Дигаргунии бунёдӣ

№116 (4699) 27.09.2023

Таъсис ёфтани парламенти думаҷлисаро дар сохтори давлатдорӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин тасниф кардаанд

МАН ЧАМ (3)Понздаҳуми марти соли 2023 дар ҷаласаи навбатии Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», ки бо истифода аз ҳуқуқи ташаб­буси қонунгузорӣ аз тарафи узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Абдуҳалим Ғаффорзода, Амонулло Хайрулло, Бахтиёр Аҳмадзода ва Комрон Исмоилиён таҳия гардидааст, қабул шуд. Шонздаҳуми июни соли 2023 дар Иҷлосияи чордаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум қонуни мазкур аз ҷониби аъзои Маҷлиси миллӣ бо иттифоқи оро ҷонибдорӣ гардид. Мақсади иқдоми мазкур, ҳамон тавре муаллифон иброз доштанд, арҷгузорӣ ба нақш ва аҳамияти ҳокимияти олии қонунгузорӣ буда, тибқи он, минбаъд 26-уми сентябр Рӯзи Маҷлиси Олӣ — парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шуд.

Воқеан, мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори мамлакат дар таърихи давлатсозию давлатдории муосири мо нақши назаррас дорад. Маҳз, Иҷлосияи дуюми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) 24-уми августи соли 1990 Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул кард, ки замина барои дастёб шудан ба истиқлолияти комил ба ҳисоб меравад. Аз ҷониби дигар, дар марҳилаҳои бениҳоят ҳассос, ки мақомоти дахлдор худро бетараф эълон карда буданд, охирин умеди аксарияти мардум, маҳз парлумон буд. Дар ҳамин давра ашхоси ба маънои том ватандӯст ба вакилони Шӯрои Олӣ муроҷиат намуданд, ки ба ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар хотима гузоранд. Манзури ман баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум аст, ки вакилони мардумӣ, аз рӯи виҷдону масъулият аз байни худ Сарвари арзанда интихоб карданд ва бо ҳидояту роҳбарии ин Абармард Истиқлолияти давлатии бадастовардаро ҳифз намуда, якпорчагии хоки Тоҷикистон ва ҳамбастагии мардумро таъмин намуданд. Дар ин робита бамаврид аст ёдовар шавем, ки 6-уми ноябри соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, Тоҷикис­тон давлати соҳибихтиёр, демок­ратӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва Маҷлиси Олии (парламенти) Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, ки интихобот ба даъвати якуми он 25-уми феврали соли 1995 баргузор гашт, мақоми олии намояндагӣ эътироф гардид. Дар раванди такомули аркони давлатдорӣ, ба мақоми мавриди назар таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, 26-уми сентябри соли 1999 аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсия тағйироту иловаҳо ворид гардид, ки боби сеюми он аз моддаи 48 то 63 ба Маҷлиси Олӣ бахшида шуд. Тибқи муқаррароти нав, Маҷлиси Олӣ, ҳамчун мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ду маҷлис — Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон таркиб ёфт. Ҷоиз ба зикри алоҳида аст, ки 26-уми сентябр муқаррар намудани Рӯзи Маҷлиси Олӣ — парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин сана рабт дорад.

Муҳимияти ин иқдомро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин тасниф кардаанд: «Таъсис ёфтани парламенти думаҷлиса дар сохтори давлатдории мо дигаргунии бунёдӣ мебошад ва Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ имрӯз ба яке аз рукнҳои боэътимоди мақоми қонунгузори кишварамон табдил ёфтааст, зеро мутобиқи Конститутсия аз ҷониби Маҷлиси миллӣ ҷонибдорӣ карда шудани қонунҳои қабулнамудаи Маҷлиси намояндагон кафолати муҳими қабули қонунҳои мукаммал, босифат ва ҷавобгӯ ба манфиати мардум мебошад».

