Кафили зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаи инсон

№131 - 132 (4714 - 4715) 03.11.2023

Мо дар арафаи яке аз ҷашн­ҳои бузурги миллӣ — Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  қарор дорем. Бисту нуҳ сол муқаддам мардуми кишвар дар натиҷаи раъйпурсии умумихалқӣ қонуни асосӣ — Конс­титутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тонро қабул намуд, ки яке аз саҳифаҳои дурахшони даврони Истиқлолияти мамлакат ва рӯйдоди муҳиму тақдирсози миллат ба ҳисоб меравад.

Конститутсия  қонуни асосии ҳар як давлати соҳибистиқлолу мутамаддин буда, сохти давлат, заминаҳои ҳуқуқӣ, дахлнопазирӣ ва якпорчагии мамлакат ва рушди ҷомеаро муайян ва танзим менамояд ва ин санади олии ҳуқуқии мамлакати мо низ Истиқлолияти давлатии моро ба расмият дароварда, асосҳои сиёсию ҳуқуқӣ ва самтҳои муҳимтарини рушду тараққиёти давлат ва ҷомеаро ба воситаи меъёрҳои ҳуқуқӣ муайян намуд. Дар таҳияи Конститутсия таҷрибаи пешқадами конститутсионализми давлатҳои мутараққии дунё ба инобат гирифта шудааст.

Конститутсияи даврони истиқлоли мо ҷавобгӯ ба талаботи замони нав ва ҷомеаи муосири мамлакат буда, то имрӯз барои рушду тараққиёти давлатдории миллӣ, таҳкими пояҳои он ва зиндагии осудаю озоди мардуми тоҷик нақши калидӣ мебозад.

- Дар ин санади бунёдии давлат мақсаду вазифаҳо, асосҳои сохти давлатдорӣ, рамзҳои давлатӣ, ҳудуди кишвар, муносибат ба моликият, самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба таври возеҳу равшан инъикос шудаанд, -  изҳор доштанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ ­Раҳмон соли 2020 зимни паёми табрикии хеш ба муносибати Рӯзи ­Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби коршиносони ­бисёр давлатҳо, аз ҷумла ИМА, Федератсияи Россия ва кишварҳои Аврупо баҳои мусбат гирифта, Созмони амният ва ҳамкории Аврупо онро дар қатори даҳ конс­титутсияи беҳтарини давлатҳои аъзои САҲА ҷой додааст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Конститутсияи ҷумҳуриро яке аз дастовардҳои бузурги мардуми кишвар, заминаи ҳуқуқии бунёди давлати соҳибис­тиқлоли тоҷикон, шакли ифодаи ҳуқуқии ормонҳои давлатдории миллӣ, ҳимояи ҳадафҳо ва манфиатҳои миллӣ, осори таърихӣ ва фарҳанги миллӣ арзёбӣ кардаанд. Аз ин ҷост, ки Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз идҳои асосии миллии мо ба ҳисоб меравад ва ҳар сол бо шуқӯҳ таҷлил мегардад.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 боб ва 100 модда иборат буда, 34  модда ё зиёда аз сеяки он ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд бахшида шудааст. Дар моддаи аввали боби якум таъкид гардидааст, ки Ҷумҳурии Тоҷикис­тон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад ва он давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад.

Дар моддаҳои дигар забони давлатӣ забони тоҷикӣ эълон гардида, Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ рамзҳои давлатии ҷумҳурӣ нишон дода шудаанд.

Конститутсия кафолат медиҳад, ки шаҳрванд аз ҳуқуқу озодиҳо бархӯрдор буда, шаҳрвандии худро дар доираи талаботи Конститутсия ба роҳ монад. Конститутсия, ҳамчунин, ҳуқуқ ба ҳаёт, манзил, мусофирату интихоби маҳалли зист, мукотибот, муносибат ба дин, иштирок дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлатӣ, моликияту мерос, ташкили оила, тарбияи фарзандон, ҳифзи саломатӣ, таъминоти иҷтимоӣ ва ғайраро кафолат дода, имкон фароҳам меорад, ки инсон новобаста ба миллату нажод, ҷинсу забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ ва молу мулк баробарии худро дар назди қонун ва суд эҳсос намояд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид намудаанд: «Қонун бояд дар навбати аввал инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯро  ҳамчун арзиши олӣ эътироф ва ҳифз намояд, яъне барои зиндагии хубу шоистаи афроди ҷомеа, фаъолияти пурсамари ташкилоту корхонаҳои давлатию ғайридавлатӣ, соҳибкорону тоҷирон, пешрафти иқтисодиёти кишвар, сулҳу субот, оромии сиёсӣ шароити мусоид фароҳам орад ва самтҳои мухталифи ҳаёти ҷомеаро ҳаматарафа танзим намояд».

Боби ҳаштуми Конститутсия бевосита ба ҳамин масъалаҳо алоқаманд аст. Ин боб ба танзими ҳокимияти судӣ ҳамчун рукни алоҳида ва мустақили ҳокимияти давлатӣ бахшида шуда, дар моддаи 84-уми Конститутсия таъкид мешавад, ки «Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд». Дар баробари ин дар ин боб принсипҳои асосии фаъолияти ҳокимияти судӣ, низоми сохтори судӣ, вазифа ва мақсадҳои амалӣ намудани адолати судӣ ва ваколатҳои судя­ҳо муқаррар гардидааст. Дар моддаи 87-уми Конститутсия омадааст: «… судяҳо дар фаъолияти худ мустақил буда, танҳо ба Конститутсия ва қонун итоат мекунанд. Дахолат ба фаъолияти онҳо манъ аст». Муқаррароти мазкур яке аз талаботи муҳими давлати ҳуқуқбунёд ба ҳисоб рафта, фаъолияти босалоҳият, мустақилона ва беғарази судӣ, ҳамчунин, имкониятҳои пурраи ба амал баровардани адолати судиро таъмин мекунад.

Ҳамин тариқ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун маҷмӯи меъёрҳои ҳуқуқӣ барои рӯзгори сазовори аҳли ҷомеа ва фаъолияти бунёдкорона имконияту шароит ба вуҷуд оварда, роҳи фардои рушду тараққиёти мамлакатро равшанӣ мебахшад.

Даврон НАЗАРЗОДА,

судяи Суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе