Ҳеҷ ганҷе нест аз фарҳанг беҳ

№64-65 (4804-4805) 22.05.2024

Young woman reading book in library, closeupБузургтарин эҷодкори таърих инсон аст. Маҳз ӯ созандаи дунёи мутамаддин мебошад. Агар масъаларо ба тарзи умда баррасӣ кунем, ҳатто худи инсон тасаввуротро дар бораи қувваҳои фавқуттабиат ба вуҷуд оварда, онро ҷону рӯҳу тан бахшидааст.

Худи одамӣ аз номи ин қувваҳо инсонро бо ҳар тариқе, бо ҳар ривояте, бо ҳар афсонае «тавлид» карда ва то ҳозир худ пойбанди онҳо мебошад.

Ин қабил одамон омодаанд ҳамарӯза маънавиёт, молу ҷон ва ҳастии худро нисор кунанд. Манзалати таърихиву муосир, дастовардҳо, манфиатҳои миллӣ, баъзан, ҳастии миллатро зери суол баранд.

Одамизод, бешубҳа, ҷузъи табиат, бузургтарин офаридаи он аст. Майнаи инсон олитарин шакли материяи ҳастӣ, натиҷаи эволютсияи табиат, ҷамъият ва тафаккур маҳсули тавлиди миллионсолаҳост.

Ҷараёни аз одам сохтани инсони созанда, ҳаракати абадӣ ва беохири ҷомеаи башарӣ ба сӯйи зиндагии шоиста буд, ҳаст, мемонад. Дар ин раванд оила, муҳити маънавӣ, мактабу маориф, бо як ибора — муносибатҳои ҷамъиятӣ нақши муҳим, созанда, асосӣ, муайянкунандагӣ, ҳалкунанда ва қонунмандӣ доранд.

Вақте сухан дар бораи коргоҳи офариниши инсон меравад, бидуни шак, фақат шахсиятҳои донишманд, масъул ва соҳибирода сабабгори сохтани одамони асил мегарданд.

Тасаввурот дар бораи маълумоти олӣ ҳам аз лиҳози меъёрҳои ҳуқуқӣ ва ҳам бархӯрду интизориҳои анъанавӣ – ноил гаштан ба дараҷаи баланди илму маърифати замонавӣ дар соҳаи муайян мебошад. Яъне, инсон бо аз худ кардани илму таҷриба дар самти интихобнамуда, аз пешоҳангони касби худ эътироф мешавад.

 Донишгоҳҳо ҳам фақат замоне дар ҷомеа соҳибэътибор ва муассир мегарданд, шуҳрат пайдо мекунанд, агар онҳо дар ҷараёни мураккаби таълим устодон – олимони фаъолияташон бо амалия пайваста дошта бошанд. Бо шумули чунин шахсиятҳо муассисаи илмӣ-таълимӣ як ҷузъи ояндасоз, муҳим ва пурсамари мамлакат мегардад.

Донишгоҳи Кӯлоби солҳои ҳафтодуми асри ХХ бо чунин устодон маъруф буд. Яке аз шахсиятҳои муътабари замон муаллим Қаюм Сангов ба шумор мерафт. Ӯ аз фанни методикаи таълими забони модарӣ дарс мегуфт.

Дар дарсҳо Қаюм Сангов хотиррасон мекард, ки донишҳои инсонӣ хосияти системавӣ – занҷирӣ доранд. Одам наметавонад ҳамадон бошад. Аммо «Касе, ки фақат химияро медонад, ӯ химияро ҳам намедонад». Барои ҳамин таъкид менамуд, ки мутахассис мебояд илмҳои мансуб ба хешигарии марбут ба касбияташро дар дараҷаи баланд донад.

Мо дар солҳои таҳсил ба ин андеша бовар ҳосил кардем. Муаллимони мо, ки аз забоншиносӣ, назарияи адабиёт ва аз дигар фанҳо дарс мегуфтанд, на танҳо ихтисоси худ ва фанҳои дар алоқамандӣ қарордошта бо онҳоро ба навъи аҳсан медонистанд, балки аз нозукиҳои этимология, семантика, забоншиносӣ, забоншиносии муқоисавӣ, лексикологияи забонҳои гурӯҳҳои ҳиндуаврупоӣ, таърих, асосҳои фалсафа, психология ва дигар фанҳои гуманитарӣ хуб баҳравар буданд. Барои далелнокии сухан ба ин донишҳо такя мекарданд. Далел ва мисолҳои мувофиқ меоварданд. Шогирдҳоро ба моҳияти масъала муътақид мегардонданд.

Мо ин сифатҳоро дар тарз, усул, муҳтавои дарсдиҳӣ ва шахсияти муаллим Қаюм Сангов хуб эҳсос мекардем.

