Ҳамовозӣ ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Фоҷиа оқибати бетаваҷҷуҳию фориғболист

№19 (4759) 09.02.2024

Арзёбии вазъи сиёсӣ-мафкуравӣ ва геополитикӣ дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамасола як бахши муҳими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба арзёбии масоили сиёсӣ-мафкуравӣ ва авзои геополитикии минтақаю ҷаҳон ихтисос меёбад ва Сарвари давлат аснои матраҳ ҳатман ба вазъи мураккаби сиёсӣ ва вуҷуду ҳузури таҳдиду хатарҳо дар заминаи саҳнасозиҳои сиёсию бархӯрдҳои тамаддунӣ таваққуф мекунанд.

Ба ин тартиб, аз тариқи гӯшзад  кардани авзои ҳассоси минтақаю ҷаҳон Сарвари давлат дастгоҳҳои марбутаи давлатӣ, фаъолони иҷтимоӣ ва ҷомеаи маданиро ба бозшиносии равандҳои муосири сиёсию иҷтимоӣ даъват намуда, дар баробари таҳдиду хатарҳо муташаккилона истодагарӣ намуданро тақозо мекунанд. Албатта, дар шароити феълии тавсеа ёфтани майдони густариши бархӯрдҳои сиёсию тамаддунӣ ба сарнавишти давлату миллат бетафовут будан гуноҳест кабира. Аз тарафи дигар, бозиҳою саҳнасозиҳои имрӯзӣ, ки дар қолиби пружаҳои гуногун рӯйи кор омада, давлат ва ҷомеаҳои камзарфиятро аз масири рушду тараққӣ мунҳариф месозанд, оқибатҳои ногувореро дар пай дорад. Бинобар ин, ташхису шиносоии мушкилоти фикрию ҳувиятӣ ва бозшиносии равандҳои муосири иҷтимоию сиёсӣ ба муқтазои табиати инсонӣ дар шароити феълӣ мубаддал гардидааст.

Зимни баррасии вазъи маориф Сарвари давлат мавзуоти сиёсӣ-мафкуравиро, ки дар шаклгирию тавсеаи авзои геополитикӣ нақши муассир доранд,  пайгирӣ намуда, баъзе масъалаҳои дахлдорро бозгӯ сохтанд. Аз ҷумла, масъалаи дар авлавияти сиёсати давлатӣ қарор доштани соҳаи маорифи ватанӣ, ки самти мафкурасоз маҳсуб меёбад, ҳадафмандона таъкид гардид.

Мусаллам аст, ки таваҷҷуҳи асосӣ ба шахси омӯзгор, ки субъекти асосии раванди маорифи мамлакат маҳсуб ёфта, дар айни замон, шахсияти мафкурасоз ба шумор меравад, дар раъси тамоми суханрониҳои Сарвари давлат қарор дорад. Дар Паёми қаблӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз вазъи мафкурасозӣ, раванди давлатдории миллӣ ва пайванди мундариҷавии маорифи ватанӣ бо амнияти миллӣ сухан ба миён оварда, мактабро минҳайси институти мафкурасозии миллӣ ва шахси омӯзгорро фарди мафкурасоз талаққӣ намуда, таъкид карда буданд:  «Мо мактабро ба ҳайси боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф намуда, ба онҳо арҷу эҳтиром гузоштанро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин медонем. Зеро агар мактаб ва омӯзгор набошад, сатҳи маърифатнокии мардум паст мегардад, миллат бесавод мемонад, ҷомеа ба ҷаҳолат гирифтор мешавад ва дар натиҷа оромиву сулҳу субот, амнияту осоиш ва муҳимтар аз ҳама, рушди давлат сахт халалдор мегардад».

