Конститутсия. Аз марҳилаи таҳия то зарурати вориднамоии тағйиру иловаҳо

№135-136 (4555-4556) 04.11.2022

konunДар матолибу гузоришҳое, ки бахшида ба Рӯзи Конститутсияи мамлакат нашр ва пахш мешавад, аксарият  умумигӯӣ карда, моҳияти бахтномаи миллат  таври бояду шояд бозгӯӣ намегардад. Масалан, чун сухан дар бораи тағйиру иловаҳои ба Конс­титутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 1999, 2003 ва 2016 воридшуда равад, бо он иктифо мекунанд, ки   онҳо моҳияти мушаххаснамоӣ ва дақиқкунанда доранд.

Эътироф бояд кард, ки дар бораи ворид гардидани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия назарҳо яксон нест. Бинобар ин, ба мардум бояд муфассал шарҳ диҳем, ки иқдоми тавассути раъйпурсии умумихалқӣ амалигардида муҳиму саривақтӣ ва пурмоҳият буда, самараи он дар ҳама бахшҳо намоён аст. Зарурияти ин амал дар шароите ки баъзе ба ном «коршиносон» (аслан тӯтии нотавонбинони давлату миллат)  моҳияту мақсади тағйиру иловаҳоро таҳриф намуданианд, рӯзафзун аст.

Инсон мавҷуди фаъол буда, офарандаи тамоми арзишҳои ҳаётӣ ба шумор рафта, эҷодгари санади меъёрии ҳуқуқӣ низ мебошад. Пажӯҳиши масъала собит намуд, ки то ҳол меъёру санаде таҳия нагаштааст, ки барои ҳама давру замон яксон, хос ва қобили қабул бошад.

Дар робита ба ин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон 5-уми ноябри соли 2014, зимни суханронӣ дар таҷлили 20-умин солгарди Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикис­тон чунин таъкид карданд: «Конститутсия ҳамчун ҳуҷҷати сиёсиву ҳуқуқӣ догма нест. Бо дарназардошти ин, дар давраҳои мухталиф бо ворид гардидани тағйиру иловаҳо ба Қонуни асосӣ ислоҳоти ҳуқуқӣ дар мамлакат идома ёфта, дар баробари як силсила навовариҳо, барои танзими муносибатҳои сифатан наве, ки ба рушди давлатдории миллӣ робитаи мустақим доштанд, заминаи муҳими ҳуқуқӣ гузошта шуд».

Аз Шавкат Исмоилов, доктори илми ҳуқуқшиносӣ, профессор, Ходими шоистаи илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  (солҳои 2001-2005) оид ба марҳилаи аввали таҳияи Конститутсия пурсон шудем. Бино ба гуфти номбурда, дар саргаҳи ин иқдом Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доштанд. Ин раванд, ки баъд аз Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шурӯъ гардид, ба давраи бисёр ноороми ҷамъиятиву сиёсӣ рост омад.

- Бо қарори Президиуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сентябри соли 1993 гурӯҳи кории таҳияи лоиҳаи Конститутсия таъсис ёфта, муовини якуми Раиси Шӯрои Олӣ А. Достиев, ман, ки он замон вазири адлия будам, Т. Азизова – мудири шуъбаи ҳуқуқи Шӯрои Олӣ, З. Алиев – раиси Кумитаи назорати конститутсионӣ, Р.Мӯсоева — раиси Кумита оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллии Шӯрои Олӣ, К. Раҳимов — директори Институти иқтисодиёти ҷаҳонӣ ва равобити байналмилалии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, С. Раҳмонов – муовини раиси Суди Олӣ, С. Раҷабов – раиси Кумита оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони Шӯрои Олӣ, Ш. Рустамов — мудири шуъбаи Институти забон ва адабиёти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Х. Ҳомидов — муовини якуми вазири адлия ва прокурори генералии ҳамонвақтаи ҷумҳурӣ ба ҳайати он  шомил  шудем, — гуфт номбурда.

