Истифодаи «Сиёсати дугона» нисбат ба терроризму экстремизм ҷоиз нест

№78 - 79 (4661 - 4662) 16.06.2023

IMG_8680Гурӯҳҳои террористиву экст­ремистӣ аксаран ноболиғон ва ҷавононро, ки нисбатан осебпазиранд, ба худ ҷалб менамоянд. Сабабу омилҳои асосии ба ин гурӯҳҳо шомилшавии шаҳрвандон, хусусан ноболиғон ва ҷавонон, ин истифодаи алоқаи барқӣ, интернет, аз ҷумла расонаҳои электронӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ, мебошад. Ташкилотҳои террористиву экстремистӣ бо истифода аз онҳо ноболиғон ва ҷавононро ба ҷиҳод ва барҳам додани асосҳои сохтори конститутсионии давлатҳои мухталиф даъват менамоянд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2014 изҳор доштанд: «Имрӯз шабакаҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, аз ҷумла интернет, аз ҷониби шахсон ва гурӯҳҳои алоҳидаи ҷиноятпеша бо мақсади ҷиноятҳои киберӣ, яъне барои паҳн намудани ғояҳои ифротгароёнаву тундравона, бахусус дар байни ҷавонон ва ноболиғон, ба таври васеъ истифода мегарданд.

Вобаста ба ин, ҳамаи мақомоти давлатӣ вазифадоранд, ки дар соҳаи мубориза бо ҷинояткорӣ ва ҳуқуқвайронкунӣ дар ҷомеа, алалхусус дар байни наврасону ҷавонон, бо дарназардошти воқеияти имрӯза, аз ҷумла пешгирӣ кардани таъсири манфии ҷаҳонишавии фарҳангӣ ва дар ин раванд таъмин намудани амнияти иттилоотӣ тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намоянд».

Илова бар ин, Президенти кишвар дар Паёмашон соли 2016 чунин таъкид намуданд: «Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст.

Мубориза бо терроризм ва экстремизм фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорӯи ин хатари умумӣ тақозо менамояд. Истифодаи «сиёсати дугона» нисбат ба терроризм ва экстремизм самаранокии кӯшишҳои ҷомеаи ҷаҳониро дар муборизаи муштарак бо ин зуҳурот ҷиддан коҳиш дода, баръакс, мухолифатҳои наверо байни эътилофҳои ҳарбиву сиёсӣ эҷод мекунад ва авзои ҷаҳонро боз ҳам ноором месозад».

Сардори давлат лозим шумориданд, ки: «Дар доираи тақвияти мубориза бо терроризм ва экстремизм бояд номгӯи субъектҳои бо онҳо муборизабаранда васеъ ва дақиқ гардонида, дар баробари ин ҷавобгарӣ ва ҷазо барои содир намудани ҷиноятҳо ба муқобили сохти конститутсионӣ ва амнияти давлат, ҷиноятҳои хусусияти террористиву экстремистидошта ва хиёнат ба Ватан, шарикӣ дар чунин ҷиноятҳо, аз ҷумла нисбат ба ташкилкунандагон ва шахсони ба онҳо мусоидаткунанда, пурзӯр карда шавад».

Дар робита ба ин, Прокуратураи генералӣ, вазоратҳои адлия ва корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Маркази миллии қонунгузориро муваззаф сохтанд, ки муқаррароти Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои дигари дахлдорро доир ба ин масъалаҳо ҳамаҷониба таҳлилу баррасӣ намуда, дар хусуси ворид кардани тағйиру иловаҳои зарурӣ ба онҳо ба Ҳукумати кишвар хулосаҳои мушаххас манзур созанд. Ҳамчунин, ба Прокуратураи генералӣ супориш дода шуд, ки дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти дахлдори давлатӣ ҳар чӣ зудтар «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020»-ро таҳия ва пешниҳод намояд. Барои дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани муқовимат ба истифодаи шабакаи интернет бо мақсадҳои экстремистӣ ва террористӣ Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Прокуратураи генералӣ ва дигар мақомоти марбута муваззаф шуданд, ки доир ба масъалаи таъсиси маркази мубориза бар зидди ҷиноятҳо бо истифодаи технологияҳои иттилоотӣ ва кибертерроризм ба Ҳукумати кишвар пешниҳоди асос­нок манзур созанд.

