Интихобот – 2025 тартиби иштироки шаҳрвандон ва ҳизбҳои сиёсӣ

№№1 (4897) 02.01.2025

DSC_1266____Интихобот маъракаи муҳими сиёсии низоми давлатдории демократӣ маҳсуб шуда, ба воситаи он иштироки шаҳрвандон дар ташаккули ҳокимияти давлатӣ таъмин карда мешавад ва унсури таркибии ҳаёти сиёсиву ҷамъиятии кишварҳои мутамаддин ба шумор меояд. Дар амал татбиқ намудани ҳуқуқи сиёсии шаҳрвандон бо ташкилу баргузории  интихобот дар робитаи мустақим  қарор дорад.

Бино ба таҷрибаи давлатҳои мухталифи ҷаҳони муосир ҳуқуқҳои интихоботӣ дар шакли ҳуқуқҳои интихоботии фаъол ва ғайрифаъол амалӣ мегарданд. Ҳуқуқи дар интихобот иштирок намудан, интихоб кардан ва овоз доданро ҳуқуқи интихоботии фаъол меноманд. Чунончӣ, барои иштироки шаҳрвандон дар интихобот қонунгузор синни 18 — ро муқаррар кардааст. Шаҳрвандоне, ки синнашон то рӯзи интихобот ба 18 расидааст, ҳуқуқи дар интихобот ширкат карданро соҳиб мегарданд.

Шаҳрвандон новобаста ба мансубияташон ба миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсилот ва дороии молу  мулк ҳуқуқи дар интихобот иштирок кардан ва интихоб карданро доранд. Дар ин маврид ҳама гуна маҳдудиятҳои табақавӣ, маърифатӣ, нажодӣ, этникӣ, мавқеи сиёсӣ, таҳсил, молу мулк ва ғайра аз байн бардошта мешаванд. Бояд ба назар гирифт, ки шахсоне, ки суд онҳоро ғайри қобили амал донистааст ё бо ҳукми суд дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ нигоҳ дошта мешаванд, инчунин, шахсоне, ки шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз даст додаанд, ҳуқуқи дар интихобот иштирок карданро надоранд.

Интихобкунанда ҳуқуқ дорад озодона дар овоздиҳӣ иштирок намояд. Ба ҳеҷ кас ҳуқуқ дода нашудааст, ки ба интихоби шаҳрванд таъсир расонад ё дахолат кунад. Ғайр аз ин, тибқи меъёри қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон овоздиҳӣ дар интихобот ба таври пинҳонӣ сурат мегирад ва ба изҳори иродаи овоздиҳандагон мудохила намудан манъ аст.

 Ҳуқуқи интихоботии ғайрифаъол дар он зоҳир мегардад, ки шаҳрванд ҳуқуқи интихоб шуданро доро мебошад. Шаҳрвандон имконият доранд, ки  дар синни аз ҷониби қонун муайяншуда ба сифати номзад ба мақоми вакили мардумӣ дар парлумон ва ё дигар зинаи мақомоти намояндагӣ пешбарӣ ва интихоб гарданд.

Тибқи моддаи 28 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, агар синни ӯ аз 30 кам набошад, танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикис­тонро дошта бошад, дорои таҳсилоти олӣ ва забони давлатиро донад, метавонад  ба вакилии Маҷлиси намояндагон номзад пешниҳод шавад.

Моддаи 29 қонуни мазкур муқаррар намудааст, ки узви Маҷлиси миллӣ шахсе интихоб ва таъин шуда метавонад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта, синни ӯ аз 30 кам набошад ва дорои таҳсилоти олӣ буда, забони давлатиро донад.

 Ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ номзадии шахсе ба вакилӣ пешбарӣ карда мешавад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта, забони давлатиро донад ва дар қаламрави вилоят, шаҳр ва ё ноҳияи дахлдор кор ва ё зиндагӣ дошта бошад.

Ба ҳайси номзад пешбарӣ гардидани шаҳрванд ба вакилии ҷамоат низ дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта, ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки синни ӯ аз 20 кам набошад ва дар ҳудуди шаҳрак ва деҳоти дахлдор на камтар аз 3 соли охир истиқомат дошта, забони давлатиро донад, метавонад номзад ба вакилии ҷамоат пешбарӣ гардад.

Дар интихобот пирӯзӣ ба даст овардани номзадҳо ба вакилӣ ба иродаи интихобкунандагон вобаста мебошад. Интихобот, ба мазмуни дигар, як сабқати сиёсие мебошад, ки дар он субъектони интихобот фаъолона ширкат менамоянд.

 Ҳизбҳои сиёсӣ аз субъектони фаъо­ли интихобот маҳсуб меёбанд ва дар давраи тайёрӣ ва баргузории интихобот фаъолияти худро мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои конс­титутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»,  «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ», дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистонро ба роҳ мемонанд.

 Қонунгузор дар моддаи 30 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳуқуқи пешбарии номзадҳоро муқаррар кардааст.  Ҳизбҳои сиёсии расман фаъолиятдошта субъекти бевоситаи пешниҳодкунандаи номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ мебошанд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон айни замон 7 ҳизби сиёсӣ -  Ҳизби аграрии Тоҷикистон, Ҳизби демократи Тоҷикистон, Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон, Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон, Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ва Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, ки дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд, фаъолият доранд.

