Хатаре, ки ҳатто абарқудратҳоро нигарон кардааст

№66-67 (4649-4650) 19.05.2023

Мусоҳиба бо декани факултети фалсафаи ДМТ, доктори илмҳои фалсафа Нозим Маҳмадизода оид ба моҳияту пайомади ифротгароӣ

DSC_2432- Ифротгароӣ вақтҳои охир вожаи серистифода аст, вале эътироф бояд кард, ки на ҳама мазмуни ифрот ва ифротгароро медонанд…

- Дуруст гуфтед. Истилоҳи «ифрот» калимаи арабӣ буда, аз решаи «фарт», яъне «авҷ» ё «ниҳоят» гирифта шудааст. Истеъмоли умумии «ифрот» ба маънои ҳадду андозаро гузаштан, аз эътидол берун шудан ва зиёдаравӣ кардан мебошад. Дар маҷмӯъ, ифротгаро касест, ки тарзи фаҳмиш ва ё тарзи амалаш дар ягон масъала аз меъёри қабулшуда ва аз ҳадди эътидол мегузарад. Масалан, баъзе инсонҳо дар пурхӯрӣ аз ҳад мегузаронанд, яъне ифрот мекунанд, баъзеи дигар дар харҷи беҳудаи пул зиёдаравӣ ва ифрот мекунанд. Дар мавриди ҳамаи ин ҳолатҳо калимаи «ифротӣ»-ро дар маънои луғавии он истифода намудан мумкин аст. Маънои муқобил ё антоними калимаи «ифрот» калимаи «тафрит» аст, ки он низ аз решаи «фарт» буда, ба маънои бепарвоӣ ва камтаваҷҷуҳии беш аз ҳад нисбат ба чизе мебошад.

- Табиист, ки моҳияту пайомади ифротгароӣ нисбат ба маънои луғавии он доманадор аст…

- Дар адабиёти илмӣ зиёда аз сад таърифи мафҳуми «ифротгароӣ» вуҷуд дорад, вале ҳеҷ яке аз онҳо таърифу тавзеҳи комилу пурраи ин истилоҳро натавонистааст баён созад. Аз ҳама бештар мафҳуми «ифротгароӣ» дар ин маънӣ: инкори меъёрҳои мавҷудаи сиёсӣ, арзишу қоидаҳои ба талаботи ташкили низомҳои сиёсӣ асосёфта, кӯшиши халалдор кардани эътидоли сиёсӣ ва сарнагун кардани ҳокимияти амалкунанда таҷассум ёфтааст.

Мувофиқи таснифи Ассамблеяи парлумонии Шӯрои Аврупо, «ифротгароӣ чунин шакли фаъолияти сиёсист, ки ошкоро ё пинҳонӣ принсипҳои демократии парлумониро инкор намуда, ба ғояҳо ва таҷрибаҳои оштинопазирӣ, бегонашавӣ, ҷудоиандозӣ, воҳимаангезӣ ва миллатчигӣ асос ёфтааст».

Дар Конвенсияи Шанхай оид ба мубориза бо терроризм, сепаратизм (ҷудоихоҳӣ) ва ифротгароӣ мафҳуми «ифротгароӣ» чунин шарҳ дода шудааст: «Ифротгароӣ як навъи фаъолиятест, ки зӯран ғасб ва бо зӯрӣ идора кардани ҳокимият, инчунин зӯран тағйир додани сохти конститутсионии давлатро дар назар дорад. Аз ин рӯ, барои зӯран дахолат намудан ба бехатарии ҷамъиятӣ ва ташкили ғайриқонунии ошӯбҳои мусаллаҳона ё иштирок дар онҳо, фаъолияти номбурда тибқи қонунгузориҳои миллии тарафайн ҳамчун фаъолияти ҷиноятӣ таъқиб карда мешавад». Қобили зикр аст, ки ба конвенсияи мазкур Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Халқии Хитой, Ҷумҳурии Қирғизистон, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекис­тон имзо гузоштаанд.

Дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ин истилоҳ чунин тас­ниф шудааст: «ифротгароӣ ин зуҳуроти аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ифода кардани шакли ифротии амалиёт ба шумор меравад, ки ба тахрибкорӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар кишвар, ғасби ҳокимият ва аз худ кардани ваколатҳо, барангехтани низову адовати нажодӣ, миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ даъват менамояд».

- Дар илми муосири ҷомеашиносӣ, аз ҷумла фалсафаи иҷтимоӣ, мафҳуми ифротгароӣ чӣ гуна баррасӣ шудааст?

