Ифодаи ҳамдигарфаҳмиву ҳамзистӣ

№82-83 (4665-4666) 23.06.2023

Чунин таҳаввули мафҳум ваҳдати миллиро фарогиру устувор мегардонад ва имкон фароҳам меорад, ки ба ҳайси унсури муҳимтарини худшиносии миллӣ густариш ёбад

Коллаж (2)Таърих ва тақдир миллати моро дар саргаҳи эълони соҳибихтиёрӣ ва муайян намудани мазмун ва муҳтавои табиати давлатдорӣ ба мушкилоти ҷиддӣ мувоҷеҳ кард. Мардум дар заминаи фурӯравии низоми идора аз дороиҳои зиёди маънавӣ, моддӣ ва арзишҳои бун­ёдии худ маҳрум гашта, ин ҳолат халқро ба парокандагӣ, аркони давлатиро фалаҷ кард.

 Собит шуд, ки истиқлолияти давлатӣ танҳо бо қабули Эъломияи соҳибихтиёрӣ ва ё дигар ҳуҷҷатҳои расмӣ ба анҷом намерасад. Барои пойдории истиқлолият ва ташкили давлати мустақил, ки тавонад ба ҷомеаи ҷаҳонӣ халқро ҳамчун иттиҳодияи устувори сиёсӣ бо фарҳангу унсурҳои миллиаш муаррифӣ кунад, ҳаққи таърихӣ ва замонавии ӯро ҷиҳати мавҷудияти сиёсӣ ва ҳуқуқияш эътироф намоянд, қабл аз ҳама, Пешвои оқилу ва ҷасур лозим буд. Ҳамчунин, мебоист барои шаклгирииву таҳкими истиқлолияти давлатӣ корҳои муҳими ташкилӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқию фарҳангӣ ба анҷом расанд. Ин ҳолатро ҷомеаи Тоҷикистон дар аввали солҳои 90-уми асри ХХ шоҳид гардид.

 Дар бораи соҳибихтиёрӣ зиёд мегӯянду менависанд, вале шарҳу тавзеҳ дода намешавад, ки он хусусияти давлати соҳибистиқлол дар салоҳиятҳо, манфиатҳои миллӣ ва таносуби қувваҳо дар сиёсати хориҷӣ ва дохилӣ мебошад. Ҳангоми шарҳу тавзеҳи соҳибихтиёрӣ мафҳуми ҷаҳонишавӣ бо маънои иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангии он ва робитаи умумии онҳо бо равандҳои ҷаҳонӣ ва нақши танзимкунандаи давлат, ҳамчун воҳиди фаъолу мустақили сиёсӣ дар ҳифзи на танҳо анъанаҳои миллӣ ва фарҳангӣ, балки ҳифзи якпорчагӣ ва ­сохти конститутсионии давлат низ набояд фаромӯш шавад, ки он як навъ падидаи сиёсӣ — ҳуқуқӣ мебошад. Аз назари мутахассисони илми ҳуқуқ ва сиёсатшиносон, истиқлолияти давлатӣ соҳибихтиёрии сиёсии иттиҳоди одамони озод аст, ки дар дохил ва хориҷ сиёсати мустақили молӣ, иқтисодӣ, ҳуқуқӣ ва сиёсиро амалӣ менамоянд. Истиқлолияти давлатӣ сарчашмаи худро аз соҳибихтиёрии давлат мегирад. Дар навбати худ, соҳибихтиёрии давлатӣ як навъи соҳибихтиёрии умумӣ буда, ба се навъ халқӣ, миллӣ ва давлатӣ тақсим мешавад.

 Соҳибихтиёрии халқӣ ба усули идораи халқӣ такя менамояд, ки дар он манбаи ҳокимияти сиёсиро халқ — шаҳрвандони кишвар ташкил медиҳанд. Нуктаи муҳим ва калидии соҳибихтиёрии халқӣ интихоботи озод, мавҷудият ва рушди парламентаризм ба ҳисоб меравад.

