Он моро ба ҳалли қазияи Ворух, бо назардошти манфиатҳои милливу давлатӣ, дилпур месозад.
Ҳамлаи таҷовузкоронаи Қирғизистонро ба ноҳияҳои наздисарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки боиси ба ҳалокат расидани ҳамватанони мо, расидани хисороти моддӣ ва маънавӣ гардид, қатъиян маҳкум намуда, ҳамдардии амиқи хешро ба пайвандони нафарони фавтида мерасонем. Бегуфтугӯ, ҳама гуна муноқиша пайомади ногувор дорад ва ягон фард ҳавасманди сар задани нофаҳмӣ, хоса миёни ҳамсоякишварҳо набуду нест. Вале вақте як ҷониб, бо зери по намудани муқаррароти шартномаҳои қаблан қабулшуда ва сарфи назар намудани қонунгузории байналмилалӣ ҳуқуқу манфиатҳои тарафи дигарро нақз мекунад, чораандешӣ зарур ва ногузир мебошад.
Дар ин робита, неруҳои солимфикри ҷомеа – онҳое, ки ба арзишҳои инсонӣ, давлатӣ ва миллӣ содиқанд, ибтикори вобаста ба ин қазия аз ҷониби сохторҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон амалишударо дурусту саривақтӣ арзёбӣ карда, ҳамраъйии худро иброз намуданд.
Ҳамрадиф бо онҳо, дар ин марҳилаи ҳассос ашхосе «зуҳур» карданд, ки бо вуҷуди аз кӯчаи сиёсат ва дипломатия нагузаштан, «устод ва пандгӯю пайи эрод шуда, бо меҳвар қарор додани популизми сиёсӣ аз ҳолати баамаломада сӯиистифода карданианд.
Биноан зарур ва ногузир аст, ки ҳар яки мо баҳри ҳифзи арзишҳои милливу давлатӣ беш аз пеш фаъол бошем, вале муқаддасоти инсонӣ ва оини ҳамсоядорӣ низ бояд аз мадди назарамон дур намонанд.
Масъалае, ки матлаби мазкур меҳвар аст, иродаи қавии сиёсии Пешвои миллат ва қулфкушои тамоми мушкилоти даврони давлатдории навини мо буданаш маҳсуб мешавад.
Дар ин маврид мисолҳо хеле зиёданд, вале ман бо овардани чанд мисол, ки «қатрае аз баҳр аст», иктифо менамоям.
Қабл аз ҳама бояд зикр намоям, ки маҳз иродаи қавии сиёсӣ замина фароҳам овард, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сарфи назар аз ҷавонии худ, дар ҷодаи сиёсат аз ин ҳодисаву воқеаҳо аз душвортарин шароиту вазъият бо сарбаландӣ берун омаданд.
Формулаи сулҳи Пешвои миллат яке аз ҳазорон маҳсули ин ирода аст. Ба шарофти он тоҷику тоҷикистониён бори дигар аз имтиҳони ҷиддии таърих гузашта, баъди ҳазор сол боз аз сари нав баҳри пирӯзии Истиқлолияти давлатӣ Парчами Ватани азизамонро дар олам партавафшон намуданд, низоми давлатдориро дар мамлакат устувор сохтанд, шохаҳои ҳокимиятро таҳким бахшиданд ва дар барпо намудани давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона ба дастовардҳои беназир ноил гардида истодаанд.
Дар замоне ки аксар «сиёсатмадорон»-и аз эъмори давлат «дасту дил шуста», пайи чанд қисмат кардани кишвар меандешиданд, маҳз иродаи қавии сиёсии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боис гардид, ки ягонагӣ ва тамомияти давлату миллат ҳифз гардад.
Иродаи сиёсии ин абармардро таҳрик бахшид, ки новобаста аз хавфи зиёд, борҳо ба минтақаҳои доғ, аз ҷумла, Афғонистон, сафар ва мухолифон, бо вуҷуди гузаштаи бениҳоят пурдоғашон, гузашт кунанд. Касе наметавонад инкор намояд, ки маҳз дар ин замина сулҳу субот, ваҳдати миллӣ дар кишвар таъмину пойдор гардид.
Ба шарофати иродаи қавии сиёсии Роҳбари давлат аркони фалаҷгаштаи давлатӣ эҳё ва пояҳои давлатдории муосир ва инкишофи бемайлони ҷомеа гузошта шуд.
Иродаи қавии сиёсии Президент зимни бунёди неругоҳ, роҳу нақб ва дигар иншооти барои мардум зарурӣ, ки сохтани аксари онҳоро дар замони Давлати абарқудрати шӯравӣ ғайриимкон дониста буданд, баръало ва ҳалкунанда буд. Нақби «Истиқлол ва НБО-и «Роғун» «муште аз хирвор» дар робита ба андешаи баёнгардида аст.
