Мусоҳиба бо сардори котиботи Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ Абдулмаҷид ДОСТИЕВ
- Дар бораи Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ даъвати дувоздаҳум зиёд гуфтаанду навиштаанд. Ин ҳамоиш, ки ба маънои том анҷумани саодат маҳсуб мешавад, аз назари шумо, ки роҳбарии котиботи онро ба зимма доштед, чӣ моҳият дорад?
- Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ даъвати дувоздаҳумро иҷлосияе мешуморам, ки оғоз дошту анҷом не. Он моро аз ҳолати беҳокимиятӣ, номуайянӣ ва муҳимтар аз ҳама, аз вартаи фано раҳо кард. Баъд аз ҳазору сад сол давлати бо номи Тоҷикистон арзи ҳастинамударо, ки тоифае бо мансабталошӣ ба ҳолати нестшавӣ оварданд, маҳз муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон — эҳдои Худованд, ки дар Иҷлосияи XVI зуҳур карданд, эмин нигоҳ доштанд. Вақте дар бораи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан мегӯем, мантиқан нодуруст аст агар иҷлосияи мазкурро ёдовар нашавем. Ҳамчунин, дар бораи иҷлосия бе меҳвар қарор додани ҷонфидоиҳои ин фарзанди фарзонаи миллат андешаронӣ кардан ғайриимкон аст. Ба ибораи дигар, онҳо бо ҳамдигар пайванди ногусастанӣ доранд.
Берун овардани кишвар аз бунбасти низомӣ, тақвияти сулҳ ва ваҳдати миллӣ, ба вуҷуд овардани «фарҳанги сулҳи тоҷикон», таҳкими истиқлолияти давлатӣ, ислоҳоти фарогир, эҳёи аркони фалаҷшудаи идоракунӣ, қабули рамзҳои давлатӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои таърихӣ, миллӣ ва фарҳангӣ, боло бардоштани мақоми забони тоҷикӣ, эълони чаҳор ҳадафи стратегии Ҳукумат, таъмини шароити созгор барои тиҷорату ҷалби сармоя, аз сар гирифтани сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун», ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонӣ дар соҳаи об, қабули қонунҳои миллӣ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим», ба шаҳр наздик сохтани симои деҳот, тамоюли зиёдшавиро касб намудани дарозумрӣ, коҳиши камбизоатӣ, афзоиши бесобиқаи Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, буҷети давлат ва маошу нафақа хӯшае аз хирмани дастовардҳои давлатдории муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб мешаванд. Туфайли хизматҳои бузурги зикршуда Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон сазовори унвонҳои олӣ — Қаҳрамони Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат шуданд.
Ин ҳама давоми ҳамон иҷлосияи муқаддасу тақдирсоз аст. Хулоса, Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум, чун нияти хайри таҳкими сулҳу субот, созандагиву бунёдкорӣ, баланд бардоштани обрӯи миллату давлат дар ҷаҳон оғоз дошту анҷом надорад.
- Ҳадафи асосии ин иҷлосия таъмини сулҳу ваҳдати миллӣ буд. Хушбахтона, мо ба он расидем…
- Аз нигоҳи ман сулҳи тоҷикон ду ҷониб дорад. Якум, ҳисси баланди ифтихори миллии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Дуюм, хиради азалии мардуми куҳанбунёди мамлакат. Шарҳ медиҳам: Маҳз ҳисси баланди ифтихори миллии Ҷаноби Олӣ буд, ки дар марҳилаи аввали давлатдорӣ як миллион тоҷики гурезаро аз манотиқи гуногуни олам ба кишвар бозпас оварданд. Ин кори қобили мулоҳиза аст, ки на ҳар роҳбар ба иҷрои он қодир мебошад. Зеро аз таърихи на чандон дур мо мисолҳои зиёдеро медонем, ки маҳз ба хотири муносибати дуюмдараҷа доштани ҳокимону роҳбарони давр ба ифтихори миллӣ ҳазорҳо нафар дар ғарибӣ монданд ва бо хориву зорӣ мурданд.
