Давлатсозу давлатдор

№122 (4705) 06.10.2023

51555117515_fb8048b851_oАгар дар дигар кишварҳо ашхоси мунтахаб мустақиман ба давлатдорӣ машғул шаванд, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сарфи назар аз мушкилоту монеаҳои зиёд, давлат сохтанду мо ҳоло давлатдорем

Камина дар мақолаҳои иншонамудаам аз ин хусус батафсил ҳарф зада, ҷоннисориҳои Пешвои миллат, роҳи мушкили тайкардаашонро воқеъбинона, холисона, бо истинод бо далелҳои раднопазир бозгӯӣ намудаам. Бегуфтугӯ, дар наҷоти давлат ва миллат аз вартаи нобудӣ нақши муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон беназир аст. Ин Абармард бо маҳорати фавқулода ва ҷасорати бемисли ҷавонмардона тавонистанд роҳи наҷотро пайдо кунанд ва халқи парешонгаштаро аз нав зери Парчами давлат, дар Ватани аҷдодиашон муттаҳид созанд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳеро интихоб карданд, ки дар он айёми пурдаҳшат на ҳама ҷуръати паймуданашро доштанд. Ин фарзанди фарзонаи миллат дар заминаи ҷонфидоӣ, самимият, одамият ва заҳмати зиёд умеди батамом аздастрафтаро эҳё карда, мардуми ғарибро ба Ватан баргардонданд.

Таъкид мекунам, ки бо вуҷуди таълифоти зиёд шаҳомати корҳое, ки бо ақлу заковати муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муддати хеле кӯтоҳи таърихӣ ба субут расидаанд ва амсолашонро таърихи миллат ёд надорад, таври шоиста инъикосу бозгӯӣ нашудаанд.

Вақте барои иншои мақола дар ин бобат иқдом менамоем, пеш аз ҳама, бояд мадди назар бошад, ки даҳсолаи аввали соҳиб­истиқлолии кишвар марҳилаи муқаддимотии давлатсозӣ ба ҳисоб меравад. Дар давра асосан ҳалли масъалаҳои сиёсӣ, аз ҷумла ба эътидол овардани вазъияти кишвар, баргардонидани гурезаҳо, бо хонаву ҷой таъмин кардани онҳо, бесилоҳ гардонидани гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, ҳалли масъалаҳои дар Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ муайяншуда авлавият буданд. Пас аз соли 2000-ум, ҳамон тавре ки Пешвои миллат таъкид карданд, ба Давлату Ҳукумат муяссар гардид, ки таври ҷиддӣ ба ҳалли масъалаҳои иқтисодию иҷтимоӣ машғул гардад.

Набояд фаромӯш кард, ки солҳои аввали соҳибистиқлолӣ умури давлатдорӣ чунон гиреҳхӯрда буд, ки идораи он аз ҷониби нухбагони он давр имконнопазир арзёбӣ шуд. Маҳз, азми қавӣ ва нияти неки муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон, уқдаҳои мушкилоти мавҷударо муъҷизаосо во кард. Дар ин замина чаманзори мамлакат, ки чанде коҳидаю берангу бӯ ва пажмурда буд, ба гулистони пурнакҳат табдил ёфтанд. Киштзороне, ки поймолу сангистон шуда буд, ба шарофати зуҳури ин Абармард шодобу самаровар шуданд. Хиёбонҳои орӣ аз одамон боз ба макони сайругашт ва муошират табдил ёфтанд. Ҷавонон, ки ба ояндаи худ умуман боварӣ надоштанд ва аз гулгашту гулбоғҳо рамида буданд, кунун дар шоҳроҳи зиндагӣ собитқадаманд.

Ифтихормандам, ки ҳамчун журналисти ба арзишҳои миллию давлатӣ арҷгузор, дар таъмини амнияти иттилоотии мамлакат то андозае саҳим шоҳиди ҷонфидоию заҳмати шабонарӯзии ин Абармард мебошам, аз моҳияту муҳимияти ибтикори амалинамудаи Роҳбари давлат огоҳам, мақсаду ҳадафи ниҳоии Президент – таъмини зиндагии шоистаи мардумро дарк кардаам, доир ба самимияту ҷасорат ва одамияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз шоҳидони ҳол (ҳамсафони содиқ, ки аз рӯзҳои аввали давлатдорӣ дар паҳлӯи ӯ мебошанд) зиёд шунидаам, беназир будани мақому манзалат ва маҳбубияти ин тоҷики ватандӯстро дар арсаи байналмилалӣ далели бебаҳс медонам ва дар тарғибу ташвиқи сиёсати пешгирифтаи ин Роҳбари хирадманд бунёдкор ба қадри имкон саҳмгузорам.