Бо таваҷҷуҳ ба вазъи маорифи ватанӣ ва авзои зудтағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза Сарвари давлат ­мас­ъа­лаи роҳандозӣ намудани барномаи тарбияи кадрҳои миллӣ-омӯзгориро, ки на танҳо ба боло бурдани сатҳи маърифату ҷаҳонбинӣ, балки тақвияти тафаккуру шуури миллии насли наврасу ҷавон мусоидат мекунад, матраҳ карда, аз ҷумла, тазаккур доданд, ки низоми маорифи муназзам, мустаҳкам ва дар айни замон ҷавобгӯ ба талаботи рӯзафзуни ҷомеа кафили сулҳу субот ва амнияту осоиши миллат аст. Дар шароити феълӣ омода кардани кадрҳои баландихтисоси омӯзгорӣ, баланд бардоштани сифати таълим, эътибори ҷиддӣ ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар тамоми зинаҳои таҳсилот, таваҷҷуҳ ба омӯзиши илмҳои табиӣ-риёзӣ вазифаи муҳимтарини роҳбарону масъулини соҳа ва аҳли маориф маҳсуб меёбад. Ҳамчунин, эътибори аввалиндараҷа зоҳир кардан ба масъалаҳои аз такмили ихтисос ва бозомӯзӣ гузарондани омӯзгорон, рушди таҳсилоти иловагӣ, тақвияти мақоми омӯзгор дар ҷомеа, ҷалби бештари хонандагону омӯзгорон ба истифодаи технологияҳои иттилоотӣ, рақамикунонии соҳаи маориф, омода кардани омӯзгорон ва таҷдиди назар кардани стандартҳои касбӣ барои омӯзгорон, нозирон ва такмили муносибати босалоҳият ба таълим ба унвони масоили ҷавҳарӣ дар Паём садо доданд.

Ҳангоми баррасии масоили фарҳанги миллӣ Роҳбари давлат ба таври худогоҳ аз масири воқеиёти имрӯзӣ ва бархӯрдҳои тамаддунӣ гузар карда, ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангиро вазифаи аввалиндараҷаи ниҳодҳои зиддахли давлатӣ арзёбӣ намуданд. Ин нукта ҳам мусаллам аст, ки Сарвари давлат дар тамоми суханрониҳо, аз ҷумла дар доираи паёмҳояшон ба гиромидошти таъриху фарҳанги миллӣ махсус таваҷҷуҳ менамоянд. Ба ин маъно, дар доираи Паёми навбатӣ масъалаи ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ матраҳ гардида, дар ин замина таъкид шудааст, ки соли 2023-юм 15 ёдгории таърихию фарҳангии тоҷикон ба Феҳристи фарҳанги моддӣ ва ғайримоддии ЮНЕСКО ворид гардид. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба зарурати ҳифзи ёдгориҳои таърихию маданӣ таъкид намуда, пешниҳод карданд, ки дар назди Ҳукумати мамлакат сохтори алоҳида — Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ таъсис дода шавад. Таъсиси чунин ниҳоди зарурӣ як иқдоми муҳиму саривақтиест дар роҳи таҳкиму тақвияти ҳувияти тоҷикӣ ва манофеи миллӣ.

Дар бахше аз Паём Сарвари давлат мушаххасан ба вазъи мураккаби сиёсӣ, танишу печишҳои мафкуравӣ, ҷангу даргириҳои динӣ-мазҳабӣ ва бархӯрдҳои тамаддунию геополитикӣ, ки ба авзои сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодию мадании мо ҳам бетаъсир нестанд, таваҷҷуҳ намуда, тазаккур доданд, ки: «Вазъи мураккабу ташвишовари минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла торафт шиддат гирифтани раванди азнавтақсимкунии дунё, яроқнокшавии бошитоб, «ҷанги сард», таҳдиду хатарҳои муосир — терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ моро водор месозад, ки барои таъмин намудани амнияти мудофиавии кишварамон тадбирҳои иловагӣ андешем. Бо беҳтарин шароити зиндагиву хизмат таъмин намудани хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, омода кардани кадрҳои баландихтисос, такмил додани дониши тахассусӣ ва сатҳи касбияти ҳайати шахсии ҷузъу томҳо, боз ҳам баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносӣ ва ватандӯстиву ватанпарастии афсарону сарбозон аз қабили ин тадбирҳо мебошанд». Дарвоқеъ, шароити муосири сиёсию геополитикӣ тақозо мекунад, ки давлат дар заминаи аз лиҳози ҳарбӣ-низомӣ, фаннӣ-техникӣ, моддӣ-маишӣ, руҳӣ-равонӣ ва миллӣ-ҳувиятӣ неруманд сохтани мақомоти интизомию амниятии худ чораҳои зарурӣ андешад. Ин аст, ки Сарвари давлат дар ин замина пешниҳодоти зарурӣ ироа доштанд.