Ҷоиз ба зикр аст, ки дар раванди таҳия ва баррасии лоиҳаи Конститутсияи кишвар шаҳрвандон низ фаъолона иштирок карда, ба гурӯҳи корӣ фикру пешниҳодҳо манзур намуданд. Ҳамчунин, таҷрибаи давлатҳои гуногуни ҷаҳон омӯхта, истифода шуданд. 13-уми апрели соли 1993 лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омода гардида, баъд аз баррасии шаҳрвандон 6-уми ноябри соли 1994 аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид.

Оид ба зарурати вориднамоии тағйиру иловаҳо ба ин ҳуҷҷати муҳим ҳамсуҳбатам ба он назар аст, ки ин ибтикор боис гардид, ки мазмуну муҳтавои низоми ҳуқуқии кишвар такмил ва асосҳои демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ ва дунявии он таҳким ёбад. Соли 1999 ­тағйиру иловаҳо моҳияти мазмуниву меъёрӣ ва ҳуқуқиву ташкилӣ касб карда буданд. Аз ҷумла, дар даҳ қисм ба муқаррароти Конститутсия тағйиру иловаҳо ворид шуд. Дар заминаи тағйиру иловаҳои мазкур бори нахуст парламенти думаҷлиса таъсис ёфт.  Ҳамчунин, тартиби интихоб, дахлнопазирӣ, доираи салоҳияти палатаи поёнӣ, яъне Маҷлиси намояндагон ва палатаи болоӣ — Маҷлиси миллӣ мушаххас таснифбандӣ гардида, заминаи ҳуқуқӣ барои самаранокии фаъолияти якҷоя ва ҷудогонаи онҳо фароҳам шуд. Муҳлати ваколати Президенти кишвар аз 5 ба 7 сол афзуда, доираи салоҳиятҳои Сарвари давлат аз 26 ба  30 расид.

Дар баробари ин, ба Маҷлиси вакилони халқи ВМКБ ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ дода шуд. Илова бар ин, муҳлати ваколати судяҳо аз 5 ба 10 сол, инчунин механизми ба вазифа таъин гардидани онҳо мушаххасан пешбинӣ гардид, ки ин меъёр ба таъмини беш аз пеши адолати судӣ мусоидат намуд.Такмил ёфтани тартиби таъин ва гузаронидани раъйпурсии умумихалқӣ, ки ифодаи иродаи халқ маҳсуб мегардад, ҷузъе аз ин тағйиру иловаҳо мебошад.

Тағйиру иловаҳо ба Конститутсия дар маротибаи дуюм, яъне 22-юми июни соли 2003, ба мукаммал ва мустаҳкам намудани муносибатҳои ҷамъиятӣ, бо назардошти унсурҳои давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ равона гардиданд.

Аз ҷумла, инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ эътироф гардида (дар моддаи 5),  моҳияти интихобот ва раъйпурсӣ ба сифати  ифодаи олии ҳокимияти халқ таҳким бахшида шуд. Дар моддаи 8 ҳизбҳои сиёсӣ чун унсури низоми сиёсӣ шинохта шуда, дар моддаи 14  ҳифзу татбиқи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд такмилу тавсеа ёфт.

Дар сатҳи Конститутсия (моддаи 38) вазифаи давлат оид ба ҳифзи  муҳити зист, инкишофи варзиши оммавӣ ва сайёҳӣ мушаххас гардида, ҳуқуқи шахс ба таҳсили умумии асосии ройгон дар муассисаҳои таълимии давлатӣ ва таҳсилоти ибтидоӣ, касбӣ, касбии миёна ва олӣ устувор карда шуд. Дар заминаи тағйироти зикршуда 25 -сола будан  ва таҳсилоти олӣ доштан барои интихоб шудан ба вакилии Маҷлиси намояндагон,  35 — солагӣ ва доштани  таҳсилоти олӣ барои узви Маҷлиси миллӣ муқаррар гардида, асосҳои қатъи ваколатҳои аъзои Маҷлиси миллӣ ва  вакилони Маҷлиси намояндагон ҳангоми гузаронидани ҷаласаҳои якҷоя ва дар алоҳидагӣ танзим шуданд.