Хиради азалии мардуми мо боис гашт, ки он айём дар интихобот на ба рақиб, ҳол он ки фишангҳои зиёди таъсирррасонӣ дошт, балки ба муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон овоз дода, ӯро вакил дар Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карданд. Хиради азалии мардум онҳоро таҳрик бахшид, то дар замони бениҳоят ҳассос дар атрофи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гарданд ва дар марҳилаҳои минбаъда гавҳаршиносона рафтор карда, ҷойгоҳу манзалати арзандаи ин ҷавонмардро муайян намоянд.
- Чун сухан дар бораи Пешвои миллат равад, ҳатман ҷасорати ӯ мадди назар аст…
- Самимона мегӯям, ки чунин ҷасорат беназир аст. Борҳо шоҳид будем, ки номбурда бо ҷасорати нотакрор таъкиду нигарониро дар мавриди мавҷуд набудани кафолати амният сарфи назар карданд. Дар ин бобат садҳо далел метавонам орам, вале бо зикри як далел иктифо мекунам. Атрофиёни муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, хоса ман, ба сафари он кас ба Афғонистон розӣ набудем.
- Чаро?
- Мушаххас посух медиҳам. Вазифаи ҷонии мо буд, ки номбурдаро чун гавҳараки чашм ҳифз кунем. Чунки имрӯзу фардои кишвар ба ин шахс вобаста буд. Эмин нигоҳ доштани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳиятан ҳифзи миллату давлат маҳсуб шуда, мавқеъгирии як идда ҳамсафон, алалхусус ман, танҳо ба ин ҷанба дахл дошт..
- Шарҳу тавзеҳи омилҳои даъват намудани Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум дар расонаҳо зиёданд. Назари шумо, ки дар маркази ҳаводис қарор доштед, ба ин ҷанба чӣ гуна аст?
- Фаъол шудани қувваҳои пешбарандаи раванди пошхӯрии давлати абарқудрати Иттиҳоди Шӯравӣ дар бархе аз ҷумҳуриҳои соҳибистиқлолгашта боиси кашмакашу «инқилоб» — ҳо шуд. Ин наҳсиятӣ ба мардуми дар дунё бо меҳру инсонӣ номбаровардаи тоҷик низ таъсир гузошт ва мансабталошҳои «тезпазак» аз моҳи феврали соли 1990 занону мардонро ба майдонҳо кашиданд, ки оқибат миллатро ба ҷангу хунрезӣ овард.
Дар бораи ҷанг чизе намегӯем, зеро он мавзӯи дигар аст, вале қайд кардан зарур аст, ки қувваҳое пайдо шуданд ба ҳар ду ҷониб аз рӯи мавқеъ якхела муносибат мекарданд, яъне ҷонибе агар ғолиб меомад, ҷониби муқобилро ёрмандӣ мекард ва баръакс. Дар натиҷа маҳалҳо, хусусан шаҳри Қӯрғонтеппа, тез — тез аз даст ба даст мегузашт. Агар ин дер давом мекард, ба фикрам, оҳиста-оҳиста кишвар чун Афғонистон ба майдони ҷанг табдил меёфт. Ҳукумати вақт манфиатдори даъват кардани иҷлосияи навбатии Шӯрои Олӣ набуд ё силоҳбадастон намегузоштанд.
Ду мақомоти бонуфузе, ки барои бехатариву амнияти давлату мардум умре аз ҳисоби давлат мехӯрданду мепӯшиданду бологузар буданд, дар вақти зарурӣ, яъне ноамнии мардуму хатари давлат, худро бетараф эълон намуданд, ки ин мусибат буд. Гирдиҳамоиҳои ғайриқонунӣ ба он оварда расонд, ки Президент Қаҳҳор Маҳкамов истеъфо дод.