Мисоли ҷадид: Замони зуҳури коронавирус, дар ҳоле, ки «бузургон» иддаои эълон намудани карантини сартосарӣ карда, бо сафсатапароканӣ ва ҳангомасозӣ мардумро дилхунук мекарданд, маҳз иродаи қавии сиёсии Пешвои миллат боис гардид, ки ин марҳилаи ҳассосро дар қиёс бо дигар кишварҳо бидуни мушкилӣ ва талафоти зиёд паси сар намоем.
Ба сифати журналисти то андозае аз авзои ҷаҳон огоҳ мутмаинам, ки маҳз нақши Пешвои миллат баҳри муайяннамоӣ ва расидан ба ҳадафҳо, коркарду пешбурди усулҳои самаровар ва барои ҷомеаи ҷаҳонӣ қобили қабул дар сиёсати хориҷии мамлакат меҳвар ва муассир аст.
Муҳиму беназир он аст, ки тавсеа ва тақвияти сиёсати хориҷии кишвари мо ба тахайюли коршиносону ба истилоҳ назарияпардозон рабте надошта, маҳсули фаъолияти пурмаҳсул, иродаи қавӣ ва рӯҳияи шикастнопазири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб мешавад.
Аз ин нуқтаи назар мутмаинам, ки ба шарофати иродаи қавии сиёсии Пешвои миллат қазияи Ворух низ ҳалли худро хоҳад ёфт. Дурандешии Сардори давлати мо вобаста ба ин қазия ҳоҷат ба шарҳу тавзеҳ надошта, зимни баёни андешаҳо тамоми назокатҳо риоя шудаанд.
Дар ҳоле ки баъзе сиёсатмадорони кишвари ҳамсоя дар робита ба ин масъала суханони аз ҳақиқат фарсахҳо дур иброз менамуданд, Пешвои миллати мо бо сароҳат, хеле мушаххас гуфта буданд, ки «дар тамоми муддати гуфтушунидҳо, яъне тайи 19 сол масъалаи иваз кардани Ворух бо ягон ҳудуди дигар вуҷуд надошт ва вуҷуд дошта ҳам наметавонад».
Бегуфтугӯ, омили калидӣ ва таҳрикбахш дар ин маврид мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон, ки 16 сентябри соли 2022 дар шаҳри Самарқанд дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай анҷом доданд, маҳсуб мешавад.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки тамоми маҷмӯи масъалаҳои муносибатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон дар асоси дуҷониба дар рӯҳияи ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ ва бо роҳи музокироту машварат ҳаллу фасл карда шаванд.
Ҳарчанд журналистон ва баъзе «коршиносон» воқеиятро таҳриф намуда истодаанд, вале далели бебаҳс аст, ки ҳудуди Ворухи ноҳияи Исфара ягон вақт анклав – дар бунбаст набуд. Тавре шоҳидони ҳол навиштанд, «соли 2012 чаҳор ҷаласаи муштараки комиссия доир гардид, вале дар аксари онҳо натиҷаҳои дилхоҳ ба даст наомаданд.
Ҷонибҳо ба чунин қарор расиданд, ки то пайдо намудани далелҳои кофӣ ҷаласаи муштаракро қатъ намуда, маводро дар бойгониҳои Федератсияи Россия ва Ӯзбекистон ҷӯё шаванд. Санадҳои меъёрии иловагии аз бойгониҳои Русия ёфтшуда мавқеи Тоҷикистонро тасдиқ карданд».
Чунин ба назар мерасад, ки журналистону коршиносон ва баъзе соҳибмансабони ҳамсоякишвар маънои анклавро намедонанд. Ба маълумоти онҳо мерасонем, ки он аз калимаи лотинии inclavo — бо калид қулф кардан) – ин ҳудуд ё қисме аз ҳудуди як давлат аст, ки аз ҳама самт аз ҷониби сарзамини давлати дигар иҳота шудааст.
Агар журналистони ҳамсоякишвар ба маълумоти пешниҳоднамудаи мо шубҳа дошта бошанд, шояд суханони журналисти барояшон мақбул Аркадий Дубнов — «пештар Ворух анклав набуд, Он ҷузъи Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт. Сипас, кирғизҳо гӯё онро бидуни мувофиқа бо Тоҷикистон ба анклав табдил доданд. Москва низ ин қарори Ҳукумати Қирғизистонро қобили қабул надониста буд», онҳоро мутмаин кунад.
Дар шароити кунунӣ мо бояд ба он андеша истодагарӣ намоем, ки ҷузъи ҷудонопазири Тоҷикистон будани Ворух аксиома аст!
Илова бар ин, моро мебояд бо такя ба иродаи қавии сиёсии Пешвои миллат ва истинод ба далелу рақамҳо таври шоиста манфиатҳои милливу давлатиро ҳимоя кунем.
Далер Абдулло,
муовини сармуҳаррири рӯзномаи «Садои мардум»