Бо мақсади пешгирӣ намудан ва коҳиш додани ҷинояткорӣ, пурзӯр кардани ҷавобгарии ҷиноятӣ барои содир намудани кирдорҳои ҷиноятӣ ба муқобили асосҳои сохтори конститутсионӣ ва амнияти давлат, шахсоне, ки ба терроризм ва экстремизм мусоидат менамоянд, инчунин, ҷорӣ кардани механизми босамари ҳифз ва таъмини амнияти миллӣ, пешгирӣ кардани пайвастшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ ба моддаҳои дахлдори Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳои зарурӣ ворид шуданд.

Инчунин, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12-уми ноябри соли 2016 таҳти №776 «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020» тасдиқ гардид. Стратегия ҳамчун санади хусусияти барномавидошта мақсад, вазифаҳо ва самтҳои асосии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи муқовимат ба экстремизм ва терроризм муайян мекунад. Ҳамзамон, дар сохтори дастгоҳи марказии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон шуъбаи мубориза бо ҷиноятҳои кибернетикӣ таъсис дода шуд.

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-уми декабри соли 2018 такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба экстремизм таъкид шуда, дар ин самт Прокуратураи генералӣ, Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ вазифадор шуданд, ки дар ҳамкорӣ бо Вазорати адлия барои такмили заминаҳои ҳуқуқии пешгирӣ кардани экстремизм ва таҳияи тарзу усулҳои муосири муқовимат ба ин зуҳурот лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба экстремизм»-ро таҳия ва ба Ҳукумати кишвар пешниҳод созанд.

Қонуни зикршуда қабул ва ҷонибдорӣ ва 2-юми январи соли 2020 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имзо гардид. Қонуни мазкур аз 6 боб ва 30 модда иборат буда, асосҳои ташкилӣ ва ҳуқуқии муқовимат ба экстремизмро бо мақсади ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, асосҳои сохтори конститутсионӣ, таъмини соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ ва амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

Дар ин қонун мафҳуми «экстремизм» ба тариқи зайл шарҳ дода шудааст: «Экстремизм — ифодаи мафкура ва фаъолияти экстремис­тие, ки барои бо роҳи зӯроварӣ ва амалҳои дигари зиддиқонунӣ ҳал намудани масъалаҳои сиёсӣ, ҷамъиятӣ, иҷтимоӣ, миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва динӣ (мазҳабӣ) равона карда шудааст».

Ҳамчунин, дар қонуни зикргардида бори аввал мафҳуми ҳуқуқвайронкунии маъмурии хусусияти экстремистидошта муқаррар гардид, ки тибқи он кирдори (амал ё беамалии) зиддиҳуқуқӣ ва гунаҳкорона, ки дар асоси хусуматҳои сиёсӣ, ­ҷамъиятӣ, иҷтимоӣ, миллӣ, нажодӣ, мафкуравӣ, маҳалгароӣ ва динӣ (мазҳабӣ) содир шуда, барои он тибқи тартиби муқаррарнамудаи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарии маъмурӣ пешбинӣ шудааст, ҳуқуқвайронкунии маъмурии хусусияти экстремистидошта эътироф мегардад.

Дар алоқамандӣ ба ин иқдом ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 28-уми декабри соли 2017 зимни вохӯрӣ бо кормандони мақомоти амнияти миллӣ баён гардид, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабулу ҷонибдорӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имзо шуданд.

Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ба кодекси зикршуда моддаи нав — 4621 (Барангехтани кинаю адоват ё низои иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, маҳалгароӣ ё динӣ (мазҳабӣ)) илова гардид ва дар асоси он ҳаракатҳое, ки барои барангехтани кинаю адоват ё низои иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, маҳалгароӣ ё динӣ (мазҳабӣ), паст задани шаъну эътибори нажодӣ, миллӣ, динӣ (мазҳабӣ) ё маҳал, инчунин тарғиби махсусият ва бартарии шаҳрвандон аз нигоҳи муносибати онҳо ба дин (мазҳаб), забон, мансубият ба нажод, миллат ё маҳал равона шудаанд, агар ин кирдорҳо ба таври оммавӣ ё бо истифодаи воситаҳои ахбори омма ё шабакаҳои алоқаи барқӣ, аз ҷумла интернет, содир шуда бошанд, ҳангоми набудани аломати ҷиноят, барои ин гуна ҳаракатҳо ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷоҳ то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима ё ҳабси маъмурӣ ба муҳлати аз панҷ то даҳ шабонарӯз таъин мешавад.

