Ҳамовозӣ ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳидоятҳои созандаю насиҳатҳои падарона

№22 (4762) 16.02.2024

53425208317_7e069459eb_oПаёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии мамлакат, ки санаи 28 декабри соли 2023 ироа гардид, сокинони кишвар хеле самимона пазируфтанд.

Ҳангоми ироаи Паём Сарвари дурандешу мардумсолори мо ба саҳми арзандаи соҳибкорони бонангу номус ва миллати куҳанбунёду хирадпешаи тоҷик дар тақвиятбахшии корҳои ободонию созандагӣ дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ ва сари вақт амалигардонии барномаҳои давлатии рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат баҳои баланд дода, арзи сипос баён намуданд.

Ҳангоме ки ҳар фарди ватанхоҳ ба суханҳои пурмеҳру самимии Пешвои миллат ва дастурҳои ояндасози ин абармарди сиёсат бодиққат гӯш медиҳад, шукр аз он мекунад, ки Худованд ба бахти халқи заҳматкаши тоҷик чунин як Роҳбари қадршиносу мардумсолор ва дилсӯзу ояндабинро додааст.

Солҳои соҳибистиқлолӣ ҳар фарди бохиради ҷомеа шоҳиди бевоситаи он аст, ки тамоми муаммоҳои иқтисодию иҷтимоии ҷойдошта зина ба зина ҳалли худро ёфта истодаанд ва Тоҷикистон ҳамчун як давлати рӯ ба рушду босубот дар арсаи байналмилалӣ ҷойи сазовори хешро ишғол карда истодааст.

Дар паёмҳои ҳарсолаашон Президенти мамлакат бо далелҳои раднашаванда аз тадбирҳои андешидашуда нисбати дигаргунсозиҳои иқтисодӣ, тақвиятбахшии корҳои ободонию созандагӣ ва зина ба зина фароҳам овардани шароити мусоид баҳри ноил шудан ба ҳадафи олӣ — таъмини зиндагии шоистаи ҳар як сокини мамлакат ҳисобот медиҳанд. Аз ҷумла, чуноне дар Паёми нав­батӣ таъкид гардид, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар дар соли 2023 нисбат ба соли қаблӣ 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонда шуд.

Ба ин мақсад соли 2023 танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард сомонӣ равона карда шудааст, ки нисбат ба соли 2022-юм 5,3 миллиард сомонӣ зиёд мебошад.

Дар 7 соли охир суръати рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоби миёна 7,5 фоизро ташкил дода, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 1,5 баробар зиёд гардидааст, ки ин беҳтарин нишондиҳанда дар байни давлатҳои минтақа ва ИДМ мебошад.

Музди миёнаи меҳнат бошад, беш аз 2 баробар ва андозаи нафақаи ниҳоӣ 1,9 баробар зиёд гардидааст. Бо вуҷуди болоравии нархҳо дар бозорҳои ҷаҳонӣ солҳои охир дар кишвар сатҳи таваррум муътадил нигоҳ дошта шуда, соли 2023-юм он ба 3,8 фоиз баробар шудааст.

Тайи ду даҳсолаи охир сатҳи зиндагии мардуми кишвар тадриҷан беҳтар гардида, нишондиҳандаи сатҳи камбизоатӣ аз 83 фоизи соли 1999-ум то 62 фоиз дар соли 2023 паст карда шуд.

Дар натиҷаи амалисозии тадбирҳои зикргардида сатҳи камбизоатӣ аз 29,5 фоизи соли 2017 то 21,2 фоиз дар соли 2023 коҳиш дода шуд ва ҳангоми ироаи Паём Роҳбари давлат ба Ҳукумати мамлакат дастур доданд, ки ҷиҳати дар 7 соли минбаъда то ба 10 фоиз паст кардани сатҳи камбизоатӣ, чораҳои мушаххасро амалӣ намояд.

Дар натиҷаи амалисозии барномаҳои созандаи Ҳукумати мамлакат қисми даромади буҷети давлатӣ сол ба сол зиёд гардида, соли 2023 ҳаҷми он нисбат ба соли 2017-ум 1,6 баробар афзоиш ёфтааст, ки ин омилҳо, бешубҳа, барои боло бурдани хусусияти иҷтимоии буҷети давлатӣ шароити заруриро фароҳам меоварад.

 Ба андозаи 1,9 баробар афзудани хароҷоти соли 2023 барои илму маориф, тандурустӣ ва дигар соҳаҳои иҷтимоии кишвар нисбати соли 2017 ва то ба 18,5 миллиард сомонӣ расондани он далели раднопазири ин гуфтаҳост.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки тибқи Паём роҳбарияти олии мамлакат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии соҳаҳои иҷтимоӣ ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар аз ҳисоби буҷети давлатӣ тадбирҳои саривақтиро амалӣ мегардонанд. Аз ҷумла, 9 январи соли равон Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти рақами 671 ба имзо расид, ки тибқи он, аз 1 январи соли 2024 маоши вазифавӣ (меъёрҳои тарифӣ)-и хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва кормандони дигари ин мақомот ба андозаи 40 дарсад, аз 1 июли соли 2024 маоши вазифавии кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, ­тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва ташкилотҳои дигари буҷетӣ 40 дарсад, стипендияҳои амалкунандаи донишҷӯён ва намудҳои дигари стипендия, аз ҷумла стипендияҳои президентӣ (ба ғайр аз курсантҳои муассисаҳои олии ҳарбӣ ва Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон), ба андозаи 40 дарсад зиёд карда шуда, нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин, иловапулӣ ба онҳо дар ҳаҷми 30 дарсад аз андозаи муқарраршудаашон индексатсия (зиёд) карда мешаванд.