МАҚОМИ НАМОЯНДАГИИ УМУМИМИЛЛӢ, КИ ДАР РУШДИ ДАВЛАТ НАҚШИ АРЗАНДА ДОРАД

Қабл аз он ки доир ба вазифаҳо ва нақши Маҷлиси миллӣ дар рушду пешравии кишвар ҳарф занем, бояд ба дарки ин нукта бирасем, ки ин ниҳод чиро ифода мекунад. Агар ба таври мушаххас шарҳ диҳем, он мақомоти намоян­дагии умумимиллист, ки вазифаи қонунгузориро иҷро мекунад. Мақомоти намояндагист, ки дар он аҳолӣ ва минтақаҳои кишварро вакилони интихобгардида намояндагӣ мекунанд. Дар сохтори ҳокимияти давлатӣ мавқеи басо муҳим дош­та, дар таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, рушди ҷомеа ва давлат, такмили фаъолияти қонунгузорӣ ва таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ нақши арзанда мегузорад,- таъкид намуданд Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Рустами Эмомалӣ. Махсусияти дигари фаъолияти ин мақом дар он зоҳир мегардад, ки бахши асосии аъзои он намояндагони воҳидҳои марзиву маъмурӣ, яъне минтақаҳои кишвар буда, аз чор як ҳиссаи аъзои Маҷлиси миллиро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин мекунад. Бамаврид аст ёдовар шавем, ки Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллӣ даъвати дуюм 17-уми апрели соли 2000, Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллӣ даъвати сеюм 15-уми апрели соли 2005, Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллӣ даъвати чорум 23-юми апрели соли 2010, Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллӣ даъвати панҷум 14-уми апрели соли 2015, Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллӣ даъвати шашум 17-уми апрели соли 2020 баргузор гардиданд, ки дар онҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуданд.

 Тибқи муқаррароти Қонуни конс­титутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ба салоҳияти Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ҳангоми гузаронидани ҷаласаҳои якҷоя тасдиқи фармони Президент дар бораи таъин намудан ва озод кардани Сарвазир ва дигар аъзои Ҳукумат, тасдиқи фармони Президент дар бораи ҷорӣ намудани ҳолати ҷангӣ ва вазъияти фавқулода, ризоят ба истифодаи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон берун аз ҳудуди он барои иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон, таъини интихоботи Президент ва сарфароз гардонидани Президент бо мукофотҳои давлатӣ ва рутбаи олии ҳарбӣ дохил мебошад. Дар қонуни зикршуда салоҳияти Маҷлиси миллӣ дар алоҳидагӣ низ мушаххас шудааст, ки таъсис, барҳам додан ва тағйир додани сарҳади воҳидҳои марзию маъмурӣ, муқаррар намудан ва ба ҷои дигар кӯчонидани маркази маъмурии онҳо, интихоб ва бозхонди раис, муовини якум, муовинон ва судяҳои Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ бо пешниҳоди Президент, бекор кардани дахлнопазирии раис, муовини якум, муовинон ва судяҳои Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ, ризоят барои таъин ва озод намудани прокурори генералӣ, муовини якум ва муовинони ӯ, интихоби намояндаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва дар дигар мақомоти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон аз ҳамон ҷумлаанд.

 Сохтори Маҷлиси миллӣ аз Кумита оид ба таъмини асосҳои конс­титутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният, Кумита оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология, Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонону занон, Кумита оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ, Кумита оид ба иқтисодиёту коммуникатсия, Комиссия оид ба назорати дастур таркиб ёфта, аъзои он фаъолияти қобили мулоҳиза ва арзандаи ситоиш доранд. Месазад арҷгузорӣ намоем, ки дар даъвати кунунӣ аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо сармашқи кор қарор додани дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллию давлатӣ рисолати хешро дар сатҳи хубу сифати баланд иҷро намуда, дар ин замина пешравиҳои назарррас рӯи кор омаданд. Бо ибтикори Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ташкили муҳокимаҳои парламентӣ ба марҳилаи сифатан нав ворид гардида, тавсияҳои дар онҳо қабулшуда ба рафъи мушкилоту камбудиҳои соҳаҳо таҳрик бахшиданд.

 Дар ин давра робитаҳои байнипарламентӣ низ тақвияту тавсеа ёфта, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон узви ташаб­бускори Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Иттиҳоди байнипарламентӣ, Ассамблеяи парламентии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Иттиҳоди парламентии Созмони ҳамкории исломӣ, Ассамблеяи парламентии осиёӣ ва Ассамблеяи парламентии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо мебошад.

Фаъолияти мақоми мазкурро таҳлил намуда, муҳтарам Рустами ­Эмомалӣ барҳақ хулоса карданд, ки «қарору қонунҳои дар ин муддат ба тасвиб расонидаро метавон дорои арзиши муҳими сиёсию таърихӣ номид. Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша сари вақт ва бо диққати моҳирона ҳимояи қонунии манфиатҳои ҳаётан муҳими кишварро таъмин намуда, дар ин муддат ба ҷузъи муҳими намояндагии воқеии воҳидҳои маъмурӣ, арсаи мушорикати мустақими онҳо дар низоми идоракунии мамлакат табдил ёфт».

АЗ БАРРАСИИ 2492 САНАДИ МЕЪЁРИИ ҲУҚУҚӢ ТО ҲАМКОРӢ БО 78 КИШВАРИ ОЛАМ

Тӯли фаъолият Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон санадҳои меъёрии ҳуқуқиеро қабул намуд, ки ба рушди соҳаҳои гуногун такони ҷиддӣ бахшиданд. Ба шарофати ин иқдом, дар бахшҳои иқтисодиёт, тандурустию иҷтимоӣ ва илму маориф навгониҳои назаррас рӯи кор омада, рушди бардавом таъмин гардид.