Тавре вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашӯриён зимни баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» 14-уми октябри соли 2020 дар ҷаласаи Иҷлосияи Маҷлиси намояндагон даъвати шашум иброз намуд: «Дар амалия ҳолатҳое ҷой доранд, ки шахс барои баён кардани суханҳои ноҷо, ки метавонад боиси барангехтани адовати миллӣ, динӣ ё мазҳабӣ гардад, бо моддаи 189 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад. Дар бисёр маврид шахсе, ки ба чунин кирдор даст мезанад, бинобар надоштани дарки дуруст оқибати ҳуқуқии амали худро пешбинӣ намекунад ва дар натиҷа, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад. Ҷорӣ намудани ҷавобгарии маъмурӣ барои бори аввал содир намудани ин гуна кирдор боиси огоҳсозии шаҳрвандон аз оқибатҳои ҳуқуқии чунин кирдорҳо ва пешгирии экстремизм мегардад».

Ворид гардидани иловаи дахлдор ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон саривақтӣ буда, дар баробари пешгирии кирдорҳои ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ҳамчунин хусусияти тарбиявӣ дошта, ба шахси гумроҳ ва хатокор имкон фароҳам месозад, ки хатои худро ислоҳ намуда, ба ҳаёти осуда баргардад ва ба қадри озодӣ бирасад.

Ҳамчунин, дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ном ва қисми 1 моддаи 189 Кодекси амалкунанда дар таҳрири нав ифода гардид. Мувофиқи он ҳаракатҳое, ки барои барангехтани кинаю адоват ё низои иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, маҳалгароӣ ё динӣ (мазҳабӣ), паст задани шаъну эътибори нажодӣ, миллӣ, динӣ (мазҳабӣ) ё маҳал, инчунин тарғиби махсусият ва бартарии шаҳрвандон аз нигоҳи муносибати онҳо ба дин (мазҳаб), забон, мансубият ба нажод, миллат ё маҳал равона шудаанд, агар ин кирдорҳо ба таври оммавӣ ё бо истифодаи воситаҳои ахбори омма ё шабакаҳои алоқаи барқӣ, аз ҷумла интернет, дар давоми соли пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ барои чунин ҳуқуқвайронкуниҳо содир шуда бошанд, бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешаванд.

Бояд иброз намуд, ки мақсад аз ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ва ё маъмурӣ кашидани шахс, ин дар назди қонун ҷавоб додан барои кирдорҳои содирнамудааш ва ислоҳи ӯ, пешгирӣ кардани содиршавии ҷиноятҳо ва ё ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии нав чӣ аз тарафи ӯ ва чӣ аз ҷониби афроди дигар, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ахлоқи ҷомеа, саломатии аҳолӣ, муҳити зист, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимояи асосҳои сохтори конститутсионӣ, амнияти давлат, тарбияи шаҳрвандон дар рӯҳияи риояи Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳурӣ иборат мебошад. Ба он назарам, ки:

Назди қонун касе сар хам кард,

Хештанро раҳо зи ҳар ғам кард.

Дар Паёми соли 2019 доир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм», ки ҳанӯз 16-уми ноябри соли 1999 қабул шуда буд, хотирнишон гардида, вобаста ба талаботи замон масъалаи дар таҳрири нав таҳия намудани он таъкид шуд. Роҷеъ ба ин масъала, вазоратҳои адлия ва корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Прокуратураи генералӣ муваззаф гардиданд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм»-ро дар таҳрири нав таҳия намуда, ба Ҳукумати кишвар манзур созанд.

Санади меъёрии ҳуқуқии мазкур низ қабулу ҷонибдорӣ гардида, 23-юми декабри соли 2021 аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имзо шуд. Қонуни мазкур аз 12 боб ва 46 модда иборат буда, принсипҳои асосии муқовимат ба терроризм, асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии пешгирии терроризм ва мубориза ба он, роҳу усулҳои бартараф намудани оқибатҳои амали террористиро бо мақсади таъмини бехатарии шахс, ҷамъият ва давлат, ҳифзи соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ ва амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи муқовимат ба терроризм» мафҳуми «терроризм» ба таври зерин маънидод гардидааст: «Терроризм — мафкураи зӯроварӣ ва таъсиррасонӣ ба қабули қарори мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ё созмонҳои байналмилалӣ, ки бо тарсонидани аҳолӣ ва ё дигар шаклҳои зӯроварии ғайриқонунӣ алоқаманд мебошад».

