Дар ибтидои солҳои навадуми асри гузашта Ҷумҳурии Тоҷикистони тоза ба истиқлолиятрасида бо фитнаву дасисаи неруҳои ифротгарои дохилӣ, ки аз хориҷ идора мешуданд, ба гирдоби кашмакашҳои сиёсӣ гирифтор шуд. Дар натиҷа, мухолифати шадиди сиёсӣ доман зада, мамлакат ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуд, ки он қурбониҳои зиёди ҷонӣ ва хисороти бузурги моддиву маънавиро бар ҷой гузошт. Мутаассифона, он шабу рӯзҳои мудҳиш касе барои хомӯш кардани оташи ҷанг ва гирифтани пеши роҳи хунрезӣ кӯшиш намекард, ба ибораи дигар, соҳибмақому ҳукуматдорони вақт ба гурӯҳҳои сиёсӣ тақсим шуда, ҳар яке ба хотири манфиат ба он оташ «равған» мерехтанд. Сокинони мамлакат ба мушкилиҳои ҷиддӣ рӯ ба рӯ шуданд, зеро иқтисодиёти мамлакат хароб, вазъи сиёсии ҷомеа рӯз то рӯз муташанниҷ мегардид.
Кашмакашиҳои сиёсӣ Тоҷикистонро ба вартаи нобудшавӣ оварда, манфиатхоҳон ва хоҷагони хориҷии онҳо ба хотири ба порчаҳо тақсим кардани Тоҷикистон камар баста буданд. Дар он давра дар минтақаҳои гуногуни мамлакат ҷангу хунрезӣ ва харобкорӣ ба авҷи аъло расид. Сокинони ҳар минтақа ба гурӯҳҳо тақсим шуда, сарваронро интихоб ва бо роҳҳои гуногун яроқу аслиҳа ва дигар муҳимоти ҷангӣ дарёфт карда буданд. Аркони давлатдорӣ ва сохтору мақомоти давлатӣ фалаҷ гардида, дар Тоҷикистони соҳибистиқлол беқонунӣ ва беҳокимиятӣ ҳукмфармо шуда буд.
Барои расидан ба сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, ноил шудан ба зиндагии босаодат ва бунёди Тоҷикистони навин, ки ҳоло аҳли башар онро мешиносад ва эътироф мекунад, нафаре лозим буд, ки мардуми мамлакатро муттаҳид кунаду сулҳу созгори миллиро дар Тоҷикистони соҳибистиқлол пойдор созад. Дар чунин шароити ниҳоят мураккаб ва душвори ҷомеа, ки вазъият дар пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе муташанниҷ буд, Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон дар шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор гардид, ки вакилони вақти Шӯрои Олӣ барои расидан ба сулҳу суботи миллӣ ва хомӯш намудани оташи ҷанги шаҳрвандӣ фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намуданд. Дар он шабу рӯзҳои басо ноумедӣ нахустин суханҳои умедворкунандаи Сарвари давлат: «Ман ба шумо сулҳ меорам» буд ва таъкид намуданд: «Мо бояд коре кунем, ки пеши роҳи хунрезӣ гирифта шавад» ва чунин ҳам шуд.
Роҳбари ҷавони тозаинтихоби Тоҷикистон корро аз қабули қарорҳои манфиатовар барои беҳбудии вазъи сиёсии мамлакат, беҳдошти сатҳи зиндагии мардум ва барқарор сохтани пояҳои фалаҷгаштаи давлатдории Тоҷикистон оғоз намуданд.
Дар ҷараёни кори иҷлосияи тақдирсоз нахустин қарорҳо ҷиҳати қатъи ҷангу хунрезӣ, таъмин намудани суботу оромӣ, сарҷамъ сохтани миллати тоҷик ва барқарорсозии сохти конститутсионӣ қабул гардиданд. Баъд аз анҷоми иҷлосия ва ҳамчун Сарвари давлат ба фаъолият оғоз намудани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазъи сиёсии мамлакат тадриҷан ба эътидол омада, сулҳу оромӣ пойдор гардида, гурезаҳои иҷборӣ ба Ватан баргардонида шуданд. Барои расидан ба зиндагии шоиста қарору барномаҳои давлатӣ қабул гардиданд ва имрӯз Тоҷикистон ба кишвари рӯ ба тараққӣ табдил ёфтаву рӯз то рӯз барои расидан ба ҳадафҳои нек қадамҳои устувору созанда мегузорад.