 Соҳибихтиёрии миллӣ ин ҳуқуқи миллат ҷиҳати мустақиман, бе дахолати беруна муттаҳид шуда, таъсис додани давлати мустақил ва муайянкунии мақоми сиёсии худ аст.

 Соҳибихтиёрии давлатӣ зинаи охирини соҳибихтиёрист, ки мустақилияти давлатро дар дохил ва хориҷ муаррифӣ менамояд. Танҳо давлати соҳибихтиёр ҳуқуқи дар муносибатҳои байналхалқӣ ҳамчун субъекти мустақил баромад карданро дорад. Дастрасии ҳуқуқӣ ва амалӣ ба ин се навъи соҳибихтиёрӣ дар маҷмӯъ халқу миллатҳоро ба истиқлолияти давлатӣ мерасонад.

 Мутаассифона, бинобар сабабҳои объктивӣ ва субъективӣ дар ин марҳила соҳибихтиёрии кишвари мо зери суол рафт. Хуб дар хотир дорем, ки он вақт кишвар «марказ»-и талошҳои сиёсӣ ва муноқиша гардид. Бенизомӣ, бесарусомонӣ, беқонунию беҳокимиятӣ ҳукмрон буд, бар муноқишаҳо ба халқ хисороти зиёд расид. Ҳазорҳо манзили истиқоматӣ, иншооти маорифу тандурустӣ, фарҳангӣ, муассисаю корхонаҳо хароб шуда, ғорати амволи давлат ва мардум авҷ гирифт.

 Роҳбарият ва масъулони давлат дар даврони эълони истиқлолият аз имкониятҳои мавҷуда дуруст истифода накарда, истиқлолиятро ҳифз карда натавонистанд, инчунин вазифаҳо ва мундариҷаи фаъолияти давлатро дар ин марҳилаи сарнавиштсоз дуруст муайян накарда, тавассути таъмини тавозуни манфиатҳои гурӯҳҳои мухталифи ҷомеа натавонистанд онро барои ба даст овардани ҳадафҳои созандаи умумимиллӣ сафарбар созанд. Ҳукумати вақт ҳанӯз таҷрибаи кору муносибат бо чунин ҳолатҳои изтирориро надошт ва ин имкон дод, ки вазъият рӯз то рӯз дар марказ ва баъзе аз минтақаҳои кишвар муташанниҷ гардад ва ниҳоят, ба кушта шудани чанд нафар шахсиятҳои маъруф ва аз ҷониби неруҳои манфиатдор ғайриқонунӣ ғасб гардидани ҳукумат замина гузорад. Моҳи майи соли 1992 бо талаби неруҳои мухолифин Ҳукумати муросои миллӣ ба фаъолият оғоз намуд, вале ба иллати шомил гардидани шахсони тасодуфӣ ва ғайриҳирфаӣ ба ҳайати он ҳалли масъалаҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ мураккаб ва вазъият боз ҳам ноором гардид.

 Тавре Ҷаноби Олӣ муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд: «Дар он айёми вазнину мудҳиш фаъолияти сохтору мақомоти давлатӣ пурра фалаҷ гардида, низоми идоракунии давлатӣ амалан барҳам хӯрда, Конститутсия ва дигар қонунҳо поймол ва дар кишвар фазои беҳокимиятиву хушунату зӯроварӣ ҳукмфармо гардида буд. Бузургтарин фоҷиа дар он рӯзҳо хатари аз байн рафтани давлати ҷавони тоҷикон ва пароканда гардидани миллати тоҷик буд».

 МУЗОКИРОТ БО МУХОЛИФИН ТИБҚИ ТАЛАБУ ДАРХОСТ ВА МАЙЛУ ИРОДАИ ХАЛҚ ОҒОЗ ШУД

Дар арафаи Ҷашни Ваҳдати миллӣ бидуни суханпардозӣ, бо истинод ба далелҳои асоснок бозгӯйӣ намудани моҳияти ин ҷашн зарур ва ногузир аст. Хоса, дар шароити кунунӣ, ки бархӯрди манфиатҳо шиддат гирифта, гурӯҳҳои ифротгаро ва равандҳои дигари номатлуб дар шакли нав зуҳур карда истодаанд, ин иқдом муҳим, муфид ва саривақтист.