Бегуфтугӯ, дастоварди асосии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум ба саҳнаи сиёсат омадани фарзанди фарзонаи миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Эътироф бояд кард, ки дар ҷаҳони муосир давлатсозӣ, фароҳам овардани шароит барои ташаккули миллат, ­бунёди давлати иҷтимоӣ, демокративу ҳуқуқ­бунёд, дунявӣ ва ягона кори саҳлу сода нест. Шояд ҳоло барои баъзе нафарони аз ҳама кас ва ҳама чиз норозӣ боварнокарданист, вале дар он замон кам нафаре пайдо мешуд, ки зимоми идораи давлатро ба дӯш гирифта, истиқлолияти аздастрафтаистодаро ҳифз намояд. Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рисолати давлатсозиву давлатдорӣ ва раҳоӣ бахшидани мамлакат аз ин мушкилоти ҷиддиро ба дӯши Роҳбари ҷавон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузошт.

Дар он замони пурҳаводис ва бениҳоят ҳассос ҷустуҷӯ ва дарёфти ҳалли мушкилоти ҷумҳурӣ, ба ҳам овардани миллат дар доираи ақли одамӣ намеғунҷид. Халқ ин рӯзи саидро орзу мекард. Ба шарофати зуҳури ин Абармард он ҳама бесомониҳо гузашт. Занҷирҳое, ки нотавонбинон бо ҳидояти хоҷаҳояшон тоҷику тоҷикистониёнро дасту по баста буданд, гусаста шуд. Миллат Пешвоеро дарёфт, ки дер боз ӯро меҷуст.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози давлатсозиву давлатдорӣ аз сулҳ, ҳамдигарфаҳмӣ, ваҳдати миллӣ ва наҷоти миллату Ватан ҳарф заданду бетаъхир амал карданд. Тавре шоҳидони ҳол гуфтанд, баъд аз Сардори давлат интихоб шудан яке аз аввалин ибтикори номбурда расонидани кумаки бетаъхир ба мубталоёни бемориҳои сироятӣ буд. Агар ин иқдоми муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намебуд, ба ҳалокат расидани ҳазорон нафар ногузир аз эҳтимол дур набуд. Аз «Қасри Арбоб» Роҳбари тозаинтихоби мамлакат супориш доданд, ки вазири тандурустӣ доруворӣ гирифта, ба навоҳии Фархор, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Восеъ ва шаҳри Кӯлоб равад, ки дар он ҷойҳо бар асари камбуди ғизо бемориҳои сироятӣ, ҷигар ва фалаҷи майнаи сар зиёд буд. Ин яке аз ҳазор далели марбут ба фазилатҳои мавсуф аст, ки дар марҳилаи аввали давлатдориву давлатсозиашон низ баръало буд.

Зону зада бӯсидани Парчами давлатӣ аз ҷониби муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз лаҳзаҳои бениҳоят таъсирбахши иҷлосия мебошад. Дар ин замина собит гардид, ки рафтору гуфтор ва кирдори муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самимона аст. Сохтакорӣ хоси Ҷаноби Олӣ нест. Эҳсоси ватандӯстие, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маъраз гузоштанд, тоҷику тоҷикистониёнро ҳушдор дод, то хоки Ватанро ба дидагон моланд, сангрезаҳои кӯҳистонашро бибӯсанд, қатраи обашро ба сад ман зар надиҳанду як каф хокашро ба оламе иваз насозанд.

Ба шарофати муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми шарифи кишвар бо ақлу заковати ирсӣ, бемайлон мушкилоти мавҷударо рафъ намуд. Тоҷик, ки ба «шарофат»-и баъзе «фарзандон»-и нохалаф дар ҳукми ҳаводис монда буд, кунун ихтиёрдор аст, ҳаётро тобеи ормонҳои воло, фармонбардори дили пурорзуи хеш кардааст. Сарнавишт ба мо имкон фароҳам овард, ки зери роҳбарии хирадмандонаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз неруи зеҳнӣ, омӯзиши таҷрибаи ғании ниёкон кишварро обод намоем, камбудиҳои ҷузъиро рафъ карда, зиндагии мардумро беҳбуд бахшем.

Имрӯз тоҷикон дар Ватан ҳама сарҷамъанд, ҳама зери Парчами давлатӣ муттаҳидем ва Пешвои аз имтиҳонҳои таърих гузаштаю аз ҷониби миллат ва ҷомеаи ҷаҳонӣ эътирофшуда дорем. Тарроҳони ҷанги шаҳрвандӣ, ки бо айби баъзе раҳгумзадагон ва пуштибонони хоҷаҳои хориҷӣ ба сари халқи тоҷик таҳмил шуда буд, ноком шуданд. Ҳама гӯшаҳои диёри биҳиштосоямон сол аз сол ободу зебо гардид. Он чӣ аён аст, ҳоҷат ба баён нест. Мардум гавҳаршинос аст, баду нек, сиёҳу сафедро фарқ мекунад.