Албатта, пешравию муваффақиятҳо осон ба даст наомаданд, балки Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои расидан ба рӯзҳои нек хизматҳои шоёну ҷонфидоиҳои бемисл карданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушду инкишофи ҳама соҳаи мамлакат ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинони кишвар дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ амалӣ шудани се ҳадафи стратегӣ — таъмини амнияти озуқаворӣ, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсиониро барои Ҳукумати мамлакат маҳаки асосии фаъолият қарор доданд.
Ҳукумати мамлакат ҳанӯз дар солҳои аввали оғози истиқлолияти давлатӣ бо мақсади таъмин намудани аҳолӣ бо маҳсулоти озуқа ва пешгирӣ кардани гуруснагӣ 75 ҳазор гектар заминро ҳамчун заминҳои президентӣ ба аҳолӣ тақсим намуд. Он тадбири муҳим имкон дод, ки сатҳи гуруснагӣ дар мамлакат коҳиш дода шавад ва мардум бо истифода аз заминҳои президентӣ маҳсулоти ғизоиро пайдо намоянд. Ҳамчунин, ба ғанӣ гардидани бозори истеъмолӣ мусоидат карда, барои таъмини амнияти озуқаворӣ заминаи воқеӣ гузошт.
Таи ин солҳо ҳазорҳо гектар заминҳои нав обёрӣ гардида, илова бар ин, ҳар сол дар садҳо гектар замини обӣ кишти такрории зироатҳо гузаронида мешавад. Тақсими заминҳои наздиҳавлигӣ ва бунёди манзили истиқоматӣ низ барои эҳтиёҷмандон, ки ба беҳдошти сатҳи зиндагии мардум мусоидат намуданд, дар даврони соҳибистиқлолӣ бо ҳиммати баланд амалӣ карда шуданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 21 декабри соли 2021 дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба баланд бардоштани сатҳи иҷтимоии сокинони мамлакат дар даврони соҳибистиқлолӣ, аз ҷумла, чунин иброз доштанд: «Дар бист соли охир 138 ҳазор гектар замин, аз ҷумла 52 ҳазор гектар аз ҳисоби заминҳои обӣ ба 1 миллиону 400 ҳазор оила барои бунёди манзили истиқоматӣ ҷудо карда дода шуд. Яъне, 8 миллиону 800 ҳазор нафар аҳолии кишвар имконият пайдо карданд, ки шароити истиқоматии худро беҳтар намоянд.
Хотирнишон месозам, ки дар 70 соли то замони истиқлолият барои бунёди манзили истиқоматӣ ҳамагӣ ба 530 ҳазор оила 77 ҳазор гектар замин дода шуда буд».
Дар бист соли охир рушди миёнасолонаи иқтисодиёт дар сатҳи 7,5 фоиз таъмин гардида, Маҷмӯи маҳсулоти дохилии мамлакат аз 1,8 миллиард сомонии соли 2000-ум то 95 миллиард сомонӣ дар соли 2021 ва даромади буҷети давлатӣ аз 252 миллион сомонӣ ба 28 миллиард сомонӣ расонида шуд. Ҳамаи ин нишонаи он аст, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол бо амалӣ гардидани иқдомҳои созандаи роҳбарияти Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯ ба тараққӣ мениҳад ва ба ҳадафҳои арзандаи рушди устувор наздик мешавад.
Яке аз тадбирҳои муҳим дар рушди иқтисодиёти мамлакат ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо соири кишварҳои олам ва додугирифти молу маҳсулот бо онҳо мебошад. Пайдост, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамчун кишвари аграрӣ шинохта мешавад, ҳиссаи саноат дар содироти маҳсулот кам аст.
Сарфи назар аз он ки дар 20 соли охир дар мамлакат зиёда аз 2000 корхонаи истеҳсолӣ бунёд гардида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба солҳои аввали соҳибистиқлолӣ қариб чор баробар афзоиш ёфта бошад ҳам, вале ба хотири бештар кардани тавлиди маҳсулоти саноатӣ ва таъсиси корхонаҳои истеҳсолкунандаи маҳсулоти ивазкунандаи воридот Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саноатикунонии босуръати мамлакатро ҳадафи чоруми миллӣ ва солҳои 2022-2026-ро «Солҳои рушди саноат»- и мамлакат эълон намуданд.