Раиси Шӯрои Олӣ Р. Набиев ҳангоми маъракаи интихоботии президентӣ маҷбур шуд ваколати худро боздорад. Аммо баъди Президент интихоб шудан зери фишори силоҳбадастон аризаи истеъфо навишта, бо Қарори Раёсати Шӯрои Олӣ, Раиси Шӯрои Олиро иҷрокунандаи вазифаи Президент таъин карданд, ки хилофи конститутсияҳои кишварҳои мутамаддин ва Конститутсияи ҳамонвақта ва имрӯзаи Тоҷикистон буду ҳаст. Акнун бе дар даст доштани фишангҳои асосии давлатдорӣ, ки ишора кардем, охирин умеди аксарияти мардум ба Парлумон нигаронида шуд.
- Шоҳидони ҳол гуфтанд, ки он замон дар Парлумон ва Ҳукумат се гурӯҳ ба вуҷуд омад. Кадом гурӯҳҳо буданд?
- Гурӯҳи аввал, онҳое, ки тарафдори Ҳукумат буданд. Дуюм, онҳое, ки бо такя ба қувваҳои беруна мехостанд ҳокимиятро ба даст оранд ва дар ин роҳ аз зӯроварӣ низ даст намекашиданд. Сеюм, гурӯҳе, ки мавқеи бетарафиро ишғол мекард. Яъне, шавад обӣ, нашавад лалмӣ. Вакилоне, ки Ҳукумати қонуниро тарафдорӣ мекарданд, бештар буданд.
Паи ҳам иваз шудани раисони Шӯрои Олӣ — Қ. Аслонов, С. Кенҷаев, А. Искандаров ва рӯз то рӯз ба муборизаи ошкорову таҳдидкунанда гузаштани неруҳои мухолиф хавфи нооромиҳои дохилиро бештар намуд. Бо роҳи фишор ба Парлумон ва Ҳукумати иҷроия ва бадтар аз ҳама, оғози гаравгонгирии аъзои Ҳукумату вакилони Шӯрои Олӣ, бесуботии вазъи сиёсӣ дар кишвар, махсусан пойтахт, эҳсоси тарсу ваҳмро афзуд.
Соли 1992 дар бинои Шӯрои Олӣ ба қатл расондани сардабири рӯзномаи «Садои мардум», депутати Шӯрои Олӣ Муродулло Шералиев, дар ноҳияи Ленин (ҳоло Рӯдакӣ) тирборон намудани одамони бесилоҳи аз Кӯлоб ба Душанбе меомада, ноҷавонмардона куштани прокурори генералии ҷумҳурӣ Нурулло Ҳувайдуллоев, гаравгонгирии вакилону аъзои Ҳукумат, ҳуҷум ба Кумитаи амнияти давлатӣ барои ишғол ва саркӯб шудани ҳуҷумкунандагон дар он ҷо замина барои оғози ҷанги доманадор дар Тоҷикистон шуданд.
- Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум дар кадом шароит ба кори худ оғоз бахшид?
- 16-уми ноябри соли 1992, соати 10-и пагоҳӣ, таҳти роҳбарии Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Акбаршо Искандаров ба кор шурӯъ намудем. Дар он аз 230 нафар вакил 193 кас иштирок доштанд. Аз 37 нафар вакили боқимонда 4 нафар бо сабабҳои гуногун аз олам гузашта, 4 нафар дар давоми иҷлосия ҳозир шуданд. 25 нафар бесабаб ширкат наварзиданд, 4 ҳавзаи интихоботӣ озод буд.
- Дар ёддоштҳои вакилони иҷлосияи мавриди назар тариқи маҷмӯӣ сухан дар бораи Комиссияи муросо меравад. Он чӣ рисолат дошт?
- Барои баррасии ҳаматарафаи масъалаҳои муҳими сиёсиву иҷтимоӣ дар ҳайати 40 нафар намояндагони халқ Комиссияи муросо созмон дода шуд, ки раиси он вакил Қурбон Тӯраев интихоб гардид. Дар робита ба ин, дар кори ҷаласа танаффус эълон шуду Комиссияи муросо корро оғоз намуд. Баъди гузаронидани машварати Комиссияи муросо иҷлосия бо иштироки 197 вакил корро идома дод.