 Касе инкор карда наметавонад ки Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон мақому манзалати хоса дорад. Бо гузашти солҳо, хоса бо назардошти ҳаводиси ҷаҳони муосир, моҳияти ин рӯйдоди таърихӣ барои мардуми тоҷик тамоюли афзоишро касб намуда, ҷойгоҳи онро бамаротиб боло бурд. Аз ин нуктаи назар, Роҳбари мамлакат созишномаи мазкурро бо Эъломияи Истиқлолияти давлатии мамлакат ҳамрадиф медонанд.

 Далели раднопазир аст, ки агар чунин тасмим гирифта намешуд, бадбиниву таҳдид ва душманҷӯиву сангаргирӣ бештар доман паҳн менамуд. Бегуфтугӯ, дар чунин айёми ҳассос ва сарнавиштсоз нишастан ба сари мизи гуфтушунид ягона роҳи аз нобудӣ раҳоӣ бахшидани давлати тозаистиқлоли тоҷикон ва наҷоти миллат аз парокандагӣ буд.

Далели раднопазир аст, ки меъмори Кохи Ваҳдати миллӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Дар асоси қонуни конститутсионӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, эътироф шудани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон идомаи мантиқии арҷгузорӣ ва муҳаббатномаи тоҷику тоҷикистониён ба фарзанди фарзонаи миллат аст.

 Дар бораи раванди музокирот ва имзои ин ҳуҷҷати ба маънои том сарнавиштсоз зиёд гуфтаанду навиштаанд ва намехоҳам андешаҳоям такрори назари дигарон бошад. Агар ба он солҳои муд­ҳиши сипаришуда мунсифона назар намоем, бешак иқрор хоҳем шуд, ки он имтиҳони ҷиддӣ буд, ки халқи тоҷик зери роҳбарии Пешвои худ аз он на танҳо бо сарбаландӣ гузашт, балки рисолати давлатсозию давлатдориро дар сатҳи хубу сифати баланд иҷро намуд. Ин даст­овард, ба назари инҷониб, ба омилҳои асосӣ — дар лаҳзаи барои халқ муҳим ва тақдирсоз интихоби дурусти Роҳбар, яъне нақши Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олӣ ва Пешвои ҳақиқии миллат, ки дард ва иллатҳои иҷтимоӣ ва сиёсиро сари вақт дарк намуда, ҷиҳати ислоҳи онҳо фидокорона мубориза бурданд, вобаста мебошад.

 Дар он шароити ниҳоят ҳассос ба шарофати иродаи матин, ақлу заковати муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар шуд, ки ба низои дохилӣ хотима бахшида, мардуми парокандаи кишвар сарҷамъ шаванд. Маҳз дар ин замина Комиссияи оштии миллӣ таъсис ёфта, қарорҳои он тавассути мақомоти олии конститутсионӣ — Президент, Маҷлиси Олӣ ва Ҳукумати кишвар амалӣ гардиданд. Гузашти бисту шаш сол ва ҳаводиси ҷаҳони муосир собит намуданд, ки механизми зикргардида бозёфти нодири ҳалли низои дохилӣ мебошад. Вобаста ба ин масъала Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин зикр намудаанд: «Вазифаи муҳимтарин ва фаврии Ҳукумати навтаъсис ҳар чӣ зудтар хотима бахшидан ба ҷангу хунрезӣ, барқарор кардани фаъолияти комилан фалаҷшудаи сохтору мақомоти давлатӣ, ба Ватан баргардонидани гурезаҳои иҷборӣ ва таъмин намудани онҳо бо шароити зарурии зиндагӣ ва кор буд. Дар ин раванд, фароҳам овардани фазои мусоид барои музокироти ҷонибҳо низ аз ҷумлаи корҳои аввалиндараҷаву бетаъхир ба шумор мерафт. Мо музокироти сулҳро бо мухолифини мусаллаҳ бо талабу дархост ва майлу иродаи халқи азизамон, ба хотири қатъи хунрезиҳои даҳшатнок, ҳифзи ягонагии миллат ва нигоҳ доштани якпорчагии давлатамон оғоз кардем».