Азбаски ихтисоси асосии муаллим Сангов луғатшиносӣ ё ки тафсир намудан, дарк кардан ва тарзу усули фаҳмонидани маънӣ, мафҳум ва мантиқи калима, истилоҳ ва ибораҳо буд, ӯ аз методу усулҳои этимологӣ, семантикӣ, полисемӣ, таърихӣ, муқоисавӣ, муқоисавӣ-таърихӣ, типологияи фонетикӣ ва дигарҳо хуб истифода мекард.

Иқтибоси дӯстдоштаи ӯ буд аз олимони энсиклопедист: «Дар бораи гап, сухан баҳс кардан, албатта, кори хирадмандон нест. Мо бояд ба дарки мафҳум, истилоҳ, категорияҳо ва дефинитсияҳо бирасем. Агар майли баҳс ва муайян кардани ҳақиқат ва воқеиятро дошта бошем».

Аз натиҷагирии ин тавсия мо донишҷӯён чунин хулоса мебаровардем: Сухан на дар шакли хабар, иттилоъ, овозаи ғаразнок, балки ҳангоми фаҳмо шудани муҳтавои он, ки фақат дар ин асос вазни ҳарф судманд, далелнокӣ арзишманд, сифати муқоисавӣ бегазанд, қалъаи андеша зӯрманд мешавад ва собит мегардад, манзалати муҳокимавӣ ва тасмимгирӣ касб мекунад. Чунки дар ин сурат, ҳақиқат, сарфи назар ба фоидаи кӣ буданаш, равшан мегардад. То сухангӯ дар анҷуман хор нашавад. Масъул хиҷолатзада намонад.

Дарсҳои муаллим Қаюм Сангов як навъ раванди муташаккили идорашаванда, ба нияти аз худ кардани донишҳо, малака ва касбият, инкишофи ҷаҳонбинии илмӣ, тавоноии маънавӣ, коркард ва тақвият бахшидани афкори донишҷӯӣ дар самти андешаи мустақилонаи суханшиносӣ буданд.

Ӯ ҷараёни дарсро мақсаднок ва ҷолиб мегузаронд. Шогирд бовар ҳосил мекард, донишҳое, ки устод барои аз худ кардани онҳо заҳмат мекашад, на танҳо барои муаллими забон ва адабиёт кумак мекунанд, балки мутахассисони соҳаҳои муҳандисӣ, табибон, риёзидонон, умуман мардуми соҳибзабон ба онҳо ниёзманданд. Дар касби онҳо низ муҳим ва судманд, усули хуби аз худ кардани воқеияти ҳастӣ мебошанд.

Устод дар бораи фонди луғавӣ ва таркиби луғавии забони тоҷикӣ сухан ронда, таъкид мекард, ки соҳибзабон дар байни даҳҳо ҳазор калима бояд моли худро бишиносад. Онро аз дигарон фарқ карда тавонад.

Яке аз дарсҳои хотирмони муаллим Сангов бештар дар ёдам мондааст. Он даҳсолаҳо барои мо ҳамчун одитарин мисоле ба шумор меравад, ки худамон муваффақона истифода мекунем. Бо ифтихор ба шогирдон меомӯзем. Агар лозим ояд, ба дӯстон ва ҳамкасбон ҳам мефаҳмонем.

Гап дар бораи шинохти усулии калимаҳои арабӣ дар таркиб ва фонди луғавии забони адабии ҳозираи тоҷикӣ меравад. Албатта, дар ин маврид сухан дар бораи кишваркушоӣ ва ба тааҷҷуб андохтани хонанда нест. Шояд дар алоҳидагӣ онро мо ҳам донем. Аммо муаллим Сангов бо як усули ба худ хос мефаҳмонд, ки зиёда аз бист фоизи фонди луғавии забони тоҷикиро калимаҳои арабӣ ташкил мекунанд. Аломатҳои ин калимаҳо зиёданд. Лекин усули маъмулӣ ва хеле осони шинохти онҳо асосан аз шаш унсур иборат мебошад:

1. Калимаҳое, ки аломати сакта — ъ (ъайн) доранд, арабиасос ҳастанд: маълум, таъ­йин, фаъол, маъсум, ашъор ва ғайра.

2. Калимаҳое, ки префикси му-; ма-; та-; то- доранд: муаллим, муомила, муколама, муҳокима, мактаб, мансаб, манзил, талаба, толиб ва монанди инҳо.

3. Суффикси ҷамъбандии -от, -ёт гирифтани калимаҳо: ҷавоҳирот, атриёт, ҳафриёт, кашфиёт ва ғайра.

4. Шакли ҷамъбандии арабӣ гирифтани калимаҳо: ахбор, анвор, аъзо, анвоъ ва монанди инҳо.