Дар он меҳмонон аз ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Федератсияи Россия иштирок доштанд. Вакилон мақомоти кории иҷлосияро интихоб карда, аз номи Комиссияи муросо Қ. Тӯраев оид ба рӯзномаи иҷлосия сухан ронда, инчунин таклиф кард, ки бо сабаби ба рӯзнома ворид намудани истеъфои аъзои Раёсати Шӯрои Олӣ, пеш бурдани иҷлосия бояд ба уҳдаи вакили куҳансолтарин вогузошта шавад. Ӯ номзадии Ҳабибулло Табаровро пешниҳод кард.
Таклиф оид ба раиси иҷлосия интихоб кардани намояндаи халқ Ҳ. Табаров бо аксарияти овоз қабул гардид. Ҳамин тариқ, ҷаласа зери роҳбарии Ҳ. Табаров оғоз шуд.
- Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар маҷлиси ботантана бахшида ба 20-умин солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид карданд: «Ҳамдигарфаҳмии аксарияти кулли вакилони иҷлосия, муттаҳид будани онҳо дар самти дарку эҳсоси якдилонаи масъалаҳои муҳиму тақдирсози мамлакат, ҳисси баланди масъулиятшиносии онҳо дар ҳалли масъалаҳои гузошташуда боиси минбаъд таъмин гардидани заминаи ваҳдати миллӣ ва рушди ҷомеа гардиданд…».
- Комилан ҳамфикрам. Ба ихтилофи назарҳо нигоҳ накарда, ҳама мекӯшиданд, қарорҳое қабул шаванд, ки бештар ба оромиву амнияти мардум мусоидат намоянд ва онҳоеро, ки хонаву ҷой ва макони зисти хешро тарк намудаву рӯ ба фирор овардаанд, ба оромӣ ва андешаи солим раҳнамун созанд. Дар лаҳзаҳои аввал баъзеҳо суханони раисикунандаро шунидан намехостанд ва кори иҷлосияро халалдор мекарданд.
Вале аксарияти намояндагон, аз қабили шахсиятҳои барӯманд, ҳозиронро ба таҳаммулу ҳамдигарфаҳмӣ даъват намуданд.
- То ҷое иттилоъ дорем, масъалаи истеъфои Раиси онвақтаи Шӯрои Олӣ Акбаршо Искандаров баҳсҳои тӯлониро ба миён оварда буд…
- Бале, зимни он таклифҳои намояндагони халқ бештар бо эҳсосот ироа мешуд. Ростӣ, бисёре аз вакилон аз майдони ҷанг ба иҷлосия омада буданду рӯзҳои аввал андешаронияшон бо эҳсосот сурат мегирифт ва ба роҳбарияти Шӯрои Олӣ нобоварӣ изҳор намуда, ҳатто тавре қайд шуд, раисии иҷлосияро ба уҳдаи на раис, балки вакиле вомегузоштанд.
19-уми ноябр А. Искандаров иҷлосияро аз пешниҳоди масъалаи бозхонди Раиси Шӯрои Олӣ оғоз намуда, таклиф намуд, ки ҷаласаро депутат Ҳ. Табаров раисӣ кунад. Таклиф аз ҷониби намояндагон қабул гардид. Баъди баҳсу мунозираҳои зиёд бо Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19-уми ноябри соли 1992 Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Акбаршо Искандаров аз вазифа бозхонда шуд.
- Дастоварди асосии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум ба саҳнаи сиёсат омадани фарзанди фарзонаи миллат Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб мешавад. Интихоби ин абармард ба маснади Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ гуна сурат гирифт?
- Воқеан ҳам, дуруст гуфтед. Интихоби Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастоварди асосиии иҷлосияи зикршуда ва бахти баланди тоҷику тоҷикистониёни он замон ҷафокашида аст.