Ба шарофати ин тағйиру иловаҳо салоҳиятҳои Президент мушаххастар гардида, муҳлати ваколати маҷлиси вакилони халқ 5 сол муқаррар шуд. Тағйиру иловаҳои 22-юми майи соли 2016 воридгардида меъёрҳоеро пешбинӣ намуданд, ки имконияти баробари ҳуқуқиро ба намояндагони се шохаи ҳокимияти давлатӣ таъмин намуда, талаботи ягонаро барои ишғоли мансабҳо ва мақоми онҳо муқаррар кард. Аз ҷумла, барои шахсоне, ки ба сифати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Маҷлиси миллӣ, вакили Маҷлиси намояндагон, аъзои Ҳукумати кишвар ва судя интихоб ё таъин мешаванд, ин доштани танҳо як шаҳрвандӣ, яъне шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳатмӣ мебошад. Тағйироти пешниҳодшуда ба моддаҳои 49, 65, 73, 85 ва 89 ба  ҳамин масъала рабт дорад.

Ҷорӣ намудани талаботи ягона ба шахсоне, ки дар се шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ фаъолият менамоянд, бениҳоят муҳим буда, мувофиқи ин талабот шахсоне, ки душаҳрвандӣ ё шаҳрвандии дигар давлатро доро мебошанд, дар вазифаҳои пурмасъулият интихоб ё таъин шуда наметавонанд. Шахсе, ки баъд аз интихоб ё таъин шудан ба ин вазифаҳо шаҳрвандии дигар давлатро соҳиб шуда бошад, ин ҳолат боиси аз вазифа рафтани ӯ мегардад.Талаботи дигаре, ки ба хотири таъмин намудани дастрасии баробар барои ишғоли мансабҳо ва мақоми дар боло зикргардида ироа шудааст, ин талаботи синнусолӣ нисбати чунин шахсон мебошад.

Лозим ба ёдоварист, ки мувофиқи муқаррароти Конститутсияи то соли 2016 амалкунанда талаботи синнусолӣ нисбат ба  онҳо гуногун — барои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 35-солагӣ, узви Маҷлиси миллӣ 35-солагӣ, вакили Маҷлиси намояндагон 25-солагӣ, судяи судҳои болоӣ 30-солагӣ пешбинӣ шуда буд.  Дар асоси тағйиру иловаҳои воридшуда талаботи синнусолӣ барои ҳар се шохаи ҳокимияти давлатӣ якхела, яъне на камтар аз 30-солагӣ, муқаррар гардид.

Конститутсияи то он вақт амалкунанда савгандёдкуниро барои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш аз шурӯи вазифа дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон,  ҳамзамон савгандёдкунии судяҳоро муқаррар карда буд. Мувофиқи тағйиру иловаҳои соли 2016 ба моддаҳои 49, 73, 85 ва 89 воридгардида барои намояндагони ҳар се шохаи ҳокимияти давлатӣ ёд кардани савганди садоқат дар сатҳи конститутсионӣ талаботи якхела ҷорӣ гардид.

То соли 2016 Конститутсия қабули қонуни конститутсиониро оид ба тарзи ташкил, фаъолият, ваколатҳо, вазъи ҳуқуқӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати кишвар ва судҳо пешбинӣ намудааст. Аммо оид ба санаде, ки таъмини фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба танзим медарорад, дар Конститутсия муқаррарот вуҷуд надошт. Аз ин рӯ, иловаи ба моддаи 71 пешниҳодшуда қабули қонуни конститутсиониро оид ба танзими таъмини фаъолияти Президент  муқаррар намуд.

Мувофиқи тағйироти ба моддаи 78 воридшуда меъёри намояндаи Президент будани раиси вилоят, шаҳр ва ноҳия аз Конститутсия хориҷ гардид. Бояд зикр намуд, ки мансаби раиси вилоят, шаҳр, ноҳия мансабҳои алоҳида мебошанд ва тибқи қонун, салоҳияту ваколатҳои мушаххаси худро доранд.