- Ин падидаи манфии иҷтимоӣ бисёрҷанба буда, дар шаклҳои гуногун зуҳур меёбад, ки ошкор намудани моҳияти он то андозае душвор аст. Зикр кардан бамаврид аст, ки омӯзиши ифротгароӣ мавзӯи мутлақо фалсафаи иҷтимоӣ ба шумор намеравад, аз ин рӯ, ҳар яке аз самтҳои илмии онро ҳаргуна маънидод мекунанд. Истилоҳи «экстремизм» («ифротгароӣ»)-ро ҳамчун мафҳуми илмӣ аввалин бор ҳуқуқшиноси фаронсавӣ М. Лерой дар ибтидои асри ХХ мавриди истифода қарор дод. Ӯ муайян намуд, ки фарқи ин раванди сиёсӣ аз дигар ҷараёну равияҳо дар он аст, ки ифротгароён аз пайравони худ эътиқод  ба ғояҳои тарғибкунандаи сиёсиро талаб мекунанд. Барои мисол, ин муҳаққиқ неруҳои сиёсии ифротиро, ки он вақт амал мекарданд, «экстремизми сурх»- и болшевикон ва «экстремизми сафед»- и монархистон номида буд.

Дар тадқиқоти таърихнигорони шӯравӣ барои арзёбии неруҳои чап, хусусан дар шакли муборизаи мусаллаҳона, чунин истилоҳот, ба мисли «ифротгароии чап», «тундгароии чап», «ҷараёни чапгаро» ва «ифротгароии фавқулчап» истифода шудаанд. Аз нуқтаи назари фалсафӣ ифротгароӣ ифодагари сабки густохонаи ҳаёти бархе одамон аст, ки «фарҳанг»-и хоси худ ва «ҷаҳони хоси худ»- ро ташкил кардаанд. Арзишҳоеро, ки онҳо тарғиб мекунанд, бо арзишҳо, талабот ва тақозои ҷомеа комилан мухолиф аст. Аз ҷониби дигар, ифротгароӣ риоя накардани андозаву муқаррарот буда, беэҳтиромиву бетафовутӣ ба ақли солим ба ҳисоб меравад. Биноан, дар ҷаҳони муосир таъиноти худ­ро иваз намуда, аксар маврид ҳамчун василаи мубориза алайҳи ҳукуматҳо суиистифода мешавад.

- Дар адабиёти илмӣ оид ба ифротгароӣ ва матолиби воситаҳои ахбори омма аксар вақт дар баробари вожаи «ифротгароӣ» чунин мафҳумҳо, ба монанди таассуб, тундгароӣ, бунёд­гароӣ ва терроризм истифода мешаванд. Онҳо чӣ умумият доранд?

 - Инҳо зуҳуроти гуногун мебошанд. Барои мисол, дар байни ифротгароӣ ва терроризм алоқамандӣ мавҷуд аст, аммо набояд ин ду мафҳумро ба ҳам монанд кард. Агарчанде онҳо як решаи умумии иҷтимоӣ — сиёсӣ доранд, дар шаклҳои гуногуни фаъолият зуҳур мекунанд. Терроризмро, бо истиснои баъзе ҷузъиёти он, ҳамчун қисми таркибии ифротгароӣ, зуҳуроти нисбатан равшани он тасаввур кардан мумкин аст. Баррасии таносуб нишон медиҳад, ки терроризм гуногуншаклии хоси ифротгароӣ ба ҳисоб рафта, моҳияти он ҷудошавӣ аз тамаддун ва фарҳанги ҷаҳонӣ мебошад.