Мухтасар ёдовар мешавам: Бо таклифи раисикунанда масъалаи навбатӣ, яъне интихоби Раиси нави Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қаpop гирифт. Намояндаи халқ А. Мирзоев аз ноҳияи Ҳисор, аз номи намояндагони шаҳри Турсунзода ва ноҳияҳои Ҳисору Шаҳринав ба сухан баромада, номзадии депутати халқ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба вазифаи Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд.
Вакили халқ X. Ғафуров номзадии Иззатулло Ҳаёевро пешниҳод намуд. Вале И. Ҳаёев зимни баромад таклифро як навъ бозии сиёсӣ номида, аҳволи бади саломатияшро сабаб нишон дода, номзадиашро бозхонд.
Комиссияи баҳисобгирии овозҳо номзадии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба бюллетени овоздиҳии пинҳонӣ оид ба интихоби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сабт намуд. Натиҷаи овоздиҳӣ чунин буд: аз 197 депутат 186 нафар ба ҷонибдории муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон овоз доданд.
Он кас ба ҳайси Роҳбари давлат савганд ёд намуда, зикр карданд, ки дар хизмати мардум қарор хоҳад дошт ва ба Конститутсия, Парчаму Нишони давлатӣ содиқ хоҳанд монд. Он кас, аз ҷумла, гуфтанд: «Оғози кори худро аз сулҳ cap хоҳам кард. Ман тарафдори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ мебошам. Мо ҳама бояд ёру бародар бошем, то ки вазъиятро ором намоем». Ин садоқату самимият дар ҷараёни хидматҳои минбаъдаашон дар назди халқу Ватан баръало собит шуд.
- Аввалин рӯзи кории муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ гуна сурат гирифт?
- Он кас рӯзи дигар иҷлосияро оғоз бахшида, масъалаи қонунӣ будан ё набудани аризаи истеъфои Президенти мамлакат Раҳмон Набиевро, ки зери фишору таъқиби силоҳбадастон навишта буд, баррасӣ карданд. Чанд тан намоянда, аз ҷумла Валентина Абдусамадова ва Адолат Раҳмонова, таклиф намуданд, ки: «хуб мешавад, агар Раҳмон Набиев чун Президенти интихобнамудаи халқ аз минбари иҷлосия арзи дилашро ба мардум расонад».
Бо назардошти ин таклиф Раҳмон Набиев ба толор даъват шуда, моҷаро ва воқеоти душвори ба сарашомадаро батафсил ҳикоят намуд. Сипас, мардуми ҷумҳуриро ба ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ даъват намуда, аз мансаб истеъфо дод ва ба Роҳбари интихобшудаи давлат барори кор хост. Иҷлосия қарори истеъфои Раҳмон Набиевро қабул карда, ҳамчунин, ба ӯ як қатор имтиёзро муқаррар намуд. Ҳамон рӯз истеъфои аъзои Девони вазирони ҷумҳурӣ низ қабул ва А. Абдуллоҷонов Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуд ва супориш гирифт, ки сохтор ва ҳайати нави Ҳукуматро пешниҳод намояд.
Ҳатман бояд ёдовар шавем, ки мардум бо як ҷаҳон умед самараи фаъолият ва қарорҳои қабулнамудаи иҷлосияро, ки аз беҳтарин сарчашмаи зуҳури ақлу хиради сиёсӣ ва ба ҳам овардани мардуми парешонгаштаву дилшикаста ба шумор мерафтанд, дар ҳар як хонадони кишвар аз радиову телевизион бесаброна интизор мешуданд. Ба ҳамин минвол, иҷлосия лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гурезаҳо» — ро баррасӣ ва барои такмили он комиссия таъсис дод. Гузориши иҷрокунандаи вазифаи прокурори генералии ҷумҳурӣ дар бораи роҳҳои халъи силоҳ шунида, масъалаҳои афви умумӣ баррасӣ шуд. Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва раисони кумитаву комиссияҳои Шӯрои Олӣ интихоб гардиданд.
