Иқдоме, ки татбиқи он фаъолияти дастҷамъонаро талаб дорад

№75-76 (4815-4816) 14.06.2024

Ramzi-Soli-marifati-hukukiДар Паёми навбатӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2024-ро «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намуданд, ки мақсад аз он баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба арзишҳои ҳуқуқӣ мебошад.

Бояд гуфт, ки маърифати баланди ҳуқуқӣ риояи бошууронаи меъёрҳои қонун ва итоат ба қонунро дар назар дошта, он асоси ҷомеаи демократӣ ва нишондиҳандаи камолоти низоми ҳуқуқӣ мебошад. Омилест, ки ба равандҳои гуногуни зиндагӣ таъсири мусбат дошта, бо муттаҳидсозии шаҳрвандон тартиботро нигоҳ медорад.

Боло бурдани дониши ҳуқуқӣ ва сиёсии шаҳрвандон яке аз роҳҳои асосии кам кардани сатҳи ҷинояту ҳуқуқвайронкунӣ ва пешгирии онҳо низ мебошад. Донистан ва риоя намудани ҳуқуқу уҳдадориҳо шаҳрвандонро водор мекунад, ки дар назди қонун ва давлат масъулияти бештар ҳис намоянд. Маҳз дар ин замина маърифати ҳуқуқӣ барои боло бурдани одобу ахлоқ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои инсонӣ низ мусоидат мекунад. Яке аз омилҳои асосии то ҳадде бад шудани одобу ахлоқи насли имрӯз аз нодуруст дарк кардани озодии худу атрофиён, суиистифодаи мафҳуми «озодӣ», иҷро накардани уҳдадорӣ, паст будани сатҳи дониши ҳуқуқӣ ва маълумоти кофӣ надоштан дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мебошад.

Сарвари давлат зимни ироаи Паём таъкид намуданд: «Баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ омили асосии эъмори давлати ҳуқуқбунёд, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва таъмин намудани волоияти қонун мебошад». Албатта, бидуни маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ ғайриимкон аст. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, ки соли 1994 қабул гардидааст, Тоҷикистонро давлати ҳуқуқбунёд эълон мекунад. Табиист, ки ҳуқуқбунёдии давлат низ аз маърифати ҳуқуқӣ ва дониши сиёсии шаҳрвандон вобастагии амиқ дорад.

Таваҷҷуҳи хосаи Сарвари давлат ба масъалаи баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ идомаи мантиқии ибтикороти қаблии эшон аст. Солҳои аввали истиқлоли давлатӣ дар ин самт корҳои судманд анҷом ёфта, санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор ва барномаҳои алоҳида таҳия ва қабул шуданд. Татбиқи ин санадҳо барои фароҳам овардани заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ саҳм гузоштаанд.

Дар пайравӣ ба иқдоми Пешвои миллат вобаста ба эълон гардидани «Соли маърифати ҳуқуқӣ» акнун муассисаҳои таълимиро зарур аст, ки ба омӯзиши фанни ҳуқуқ эътибори ҷиддӣ диҳанд. Ҳамчунин, оила низ дар ҷоннок намудани ин раванд бояд масъулияти бештар ҳис кунад. Воситаҳои ахбори омма дар самти тарғибот ва пешниҳоди маълумоти навтарин масъули асосӣ ба ҳисоб мераванд. Умуман, боло бурдани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон бар дӯши як сохтор набуда, фаъолияти дастҷамъонаро тақозо дорад.

 Дар иртибот ба ташаббуси навбатии Пешвои миллат кормандони суди ноҳияи Файзобод бетаъхир тадбир меандешанд. Аз ҷумла, бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии кормандон ва сазовор ҷашн гирифтани 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир шуда, ин раванд бардавом аст. Ҳамзамон, гуфтан бамаврид аст, ки яке аз вазифаҳои муҳими мо — кормандони суд ин фаҳмонидани моҳияти Конститутсия ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба сокинони ноҳия мебошад.

Дар ин замина, кормандони суди ноҳияи Файзобод кӯшиш мекунанд, ки барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии худ ва фаҳмонидани донишҳои ҳуқуқӣ ба сокинони ноҳия беш аз пеш саҳмгузор бошанд.

Бахтиёр ХОЛИҚЗОДА,

раиси суди ноҳияи Файзобод