Терроризмро шакли махсуси ифротгароӣ гуфтан дуруст аст, на зуҳури мустақил. Агар ифротгароӣ ба заиф гардонидан ва харобсозии низоми сиёсӣ тавассути ба одамон ошкор намудани нуқсонҳои ҷомеа ё ҷалби мардум ба ошӯб равона шуда бошад, терроризм «таъинот» ва «салоҳият»-и васеътар дорад. Гаравгон гирифтан ва ё боздошт намудани гаравгонҳо, рабудани одамон, суиқасд ба ҳаёти арбоби давлатӣ ва ҷамъиятӣ, намояндагони гурӯҳҳои миллӣ, динӣ, мазҳабӣ, нажодӣ, дигар гурӯҳҳои аҳолӣ, намояндагони давлатҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмилалӣ, ғасб намудан, зарар расонидан ва нобуд кардани иншооти давлатӣ ва ё ҷамъиятӣ, амалӣ кардани таркиш, сӯхтор, тирпарронӣ, истифода намудан ва ё таҳдиди истифодаи таҷҳизоти тарканда, моддаҳои радиоактивӣ, биологӣ, тарканда, кимиёвӣ ва дигар маводи заҳролудкунанда, ғасб намудан, ташкили бетартибӣ ва иғвои он дар ҷойҳои серодам ва ҷамъиятӣ, ҷойҳои маҳрум ва маҳдуд кардан аз озодӣ, ҷойҳои гузаронидани чорабиниҳои оммавӣ, расонидани зарар ба ҳаёт ё саломатии аҳолӣ, молу мулки шахсони воқеӣ ва ё ҳуқуқӣ бо роҳи содир кардани садамаҳо, фоҷиаҳои техногенӣ аз ҳамон ҷумлаанд.

- Аломати нахустини ифротгароӣ чӣ аст?

- Эътироф накардани нуқтаи назари дигарон, қасдан фарқ нагузоштан байни дурусту нодуруст (ҳатто агар нодуруст будани ақидаи ӯро бо далелҳои қотеъ исбот карда шавад), афзалтар шуморидани дину мазҳаби худ нисбат ба дину мазҳаби дигарон. Мутаассибони динӣ шефтаи дигаргун сохтани олам аз дидгоҳи муғризонаи худ мебошанд.

- Аз ин бармеояд, ки ифротгароӣ бо таассуб ҳаммарз мебошад…

 - Бале. Барои мутаассиб ӯ ва эътиқодаш муҳим аст. Ақидаи дигарон барои ӯ аҳамият надорад. Мутаассибон аксаран одамони ҷоҳилу якрав ва маҳдудандеша мебошанд. Онҳо қодир нестанд фарқияти байни шаклу мазмун, роҳу тадбир ва мақсадҳоро дарк намояд. Ҷаҳолат аз он ваҷҳ, ки онро бо обуранги ислом пардапӯш мекунанд ва ба амри Парвардигор нисбат медиҳанд.

 Шахси мубталои таассуб олами атрофи худро наметавонад бубинад, оҷиз аст, ношунавост, вай қобил нест, ки дигаргуниҳои ҷаҳонро бубинаду шунавад. Онҳоеро, ки ба ақидаҳои мутаасиб розӣ нестанд, палид, нокас ва душмани ашадии худ меҳисобад. Боиси нигаронӣ он аст, ки тавассути эътиқоди таассубӣ далелҳои бебаҳс инкор гардида, афзалият ба фиреби эҳсосот дода шуда, дастрас намудани иттилооти муътамад то андозае маҳдуд мегардад.

Ин тоифа пойбанди таҳрифи ҷаҳонбинианд, ки ба худбинию худписандии оштинопазирӣ асос ёфтааст. Мутаассиб наметавонад таҳлил намояду хулоса барорад. Аз ин лиҳоз, оқибат ба ифротгаро табдил ёфтани ин ашхос саҳлу сода аст.

- Мутаассиб аз тундгаро чӣ фарқ дорад?

- Аввалӣ аз дувумӣ аз он ҷиҳат фарқ мекунад, ки ақидаи худро дар дараҷаи ифротӣ ҳақиқат мешуморад ва имкон аст, ки ҳадафҳояш аз ҳисоби қурбон намудани дигарон амалӣ гардад. Барои мисол, ки ашхоси тундгаро бо ҳидояту роҳнамоии мутаассибон худро бо василаҳои гуногун, аз ҷумла тарконидан, ихтиёрӣ ба муҳорибаҳо сафарбар шудан, қурбон мекунанд.

- Ҳамрадиф бо ин истилоҳ, вожаи бунёдгароӣ низ истифода мешавад. Он бо ифротгароӣ чӣ алоқамандӣ дорад?

- Бунёдгароӣ идеологияест, ки бозгашт ба заминаҳои анъанавии сохти ҷамъиятро талқин карда, муқобили тағйиру азнавсозии он аст. Моҳияти ғояҳои бунёдгароӣ баргаштан ба низоми куҳнаи иҷтимоӣ ё дар ҳолати карахтӣ нигоҳ доштани тартиботи мавҷудаи иҷтимоӣ, садди роҳи ҳама гуна тағйирот буданро ифода мекунад.