Сипас, Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз натиҷаҳои мулоқот бо қумондонҳои силоҳбадасти ноҳияҳои Шаҳритус, Қумсангир ва Панҷ гузориш доданд.Таъкид намуданд, ки мавзӯи асосии Маҷлиси Шӯрои Олӣ андешидани тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати ба эътидол овардани вазъияти ҷамъиятиву сиёсии ҷумҳурӣ мебошад. Аз ин рӯ, масъалаи «Тадбирҳои муътадил намудани вазъияти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба рӯзнома дохил шуд.
Раиси Шӯрои Олӣ, ҳамчунин пешниҳод намуд, ки дар масъалаи муътадил гардонидани вазъи ҷамъиятиву сиёсии ҷумҳурӣ, аз рӯи натиҷаи масъалаҳо изҳорот қабул карда шавад. Намояндагон ин пешниҳодро низ ҷонибдорӣ намуданд.
- Зону зада бӯсидани Парчами давлатӣ аз ҷониби муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз лаҳзаҳои бениҳоят таъсирбахши иҷлосия мебошад…
- Қабл аз ҳама бояд гӯям, ки ҳама рафтору гуфтор ва кирдори муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самимона аст. Сохтакорӣ хоси Ҷаноби Олӣ нест. Ин шахсиятро хеле хуб мешиносам, бениҳоят эҳтиром дорам ва бе муболиғаву тамаллуқ ин суханонро мегӯям.
Хуб дар хотир дорам, ки он рӯз иброз доштанд: «Имрӯз рӯзи махсус аст. Зеро ки сарварони ҷабҳаи халқии Тоҷикистон ва силоҳбадастони мухолифин бо даъвати шумо дар толор ҳузур доранд».
Таҳти чапакзании пурмавҷи аҳли толор намояндагони силоҳбадастон ҳамдигарро ба оғӯш кашида, ба якдигар даст доданд. Дар чашми бисёриҳо ашки шодӣ ҳалқа зад. Он рамзи оғози осоиш, сулҳ, бародарӣ, муҳаббат ва садоқат буд.
Раиси Шӯрои Олӣ баъд аз ифтитоҳ бахшидани ҷаласаи навбатӣ гуфтанд: «Дӯстони гиромӣ! Ин дақиқаҳо Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба тозагӣ қабул намудем, тамоми Тоҷикистонро муттаҳид месозад». Намояндагон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз ҷавобгарии ҷиноӣ, интизомӣ ва маъмурӣ озод кардани шахсоне, ки дар давраи аз 27-уми март то 25-уми ноябри соли 1992 дар минтақаҳои даргир ҷиноят содир кардаанд» — ро баррасӣ ва қабул намуданд.
Сипас, Раиси Шӯрои Олӣ бо муроҷиат ба намояндагони халқ, меҳмонон ва сарварони дастаҳои мухолифин, аз асар ва оқибати фоҷиабори даргириҳо, аз даст додани хешу табор, фарзандон, падару модарон, ба хун кашидани миллати тоҷик, саҳифаҳои нангини таърихро бори дигар пеши рӯ оварда, ҳамаро ба ҳамдигарфаҳмиву ба рӯи ҳамдигар боз намудани оғӯши бародарӣ даъват намуда, аз минбар поён шуда, Парчами давлатиро бӯсида, ба дида молиданд. Дигар шахсиятҳои маъруфи кишвар, инчунин сарварони дастаҳои мухолифин низ бо ифодаи ризоят ба якпорчагии кишвар ва ваҳдати миллат ин иқдоми ӯро пайравӣ намуданд.
- Тартиби кори иҷлосия чӣ гуна буд ва сокинони маҳаллӣ ба баргузории он чӣ назар доштанд?
- Дар баъзе ҳолатҳо иҷлосия то соати 22:20 дақиқаи шаб бе танаффус давом мекард. Вале дар чеҳраи касе аз хастагӣ осоре наменамуд. Роҳбари тозаинтихоби давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз субҳ то бевақтии шаб ба иҷлосия раисӣ мекарданду баъди он барои бо силоҳбадастон вохӯрдан ба минтақаҳои даргир парвоз менамуданд. Ҳайрон мешудем, ки он кас кай дам мегирифта бошанд? Хулоса ин аст, ки дар кору мақсади нек Худо қувват мебахшидааст.