Саноатикунонии босуръати мамлакат имкон медиҳад, ки рушди устувори соҳаи саноат таъмин гардида, дар ин раванд даҳҳо ҳазор ҷои нави кор ташкил гардад. Танҳо соли 2021-ум 256 коргоҳу корхонаи нав бо 2500 ҷои кор ба фаъолият оғоз намуд.
Барои боз ҳам тезонидани суръати саноатикунонӣ имконияту иқтидорҳои истифоданашуда ҳанӯз зиёд буда, аз ҷониби роҳбарияти Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соҳибкорон имтиёзу сабукиҳои зиёд пешбинӣ шудааст.
Бо боварии комил метавон гуфт, ки истифодаи захираҳои бузурги ашёи хоми ватанӣ имкон медиҳад, ки соҳаи саноат рушд намуда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ ва ивазкунандаи воридот афзоиш ёбад ва саноатикунонии босуръати мамлакат таъмин карда шавад. Дар доираи татбиқи амалии ин иқдом дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат корхонаҳои нави саноатӣ бунёд гардида, нақшаи чорабиниҳо дар бобати сохта ба истифода додани боз садҳо корхонаи нави саноатӣ тарҳрезӣ гардидаанд, ки ин ба рушди соҳибкории истеҳсолӣ замина мегузорад.
Татбиқи ҳадафи дигари стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсонӣ низ дар замони соҳибистиқлолии мамлакат барои сокинон шароити арзандаи рафтуомадро муҳайё намуд.
Таърих гувоҳ аст, ки аз сабаби кӯҳсор будани Тоҷикистон, мавҷуд будани ағбаҳои мушкилгузар, набудани роҳҳои мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ байни минтақаҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол ва бо сабаби боришоти барфи зиёд роҳҳои ағбаҳо дар мавсими зимистон баста мешуданд ва рафтуомади сокинони ду вилояти ҷумҳурӣ ба пойтахт ба мушкилӣ сурат мегирифт. Дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ва рӯзҳои аввалини роҳкушоӣ ҳангоми оғози корҳои сохтмонӣ дар нақби «Истиқлол» Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуми кишвар ва сохтмончиёну коргарони идораҳои сохтмонӣ муроҷиат карда гуфтанд: «Агар техникаву мошинолоти зарурӣ наёбем, ҳамин нақбро ба хотири расидан ба ҳадафҳои некамон бо нохунҳоямон меканем». Ин суханҳои самимии Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дили сокинон шуълаи умеду бовариро ба ояндаи дурахшони мамлакат фурӯзон сохт ва мардум дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат шоҳиди даҳҳо чунин шоҳкориҳои аср гардиданд, ки амалӣ шудани онҳоро афсона мепиндоштанд.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ барои таъмин намудани рафтуомади бемамониати мусофирон ва ҳамлу нақли молу маҳсулот дар ҳама фасли сол байни минтақаҳои кишвар, инчунин, раҳоӣ бахшидани мамлакат аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил додани он 59 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 24 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, 2 ҳазору 400 километр роҳ, 326 пул, 6 нақби мошингузар ва 219 километр роҳи оҳан сохта, ба истифода дода шуд.
Ба таъкиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «Бо амалӣ намудани корҳои зикргардида мо соли 2017 ба яке аз ҳадафҳои стратегии худ ноил шуда, Тоҷикистони сепорчаро ба қаламрави воҳид табдил додем ва тавассути долонҳои нақлиётӣ бо кишварҳои ҳамсоя ва дигар мамолики дуру наздики хориҷӣ пайвастани онро таъмин намудем».
Тибқи маълумот, алҳол дар соҳаи нақлиёт татбиқи 13 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии зиёда аз 11 миллиард сомонӣ идома дорад, ки барои ба кишвари муосири транзитӣ табдил ёфтани Тоҷикистон мусоидат мекунад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми ироаи Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 21 декабри соли 2021 дар мавриди сохтмону бунёди роҳҳои мошингард аз ҷумла, чунин иброз доштанд: «Соли 2021 лоиҳаҳои сохтмону таҷдиди роҳҳои мошингарди Обигарм -Нуробод, Ҳулбук-Темурмалик-Кангурт, Данғара-Левакант-Бохтар, қитъаҳои Қалъаихумб-Ванҷи шоҳроҳи Душанбе-Кулма, Қизилқалъа-Бохтари шоҳроҳи Душанбе — Бохтар, Бекобод-Бобоҷон Ғафуров — Конибодом, сохтмони пул аз болои дарёи Панҷ дар мавзеи Кокули ноҳияи Фархор ва дарёи Ғунд дар шаҳри Хоруғ, таҷдиди роҳи мошингард ва бунёди долонҳои зидди тарма дар мавзеи Барсеми ноҳияи Шуғнон шурӯъ шуданд.