Воқеан, бунёдгароӣ ва ифротгароӣ бо ҳам алоқаманданд. Дувумӣ идомаи мантиқии аввалӣ мебошад. Солҳои охир ба ин истилоҳ вожаи «ислом»-ро зам кардаанд, аммо мадди назар бояд дошт, ки бунёдгароӣ метавонад дар шаклҳои гуногуни ба таассуб ва таҳаммулнопазирӣ асосёфта зуҳур намояд.

Ашхоси огоҳ хуб медонанд, ки яке аз проблемаҳои ҷаҳони муосир афзоиши хатари терроризм ва экстремизм мебошад, ки аксар маврид зери ниқоби ислом роҳандозӣ мегардад. Ҳол он ки ислом бо терроризм ва ташкилотҳои экстремистӣ ҳеҷ умумияте надош­та, баръакс таълимоташ зидди ин зуҳуроти хатарнок нигаронида шудааст. Вале бо вуҷуди ин, қувваҳое буданду ҳастанд, ки барои расидан ба ҳадафҳои сиёсии худ аз дини мубини ислом суиистифода мекунанд.

 Дар робита ба масъалаи мавриди назар сухан на дар бораи муқовимат бо ислом ҳамчун яке аз динҳои ҷаҳонӣ, балки дар бораи мубориза бар зидди моҷароҷӯён, ҷудоихоҳон, ғоратгарону роҳзанҳо меравад, ки ба дин ягон умумияте надошта, танҳо моҳияти ҷинояткориву моҷароҷӯии худро бо шиорҳои исломӣ пардапӯш мекунанд ва ба ин васила ба номи дини мубини ислом доғ меоранд.

- Бунёдгароии исломӣ чӣ ҳадаф дорад?

- Бозгашт ба сохти ҷамъиятии даврони ҳукмронии халифаҳои рошидин меҳвару ҷавҳари он аст. Агар масъаларо амиқтар мавриди пажӯҳиш қарор диҳем, бунёдгароии исломӣ стратегия ва идеологияи сиёсиест, ки ба навсозии низоми дунявии сиёсии амалкунанда нигаронида шуда, мақсад дорад фазои иҷтимоӣ — фарҳангии давлат ба самти қатъиян мутобиқ ба меъёрҳо ва анъанаҳои исломи пешин бошад, фаъолияти давлатдорӣ, ҳаёти ҷомеа ва шахсиятҳо дар асоси талаботи «Қуръон» ва шариат ба роҳ монда шавад. Бунёд­гароии исломӣ қисми таркибии исломи сиёсист, зеро пайравони он мақсади худро тавассути мубориза барои соҳиб шудан ба ҳокимият амалӣ намудан мехоҳанд. Моҳиятан бунёд­гароии исломӣ ба ихтилофангезӣ дар байни равияҳои исломӣ равона гардидааст ва исломро аз дохил хароб кардан мехоҳад.

Қобили зикр аст, ки на ҳама вақт бунёдгароён ва тундравҳо ифротгароёни динӣ ва террорист хоҳанд шуд. Бамаврид аст ёдовар шавем, ки нахустин тафсири бунёд­гароӣ дар Амрико, дар байни пайравони мазҳаби евангелистҳо пайдо шудааст. Бунёдгароии динии протестантон дар иёлоти ҷанубии Амрико, дар байни пресвитерианҳо, баптистон ва методистон дар солҳои 1910 — 1912 маъруф буд. Тарғибгарони ин ҳаракат ҳама гуна кӯшишҳои танқид ва тафсири нави Каломи муқаддасро маҳкум мекарданд.

- Тибқи хулосаи коршиносон, дар ҷаҳони муосир шакли аз ҳама хавфноки ифротгароӣ ифротгароии динӣ аст. Бо ин хулоса розиед, агар ҳа, бо кадом асос?

- Комилан ҳамфикрам. Ин намуди ифротгароӣ аз қатъиян эътироф накардани ғояву таълимоти динҳои дигар, муносибат ва рафтори оштинопазир доштан ба эътиқодмандони дигар дину мазҳабҳо ва аз байн бурдани намояндагони динҳои ғайр таркиб ёфтааст.

Ифротгароии фирқавӣ яке аз шаклҳои аз ҳама хавфноки ифротгароии динӣ ба ҳисоб меравад. Аз сабаби он ки дараҷаи оштинопазирии ҷонибдорони чунин намуди ифротгароӣ метавонад то ҳадди ниҳоӣ расад, назорат оид ба фаъо­лияти он душвор аст. Намунаи равшани чунин шакли ифротгароӣ ваҳҳобия ва салафия ба шумор мераванд, ки дар аксар кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла дар давлати мо, паҳн гаштаанд.

Пайомади фаъолияти пинҳонии динӣ — ифротгароӣ зӯран тағйир додани сохти давлатдорӣ ё зӯран ғасб кардани ҳокимият, халалдор намудани мустақилият ва якпорчагии давлат, ташкили амалиёти ғайриқонунии мусаллаҳона, барангехтани душманӣ ва кинаву адовати динӣ ё миллӣ мебошад.

Имконнопазир аст, ки ифротгароии динӣ ҳамчун зуҳуроти иҷтимоӣ — сиёсӣ комилан динӣ бошад. Ҳарчанд заминаҳои пайдоиши тамоюли ифротӣ дар таълимоти динӣ вуҷуд доранд, вале ба он унсурҳои иҷтимоӣ — иқтисодӣ ва сиёсӣ низ шомиланд. Дар ин маврид дин метавонад ва бояд бунёдӣ (фундаменталӣ) бошад, яъне истодагарӣ намояд. Бегуфтугӯ, дин мустақиман ё ғайримустақим бо сиёсат алоқаманд буда, ҳар қадар ба масоили иҷтимоӣ ғӯтавар гардад, ба ҳамон андоза пойбанди сиёсат мешавад.

 - Тафовути ифротгароии динӣ аз ифротгароии динӣ - сиёсӣ дар кадом омилҳо зоҳир мегардад?

- Ин кори бисёр мушкил аст. Ифротгароии динӣ — сиёсӣ назари ифротӣ доштани як ё якчанд гурӯҳро меноманд, ки идоракунии давлатро нодуруст шуморида, ғояҳои идоракунии худро ҳақ мепиндоранд, зӯроварӣ ё ташаннуҷро ба кор мебаранд, шаклҳои қафомондаи ҳокимиятдориро тарғибу дастгирӣ мекунанд, бо дигар гурӯҳу ҳизбҳо ва ташкилотҳои сиёсӣ, мазҳабӣ ва ҷамъиятӣ оштинопазиранд ва ҳатто барои ба ҳадафҳои худ расидан террори сиёсиро истифода менамоянд. Мафҳуми «ифротгароии динӣ сиёсӣ» ба қатори зуҳуроти мураккаби ҷамъиятӣ шомил мешавад, ки ҳангоми муайян карданашон ногузир ихтилофи ақидаҳо ба миён меояд.

Ин намуди ифротгароӣ аз рӯи баъзе зуҳуроти худ истилоҳот, ғояҳои қавмӣ ва диниро истифода мебарад. Масалан, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 90- уми асри гузашта ғояҳои миллатгароӣ оид ба гурезагони арман мавриди истифода қарор гирифт, ки ба низоъ байни мухолифини демокративу исломӣ ва коммунистон боис гардид. Мавҷи ин раванд ба ҷанги шаҳрвандӣ табдил ёфт, ки дар он ислом ҳамчун омили сиёсӣ нақши ҳалкунанда бозид. Ҷанги шаҳрвандӣ муқовимати сиёсии байни ташкилотҳои сиёсӣ ва диниро тезонид, ки ҳар яке аз онҳо ба ҳимояи манфиати минтақаҳои алоҳида равона шуда буд. Аз ин лиҳоз метавон ба ҳаводиси зикршуда ҳамчун ифротга­роии динӣ- сиёсӣ баҳо дод.

Моҳияти ифротгароии динӣ- сиёсӣ инкор намудани низоми арзишҳои одобу ахлоқие ба шумор меравад, ки дар ҷомеа ба ҳукми анъана даромадааст. Қисмати дигари масъалаи мазкур дар тарғиботи қатъии ҷанбаҳои ҷаҳонбинии онҳо ифода меёбад, ки ба арзишҳои маъмули умумиинсонӣ муқобил меистанд. Бояд қайд кард, ки ифротгароии динӣ- сиёсӣ аз ҳама навъи хавфноктарини ифротгароӣ ба шумор меравад, чунки дар зери ниқоби дин амал мекунанд. Тайи даҳсолаҳои охир ифротгароии динӣ сиёсӣ дар саросари ҷаҳон реша давонидааст. Дар нимаи дуюми солҳои 90-уми асри ХХ ва ибтидои қарни нав пайравони ҳаракатҳои ифротгароӣ ва террористии исломӣ, шуҳрат пайдо кардаанд, ки онҳо ҷангҳои мазҳабиро дар шаклу шеваи ифротгароӣ ва террорис­тӣ ҷонибдорӣ менамоянд.

