Пойтахти мамлакат дар заминаи сиёсати хирадмандона ва бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва масъулиятшиносию поквиҷдонии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ободтару зеботар гардида, ин раванд бардавом аст. Дар шаш соли охир пойтахти давлати азизамон, ки моҳиятан қалби кишвар аст, беш аз пеш ободу зебо гардида, дастовардҳо дар тамоми соҳаҳо тамоюли афзоиш касб намуданд. Бо гузашти вақти на он қадар зиёд муҳтарам Рустами Эмомалӣ, сарфи назар аз ҷавонии худ, дар ҷодаи сиёсат ба шарофати сармашқи кор қарор додани дастуру ҳидоят ва насиҳатҳои Пешвои миллат дар ҳама ҷанбаҳо комёб гардиданд. Маҳз, дар ин замина обрӯю эътибори ин сиёсатмадори ҷавону муътабар афзуд ва мавсуф бо пиндору гуфтор ва рафтори намунавӣ дар қалби мардум маъво гирифт. Ин дастовардҳо сабаб шуданд, ки дар шаҳри Душанбе дигаргуниҳои куллӣ ба вуҷуд оянд.
Дар ин замина, муваффақиятҳои Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе низ қобили мулоҳиза ва арзандаи ситоишанд. Аз суҳбат бо сардори раёсати мазкур, генерал — майори Хадамоти гумрук Абдуқодирзода Ҷамшед Комил маълум гардид, ки дар нуҳ моҳи соли равон гардиши тиҷорати хориҷӣ дар минтақаи фаъолияти раёсат 1 496,316 миллион доллари амрикоиро ташкил додааст. Аз маблағи зикршуда 73, 900 миллион доллари ИМА ба содирот ва 1422,416 миллион доллари ИМА ба воридот рост меояд. Муҳимтар аз ҳама, субъектҳои фаъолияти иқтисодии хориҷие, ки дар минтақаи фаъолияти раёсат амал менамоянд, бо 94 давлати хориҷӣ тиҷоратро ба роҳ монданд.
Ҷиҳати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023» низ чораҳои дахлдор андешида шуда, фаъолият дар сатҳи хубу сифати баланд роҳандозӣ гардид. Дар давраи мавриди назар ба буҷети давлат 1 953,6 миллион сомонӣ пардохтҳои гумрукӣ ворид гардид, ки нисбат ба нақшаи пешбинишуда 388,6 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Қобили зикр аст, ки нишондиҳандаи мазкур дар қиёс ба соли гузашта 417,2 миллион сомонӣ бештар аст.
Аз далелҳои мавҷуда бармеояд, ки содироти меваю сабзавот ва чарми хом аз минтақаи фаъолияти раёсат афзуда, мутаносибан ба 301 ва 1735 тонна расид. Дар ин давра воридоти гандум назар ба соли гузашта 14866 тонна, маҳсулоти нефтӣ — 107426, гази моеъ — 18667, равғани растанӣ – 8903 ва шакар 7681 тонна зиёд гардидааст.
Воридшавии пардохтҳои гумрукиро аз рӯи сарчашмаҳои даромад шарҳ дода, генерал — майор Абдуқодирзода Ҷамшед Комил, аз ҷумла, гуфт, ки дар нимсолаи аввали соли 2023 нақшаи воридоти андоз аз арзиши иловашуда 110,9 фоиз иҷро гардид, ки дар қиёс ба нақша 141,4 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Таъкид гардид, ки вазни қиёсии андоз аз арзиши иловашуда дар таркиби пардохтҳои гумрукӣ 73,5 фоизро ташкил медиҳад. Чунин тамоюл дар ситонидани боҷи гумрукӣ ва андози аксизӣ низ баръало буда, мутаносибан нақшаҳои пешбинигардида 132,1 ва 150,2 фоиз иҷро шуд. Иҷрои нақшаи пардохтҳои ғайриандозӣ низ барзиёд буда, ба ҷои 25,2 миллион сомонӣ ба буҷет 25,5 миллион сомонӣ ворид гардид.
Иттилоъ гирифтем, ки ҳаҷми умумии воридот дар нимсолаи аввали соли равон 2 815,3 миллион доллари ИМА-ро ташкил дод, ки аз он 2530,44 миллион доллари ИМА (86,4 фоиз) аз супоридани пардохтҳои гумрукӣ озод мебошад. Лозим ба ёдоварист, ки дар ҳамин давраи соли 2022 воридоти молу маҳсулот 2 993,3 миллион доллари амрикоиро ташкил дод, ки аз ин 2 735,5 миллион доллари амрикоӣ (91,9 фоиз) аз супоридани пардохтҳои гумрукӣ озод буданд.