Ин таҷрибаи таърихӣ имкон дод, ки ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ бартараф карда шуда, нақши сарвари сиёсӣ ҳамчун шахсияти таърихӣ дар он эътироф гардад. Бо ёдоварии ин рӯзҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон чунин гуфтанд: «Давлату давлатдорӣ як мафҳуми назариявӣ набуда, он маҳз бо мавҷудияти рукнҳои амалии давлат маъно пайдо мекунад. Шоҳидон дар ёд доранд, ки дар он рӯзҳои вазнину мудҳиш тамоми ниҳодҳои марказӣ ва маҳаллии давлатдории мо пурра фалаҷ гашта, низоми идоракунии давлатӣ барҳам хӯрда буд. Бинобар ин, барқарор кардани аркони амалии давлат талошу заҳмати зиёдро талаб мекард. Мо ­тавонистем дар кӯтоҳтарин замон ниҳодҳои асосии давлатиро эҳё ва барқарор намоем».

 АЗ ТАҒЙИРИ МАВҚЕЪ ТО НОУҲДАБАРОӢ

Ба ақидаи доктори илмҳои фалсафа Р. Ҳайдаров: «Буҳрони сиёсие, ки дар авоили солҳои 90-уми асри ХХ ҷумҳурии моро фаро гирифт, метавонист боиси аз даст додани истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва аз харитаи сиёсии ҷаҳон ихроҷ шудани кишвари мо гардад. Дар ин марҳилаи бениҳоят ҳассос муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд тамоми қишрҳои иҷтимоӣ, гурӯҳҳои сиёсиву иқтисодиро ба хотири як ҳадаф — ҳифз ва таҳкими истиқлолияти давлатӣ гирди ҳам оваранд» .

Вобаста ба хусусияти низоъҳои шаҳрвандӣ ва нақши сарварони сиёсӣ дар ҳалли онҳо сиёсатшинос А.Комилбек чунин назар дорад: «Агар аз диди назарияҳои классикии низоъ ба масъала назар афканем, пас муайян намудан мумкин аст, ки дар низоъҳои сиёсӣ ҳокимият объекти низоъ ба ҳисоб рафта, барои ба даст овардани он мубориза шадид аст. Дар ҳолати низои тоҷикон ҳам ин омил ҷой дошт. Маълум буд, ки мухолифин на барои амалӣ намудани манфиатҳои ақидагии худ, ки асосан татбиқи ғояи исломи сиёсиро дар бар мегирифт, талош мекард. Ин фақат шиор барои ба даст овардани ҳокимият дар Тоҷикистон буд. Мавқеи қудратталабонаи онҳо дар раванди музокирот баръалотар ва майлашон барои соҳиб шудан ба захираҳои идоракунӣ ва ҳокимият маълум буд. Яъне, онҳо тайёр буданд бар ивази ҷой гирифтан дар сохторҳои ҳукуматӣ аз ғояи меҳварии худ даст кашанд. Ин майли онҳоро дарк намуда, Сарвари давлат ба иқдоме розӣ шуданд, ки онро таҷрибавӣ ҳам гуфтан мумкин аст» .

