Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода дар ноҳияи Рашт бо зиёиён ва аҳли ҷамоатчигии ноҳия вохӯрӣ доир намуд.
Зимни суҳбат Рамазон Раҳимзода аз мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар ёдовар шуда, даъват намуд, ки сокинон дар мубориза бо ҷинояткорӣ, терроризм, экстремизм, пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, таълимоти ғайриқонунии динӣ, фолбинию ҷодугарӣ ва хурофотпарастӣ фаъолтар бошанд. Таъкид гардид, ки кормандони тамоми мақомот дар муқобили ҳама гуна таҳдид ва хатарҳои замони муосир зиракиро аз даст надиҳанд.
- Дар чунин вазъият мо набояд худро дар канор гирем. Вазифаи ҳар як шахси ватандӯст аз он иборат аст, ки дар муқобили неруҳои бадхоҳ далерона мубориза барад, — афзуд вазир.
Дар поёни вохӯрӣ ҳозирин омодагии худро барои ҳамкории самаранок иброз дошта, таъкид карданд, ки дар ҳалли мушкилоти ҷомеа нақши босазо мегузоранд.
Диловари МИРЗО,
«Садои мардум»