5. Бо роҳи флексияи дохилӣ ва берунӣ тағйир ёфтани шакли калимаҳо: илм, олим, улум, муаллим, таълим; хабар, ахбор, мухобира, мухбир; китоб, котиб, мукотиба, мактуб ва ғайра.

6. Тавассути ихтисор кардани префикс, суффикс ва хат задани садонокҳо муайян кардани мансубияти решагии калима: муҳосира (ҳср)-ҳисор; манзур (нзр) – назар; мансубият (нсб) – насб; мафҳумот (фҳм)-фаҳм ва ғайра.

Дар замоне ки мо дар Донишгоҳи Кӯлоб таҳсил мекардем, номзади илми иқтисод Хушвахтов Иқбол Давлатович, зодаи ноҳияи Рӯшони Бадахшон ректор буд. Албатта, дар пайравӣ ба ин шахсият, ки садоқатмандона заҳмати раҳбарӣ мекашид, бародарони бадахшонитабор ҳам барои таҳсил ба ин боргоҳи маърифат меомаданд. Аз ҷумлаи онон ман ду донишҷӯро мешинохтам. Баъдан, бо амри тақдир бо Давлатов Пайшанбе вохӯрдам. Бо ҳам эҳсоси рафоқат, дӯстӣ ва бародарӣ пайдо кардем.

Албатта, мавзуи бештари суҳбати мо, пеш аз ҳама, дар атрофи давраи донишҷӯӣ, ёди донишгоҳ ва устодон буд. Боре Пайшанбе суханро дар бораи муаллимони номдори факултет Иззатулло Тамлихоев ва Қаюм Сангов оғоз кард. Дар бораи хотироти ниҳоят қавӣ, донишҳои воқеан, илмии муаллим Тамлихоев ёдовар шуда, Давлатов гуфт:

– Муаллим Тамлихоев устоди нотакрори соҳаи забоншиносии тоҷик буд. Ба дарс бо тайёрии намунавӣ меомад. Ҳеҷ вақт дар даст коғазу дафтар намеовард. Дар чанд гурӯҳе лексия хонад, медонист, ки охирон бор дар кадом дарс, дар кадом ҷумла нуқта гузоштааст. Ва бидуни иштибоҳ, хониши навбатиро бо ёдоварӣ аз ҳамон ҷумла оғоз мекард. Муаллими дақиқкор ва поксиришт, хушсухан ва озодарафтор буд.

Ҳамзамон, – гапашро давом дода гуфт Пайшанбе, – ба ёди ман бисёр хотираҳо аз муаллим Қаюм Сангов мондааст. Аз тамоми дарсҳои эшон лаҳзаеро дарёфт кардан мушкил буд, ки он аз доираи мавзуъ берун бошад.

Маълум аст, ки ду қабил одамон ниҳоят ҳушёр, зирак, борикбин ва мушоҳидакоранд. Ва бардошти худро якумр дар хотираашон нигоҳ медоранд: шогирдон ва зердастон.

Барои ҳамин, муаллимон ва умуман нафароне, ки ҳатто ба як кас ҳуқуқи роҳнамоӣ ва роҳбариро доранд, мебояд ин масъулиятро батамом эҳсос кунанд ва риоя намоянд.

Албатта, ин сухани нав нест. Дар эҷодиёти халқ ва адабиёти бадеӣ ҳам дар мавриди зикргардида садҳо, ҳазорҳо мисол ҳаст. Ҳатто зарбулмасали машҳури «Ба гуфти мулло кун, аммо ба кардааш не», аз бозигарӣ ва дурӯягии абадии иҷтимоии ин тоифа шаҳодат медиҳад.

Фаромӯш набояд кард, ҳатто шогирдоне, ки ҳавсалаи аз худ кардани дарсҳои маъмулиро надоранд ва зердастоне, ки дар ҳамин дараҷаи инкишоф ҳастанд, одитарин хато ё афзалияти муаллим ва раҳбари худро мушоҳида мекунанд. Солҳо дар хотир нигоҳ медоранд.

Дар бисёр ҳолат, табиат одамро аз лиҳози ботинӣ мутаносиб ба он шакли зоҳирӣ ва мутобиқ ба он касбият ва дараҷаи маърифат меофарад. Ин хосият ба шахсиятҳои бузург бештар мувофиқ меафтад.

Муаллим Сангов қаду баст ва чеҳраи хотирмон дошт. Қомати миёна, чеҳракушод, чашму абрӯи сиёҳ, нигоҳҳои ҷолиб ва моил ба дарки майли одамӣ ва омодагии дастгирӣ, оромтабиат, дар интихоби калима ва ибороти сухан ниҳоят эҳтиёткор. Дар ҳаракатҳо ҳам аз худ шитобкорӣ нишон намедод.