Дар ин қонун ҷиноятҳое, ки дар моддаҳои 179 (Терроризм), 1791 (Ҷалб кардан барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти террористидошта ё мусоидати дигар барои содир намудани онҳо), 1792 (Маб­лағгузории ҷиноятҳои хусусияти террористидошта), 1793 (Даъвати оммавӣ барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти террористидошта ва (ё) сафедкунии оммавии фаъолияти террористӣ), 181 (Ғасби гаравгон), 182 (Ғасби бино, иншоот, воситаҳои  иттилоот ва алоқа), 184 (Ғайриқонунӣ ҳай карда бурдан ё ғасби  ҳавопаймо, киштӣ  ё қатораи роҳи оҳан), 1841 (Ғасб, вайрон кардан, содир намудани амалҳои зӯроварӣ дар платформаи стасионарии воқеи шелфи континенталӣ), 1842 (Кирдорҳои қасдона ба муқобили бехатарии ҳавопаймо ё киштӣ), 1843 (Ҳаракатҳои қасдона ба муқобили бехатарии фурудгоҳҳое, ки ба авиатсияи гражданӣ хизмат мерасонанд), 1844 (Интиқоли ғайриқонунии шахси содирнамудаи ҷинояти хусусияти террористидошта дар нақлиёт), 185 (Ташкили воҳидҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ), 193 (Муносибати ғайриқонунӣ бо маводи радиоактивӣ), 194 (Тасарруфи маводи  радиоактивӣ), 1941 (Истифодабарии ғайриқонунии мавод, воситаи радиоактивӣ ё объекти ядроӣ), 1942 (Ҳаракатҳои қасдона ба муқобили бехатарии дастгоҳи ядроӣ) 1943 (Ғайриқонунӣ тайёр кардани воситаи таркандаи ядроӣ ё воситаи афканандаи радиатсия), 1944 (Ҳамлу нақли ғайриқонунии моддаҳои тарканда, маводи радиоактивӣ, силоҳи биологӣ, химиявӣ ё ядроӣ дар ҳавопаймо, киштӣ ё нақлиёти хушкигард), 1945 (Ғайриқонунӣ истифода бурдан ва ё партофтани моддаҳои тарканда, силоҳи биологӣ, химиявӣ ё ядроӣ, моддаҳои хатарнок ва зараррасон аз киштӣ ё платформаи стасионарии воқеи шелфи континенталӣ), 310 (Таҷовуз ба ҳаёти арбоби давлатӣ ё ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон) ва 402 (Ҳамла ба шахсон ва муассисаҳои таҳти ҳимояи байналмилалӣ қарордошта)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешбинӣ шудаанд, ҷиноятҳои дорои хусусияти террористӣ эътироф гардидаанд.

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» соли 2021 бинобар ба охир расидани муҳлати «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020» ва бо мақсади идома додани корҳо дар самти муқовимат ба терроризм ва экстремизм Прокуратураи генералӣ муваззаф гардид, ки лоиҳаи «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба терроризм ва экстремизм барои солҳои 2021-2025»-ро таҳия ва ба баррасии Ҳукумати кишвар пешниҳод намояд. Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 1-уми июни соли 2021 Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» тасдиқ шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2022 таъкид намуданд, ки: «Имрӯзҳо гурӯҳҳои террористиву эктремистӣ барои даъват ва ҷалб намудани шаҳрвандон ба сафҳои худ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ роҳу усулҳои навро истифода карда, ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳро бо ғояҳои тундгароӣ гумроҳ месозанд.

Аз ин лиҳоз, мақомоти дахлдорро зарур аст, ки ҳамоҳангсозии фаъолиятро дар самти ошкор ва пешгирӣ намудани хавфу хатарҳои террористиву экстремистӣ боз ҳам вусъат бахшида, бо роҳи тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ пеши роҳи гароидани ҷавононро ба равияҳои ифротгаро гирифта, онҳоро дар рӯҳияи садоқат ба халқу Ватан ва эҳтиром ба арзишҳои умумиинсонӣ тарбия намоянд».

Биноан, Прокуратураи генералӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Вазорати корҳои дохилӣ муваззаф гардиданд, ки якҷо бо дигар вазорату идораҳо масъалаи таъсиси маркази зикршударо омӯхта, пешниҳодҳои худро ба Ҳукумати мамлакат манзур намоянд.

Хулоса, паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» дар такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба терроризм ва экстремизм барои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва дигар ҷиноятҳо, таъмини волоияти қонун, амнияти давлату ҷомеа, таҳкими қонуният ва пойдории сулҳу оромии кишвар нақши назаррас доранд.

Фирӯз САЙНОЗИМЗОДА,

корманди Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,

номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