Ҳолати мазкур дар навбати худ дар кӯшишҳои якчанд давлатҳои исломӣ барои тақвият бахшидан ба нуфузи фаромарзӣ (геополитикӣ)-и худ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ифода меёбад, ки онҳо ба ин восита мехоҳанд, доираи ба истилоҳ «ислом»-ро васеъ намоянд. Ин аст, ки дар манотиқи гуногуни олам, аз ҷумла Осиёи Марказӣ, дин бо мақсади асосноккунӣ ва қонеъсозии талаботи сиёсӣ истифода гардида, дар ин замина ифротгароии ба истилоҳ «динӣ» ба вуҷуд омадааст.

Хулоса, экстремизми динӣ — сиёси­ро метавон ҳамчун категорияи фалсафӣ — иҷтимоӣ маҷмӯи ҷинояткориҳои зӯроварии динӣ — сиёсие, ки барои расидан ба ҳадафҳои сиёсӣ ё таъмини фаъо­лияти сиёсӣ содир мешаванд, тасниф намуд.

- Хатарнок будани ифротгароии динӣ- сиёсӣ барои ҷомеаи мо дар чӣ зоҳир мегардад?

- Табиист, ки сатҳи маърифати сиёсӣ ва зиракии сиёсии шаҳрвандон дар ин ҷода нақши калидиро дорост, зеро «вақте, ки халқ тираақл аст, идора карданаш осон аст». Вале бояд дарк намуд, ки зери ин ҳама омилҳои ҷузъӣ, ки ба «хам — хам рафтани сайёд баҳри қатли мурғон» шабеҳ аст, мақсадҳои муғризона нуҳуфтаанд. Агар ба вазъи сиёсии олам таваҷҷуҳ зоҳир намоем, пас тамоми табаддулоте, ки чанд соли охир дар кишварҳои мусалмонӣ сурат гирифтаанд, маҳз ба тафриқаандозиҳои динӣ ва мухолифати мазҳабӣ рабт доранд. Чун амиқ мавзӯъро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор диҳем, собит мешавад, ки мавриди назари давлатҳои абарқудрат маҳз он кишварҳоеанд, ки мардум ба ақидаҳои динӣ майли бештар доранду нисбатан зудбоваранд.

 Ифротгароии динӣ — сиёсии дар шароити Тоҷикистон тавлид­ёфта ё интиқолдодашуда на фақат хусусияти динӣ доранд, балки фарҳанг, суннат, менталитет ва таърихи халқҳоро инъикос менамояд.

Ифротиёни динӣ — сиёсӣ бениҳоят муттаҳид буда, саркардагон ва пешвоёни онҳо баромади муайяни иҷтимоӣ доранд. Аммо иҷрокунандагони амалҳои террористӣ заминаи муайяни иҷтимоӣ надошта, аз қишрҳои гуногун, хоса табақаҳои осебпазир, ҷалб мешаванд.

Ташкилотҳои ифротию террористии «Давлати исломӣ», «Салафия», «ҲНИ», «Ҳизб — ут — таҳрир» аз ҳамон қабиланд, ки хушбахтона, ҳадафҳои онҳо ошкор ва фаъолияташон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шуд.

- Ифротгароии динӣ-сиёсӣ дар ҳудуди Тоҷикистон кай доман паҳн кард?

- Дар хотир дорем, ки пас аз пош хӯрдани Давлати Шӯравӣ ва соҳибистиқлол шудани кишварҳои тобеи он фазои озоди динӣ дар ин кишварҳо хеле паҳновар гардид, зеро аксари мардум, ки дар бунбасти фазои динӣ қарор доштанд, бо орзуи дарёфти озодӣ ба дину диндорон рӯ оварданд.

