсозии 139 иншоот анҷом дода шуд.

Ҷанбаи дигаре, ки зимни шарҳу тавзеҳи Паём бояд аз мадди назар дур намонад, қадршиносии соҳибкорон аз ҷониби Роҳбари раъиятпарвари давлат маҳсуб мешавад. Манзури ман суханони пурмеҳру раҳнамунсози Роҳбари мамлакат мебошад, ки дар ҳаққи соҳибкорон зимни суханрониҳояшон баён гардидааст: «Бо истифода аз фурсат, ба ҳамаи соҳибкорону сармоягузорони бонангу номуси кишвар барои ташаббусҳои созандаашон ба хотири ободиву пешрафти Ватани маҳбубамон миннатдории самимӣ изҳор менамоям».

Қисмати ба модарону занон рабтдоштаи Паём бениҳоят таъсирбахш буда, шоҳид гардидам, ки вақте Пешвои миллат дар бобати Модар бо самимияту эҳтироми хоса сухан гуфтанд, аҳли толор ашк рехтанд.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки «мову шумо на фақат дар як Рӯзи Модар, яъне 8-уми март, балки бояд ҳамеша ва доимо нисбат ба модарону хоҳарону духтарони худ ғамхору меҳрубон бошем».

Лозим ба ёдоварист, ки Роҳбари мамлакат мунтазам ба занону модарон арҷ гузошта, дар яке аз суханрониҳояшон чунин гуфта буданд: «Занону модарони бонангу номуси мо ҳанӯз дар даврони ниҳоят мушкили оғози истиқлолият обрӯ ва шарафи мамлакатро ҳифз намуданд, ба хотири ҳифзи ҳуқуқи худ мисли гурдофаридҳо ба қиём баромаданд, дар таҳкими давлат, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ саҳми бисёр арзишманд гузоштанд».

Табиист, ки дар доираи як мақола фарогирию таҳлили ин ҳуҷҷати муҳим аз имкон берун аст. Боварии комил дорам, ки масъулин барои дар сатҳи хубу сифати баланд роҳандозӣ кардани чорабиниҳои марбут ба он бетаъхир тадбирандешӣ хоҳанд кард. Дар он сурат даст­овардҳоямон афзун ва сатҳи зиндагиамон боз ҳам беҳбуд хоҳад ёфт.

Далер АБДУЛЛО,

«Садои мардум»