Ӯ ба тарзи либоспӯшии худ таваҷҷуҳи махсус мекард. Одатан шиму костюми расмии «муаллимӣ» — сиёҳ ё хокистарранг, куртаи сафед, гарданбанди мувофиқ, кафши мувофиқ ба сарулибос мепӯшид.

Дар хиёбон, дар беруни донишгоҳ ӯро фақат дар даст китоб ё рӯзнома дидан мумкин буд. Гӯё ки як зиндагии «аз рӯйи қоида» дошт.

Яке аз ҳамкурсони мо, воқеан, «муҳаққиқ»-и тарҷумаи ҳол ва рӯзгори муаллимон буд. Шӯхиомез баъзеи онҳоро дар гуфтору рафтор тақлид ҳам мекард.

Омӯзгорони алоҳидаро поида, мехост дар бораи рафтору хулқу атвори онон берун аз дарс ҳам маълумот дош­та бошад. Ин ҳама, асосан, аз рӯйи муҳаб­бат ва кунҷковии шогирдона буд.

Муаллимон, устодони бузург ба донишҷӯён мисли муъҷиза менамуданд. Ҳамаи мо мехостем дар бораи саҳифаҳои норавшани зиндагиномаи ин нобиғагон бисёртар донем.

Як рӯз ҳамсабақи зираки мо ҳангоми суҳбат дар бораи муаллим Сангов хабар овард, ки устод дар хонаи аз падараш мондагӣ, дар лаби сангов умр ба сар мебарад. Он мавзеъ дар қисмати шарқии шаҳр дар масофаи тақрибан чор-панҷ километр аз донишгоҳ дуртар ҷойгир ва хеле хоксорона будааст.

Аҳли оилаи Санговҳо дар ҷойи зист ҳамчун оилаи соҳибмаърифат ва китобдӯст муаррифӣ мегаштаанд. Муаллим Сангов одат доштааст, ки ба ғайр аз шуғли дарсгӯӣ, кори кафедра ва мутолиаи зиёд дар китобхона, ҳар ҳафта як маротиба рӯзҳои ҷумъа ба кинотеатри марказии шаҳри Кӯлоб рафта, як филми навро тамошо кунад.

Ин кор то дараҷае маъмулӣ будааст, ки хазинадори кинотеатр, сарфи назар барои он филм чӣ қадар довталаб бошад ё не, дар қатори чордаҳум курсии бисту панҷумро ба хотири муаллим Сангов нигоҳ медоштааст. Аммо рӯзе намешудааст, ки омӯзгори хушсалиқа ва дақиқкор аз реҷаи ҳафта, ки барои маърифати як шахси зиёӣ зарур аст, дер монад.

Ҳамин тариқ, ҳаёти ин марди хирад, устоди соҳибмактаб як тарзи зиндагии доимии ба меъёр даровардашударо мемонд. Ва албатта, ӯ муътақид буд, ки танҳо тавассути истифодаи дуруст ва мақсадноки вақт, шахс ба зинаи камолот мерасад. Доимо дар даст доштани маводи мутолиа, масири ҳаракат – коргоҳ, китобхона, муассисаи фарҳангӣ як навъ нишонаи ташаккули шахсияти муаллим ва огоҳии рӯзмарраи ӯ аз илму маърифат буд.

Муаллим Сангов ба нутқи хаттӣ ва шифоҳии шогирдон таваҷҷуҳи хосса зоҳир мекард. Таъкид менамуд, ки яке аз шуғлҳои марказии инсон гуфтан ва шунидан аст. Агар шуур нишонаи ягона ва сифати муайянкунандаи инсон бошад, он, пеш аз ҳама, тавассути нутқ ифода меёбад. Бояд корро тарзе ба роҳ монд, ки сухан на ба тарзи пароканда, бидуни пайдарҳамӣ, балки боандеша ҳамчун маҳсули воқеии тафаккур ва нишонаи аслии маводи олии табиат — майна бошад. Таъкид месохт, зарур аст, ки омӯзгор нутқи равон, зебо, фаҳмо, равшан ва таъсирбахш дошта, ҳамин сифатҳоро ба шогирдони худ омӯзад ва аз онҳо ин авлавиятҳоро талаб кунад.

Ҳамзамон бо донишмандӣ ва сахтгирӣ, муаллим Қаюм Сангов ниҳоят шахси фурӯтан, заҳматқарин, хоксор, некниҳод ва поксиришт буд. Аз худ намунаҳои олии рафторҳои инсонӣ нишон медод.

Устоди ҳақиқӣ онест, ки шогирдон тавонанд намунае аз маърифат ва маънавиёти поку заминии ӯро барои нафъи Ватан дар зиндагии ҳамарӯза истифода намоянд. Чунин намунаҳо аз муаллим Сангов ҳазорҳост.

С. Ятимов

Бознашр аз рӯзномаи «Ҷумҳурият»,

№ 93 (24956) аз 20.05.2024