 Ҳадафи санадҳои меъёрии қабулгардида дастгирии давлатии фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ, фароҳам овардани фазои мусоид барои ҷалби сармоя ва ташкили ҷойҳои кор ба ҳисоб рафта, ин ибтикор барои ҳалли мушкилоти соҳаҳо, мусоидат кард.

Дар ин раванд ба тавсеаи равобити байналмилалӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, бо 78 кишвари дунё гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ таъсис додааст. Ба шарофати ин иқдом таҷрибаи қонунгузории давлатҳои мутараққӣ дар раванди фаъолият васеъ истифода мегардад.

 Қонунгузорӣ яке аз самтҳои асосии фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Тӯли фаъолият беш аз 2 ҳазору 492 санади меъёрии ҳуқуқӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар ин давра 386 қонун, аз ҷумла 58 қонуни мукаммал, 6 кодекс, 19 қонуни конститутсионӣ оид ба ворид кардани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои конститутсионӣ, 185 қонун оид ба ворид кардани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои амалкунанда, 117 қонун оид ба ворид кардани тағйиру иловаҳо ба кодексҳо таҳия шуда, аз он 293 қонун қабул гардидааст.

 Баргузории муҳокимаю соатҳои парламентӣ ва суҳбатҳои гирди миз замина фароҳам овард, ки вакилон тавассути таҳлили мунтазами қонунгузорӣ, аз ҷумла мониторинги амалишавии санадҳои қонунгузорӣ ва барномаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, ба пешрафти иқтисодиёти кишвар саҳми босазо гузоранд ва дар ин замина ҷараёни татбиқи қонунҳои соҳавиро таҳлилу баррасӣ намоянд.

Самти дигари вакилони мардумӣ вохӯрӣ бо интихобкунандагон ва ҳалли мушкилоти онҳо мебошад. Ҳадафи асосии ин иқдом, ҳамон тавре Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода таъкид кард, «шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пайгирии иҷрои дастуру супоришҳои дар сатҳи гуногун додаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба масъалаҳои муҳиму мубрами рӯз, аз ҷумла таъмини амнияти озуқаворӣ, вусъати корҳои саҳроӣ, истифодаи самараноки заминҳои кишт, захираи дусолаи маҳсулоти хӯроквории ниёзи аввалия, сарфаю самаранок истифода бурдани неруи барқ ва пардохти саривақтии маблағи он, аз даст надодани ҳушёриву зиракии сиёсӣ дар замони пуртаҳаввули ҷаҳони муосир, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ташкилотҳои террористию экстремистӣ ва равияҳои ифротӣ, даъват ба хизмати ҳарбӣ, татбиқи бемайлону риояи ҳамаҷонибаи талаботи қонунҳои миллии кишвар — қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», инчунин омодагию ҳиссагузориҳо барои дар сатҳи лозимӣ истиқбол намудани ҷашни дарпешистодаи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ниҳоят, дар доираи ваколату салоҳиятҳо мусоидат кардан дар ҳалли мушкилот мебошад».

 Бамаврид аст аз ҳамкориҳои суд­манди Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ёдовар шавем. Тавре аз гузориши Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъбасти фаъолияти Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум» бармеояд, «дар ин давра аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагон дар ҳамбастагӣ бо узви Маҷлиси миллӣ 17 лоиҳаи қонун таҳия ва пешниҳод шуда, вакилони Маҷлиси намояндагон дар пешниҳоди 48 лоиҳа иштирок карданд». Дар гузориши мазкур Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Маҳмадтоир Зокирзода аз он қаноатмандӣ кард, ки вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум қонунҳоеро қабул намуданд, ки дар таҷрибаи қонунгузории мамлакат бори нахуст мебошанд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» аз намунаи олии он ба ҳисоб меравад. Қонуни мазкур бо мақсади такмили қонунгузорӣ ва танзими меъёрии ҳуқуқии фаъолият дар самти тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Рустами Эмомалӣ таҳия ва пешниҳод гардидааст. Ба қавли Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Маҳмадтоир Зокирзода, «то қабули қонуни мазкур вобаста ба масъалаи танзими ҳуқуқии фаъолият дар самти тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, муайян кардани мақоми ваколатдори давлатӣ дар ин соҳа, тақсимоти вазифаҳо дар байни мақомоти баамалбароварандаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон ва муайянсозандаи масъулияти онҳо санади қонунӣ қабул нашудааст».