Дар панҷ соли оянда, яъне солҳои 2022 — 2026 боз сохтмону таҷдиди роҳҳои мошингарди Гулистон-Фархор, Ҷалолиддини Балхӣ — Қубодиён — Шаҳритус, Данғара-Гулистон — Кӯлоб, Рӯшон – Хоруғ — Кулма, Хуҷанд–Конибодом ва Хуҷанд — Ашт оғоз мегардад.
Дар давоми солҳои 2022 — 2026 зиёда аз 1000 километр роҳҳои мошингард, 53 пул, 7 нақб ва 5 долони зидди тарма бунёд карда мешаванд, ки қисми зиёди онҳо дорои сатҳи байналмилалӣ мебошанд».
Амалӣ гардидани нияту орзуҳои неки роҳбарияти Давлату Ҳукумати мамлакат, воқеан ҳам, ба баланд гардидани сатҳи некуаҳволии сокинон мусоидат намуда, Тоҷикистон ба кишвари бузурги транзитӣ табдил хоҳад ёфт.
Ҳадафи дигари стратегии мамлакат аз оғози соҳибистиқлолӣ расидан ба истиқлолияти энергетикӣ муайян гардида, то ба ҳол дар ин самт корҳои бузургу назаррас ба анҷом расонида шуданд. Бо мақсади расидан ба ин ҳадафи созанда ва истифодаи самарабахши неруи барқ дар даврони соҳибистиқлолӣ 287 неругоҳи барқи обии хурду бузург, 1,5 ҳазор километр хатҳои интиқоли барқи баландшиддат, 50 зеристгоҳи баландшиддати барқӣ бунёду таҷдид ва дар маҷмӯъ, 75 фоизи инфрасохтори энергетикии кишвар навсозӣ гардида, беш аз 2000 мегаватт иқтидорҳои энергетикии иловагӣ низ бунёд ёфтанд.
Дар таърихи навини Тоҷикистон бо кашидани хатҳои нави баландшиддати неруи барқ миёни минтақаҳои ҷумҳурӣ системаи ягонаи энергетикӣ ба вуҷуд оварда шуд, ки он устувории фаъолияти соҳаро таъмин намуд.
Сохта ба истифода додани неругоҳҳои барқи обии «Сангтӯда -1», «Сангтӯда -2», ба истифода додани ду агрегати иншооти аср — Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва дигар неругоҳҳои барқи обии хурду миёна ва бузург аз иқдомҳои амалишаванда дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат дар самти расидан ба истиқлолияти энергетикии мамлакат мебошад, ки дар амалӣ гардидани онҳо саҳми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бузург аст.
Зимнан, истеҳсол ва истифодаи «энергияи сабз» аз ҷумлаи афзалиятҳои рақобатноки иқтисоди Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Дар ин самт, ҳоло дар Тоҷикистон лоиҳаҳои бузурги бунёди неругоҳҳои барқи обӣ амалӣ гардида истодаанд ва дар 7 соли оянда аз ҳисоби бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва таҷдиди неругоҳҳои барқи обии «Норак», «Сарбанд» ва «Қайроққум» иқтидори энергетикии мамлакат иловатан ба 4 ҳазор мегаватт афзоиш дода мешавад.
Бунёдкориҳои арзишманди даврони соҳибистиқлолии давлат, ки дар муддати хеле кӯтоҳ ба даст омадаву ҳоло сокинони диёр аз онҳо қаноатмандӣ зоҳир менамоянд, ба шоҳкориҳои давр баробар буда, мардум садсолаҳо боз чунин пешравиҳоро надида буданд. Инчунин, боварии комил дорем, ки Тоҷикистони соҳибистиқлолро пешравиҳои нав ба нави иқтисодиву иҷтимоӣ дар пешанд ва мардуми ободкори сарзамин бо ҳадафу ниятҳои нек дар амалӣ гардидани иқдомҳои пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми бузург гузошта, бо иттиҳоду ҳамбастагӣ ва масъулиятшиносиву ҳисси баланди ватандӯстӣ ба зиндагии шоиста комёб мегарданд.
АМИНИЁН Хӯҷаназар Файзулло,
сармуҳаррири рӯзномаи «Садои мардум»