Чанде пеш дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Тарбияи ватандӯстӣ ва ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон дар шароити ҷаҳонишавӣ: вазъ ва дурнамо» конфронси илмию амалии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.
Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода зимни ифтитоҳи машварат қайд кард, ки баргузории чунин ҷамъомад имкон фароҳам меорад, ки масъалаҳои асосии муҳити ҷавонон дар шароити ҷаҳонишавӣ муҳокима гардида, мақсад ва ҳадафҳои сиёсати давлатӣ дар самти ҷавонон бо назардошти хусусиятҳои шаклгирии равандҳои дохилидавлатию умумихалқӣ аз дидгоҳи назариявию амалӣ боз ҳам амиқ ва равшан карда шаванд.Тавре ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23-юми декабри соли 2022 зикр шудааст: «Ҷавонони Тоҷикистони соҳибистиқлол неруи созандаи Ватан буда, нақши онҳо дар тараққиёти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа бисёр арзишманд ва назаррас мебошад. Мо бо ҷавонони кишвари худ ифтихор дорем, зеро онҳо дар рушди давлат ва ободии Ватан фаъолона саҳм мегузоранд, марзу буми сарзамини аҷдодиро ҳимоя мекунанд, ватандӯсту ватанпараст, бонангу номусанд ва ба халқу давлати Тоҷикистон содиқ мебошанд. Бо дастгирию ғамхорӣ фаро гирифтани ҷавонон, ҳаллу фасли мушкилоти ҳаёти онҳо ва истифодаи дурусту оқилона аз ин захираи стратегии миллӣ ба хотири ободию пешрафти Ватан ва таъмини амнияту суботи ҷомеа аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарине мебошанд, ки таҳти таваҷҷуҳи хосаи Ҳукумати мамлакат қарор доранд, зеро Тоҷикистон худ кишвари ҷавонон аст».
Сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати дохилии Маркази тадқиқоти стратегӣ Саидаҳтам Талбаков қайд намуд, ки вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир давлатҳоро маҷбур месозад, ки сиёсати давлатӣ ва барномаҳои рушдро тарҳрезӣ ва амалӣ созанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дастёбӣ ба манфиатҳои миллӣ, дар робита ба вазъи имрӯзаи минтақа ва ҷаҳон сиёсати давлатии худро ба роҳ монда, бо назардошти аҳолии ҷавони мамлакат, амалишавии қариб тамоми самтҳои муайянгардидаи сиёсати дохилию хориҷии кишвар ба ҷавонон вобаста мебошад. Аз ин рӯ, дуруст ба роҳ мондани тарбияи ҷавонони солиму ояндасоз ва сари вақт амалӣ намудани ҳадафҳои сиёсати давлатии ҷавонон яке аз масъалаҳои муҳим ба шумор меравад.
Ассистенти кафедраи дипломатия ва муносибатҳои байналмилалии Академияи идоракунии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳлиддин Восиев дар мавзӯи «Ватандӯстӣ дар низоми арзишҳои ҷавонони Тоҷикистон», суханронӣ намуда, иброз дошт, ки амнияту осоиши ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии имрӯзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол аз ҳисси баланди миллӣ, худшиносию худогоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва садоқат ба Ватан, миллат ва обу хоки сарзамини аҷдодиамон вобастагӣ дорад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустини давлатдорӣ ба масъалаи мазкур таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намуда, пайваста таъкид месозанд: «… то даме, ки худшиносии миллӣ, пос доштани хотираҳои таърихӣ, ифтихор аз мансубияти миллӣ, дар шуури ҳар яки мову шумо падид наояд, то даме, ки ҳар кадоми мо манфиати миллиро ҳамчун қарзи муқаддаси шаҳрвандӣ эҳсос накунем ва эҳтиром нагузорем, то даме, ки хидмат ба Ватан ва миллат бароямон ба арзиши олии зиндагӣ табдил наёбад, мо ҳамчун давлати соҳибистиқлоли миллӣ ба камол намерасем».
- Ватану миллат ду вожаи муҳим ва муқаддас барои ҳар як инсон аст. Соҳибватан будан ифтихору хушбахтист. Ин нуктаҳои муҳим, маҳз ба миллати тамаддунофари тоҷик тааллуқ доранд, зеро кишвари ободу озод, амну субот ва соҳибтамаддуну соҳибистиқлол дорему мардуми ин кишвари озодазодагон барои рушду такомули ин диёри биҳиштосо таҳти роҳбарии фарзонафарзанди тоҷик, Асосгузори давлати навини тоҷикон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста кӯшиш менамоянд. Сиёсати инсондӯстонаву ваҳдатофари Пешвои миллат ва дастгирии ҳамаҷонибаи мардуми шарифи тоҷик буд, ки мо дар фазои сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ зиндагӣ дорем, — иброз намуд Аҳлиддин Восиев.
Номбурда зикр намуд, ки имрӯз ҳар як тоҷику тоҷикистониро мебояд барои пойдор мондани сулҳу оромӣ ва истиқлолияту ваҳдат дар Ватани азизамон бо ҳисси баланди худогоҳӣ ва хештаншиносӣ саҳмгузор бошад.
Дар конфронс, ҳамчунин, номзади илмҳои иқтисодӣ, сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои макроиқтисодии Маркази тадқиқоти стратегӣ Ораз Муртазоев дар мавзӯи «Таҳкими масъалаи ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ», сардори шуъбаи кор бо ҷавонон ва собиқадорони Раёсат оид ба корҳои сиёсӣ ва тарбиявии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковник Абдуррашид Ҳотамиён дар мавзӯи «Ватан сар мешавад аз гаҳвора…», корманди КДАМ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон Вафо Наимов дар мавзӯи «Пайомадҳои мутолиа ва паҳнсозии матлабҳо ва наворҳои мансуб ба ташкилотҳои террористӣ ва экстремистӣ» ва мутахассиси Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати дохилии Маркази тадқиқоти стратегӣ Шаҳноза Нусратова дар мавзӯи «Нақши занон дар тарбияи ватандӯстии ҷавонон» ибрози андеша намуданд.
Дар охир миёни коршиносон вобаста ба суханрониҳои маърӯзачиён табодули афкор сурат гирифт.Ҷамъомад дар рӯҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда баргузор гардид.
Сайфиддин СУННАТӢ,
«Садои мардум»