Барои дар парлумон соҳиби мандати вакилӣ гардидан, ҳизбҳои сиёсие, ки дар мамлакат ба таври расмӣ ба қайд гирифта шудаанд, рӯйхати номзадҳояшонро дар анҷумани ҳизб (конференсия) пешниҳод менамоянд. Ҳизбҳои сиёсӣ барои иштирок дар интихобот ва ба даст овардани овозҳои интихобкунандагон ба интихобкунандагон барномаҳои худро пешниҳод менамоянд.

Қонунгузор дар масъалаи пешбарии номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагон ду муҳлати пешбариро муайян кардааст: якум, барои пешбарии номзадҳо ба ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ ва дувум, аз ҳавзаҳои якмандатӣ. Дар ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ пешбарии номзадҳо танҳо аз рӯйи рӯйхати номзадҳо аз ҳизбҳои сиёсӣ ба вакилии Маҷлиси намояндагон сурат мегирад. Пешбарӣ баъд аз таъини санаи баргузории интихобот сар шуда, 45 рӯз пеш аз интихобот ба охир мерасад.

Муҳлати пешбарии номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагон дар ҳавзаи якмандатӣ 60 рӯз пеш аз интихобот муайян гардидааст. Дар ин муҳлат дар ҳавзаҳои якмандатии интихобот ба ҳар як ҳавзаи интихоботӣ номзадҳо пешбарӣ карда мешаванд. Пешбарии номзадҳои вакилони Маҷлиси намояндагон дар ҳавзаҳои якмандатии интихоботӣ (дар маҷмӯъ, 41 ҳавза) аз тарафи мақомоти шаҳрӣ (ба истиснои мақоми ҳизбии шаҳри Душанбе) ва ноҳиявии ҳизбҳои сиёсӣ дар конференсияи онҳо бо зикри ҳавзаи интихоботӣ, ки номзадашон пешбарӣ мегардад, амалӣ мешавад. Мақомоти шаҳрию ноҳиявии ҳизб­ҳои сиёсӣ  ба ҳар як ҳавзаи интихоботие, ки дар ҳудуди шаҳр ва ноҳия воқеъ гардидааст, як номзадӣ пешбарӣ мекунанд. Агар ҳудуди ҳавзаи интихобот ду ва зиёда ноҳия ва шаҳрро дар бар гирад, пешбарии номзадҳо аз ҳизбҳои сиёсӣ ба ин ҳавза дар конференсияҳои якҷояи ноҳиявӣ ва шаҳрии ҳизб сурат мегирад ва ба ин ҳавза фақат як номзад пешбарӣ карда мешавад.

Ҳизбҳои сиёсӣ ҳуқуқ доранд нафаронеро, ки аъзои ҳизби сиёсӣ нестанд, номзад пешниҳод кунанд.

Ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари ҳизбҳои сиёсӣ, инчунин, шаҳрвандон низ бо роҳи худпешбарӣ ҳуқуқ доранд номзадиашонро пешбарӣ намоянд.    Тартиби пешбарии номзад ба вакили Маҷлиси намояндагон аз ҷониби шаҳрвандон ба тариқи худпешбарӣ дар қисми 14 моддаи 31 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дарҷ шудааст. Номзад бояд барои тарафдории худ на камтар аз 500 имзои интихобкунандагони ҳавзаи интихоботие, ки номзадиашро дар ҳамон ҳавза пешбарӣ намудааст, ҷамъ оварад ва якҷоя бо аризаи худ ба комиссияи ҳавзавии якмандатии интихоботӣ супорад. Имзоҳои интихобкунандагон бояд дар варақаи  имзогузорие, ки намунаи онро Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардааст, гузошта шаванд.

Қонунгузор муайян кардааст, ки ҳар интихобкунанда аз ҳавзаи маҳали истиқомати худ бояд ба тарафдории фақат як номзад дар варақаи имзогузорӣ имзо монад.

 Дар варақаҳои имзогузорӣ маълумоти зерин нишон дода мешавад:

- насаб, ном ва номи падари номзад ва шахси ташаббускори номзад;

- ҷойи истиқомат;

- силсила ва рақами шиноснома ё ҳуҷҷати дигаре, ки шахсияти шахси ташаб­бускорро тасдиқ мекунад;

- рақами тартибӣ;

- насаб, ном ва номи падари имзогузоранда;

- рӯз, моҳ ва соли таваллуди ӯ;

- силсила ва рақами шиноснома ё ҳуҷҷати дигаре, ки шахсияти имзогузорандаро тасдиқ мекунад;

- ҷойи истиқомат;

- имзои шахси имзогузоранда;

- таърихи имзои варақа.

Дар замони  соҳибистиқлолӣ мардуми шарифи Тоҷикистон дар гузаронидани якчанд интихоботҳо ва раъйпурсиҳо фаъо­лона ширкат варзида, аз ҳуқуқҳои конститутсионии худ васеъ истифода мебаранд. Сол ба сол дараҷаи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандони мо афзуда, дар ҳамаи чорабиниҳои сиёсӣ ширкати фаъолонаи онҳо ба назар мерасад. Боварӣ дорем, ки барои дар сатҳи баланд гузаронидани интихоботи даъвати нави вакилон 2 марти соли 2025 бо истифода аз ҳуқуқҳои конститутсионии худ шаҳрвандон ва ҳизбҳои сиёсии кишвар бо масъулияти баланд ширкат варзида, дар рушду тараққиёти минбаъдаи Ватани азизамон саҳм мегузоранд.

М. АЗИЗӢ,

узви КМИР