 Баҳри иҷрои ин ҳадафҳо Вазорати молия вазифадор карда шудааст, ки якҷо бо сохтору мақомоти дигари дахлдор ҷиҳати таъмин намудани нишондиҳандаҳои қисми даромади буҷети давлатӣ, самаранокии хароҷоти он ва фарогирии пурраи сарчашмаҳои имконпазири даромади буҷет раванди рақамикунонии молияву андозро густариш бахшида, дар муҳлатҳои наздиктарин низоми мукаммали муносибатҳои молияи рақамиро роҳандозӣ намояд.

Ҳамчунин, ба вазоратҳои молия, рушди иқтисод ва савдо, Бонки миллӣ ва дигар вазорату идораҳо хеле бамаврид дастур дода шудааст, ки дар ду соли минбаъда низоми пардохтҳои ғайринақдиро дар ҳамаи соҳаҳо, аз ҷумла нуқтаҳои савдою хизматрасонӣ, пурра ҷорӣ карда, ҳамгироии фаъолиятро дар ин самт таъмин намоянд.

Дар ҳама давру замон муваффақона амалишавии тамоми дигаргунсозиҳои иқтисодию иҷтимоӣ аз натиҷаи тадбирҳои дар самти сиёсати молиявию қарзӣ андешидашаванда вобастагии куллӣ дорад ва ҳангоми ироаи Паём Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон ба масъалаҳои такмилдиҳии сиёсати молиявӣ, қарздиҳии бонкӣ, рақамикунии иқтисодиёт, ҷилавгирӣ намудан аз тамоми зуҳуроти бюрократию коррупсионӣ бобати дастгирии рушди соҳибкорӣ, таҳияи барномаҳои умумидавлатию минтақавӣ ҷиҳати тақвиятбахшии корҳои ободонию созандагӣ, алалхусус баҳри рушди саноат ва таъсисдиҳии ҷойҳои иловагии корию коҳиш додани муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандон, дастурҳои заруриро доданд.

Дар Паёми навбатӣ низ ба ­масъалаи тарбияи ахлоқию хештаншиносии ҷавонон, баланд бардоштани сатҳу сифати дониши онҳо эътибори махсус дода шуд. Сарвари давлат ба кулли ҷавонони кишвар бобати қадршиносӣ намудани эшон нисбати волидайни хеш, бо истифода аз оятҳои Қуръони карим ва панду ҳикматҳои бузургон насиҳатҳои волои падарона доданд, ки ин суханҳои гавҳарбор боиси ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта хоҳад шуд.

- Мову Шуморо аввал Худо, баъд модар ба дунё овардааст ва баҳри ба воя расондани ҳар як фарзанд падару модар заҳмати зиёд мекашанд. Аз ин лиҳоз, фарзандонро зарур аст, ки ба қадри ин гавҳарҳои ноёб расанд, — таъкид доштанд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Таъкид кардани онро низ зарур мешуморам, ки чунин дастурҳои манфиатовару панду насиҳатҳои гавҳарбори падаронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба мардум, алалхусус наслҳои оянда, на ҳама сарварони давлатҳои олам ба халқи хеш дода метавонанд.

Хурсандиовар он аст, ки пас аз ироаи Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аллакай чандин амру фармонҳо ва нақшаи чорабиниҳои Ҳукумат, вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ таҳия гардида, мавриди иҷро қарор дода шуда истодаанд ва назорати ҷиддии раванди амалишавии дастурҳои додашуда боиси ҳаллу фасли муаммоҳои мавҷудаи рушди босуботи кишварамон гардида, моро ба иҷрои муваффақонаи ҳамаи ҳадафҳои неки созандаамон наздик менамояд.

Боварии комил дорам, ки ҳар фарди дурандешу ватандӯсти тоҷик аз гуфтаҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хулосаи даркорӣ бароварда, ҷиҳати иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои дар Паём додашуда саҳм мегузоранд ва дар якҷоягӣ мо метавонем баҳри дар арсаи байналмилалӣ нек муаррифӣ гардидани ин кишвари биҳиштосо ва ҳар чӣ зудтар ноил шудан ба ҳадафи олии Ҳукумат — таъмини зиндагии шоистаи ҳар як сокини мамлакат мусоидат намоем.

Карамулло ОДИЛОВ,

собиқадори хизмати давлатӣ, Корманди шоистаи Тоҷикистон