Дар ибтидои солҳои 90-уми қарни XX дар Тоҷикистон аҳзоби гуногун ва то андозае аз назари идеологӣ ба ҳам мухолиф ба вуҷуд омада, дар ин раванд ҳизби гӯё ба дин рабтдошта ҷойгоҳи хосро соҳиб шуд. Кор то ба ҷое расид, ки олиме, ки дониши мукаммали гуногунҷанба дорад, дар радифи ба ном муллои камсавод қадру манзалат надошт. Фурӯши густурдаи фитаҳои амри маъруф, гузаронидани тӯй ва маъракаҳо ба тарзи мазҳабӣ, нишон додани афзалияти гирифтани таълими динӣ дар хориҷи кишвар ва ғайраҳо ба «осиёб»-и чунин муллоҳо «об мерехт». Дар робита ба ин, назари муҳаққиқи амрикоӣ А. Халид қобили таваҷҷуҳ аст. «Дар собиқ ИҶШС тафаккури оммавӣ куллан дар доираи мавҳумоте ташкил ёфта буд, ки тибқи идеологияи он, таълимоти марксизм назарияи рушди ҳамаҷонибаи инсон, ғалаба бар дин ва хурофотро таъмин мекард. Дин дар он давра ҳамчун нуқси шуури инсон баррасӣ мегардид, таълимоти ғоявии «дин афюн аст» ҳамеша мавриди тарғибу ташвиқот қарор дошт».

Азбаски дар Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон дини ислом ва таълимоти онро аз ҳаёти ҷамъиятӣ дур карда буданд, аз ин рӯ, таълимоти исломии дорои хусусияти тундравидошта, баъд аз пош хӯрдани Давлати Шӯравӣ реша давонд, зеро аксарият миёни муқаррароти исломи асил ва исломи ба истилоҳ таҳрифшуда фарқ гузошта наметавонистанд ва ба онҳо таҳмил кардани ақидаҳои ифротию тундрав осон буд. Ҳолати мазкур имкон фароҳам овард, ки равияҳои тундраве, ки аз ҷониби давлатҳои хориҷии «хайрхоҳ»- и кишвари мо маблағгузорӣ мешуданд, фаъолияташонро босамар пеш баранд.

Дар натиҷа, рӯҳияи ифротгароӣ ба пайдоиши зиддият байни наслҳои ҷавон ва калонсоли уламои динӣ, ки онҳо дар рӯҳияи анъа­наҳои маҳаллии бо ном «исломи маишӣ» тарбия ёфтаанд, тамоюли афзоишро касб намуд.

- Яъне, андеша, дар мавриди он ки миёни аҳли тақво ва уламои дин рақобати носолим роиҷ буда, чунин ҳолат «табъи дил»- и гурӯҳҳои манфиатдор аст, асос дорад?

- Бале. Боиси нигаронист, ки ҷавонони зери таъсири ҳаракати ифротгароии динии салафия қарордошта ба ҳадде ифротгарою тундрав шудаанд, ки онҳо обрӯю нуфузи уламои анъанавии ҷомеаи тоҷикро ба назар намегиранд. Аксар ҷавонони муосир, ки зери таъсири салафиҳо мондаанд, муллоҳои солорро барои надош­тани дониши кофӣ ва дур шудан аз муборизаҳои сиёсӣ таънаю маломат мекунанд.

 Бахусус, насли ҷавони уламои дин, ки дар мактабҳои динии кишварҳои исломии Шарқи Наздик таҳсил гирифтаанд, уламои анъа­навии диниро барои фармонбардории аз ҳад беш аз қонунҳои давлат ва ҳукумат ба бесалоҳиятӣ гунаҳкор мешуморанд. Ба назари онҳо, беҷуръатии омиёнаи ходимону уламои динӣ сабаби асосии ба сатҳи паст фаромадани донишу тарбияи динии аҳолӣ мебошад. Уламои ҷавони ҷаҳонбинии ифротидошта (дар давраи пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ) асосан таҳти таъсири қувваҳои беруна ва идеологияи ташкилотҳои динӣ — сиёсии «Ихвон ул — муслимин», ваҳҳобиён ва ғайра тарбия ёфтаанд.

 Эътироф бояд кард, ки аксари рӯҳониён дар бораи мафҳуми озодии виҷдон ва кафолатҳои конститутсионии ҳуқуқу озодиҳои шахс ва шаҳрванд маълумоти комил надоранд. Бинобар бетафовутии як қисми онҳо мустаҳкамнамоии «эътиқод» ва зиёд намудани пайравон ба воситаи таҳқири пайравони дигар дину мазҳабҳо маъмул ва муҳити динӣ аз лиҳози паҳншавии тундгароии динӣ ва экстремизм осебпазир аст.

