Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеаи таърихии давлатдории навини тоҷикон маҳсуб ёфта, ба ташаккули давлату миллат асос гузошт. Иҷлосия замоне баргузор гардид, ки кишварамонро муноқишаҳои шадиди шаҳрвандӣ фаро гирифта, мардум шабу рӯз аз Худованд илтиҷо мекарданд, ки ақлу заковат пирӯз гардаду сулҳу салоҳ шавад ва мардум ба ҳам биоянд.
Сарҷамъии ҷонибҳои мухолиф он рӯзҳо на танҳо мардуми шарифи Тоҷикистон, балки аксар кишварҳои ҷаҳонро ба андеша оварда буд ва ба ҷараёни кори иҷлосия назар андӯхта, нигарони он буданд, ки тақдири Ҷумҳурии Тоҷикистон ба чӣ меанҷомида бошад. Хушбахтона, вакилони мардумӣ дар Шӯрои Олӣ ақлу заковатро ба кор бурда, ба мувофиқа расиданд ва ниҳоят бо дастгирии ҳамдигар ҷавонтарин вакили мардумӣ, шахси далеру шуҷоъ Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Шӯрои Олӣ интихоб карданд. 19-уми ноябри соли 1992 дар ҷараёни кори иҷлосия номзадҳои дигар ҳам пешбарӣ шуда буданд, аммо онҳо вазъияти мураккаби ҷомеаро дида, номзадиашонро бозпас гирифтанд. Танҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавониаш нигоҳ накарда, пуштибони давлату миллат шуд ва масъулияти идоракунии давлати парокандаю миллати парешонхотирро мардонавор бар дӯш гирифт. Баъди интихоб шудан ба вазифаи Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нотавонбинон овозаҳо паҳн карданд, ки ӯ аз уҳдаи роҳбарии давлати пошхӯрда намебарояд ва баъди ягон моҳ боз роҳбари дигар ҷустан лозим меояд, аммо вақт довари ҳаёт аст, мегӯянд. Гузашти солҳо собит сохт, ки вакилони мардумӣ дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар интихоби Сарвари давлат хато накарданд. Қасри Арбоб бошад, бо он воқеаи бузург чун иҷлосияи таърихӣ шуҳрати дигар ёфт ва дар саҳифаҳои неки таърих бо ҳарфҳои заррин навишта шуд.
Банда дар он иҷлосияи тақдирсоз ба ҳайси роҳбари Маркази матбуоти Комиҷроияи вилояти Кӯлоб ва ҳамзамон ёвари раиси он ширкат доштам ва шоҳиди бисёр лаҳзаҳои хотирмон мебошам. Вазифаи банда ҷиҳати иштирок дар иҷлосия аз он иборат буд, ки бо кадом роҳ бошад, наворҳои дар ҳамкорӣ бо кормандони «Телевизиони Кӯлоб» омодакардаро оид ба кумак ба гурезаҳо, дар муҳосираи иқтисодӣ қарор доштани минтақаи Кӯлоб, даҳшатҳои муноқишаҳои шаҳрвандӣ, кушторҳои фарзандони мардум дар дигар минтақаҳо, ҳидояти ашхоси хирадманди Кӯлоб ҷиҳати ба эътидол овардани вазъи сиёсӣ ва иқтисодии мамлакат гирд овардашударо тариқи «Телевизиони Ленинобод» намоиш диҳам ва таваҷҷуҳро ба он ҷалб созам, ки овозаҳои мухолифин туҳмату буҳтон буда, мардум ҷонибдори сулҳу ваҳдат ва оромии ҷомеаи соҳибистиқлол аст, на табаддулоту қудратхоҳӣ.
Он рӯзҳо кӯчаю хиёбонҳои шаҳри Хуҷанд пур аз техникаҳои ҳарбии қувваҳои сулҳдӯст буданд. Ҳар шахси дар кӯчаю хиёбонҳо равуо мекардагӣ зери назорати махсус қарор дошт.
Ба иҷлосия ба ҷуз вакилони мардумӣ шахсони зиёд бо умеди калон омада буданд. Дар он шароити барои мардуми кишвар сангин нигоҳ доштани ҳамаи онҳо дар меҳмонхонаю хӯронданашон кори басо мушкил буд. Шаби 16-уми ноябр шахсиятҳои маъруф сарҷамъ шуда, ба қароре омаданд, ки фардо ҷамъомади фаъолони хоҷагии халқи ҷумҳуриро доир намоянд ва гуфтугузори хоса баргузор созанд. Бо ҳамин вакилони халқ ва онҳоеро, ки барои кори иҷлосия ширкаташон лозиманд, нигоҳ доранду бо дигарон хайра мақдам гӯянд.