Тоҷику тоҷикистониён хуб медонанд, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллатро аз нобудӣ ва давлатро аз парокандагӣ раҳо, кохи муҳташами сулҳи тоҷиконро эъмор, низоми давлатдории муосири халқро асос гузошта, қобилияти ҳуқуқии давлатдории халқро эҳё намуда, тоҷиконро ҳамчун миллати дорои Ватан, забон, фарҳанг ва таърихи қадима ба ҷаҳониён муаррифӣ ва дар навбати худ Давлати Тоҷикистонро ҳамчун давлати мустақил, дунявӣ, демократӣ ва ҳуқуқбунёд дар радифи халқу миллатҳои соҳибдавлат ҷойгузин намуда, ҷиҳати қадршиносии қаҳрамонони миллат шароити мусоид фароҳам оварданд.

Асосҳои дар боло зикргардида заминаҳои муътамади воқеӣ дошта, баҳри таҳкими мавқеъ ва мақоми муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар дохилу хориҷи мамлакат нақши калидӣ доранд. Тавре, қаблан навишта будам, қабул гардидани қонун ва сипас Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат» муҳаббатномаи мардум ба ин фарзанди фарзонаи худ аст.

Рисолати инфиродӣ ва таърихии Пешвои миллат дар сарнавишти давлатҳо аз он иборат аст, ки бо донишу таҷрибаи бузурги худ мактаби давлатдории миллиро поягузорӣ намуда, шароити ҳифз, рушд ва интиқоли арзишҳо ва анъанаҳои давлатдории миллиро фароҳам оранд. Дар таърихи аксари халқҳои дунё чунин шахсиятро ба мисли муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон, ки ҳастию зиндагии худро барои саодати халқу шукуфоии сарзаминаш бахшида бошад, пайдо кардан мушкил аст.

Пешвои миллат ба қавли худ ҷавонмардона вафо карданд. Ҷони худро дар хатар гузошта, ба минтақаҳои ноороми дохилу хориҷи кишвар барои гуфтушунид бо собиқ мухолифини тоҷик сафар карданд, фирориёнро ба Ватан бозгардонданд, ба Тоҷикистон сулҳу ваҳдат оварданд, кишварро обод ва дилҳоро шод карданд. Миёни корнамоиҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хатми ҷанги шаҳрвандӣ ва истиқрори сулҳи пойдор дар Тоҷикистон манзалати хоса дошта, ҳатто мухолифони сиёсии ӯ онро эътироф мекунанд.

Тақвияти эътимоди ҷомеа ба Пешвои миллат аз он маншаъ мегирад, ки маҳз ӯ пояҳои фалаҷгардидаи давлатдориро аз сифр оғоз, хазинаи ба ғоратрафтаро ғанӣ, артишу сохторҳои қудратиро аз нав тарҳрезӣ намуда, мақоми миллати тоҷикро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардошта, дар харитаи сиёсии ҷаҳон давлатеро бо номи Тоҷикистон сабт намудаанд. Мардум хуб медонанд, ки на ҳар кас ҳам аз уҳдаи ин кори мушкилу сангин баромада метавонист.

Истеъдоди фавқулодаи давлатдорӣ, маҳорати камназири сиёсатмадорӣ ва ҷидду ҷаҳди хастанопазири пайвастаи ӯ барои тадриҷан ба давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона табдил ёфтани Тоҷикистон замина фароҳам овард. Дар ин замина далели бебаҳс гардид, ки:

- ниҳоди Пешвои миллат унсури табиӣ дар низоми сиёсии кишвар буда, он заминаҳои устувори маънавию таърихӣ, ахлоқӣ, фарҳангӣ ва сиёсию иҷтимоӣ дошта, натиҷаи эътирофи ҷомеа аз меҳнатҳои шахсияти таърихии миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад;

- эътирофи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Пешвои миллат натиҷаи талошҳои беназири ӯ дар масири давлатсозии навин буда, баҳри муттаҳидӣ ва ягонагии мардуми кишвар омили муҳим ба ҳисоб меравад. Кулли иқдомҳои ин Абармард хусусан дар шароити муосири ҷаҳонишавӣ аҳамияти хос дошта, ҷиҳати тақвияти ҳувияту худшиносӣ хеле муҳим арзёбӣ мегардад;

- Пешвои миллат таҷассумкунандаи давлат дар арсаи байналмилалӣ буда, ҳамчун шахсияи бузурги сатҳи байналмилалӣ эътироф гардиданаш баҳри боло бурдани имиҷи сиёсии давлат ва миллати тоҷик бениҳоят муҳим аст.