 Аз ин лиҳоз, ходимони диниро зарур аст, ки пайваста ташвиқу тарғиби арзишҳои миллиро дар воситаҳои ахбори омма ва мулоқоту вохӯриҳо ба роҳ монда, барои пешгирии даъватҳои оммавии ба амал баровардани фаъолияти ифротӣ, ки аз тариқи сомонаҳои интернетӣ паҳн карда мешаванд, вокуниш намоянд.

Барои таҳкими нақши иттиҳодияҳои динӣ дар пешгирии тундгароии динӣ ва экстремизм лозим аст, ки бозомӯзӣ ва такмили сатҳи донишу ихтисоси кормандони мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба дин доир ба пешгирии тунд­гароии динӣ ва экстремизм пайваста ба роҳ монда, механизмҳои ҳуқуқии ҳимояи ташхисгарон вобаста ба ташхиси давлатии диншиносӣ муқаррар гардад.

 Зарур аст, ки мақомоти дахлдор муҳтавои матолиби диниро дар воситаҳои ахбори омма бо мақсади пешгирии паҳншавии ғояҳои экстремистӣ ва бадбинии динию мазҳабӣ, ки ба амнияти давлату миллат таҳдид менамояд, тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ҷиддитар танзим намоянд.

- Ин намуди ифротгароӣ кай пайдо шуд?

 - Нахустин ҳаракатҳои динӣ- сиёсӣ дар ҷаҳони ислом пас аз фавти Паёмбар Муҳаммад, замоне ки мубориза барои мероси сиёсӣ ва динӣ оғоз ёфт, пайдо шуданд. Тибқи ақидаи муҳаққиқи рус И. П. Петрушевский, ҳаракатҳои тундрав ва динии ифротгаро дар олами ислом ҳангоми ҳукмронии Аббосиён пайдо шуданд. Дигар муҳаққиқон ба ин андешаанд, ки ин ҳаракатҳо баъд аз вафоти халифа Умар ба вуҷуд омадаанд.

 Дар заминаи пажӯҳишҳои минбаъда собит гардид, ки дар ин маврид хулосаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар бобати он ки «нахустин равияҳои динӣ — сиёсӣ ва ифротгароӣ дар ислом дар давраи ҳукмронии сулолаи Уммавиён пайдо шудаанд», раднопазир аст. Равияи аз ҳама машҳури ин сулола хавориҷиён, хуррамиён ва қарматиён ба шумор мерафтанд. Омӯзиши вазъи асосии ақоиди қарматиён ба аксар муҳаққиқон имкон дод, ки ин равияро ҳамчун равияи «инқилобгар» ва ҳатто «сотсиалистӣ» маънидод намоянд, ки ҳадафи он барҳам додани истисмори одам ба ҳисоб меравад.

Ифротгароии динӣ — сиёсӣ таърихан бо пайравони дину мазҳабҳои дигар дар ҳолати ҷангу рақобат қарор доранд. Ҳаракатҳои ифротию террористӣ субъекти фаъолияти ифротгароии динӣ — сиёсиро ташкил медиҳанд ва онҳо кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки аҳкоми диниро асос намуда, одамони бегуноҳ ва пайравони тамаддун, дину мазҳаб­ҳои дигарро ҷисману рӯҳан нобуд намоянд.

Мақсади дигари ифротгароёни динӣ ва ҳаракатҳои ифротгароӣ дар он зоҳир мешавад, ки ҷомеа ва давлатҳои дунявиро барҳам дода, ба ҷойи онҳо низом ё сохтори давлатдории динию теократиро бунёд созанд. Ифротгароие, ки ба ислом ва дигар динҳо нисбат медиҳанд, дур шудан аз дин ва гузариш ба сиёсат аст. Ба ибораи дигар, ки дар замони муосир ҳаракатҳои ифротию террористӣ, ки дини исломро ба сифати идеология истифода мебаранд, хеле зиёд гаштаанд.

Ҳадафи ин тоифа барқарор намудани чунин сохти давлатии давраи асримиёнагист, ҳамчун хилофат, ки усулҳои панисломизм ва яккаҳукмрониро мавриди истифода қарор медиҳад. Онҳо давраи мавҷудияти хилофати исломиро давраи тиллоии диндорию давлатдорӣ мешумориданд ва кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, ки бо истифода аз усулҳои ифротию террористӣ онро дубора барқарор кунанд.

Дар маҷмӯъ, ифротгароии динӣ — сиёсӣ хатар ба ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, ҳатто боиси нигаронии ҷиддии абарқудратҳо гардидааст.

Мусоҳиб

Далер АБДУЛЛО,

«Садои мардум»