Тавре генерал-майор Абдуқодирзода Ҷамшед Комил гуфт, озод намудани воридоти маҳсулот ва воситаҳои нақлиётро аз пардохтҳои гумрукию андоз муқаррароти моддаи 169 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 345 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим медароранд. Дар моддаи 345 Кодекси гумрук муқаррар шудааст, ки воридоти пули миллӣ ва асъори хориҷӣ (ба ғайр аз мақсадҳои нумизматӣ), инчунин коғазҳои қиматнок, металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои Хазинаи давлатии сарватҳо, моле, ки ройгон ба мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешаванд, воридоти мол ба сифати кумаки башардӯстона, воридоти моле, ки ба ташкилотҳои эҳсонкорӣ ба мақсади рафъи оқибати офатҳои табиӣ, садама ва фалокатҳо ройгон дода мешавад, таҷҳизоти истеҳсолию технологӣ ва маҳсулоти такмилии (комплектии) онҳо, ки маҷмӯи ягонаро ташкил медиҳанд, доруворӣ, таҷҳизоти тиббӣ, фармасевтӣ ва асбобҳои тиббӣ, аз пардохти боҷи гумрукӣ озоданд.
Дар баробари молу маҳсулот ва таҷҳизоти зикршуда воридоти моле, ки барои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи маблағҳои созишномаҳои грантӣ ва қарзӣ амалӣ мешаванд, маҳсулоти махсуси истифодаи фардӣ барои маъюбон, масолеҳи сохтмонии иншооти сайёҳӣ, воридоти ашё (фурнитура) барои истеҳсоли либоси мактабӣ ба корхонаҳои дӯзандагӣ, техникаи таъиноти кишоварзӣ, маҳсулоту лавозимот барои истеҳсоли доруворӣ низ аз ин имтиёзҳо бархӯрдоранд. Ҳар сол, бо назардошти талабот баҳри дастгирии соҳибкорону сармоягузорон, имтиёзҳои андозӣ муқаррар карда мешаванд. Ин омил ва дигар далелу рақамҳои истифодашуда гувоҳӣ медиҳанд, ки бархӯрдорӣ аз имтиёз падидаи маъмул буда, онро хоси гурӯҳи алоҳида арзёбӣ намудан иштибоҳ аст.
Аз имтиёзҳои гумрукӣ дар ин давра воридоти асъори миллӣ ва асъори хориҷӣ (1 354 млн. доллари ИМА), кумаки башардӯстона (58,5 млн. доллари ИМА), молу маҳсулот, тибқи созишномаҳои грантӣ (121,1 млн. доллари ИМА), маводи сохтмонӣ барои иншооти махсусан муҳим (150,1 млн. доллари ИМА), таҷҳизоту техника ва маводи сохтмонӣ барои иншооти сайёҳӣ (1,96 млн. доллари ИМА), молу маҳсулот аз давлатҳои аъзои шартнома дар бораи минтақаи савдои озод (336,6 млн. доллари ИМА), таҷҳизоти истеҳсолӣ ва технологӣ (37,7 млн. доллари ИМА) бархӯрдор шуданд.
Нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар воҳидҳои тобеи раёсат 1068 ҳуқуқвайронкунии гумрукӣ ошкор ва ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 668 ҳолат зиёд мебошад. Аз ин нишондиҳанда 14 ҳолатро парвандаҳои ҷиноятӣ ташкил медиҳанд. Маълум гардид, ки ҳуқуқвайронкунии гумрукӣ асосан ба маснуоти заргарӣ, қисмҳои эҳтиётии воситаҳои нақлиёти боркаш, интиқоли ғайриқонунии асъори хориҷӣ, тамоку, шоколад, доруворӣ, либос ва ғайра марбутанд. Нишондиҳандаи мазкур натиҷаи вусъат бахшидани корҳои санҷишӣ ва назорати баъд аз барасмиятдарории гумрукӣ ба ҳисоб рафта, доимо мадди назари роҳбарият қарор дорад.
Ба гуфти сардори Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе, генерал — майор Абдуқодирзода Ҷамшед Комил, сабаби асосии комёбиҳои зикршуда, пеш аз ҳама, масъулиятшиносӣ зимни татбиқи қонунгузории амалкунанда дар самти муайян намудани арзиши гумрукии молу воситаҳои нақлиёти ба ҳудуди гумрукии ҷумҳурӣ воридшуда, таъмини сифатнокии барасмиятдарории гумрукии молҳои ниёзи мардум, тавсеаи корҳои фаҳмондадиҳӣ бо субъектони фаъолияти иқтисодии хориҷӣ, пурзӯр намудани фаъолият дар самти пешгирии воридоти ғайриқонунии молу воситаҳои нақлиёт ва тақвияти ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мебошад.
Илова бар ин, ба рақамикунонии пардохтҳои гумрукӣ бо истифода аз низоми ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ, назорати фосилавии фаъолияти дидбонгоҳҳои гумрукии наздисарҳадӣ, иттилоотонии пешакӣ ва монанди инҳо таваҷҷуҳ зоҳир гардид, зеро амалӣ гардидани тадбирҳои мазкур ба самаранокии фаъолияти мақомоти гумрук дар самти дарёфти роҳҳои баланд бардоштани сатҳи ҷамъоварии пардохтҳои гумрукӣ низ мусоидат менамоянд.
Далер АБДУЛЛО,
«Садои мардум»