Ба андешаи мо, яке аз сабабҳои бадбахтии солҳои навадуми асри гузашта набудани пешво буд. Бо дарки масъулият мегӯям, ки агар дар он давра роҳбаре чун муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебуд, шояд ҷанг намешуд. Хуб дар хотир дорем, ки пеш аз он кас ҳам роҳбарон буданд, лекин натавонистанд ҷомеаро идора кунанд.

Ба ақидаи Низомулмулк: «Худо дар ҳар давру замон аз байни мардум як нафарро интихоб мекунад ва ба ӯ санъати идоракуниро эҳдо менамояд, бо вай манфиатҳои сулҳу оромии бандагони Худоро алоқаманд мекунад. Ба воситаи ӯ дарвозаҳои шӯру ошӯб ва бесарусомониҳоро мебандад. Дар дили мардум бузургӣ ва қудрати сарварро ҷой медиҳад, то мардум дар давронаш дар адолату оромӣ ба сар баранд ва дарозумрии давлатро таманно кунанд».

Эътироф бояд кард, ки дар ҷаҳони муосир дар баробари тундбоди ҳаводис, ки аз бархӯрди манфиати абарқудратҳо маншаъ гирифтааст, побарҷо будан осон нест. Хушбахтона, ин Родмард мисли кӯҳ устувору сарбаланданд. Аввал, ба сифати Раиси Шӯрои Олӣ ва баъдан, ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, номбурда давлат сохтанд. Хоса, пас аз Президент интихоб шудан муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни давлатсозӣ ба бунёдгузори давлати миллӣ табдил ёфтанд ва давра ба давра заминаҳои маънавӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва сиёсии бунёди давлати мус­тақили тоҷиконро тарҳрезию амалӣ карданд.

Аз ин лиҳоз, қадршиносию омӯзиши ҷоннисориҳои ин Абармард муҳиму саривақтӣ ва бениҳоят муфид мебошад. Биноан бамаврид аст, ки дар сохтори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ниҳоди алоҳида оид ба таҳқиқи фаъолияти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёбад.

Илова бар ин, дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ барои омӯзишу таҳқиқи шахсияти Пешвои миллат ва бозгӯӣ намудани фаъолияти пурмаҳсули ӯ чораҳои дахлдор андешида шавад. Бояд мадди назар дошт, ки иқдомҳои дар ин самт амалишаванда бояд нусхабардории якдигар набошанд.

Шарҳу тавзеҳи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» барои муассир гардидани ин иқдом мусоидат хоҳад кард. Ин амал баҳри боло бурдани сатҳи маърифат ва фарҳанги сиёсии ҷомеа мусоидат намуда, барои шинохт ва эътирофи арзишҳои миллию давлатӣ мусоидат менамояд.

Вобаста ба тарғибу ташвиқ ва бозгӯии нақши Пешвои миллат дар таҳкими истиқлолияти давлатӣ мебояд бо ҷалби ашхоси донишманд чорабиниҳои ба масъалаи мавриди назар дахлдоштаро дар сатҳи хубу сифати баланд доир намуд, то ҳисси ифтихор аз доштани чунин Пешвои миллат ва давлати соҳибистиқлол бештар гардад.

Ба ғайр аз ин, дар заминаи баргузории чорабиниҳои илмӣ — оммавӣ таҷрибаи кишварҳои дигар дар масъалаи эътироф ва муттаҳидии халқ дар атрофи пешвоён ва бунёдгузорони давлатҳо ба сифати ғояи тарғибгари ваҳдат, нигоҳдошти роҳи таърихӣ, меросияти таҷриба ва дастовардҳо мавриди баррасии доимӣ қарор дода шавад;

Муҳимтар аз ҳама, олимони соҳа бояд таҷрибаи давлатдорӣ ва мактаби идоракунии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро мавриди таҳқиқу омӯзиши ҳамаҷониба қарор дода, асосҳои назариявию консептуалии онро амиқ таҳқиқ намоянд.

Дар давоми 32 соли соҳибистиқлолӣ корҳое ба сомон расиданд, ки иҷрои онҳо ҳатто дар замони давлати абарқудрати шӯравӣ ғайриимкон арзёбӣ шуда буд, вале дастовардҳои ноилгардида интиҳои кор нест, тавре Пешвои миллат дар мулоқоти худ бо ҷавонон гуфтанд, «давлатсозии мо ҳанӯз идома дорад».

Бинобар ин, ҳар яки мо вазифадорем, ки истифодаи касбият, меҳвар қарор додани ҷасорат ва ба маъраз гузоштани садоқат дар ин раванд саҳмгузор бошем. Тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон хитоб карданд, Тоҷикистон ба пеш!

Далер АБДУЛЛО,

«Садои мардум»