КМИР хабар медиҳад

№№1 (4897) 02.01.2025

27-уми декабри соли 2024 дар Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатӣ баргузор гардид, ки дар он нахуст масъалаи ташкили ҳавзаҳои интихоботии бисёрмандатӣ оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ ва дар ҳудуди ҷумҳурӣ панҷ ҳавзаи интихоботии бисёрмандатӣ таъсис дода шуд.

Бо мақсади ҷалби васеи шаҳрвандон, бахусус ҷавонон ба раванди интихобот, боло бурдани сатҳи маърифати сиёсию ҳуқуқӣ ва фарҳанги интихоботии онҳо қарори дахлдор дар хусуси нимаи дуюми моҳи феврали соли 2025 дар тамоми ҷумҳурӣ ташкил ва баргузор намудани «Рӯзи интихобкунандаи ҷавон» қабул гардид.

Ба хотири таъмини ҳуқуқи интихоботии шаҳрвандони кишвар дар хориҷи мамлакат бо қарори комиссияи марказӣ дар назди сафоратхонаҳо, консулгариҳо ва намояндагиҳои Тоҷикистон дар 28 давлати дунё 36 участкаи интихоботӣ таъсис дода шуд.

Инчунин, бо мақсади ташкили ҳамкории судманди мақомоти милитсия ва комиссияҳои интихоботӣ дар раванди интихобот роҳнамо барои кормандони милитсия қабул карда шуд.

Ҳамчунин, ҷиҳати танзими фаъолияти мушоҳидони байналмилалӣ, ки бо мақсади мушоҳидаи раванди интихобот ба кишвари мо ташриф меоранд ва таъмини шароити мусоиди фаъолият барои онҳо гурӯҳи кории комиссияи марказӣ таъсис дода шуд, ки ба он намояндагони вазорату идораҳо шомиланд.

КМИР