Раванди мазкурро таҳлил намуда, ноиби президенти Академияи миллии ­илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои сиёсӣ Абдураҳмон Муҳаммад гуфт: «Албатта, тақсимоти ҳокимият дар назарияҳои сиёсии муосир ба хотири сулҳу салоҳ ва оромии ҷомеа ба назар гирифта мешавад, вале он бештар дар равандҳои муколама ва хотири муътадил гардонидани вазъ ва анҷоми хуби гуфтушунид мебошад. Таҷрибаи Тоҷикистон нишон дод, ки касбияти оппозитсия, тақсимоти мансабҳо байни сарварони минтақавии онҳо ва аз уҳдаи кор набаромадани аксарияти ба сари мансаб омадагон дар муҳлати чанд сол вазъиятро боз мушкил гардонид. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, чунин таҷрибаи тақсимоти мансабҳо барои ба даст овардани сулҳу салоҳ нишон дод, ки агар аз як ҷониб, ба раванд оромии ҷомеа таъсиргузор буд, аз тараф дигар, дар муддати начандон тӯлонӣ маълум гашт, ки аксарияти кадрҳои аз тарафи ИНОТ барои вазифаҳои давлатӣ пешниҳодгардида, ба истилоҳ «намояндагони 30 — фоиза» аз уҳдаи вазифаҳо баромада натавонистанд .

АГАР ХИРАД ВА ДОНОӢ НАБОШАД, ҚУДРАТ ҲАМ БА ВУҶУД НАМЕОЯД

Ин нуктаи муҳим дар давлатсозиву давлатдории муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон меҳвар буда, дар ҳама самтҳо комёбанд. Эътироф бояд кард, ки дар баробари тундбоди ҳаводис истодан, муқовимат кардан осон нест. Хушбахтона, ин Родмард мисли кӯҳ устувору побарҷоанд. Аввал, ба сифати Раиси Шӯрои Олӣ ва баъдан, ҳамчун Президенти кишвар, ин шахсият давлатро сохтанд. Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ қонуну қарорҳое қабул кард, ки ба эҳёи фаъолияти мақомоти давлатӣ рабт доштанд. Пас аз Президент интихоб шудан муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни давлатсозӣ ба бунёдгузори давлати миллӣ табдил ёфтанд. Замона, вазъият, муборизаҳо дар кураи низоми идоракунии президентӣ ин шахсиятро обутоб доданд. Ба касе пӯшида нест, ки Пешвои миллат давра ба давра заминаҳои маънавӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва сиёсии бунёди давлати мустақили тоҷиконро тарҳрезӣ карданд.

Ба андешаи мо, яке аз сабабҳои бадбахтии солҳои навадуми асри гузашта набудани пешво буд. Бо дарки масъулият мегӯям, ки агар дар он давра роҳбаре чун Эмомалӣ Раҳмон мебуд, шояд ҷанг намешуд. Пеш аз он кас ҳам роҳбарон буданд, лекин натавонистанд ҷомеаро идора кунанд. Муваффақияти бузургтарини Иҷлосияи XVI Шӯрои Олиро дар он мебинам, ки шахсеро барои роҳбарӣ интихоб кард, ки тавонист рисолати давлатдориро бар дӯш гирифта, мардуми парокандаро муттаҳид кунад, гурезаҳоро ба Ватан баргардонад ва аркони фалаҷшударо аз нав бунёд намояд.

Бо вуҷуди роҳи ноҳамвори давлатдорӣ ва сатҳи печидаи таъмини ҳуқуқу озодиҳо дар масири таърих то имрӯз истиқлолияти давлатӣ ягона воситаи муҳим ва муассири эътироф ва эҳтироми ҳаққи худмуайянкунии халқу миллатҳост. Аз ин нуқтаи назар, барои ҳар шахс, ки имрӯзу фардои худро дар мизони хирад баркашидааст, қудрати дарки неку ­бадро доро аст, неъмате бузург, гиромӣ ва муқаддастар аз ваҳдати миллӣ буда наметавонад. Барои миллати соҳибтаърихи тоҷик, ки пас аз садҳо соли бедавлатӣ дигарбора соҳиби давлати соҳибистиқлол гардид, ин ҳодиса на як рӯйдоди одии таърихӣ, балки мояи ифтихор ва масъулияти азим дар назди гузашта, имрӯза ва ояндаи хеш аст.

ЗАНГӢ БА ШУСТАН НАГАРДАД САФЕД

Аз нимаи дуюми садаи нуздаҳум доҳиёни тозазуҳур ба дини мубини ислом қабои сиёсӣ пӯшонида, ба барномарезиҳо, ки ҷузъе аз бозиҳои геополитикӣ ба ҳисоб мерафт, пайвастанд. Он айём раванди мавриди назар ба марҳилаи сифатан нав ворид гардида, аз лиҳози моҳият ба стратегияи сиёсати хориҷии баъзе абарқудратҳо табдил ёфт. Дар ин раванд таъсиси гурӯҳҳои муташаккили динӣ аз ҳисоби насли нисбатан ҷавони ифротгаро ва дар ин замина ба вартаи нобудӣ расонидани давлатҳои мавриди таваҷҷуҳ меҳвар буд. Ба ибораи дигар, дар ташкилоти сохтаи манфиатхоҳони минтақавию хориҷӣ рӯҳияи миллӣ ва арзишҳои милливу давлатӣ ба ҳошия рафта, беҳувият намудани инсонҳо ҳадафи асосӣ ба ҳисоб мерафт.

Мутаассифона, дар марҳилаи аввали соҳибистиқлолӣ хурофоту таассуби мазҳабӣ дар қиёс ба арзишҳои милливу давлатӣ авлавият пайдо карда, пайомади фоҷиабори он ҳоҷат ба шарҳу тавзеҳ надорад. Мақсад аз сиёсатбозӣ, суханпардозӣ, ва бечоранолии ба ном мухолифин ба даст гирифтани қудрати сиёсӣ буд. Ҳарчанд дар кору пайкори ин тоифа мафкураи бегона меҳвару ҷавҳар буд, вале бо истифодаи «технология»-и нав хешро наҷотбахши миллат вонамуд карданд. Чоплусӣ, дурӯғгӯйӣ дар вуҷуди онҳо реша давонида, бо чарбзабонӣ мехостанд мардумро ба худ моил созанд.

 Вале ҳақиқатро магар метавон бо дурӯғ рӯйпӯш кард? Ҳаргиз, ҳар касе он даравад, оқибати кор, ки кишт. Чун пардаи аз чеҳараи манфурашон бардошта шуд, дар зиндагиномаи онҳо пайдо кардани ҷанбаҳои мусбат ҷустани сӯзанро дар ғарами алаф мемонад.

 Он замон аз даст додани зиракии сиёсӣ боис гардид, ки 150000 нафар нобуд, 1,5 миллион кас фирорӣ шуда, мавҷудияти миллату давлати тоҷиконро зери суол равад. Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 60 фоиз коҳиш ёфта, касри тавозуни пардохт 30 фоиз афзуда, сатҳи таваррум ба дараҷаи аз ҳама баланд (гиперинфлятсия) 2100 фоиз ва сатҳи камбизоатии аҳолии кишвар ба 80 фоиз расид. Қарзҳои берунӣ ва дохилӣ босуръат афзоиш ёфта, дар бозори истеъмолӣ маҳсулоти хӯрока ва молҳои аввалиндараҷаи ниёзи мардум ниҳоят камчин шуданд. Ин ҳолат вазъи умумии иҷтимоию сиёсиро муташанниҷ гардонида, шиддати иҷтимоиро қувват бахшид.

 То ҳанӯз пасмондаҳои ин тоифа таблиғгари мафкураи бегонаанд. Бо каломи «бадеъ» онҳо доми фиребу найранг густурдаанд, то сайди ноогоҳ ва ғофилро ба даст оваранд. Бо вуҷуди дар ду олам шармсор будан даст аз ҳарзагӯӣ ва бечоранолӣ набардоштаанд. Ба ибораи дигар, «кор»- и ин тоифа «аз гиря гузашта» бошад ҳам, ин бешарафон механданд. Барои эшон дигар даво пайдо кардан амрест маҳол. Шояд дар дунёи сонӣ ислоҳ шаванд, аммо барои имрӯз онҳо худро комилан бохтаанд. Садҳо далел мавҷуд аст, ки сабаби асосии аланга задани оташи ҷанги бародаркуш бархӯрди ду идеологияи тоталитарӣ — идеологияи коммунистӣ бо исломи сиёсӣ буд. Мардуми шарифи кишвар бо чашмони сар диданд, ки ин тоифа дар заминаи «қонун»- ҳои асримиёнагии ба ном шариативу дар асл хурофотӣ кору пайкор менамуданд.

 Бо хулоса аз ин бояд тамоми кӯшишҳоро ба харҷ диҳем, то ваҳдати миллӣ ва суботи сиёсӣ осебнопазир бошад. Бояд фаромӯш насозем, ки нотавонбинон вобаста ба вазъияту манфиат метавонанд зоҳири хешро иваз намоянд, вале «зангӣ ба шустан нагардад сафед».

ВАҲДАТ БЕГАЗАНДУ АБАДӢ МЕМОНАД, АГАР…

Хушбахтона, 26 сол аст, ки дар кишвар дигар садои тиру туфанг, нолаи талхи модарон ба гӯш намерасад. Мардум нафаси осуда мекашад ва бо эътимоди комил, бо қалбҳои пур аз умед, орзуҳои наҷиб ба сӯи фардои дурахшон собитқадаманд. Дар шароити кунунӣ вазифаи ҷонӣ, рисолати инсонӣ ва қарзи виҷдони ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ аст, ки барои пойдор нигоҳ доштани сулҳу субот дар ҷомеа, таҳкими ваҳдати миллӣ ва таъмини ҳаёти осоиштаи халқ ҳамеша омода ва беш аз пеш ҷонфидо бошанд.

 Ашхоси аз набзи ҷомеа огоҳ, хоса зиёиён бояд мунтазам шарҳу тавзеҳ диҳем, ки оғози солҳои навадуми асри гузашта ба «шарофат»-и фитнаву дасисаи неруҳои бадхоҳи хориҷӣ авзои сиёсиву иҷтимоии мамлакат муташанниҷ гардида, давлату миллат дар вартаи нобудӣ қарор доштанд. Дасисаҳои душманони дохилию хориҷӣ, таассуб, каҷфаҳмӣ, пайгирии манфиатҳои маҳаллию гурӯҳӣ ва иллатҳои дигар дар кишвари ба тозагӣ истиқлолият пайдокардаи мо оташи ҷанги шаҳрвандиро афрӯхтанд, ки ҳазорон нафар ҳамватанро ба ком кашид. Ватан хароб шудаву тамомияти марзии кишвар зери хатар қарор гирифт. Муҳимтар аз ҳама, бояд ба насли наврас моҳияти ин ҷашн ва саҳми меъмори онро фаҳмонем, то онҳо дарк намоянд, ки чанд сол пештар бо чӣ мушкилот рӯ ба рӯ ва кадом шахсият боис гардид, ки рӯзгори саодатманди онҳо таъмин гардад.

 Эътироф бояд кард, ки дар робита ба ин масъала баъзеҳо ба суханпардозӣ иктифо мекунанд, ки дар натиҷа тадбир­андешӣ барои бегазанд нигоҳ доштани ин неъмати бебаҳо аз мадди назар дур мемонад. Чӣ бояд кард, ки Ваҳдати миллӣ устувор монад?

 Ба ин савол беҳтар аз таъкиди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон посух пайдо накардам: «Ваҳдат дар сурате бегазанду абадӣ мемонад, ки ҳар як шаҳрванди кишвар манфиати милливу давлатиро аз ҳама манфиатҳои дигар боло гузорад, барои иттиҳоду ягонагии ҷомеа талош намояд, ба қадри сарзамини аҷдодии хеш расад ва онро чун модари худ азизу муқаддас шуморад».

Ба ин суханони пурҳикмат чизе илова намудан ҷоиз нест.

Далер АБДУЛЛО,

«Садои мардум»