Сокинони вилояти Ленинобод (ҳоло Суғд) тамоми чораи аз дасташономадаро андешиданд, ки ҳар чӣ зудтар тарафҳо ба ҳам омада, сулҳу оромӣ барқаpop гардад. Аз ҷумла, ҳамон рӯз сокини шаҳри Хуҷанд И. Хӯҷаев ҳамаро ба оши оштӣ даъват намуд.
- Ба сифати макони баргузории иҷлосия интихоб шудани яке аз шаҳрҳои хориҷӣ низ истисно набуд. Вале он дар Қасри Арбоб доир шуд. Чаро?
- Ба назари ман, баргузории иҷлосия, ки дар пойтахт нею дар дуюмин шаҳри бузурги кишвар баргузор гашт, на ин ки моро ба ҳам овард, балки мисли Теҳрон, Ялта, Потсдаму Ҳелсинки ва дигар шаҳрҳое, ки дар онҳо конфронсу ҷамъомадҳои тақдирсози ҷаҳонӣ доир мегарданд, Хуҷандро шуҳратёр кард. Хориҷи кишварро барои он рад кардем, ки аз як тараф, нангу ори миллӣ буд, аз тарафи дигар, таҷрибаи талхи тақдири Афғонистонро пеши назар овардем.
Дуюм, ботил будани даъвои онҳое, ки гӯё шимолиҳо ба хотири бақои ҳукуматдорӣ минтақаҳои ҷанубро ба ҳам «ҷанг андохтанд»- ро исбот кард. Яъне, шимоли кишвар на ҷудоиандоз, балки муттаҳидкунанда ва созандагиро бо муносибати самимӣ ва масъулияти баланди ватанпарастӣ дар назди таърихи кишвару миллат нишон дод, ки барои баргузор шудану самаранок анҷом ёфтани Иҷлосияи XVI тамоми шароитро фароҳам овард.
Чунин муносибатро мо он рӯзҳо ҳангоми тамошои Комбинати абрешим ва Иттиҳодияи қолинбарорӣ аз ҷониби аҳли заҳмат низ эҳсос кардем. Занону духтарони зебо, ҷавонони дар назари аввал беғами паси дастгоҳҳои бофандагӣ бо нигоҳҳои пурмаъниву хайрхоҳона ба мо нигариста, танҳо як чизро интизор буданд: ба мувофиқа расиданро. Чанд зану духтар, ки дар Комбинати абрешим кор мекарданд, мо — вакилонро ба ҳалқа гирифта: «Эй кош, чун дар ватани ҳамсоягон дар кишвари мо ҳам сулҳу ҳамбастагӣ мешуд!», — мегуфтанд.
Боварии комил дорам, ки чӣ қадаре вақт моро аз баргузории иҷлосияи таърихӣ дур барад, ҳамон қадар аҳамияти он дар бақову пойдории давлатдорӣ пурарзиштар мешавад ва дармеёбем, ки бо чӣ заҳматҳое вакилони дарвоқеъ мардумӣ, аз рӯи виҷдону масъулият аз байни худ Сарвари арзанда интихоб карданд ва бо ҳидояту роҳбарии он кас Истиқлолияти давлатии бадастовардаро ҳифз намуда, якпорчагии хоки Тоҷикистон ва ҳамбастагии мардумро таъмин намуданд. Мардуми кишвар бояд ифтихорманд бошанд, ки дар замони худ маҳз намояндагонашон – вакилоне, ки онҳо интихоб карда буданд дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум Сарвареро интихоб намуданд, ки ба шарофати он кас дар ҳама самтҳо комёбему кишвари азизамон дар арсаи байналмилалӣ мақому манзалати бениҳоят баланд дорад.
- Барои суҳбати самимӣ ва ошкоро сипосгузорам!
- Саломат бошед.
Мусоҳиб Далер АБДУЛЛО,
муовини сармуҳаррири рӯзномаи «Садои мардум»