Маълум аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бар мабнои сиёсати «дарҳои боз» солҳост самти сиёсати хориҷии худро таҳкиму тақвият мебахшад. Ин ба он маъност, ки давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҳамкорию ҳамшарикӣ дари худро барои тамоми кишварҳои дӯст боз нигоҳ медорад. Ин нукта дар Паёми навбатӣ низ ҳамчун мавқеи расмии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кушоду равшан ифода ёфт: «Кишвари мо ба сифати авлавияти сиёсати хориҷии худ минбаъд низ ба густариши муносибатҳои дӯстона ва ҳусни ҳамҷаворӣ бо давлатҳои ­Оси­ёи Марказӣ дар заминаи эҳтирому эътимоди мутақобила таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекунад. Дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон таҳким ва тав­сеаи муносибатҳои дуҷонибаву бисёрҷониба бо кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, инчунин, дигар шарикони анъанавӣ аз минтақаҳои Осиё, Аврупо ва Амрико ҷойгоҳи хоса дорад. Чунин рӯйкарди ба оянда нигаронидашуда асоси сиёсати «дарҳои кушода»-и Тоҷикистонро ташкил медиҳад… Ҳамкории Тоҷикистон бо ҳамаи созмонҳои бонуфузи байналмилалию минтақавӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони ҳамкории исломӣ, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва ниҳодҳои дигар, ба фароҳамсозии шароит ва имконот барои тақвияти мавқеи кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ ва иштироки фаъоли он дар равандҳои глобалӣ ва барномаву заминаҳои мухталиф равона гардидааст». Аммо сиёсати «дарҳои боз», ҳаргиз маънои онро надорад, ки давлат бар мабнои сиёсати мусолиматомези хориҷии худ дар баробари таҳоҷуми сиёсию мафкуравӣ ва фишорҳои гуногуни маданӣ сукут меварзад. Баръакс, давлат бо истифода аз барномарезиҳои гуногуни сиёсӣ, мафкуравӣ, низомӣ, амниятӣ, илмӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маданӣ дар баробари таҳоҷуму таҳдидҳо қоим мешавад ва аз манофеи миллӣ-давлатӣ дифоъ мекунад. Бинобар ин, ҳифзу нигаҳдошти марзу буми давлатӣ, сарватҳои табиӣ, забону фарҳанги тоҷикӣ, ки дар феҳристи манофеи миллӣ қарор доранд, вазифа ва рисолати ҳар фарди баномуси миллат аст. Ба ин манзур, дар бахши ҷамъбастӣ-хотимавии Паём Сарвари давлат раҳбарияти мақомоти давлатӣ, хизматчиёни ҳарбӣ, ҷомеаи маданӣ ва зиёиёни ватаниро мухотаб қарор дода, таваҷҷуҳи онҳоро ба ҳалли мушкилоту навоқиси ҷойдошта ва муҳимтар аз ҳама, авзои мураккаби сиёсӣ-геополитикии минтақавию ҷаҳонӣ равона сохта, дар ин замина фармуданд: «Дар баробари комёбиҳо имрӯз мушкилоту масъалаҳои ҳалталаби ҳаёти ҷомеа ва давлат, инчунин, вазифаҳо барои ҳаллу фасли онҳо муайян ва мушаххас карда шуданд. Таъкид менамоям, ки бартараф кардани камбудиҳои мавҷуда ва ҳалли мушкилоти ҷойдошта, қабл аз ҳама, вазифаи ҷонии ҳар як роҳбар – аъзои Ҳукумат, Маҷлиси миллӣ, вакилони Маҷлиси намояндагон, раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони сохтору мақомоти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо, хизматчиёни давлатӣ, аҳли зиё, фаъолон ва тамоми мардуми шарифи кишвар мебошад.