17-уми ноябр дар Қасри Арбоб маҷлиси фаъолони хоҷагии халқи ҷумҳурӣ баргузор шуд. Ба қаср воридшавӣ озод буд ва дохили қасрро кормандони амният назорат мекарданд.
Дар президиуми маҷлис шахсиятҳои шинохтаи вақт ҷой гирифтанд. Танҳо курсии Раиси Комиҷроияи вилояти Кӯлоб холӣ буд. Эмомалӣ Раҳмонро аз толор ба президиум даъват намуданд, вале ӯ ба боло баромаданро қабул накард. — Ҳоло ман барои он ҷо нишастан хизмат накардаам, дар толор ҳамроҳи дигарон менишинам, — гӯён рад намуд.
Маҷлис оғоз ёфт. Баъзе намояндаҳо аз манотиқи гуногуни кишвар сухан гуфтанд. Баъд сухани навбатиро ба Раиси Комиҷроияи вилояти Кӯлоб Эмомалӣ Раҳмон доданд. Ҳангоми суханронии ӯ толорро хомӯшӣ фаро гирифт. Сухан санҷида мегуфт, аз ваҳдату якпорчагии ин марзу бум. Баромади пурмуҳтавояш тариқи телевизион ва радиои вилояти Ленинобод ба мардуми вилоят паҳн гардид.
Аз суханрониҳои ӯ дар дили мардуми ташнаи сулҳу ваҳдат дилгармӣ ба вуҷуд омад. Аз он лаҳза мардум нисбат ба ӯ эътиқод оварданд ва дар симояш ватандори асили ҷоннисорро эҳсос намуданд.
18-уми ноябр иҷлосия ба кори худ идома бахшид. Дар он танҳо вакилони халқ, журналистони хориҷу кишвар, муаллифони лоиҳаи рукнҳои муқаддаси давлатдорӣ - Парчаму Нишони давлатӣ ширкат варзиданд.
Тибқи супориш ман ҳар рӯз аз ҷараёни кори иҷлосия телефонӣ гузориш медодам ва гузоришҳо ба воситаи «Телевизиони Кӯлоб» ба мардум расонда мешуд. Дар толорҳои қаср барои журналистон шароити хуб муҳайё карда буданд, вале он лаҳза ба тамоми дунё гуфтугӯ кардан осонтар буд, ба ҷуз вилояти дар муҳосира қарордоштаи Кӯлоб.
Бо назардошти вазъият маслиҳат доданд, ки фиттаҳои кори иҷлосияро дар ҳар се рӯз аз журналистони «Телевизиони Ленинобод» гирифта, ба Кӯлоб бараму тариқи «Телевизиони Кӯлоб» намоиш диҳам. Кори се рӯзи аввали иҷлосия ҳамин тавр инъикос ёфт. Ба Кӯлоб омада, фиттаҳоро аз соати 1000 то соати 1700 се рӯз аз тариқи телевизион намоиш додем.
Хушбахтона, рӯзҳои дигар мушкилот ҳал гашт. Бо ташаббуси котиби Комиҷроияи вилоят Айнулло Неъматов ва дастгирии сардори Раёсати истеҳсолӣ — техникии алоқаи вилояти Ленинобод Р. Бобоҷонов намоиши «Телевизиони вилоятии Ленинобод» тариқи шабакаи «ОРТ» — и Россия ба вилояти Кӯлобу шаҳри Душанбе пайваст карда шуд. Акнун сокинони кишвар метавонистанд ҳар рӯз аз соати 1800 ҷараёни кори иҷлосияро тамошо кунанд.
Таи рӯзҳои баргузории иҷлосия баҳсу музокираҳои зиёд сурат гирифт. Вакилони халқ барои зарурати аз сохтори идоракунии президентӣ ба сохтори идоракунии парламентӣ гузаштан қарорҳои дахлдор қабул карданд ва ҳамин тавр, Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуда, кори иҷлосияро бо ақлу заковат пеш бурд.
Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми 15 рӯзи кори пурсамараш бо ақлу хиради вакилон қарорҳое қабул кард, ки бинои давлату ҳукуматро тарҳрезӣ намуда, ба мақсаду мароми мардуми кишвар созгор меомад. Аз ҷумла, охирин қарори қабулнамудаи иҷлосия дастгирии дархостҳои мардуми водии Вахш — минтақаи аз ҳама ранҷу азобкашидаи сокинонаш ба хориҷи кишвар бештар гуреза шуда, бобати муттаҳид сохтани ду вилоят — вилоятҳои Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб буд, ки 2-юми декабри соли 1992 ба имзо расид.
Шералӣ ЯҲЁЕВ,
собиқадори матбуот