 Дар маҷмӯъ, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолиятро дар асоси усули таҷзияи ҳокимияти давлатӣ, волоияти қонун, ошкорбаёнӣ, дастаҷамъӣ, эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба роҳ мондааст. Ба зиммаи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулияти азим вогузор буда, ҳамон тавре ки Роҳбари мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд: «Вакилон бояд намунаи поквиҷдонӣ ва садоқат ба Ватану миллат бошанд ва дар сафи пеши мубориза бо ҳама гуна кирдорҳои ғайриқонунӣ қарор дошта бошанд».

ХУЛОСА

Таҳлилҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки на ҳама дар бораи салоҳият, ваколат, махсусият ва назокатҳои мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори мамлакат маълумоти кофӣ доранд. Ин аст, ки дар воситаҳои ахбори омма чун сухан дар бораи парлумон равад, баъзан андешае баён мегардад, ки «Маҷлиси намояндагон лоиҳаи қонунҳои аз ҷониби Ҳукумат пешниҳодгардидаро бидуни баррасӣ ва муҳокимаю баҳс қабул менамояд». Боиси нигаронист, ки ин назари билкулл хато чун хулосаи ниҳоӣ ба мардум таҳмил мешавад.

Бояд мадди назар дошт, ки то ба Иҷлосияи Маҷлиси намояндагон дилхоҳ лоиҳаи қонун дар марҳилаҳои гуногун, аз ҷумла, сатҳи кумита, ҷаласаи васеи кумитаи масъул ва Шӯрои Маҷлиси намояндагон мавриди баррасии амиқу доманадор қарор мегирад. Дар ин раванд лоиҳа аз ҳама ҷиҳат, бо назардошти пешниҳодоти вакилон, такмил меёбад ва дар сурати ба талабот ҷавобгӯ набуданаш, бозпас гардонида мешавад. Ба ҳайси корманди рӯзномаи парлумонӣ шоҳиди ҳол будам, ки ба як лоиҳаи қонун аз ҷониби вакилон то 300 таклифу пешниҳод ироа гардид, ки қисмати зиёдаш аз ҷониби субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ қобили қабул дониста шуд. Вале ашхоси ҳангоматалаб аз ин марҳилаҳо бехабаранд. Онҳо, ҳамчунин, намедонанд, ки рисолати ду зинаи парлумон мутобиқи талаботи қонуни конститутсионӣ муайян шудааст ва амалӣ намудани «орзуҳои мушкил»-и эшон ваколат ва рисолати аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон нест.

Нафарони аз рӯйдодҳои ҷаҳони муосир огоҳ хуб медонанд, ки фаъо­лияти намояндагӣ ва қонунгузорӣ аз самтҳои афзалиятнок дар умури давлатдорӣ ба ҳисоб меравад. Аз фаъолияти намояндагӣ ва қонунгузорӣ дар бораи ҳар як давлат, роҷеъ ба дараҷаи демокративу муосирӣ ва тамаддуннокии он баҳо дода мешавад. Хоса, дар шароити кунунӣ, ки бархӯрди манфиатҳо беш аз пеш шиддат ёфта истодааст, масоили ба тавсеаи фаъолияти қонунгузорӣ ва мустаҳкам намудани асосҳои ҳуқуқӣ рабтдошта сатҳу сифати навро касб намудаанд.

Тааҷҷубовар аст, ки баъзе ба ном коршиносон парлумонҳои пурмоҷарои дигар кишварҳоро намунаи ибрат нишон медиҳанд. Парлумонҳои пурхархашаеро, ки ба «шарофаташон» кишварҳои воҳид ва аз лиҳози иқтисодӣ пешрафта ба давлатҳои пароканда табдил ёфтанду иқтисодиёташон фурӯ пошид. Қисме аз ҳудуди чунин давлатҳоро давлати дигар бидуни парронидани тире ба қаламраваш «ҳамроҳ» намуду дар манотиқи дигар задухӯрд идома дорад. Ба назар мерасад, ки баъзе «коршиносон» ин паҳлуи масъаларо намедонанд ё нодида мегиранд. Агар амиқтар масъаларо мавриди пажӯҳиш қарор диҳем, «сабаб»-ҳои «фаъол» будани вакилони парлумони кишварҳое, ки як идда журналистону коршиносони мо намуна арзёбӣ менамоянд, маълум мегардад.

Бегуфтугӯ, аз замони таъсис парламенти мамлакат дар сохтори ҳокимияти давлатӣ мақоми хоса дошта, барои таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, пешрафти давлат, такмили фаъолияти қонунгузорӣ ва таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ саҳми муносиб гузошта истодаст. Муҳим он аст, зимни баррасии масъалаҳои ба парламент воридгардида, тамоми махсусияти фаъолияти намояндагӣ ва қонунгузорӣ ба назар гирифта мешавад.

Далер АБДУЛЛО,

«Садои мардум»