Ҳамаи мо вазифадорем, ки дар шароити ниҳоят ҳассос ва ноорому пуртаҳаввули ҷаҳони имрӯза ва афзоиши таҳдиду хатарҳои муосир ба истиқлолу озодӣ, суботи сиёсӣ ва амнияти ҷомеаи башарӣ беш аз ҳар вақти дигар босабру таҳаммул ва муттаҳиду сарҷамъ бошем, тамоми саъю талоши худро ба хотири ҳимояи арзишҳои миллӣ, ҳифзи манфиатҳои давлату миллат, ободии Ватани азизамон ва рушди кишвари соҳибихтиёрамон равона созем». Воқеан, авзои имрӯзаи минтақавию ҷаҳонӣ, ки усулан бар мабнои бархӯрдҳои сиёсию тамаддунӣ ва саҳнасозиҳои мафкуравӣ-геополитикӣ шакл гирифтаю мегирад, сохтору мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи маданиро муваззаф месозад, ки бетавофутию тамошогариро канор гузошта, ба решашиносӣ ва ҳалли мушкилоту уқдаҳои фикрию ақидатию ҳувиятию фарҳангӣ тамаркуз намуда, роҳро барои рушду тараққиёти кишвар ҳамвор кунанд. Махсусан, дар замоне ки суиистифода аз омили дин дар бозиҳои сиёсӣ-геополитикӣ марсуму машрӯъ шудааст, сукут варзидан авоқиби номатлуберо ба дунбол меоварад. Дар ҳоле ки соири саҳнасозони бозиҳои сиёсӣ-мафкуравӣ барои расидан ба аҳдофи геополитикӣ аз эҳсосоти динӣ ва боварҳои мазҳабии ҷомеа фаровон истифодаю суиистифода мекунанд, бетафовутию фориғболии блоки сиёсӣ- мафкуравӣ,  қишрҳои иҷтимоию маданӣ паёмадҳои номатлуберо дар пай хоҳад дошт.

Ҳанӯз соли 2004 зимни суханронӣ ба муносибати 10-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Роҳбари давлат таъкид карда буданд: «Давлат ҳақ дорад монеи ҳуқуқии ҳар гуна суиистифода аз дин аз ҷониби ҳаракату гурӯҳҳои ифротии дохиливу байналмилалӣ гардад. Бахусус, ки имрӯз фаъолияти харобиовари онҳо хатару таҳдидҳои ҷиддиро ба миён оварда, хусусияти глобалӣ пайдо кардааст… Мо ба хотири оромиву субот, ваҳдати миллӣ, бунёди давлати ягонаву иҷтимоӣ ва таҳкими асосҳои он шароити мусоид фароҳам овардем, то ин ки дар ҷомеаи мо демократия  реша давонда, самара диҳад». Дар сурате ки таҳдиду хатарҳо даҳҳо маротиба зиёдтару шиддатноктар аз ибтидои солҳои дуҳазорум шудаанд, бетаваҷҷуҳу фориғбол будани институтҳои сиёсӣ-мафкуравӣ ва ҷомеаи илмию маданӣ ба авзои ҳассоси имрӯзӣ авоқиби фоҷиаборе хоҳад дошт. Гузашта аз ин, танҳо аз тариқи таҳияву роҳандозии барномарезиҳои алтернативии ба талаботи замон ҷавобгӯ мо метавонем аз ташаннуҷи хурофоту таассуб ва ҳамзамон, ноҷурии авзоъ дар минтақа ҷилавгирӣ намуда, раванди нармиши иҷтимоӣ, ҳамзистии ақидатӣ, муколимаю гуфтугӯи тамаддунӣ, ҳамгироӣ ва ваҳдати миллию мардумиро таҳкиму тақвият бахшем.

Нозим НУРОВ,

ходими илмии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