Ҳамсуҳбатам зимни шарҳи моҳияти ин ҷузъи тағйиру иловаҳо минҷумла гуфт, ки ҳамчун мансаби алоҳида ин шахсон аз ҷониби Президент таъин ва озод карда мешаванд, дар назди Президент ва мақомоти болоии худ, маҷлисҳои вакилони халқи дахлдор масъул ва ҳисоботдиҳанда мебошанд. Чунин хусусияти ин мансабҳо тақозо менамояд, ки нисбат ба  онҳо меъёри намояндаи Президент истифода бурда нашавад. Аз ин рӯ, ин пешниҳод низ ба таҳкими ҳокимияти иҷроия, махсусан мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, равона карда шудааст.

Тағйиру иловаҳои мавриди назар  ба густариш додани мустақилияти судяҳо ва амалисозии ислоҳоти сохтории ин мақомот низ мусоидат намуд. Дар ин замина, Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ихтисор шуда, масъалаҳои ба салоҳияти ин сохтор дахлдошта дар доираи меъёрҳои Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳаллу фасл шуд. Ҷоиз ба зикр аст, ки таъсиси Шӯрои адлия дар гузашта тақозои замон буда, қадами аввалин дар самти таъмини мустақилияти ҳокимияти судӣ ба ҳисоб мерафт, ки вазифаи асосии он аз ташкили кори судҳо ва таъминоти моддию техникии онҳо иборат буд. Вале таҷриба нишон дод, ки мавҷуд будани Шӯрои адлия аз тарафи дигар ба судяҳо дутобеиятиро ба миён овардааст.

Шавкат Исмоилов таъкид кард, ки такмили луғавию маъноии Конститутсия имкон фароҳам овард, ки матлаб дақиқтару фаҳмотар баён шавад. Ин омил дар иваз намудани калимаҳои «марзиву маъмурӣ» бо калимаҳои «маъмурию ҳудудӣ», иваз намудани калимаи «Ташкилотҳои» бо калимаи «Иттиҳодияҳои», аз матн хориҷ намудани калимаи «Сарқонун» ва истифодаи васеи вожаи «Конститутсия»  ҳамчун вожаи байналмилалии аз тарафи умум эътирофшуда ва ғайра зоҳир мегардад.

Барои мисол, мафҳуми «Конститутсия» нисбат ба «Сарқонун» маънии васеъ дошта, он на танҳо ба маънии санади меъёрии ҳуқуқӣ, балки ҳамчун ҳуҷҷати дорои аҳамияти ҷамъиятӣ ва давлатӣ, яъне ҳуҷҷати муайянкунандаи самтҳои ҷамъиятиву давлатӣ ва сиёсӣ мебошад, ки дар он масъалаҳои марбут ба ҳокимияти давлатӣ, асосҳои сохтори иқтисодию иҷтимоии ҷамъият, вазъи ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд, сохтор ва дигар масъалаҳои ҳаётан муҳими давлатӣ ва ҷамъиятӣ муқаррар мешавад. Мафҳуми  Сарқонун, ки то соли 2016 ҳамрадиф бо Конститутсия истифода мегардид, ин ҳамаро пурра ифода карда наметавонад.

Тағйироти ба қисми шашуми моддаи ҳаштум воридгардида, бо назардош­ти ҳаводиси  дар ҷаҳони муосир бениҳоят муҳиму саривақтӣ аст. Тибқи он: «Дар Тоҷикистон  фаъолияти ҳизбҳои сиёсии дигар давлатҳо, таъсиси ҳизб­ҳои хусусияти миллӣ ва динидошта, инчунин маблағгузории ҳизбҳои сиёсӣ аз ҷониби давлатҳо ва созмонҳои хориҷӣ, шахсони ҳуқуқӣ, шаҳрвандони хориҷӣ манъ аст». Моҳияти ин иқдом дар он зоҳир мегардад ки эътиқоди динӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ мафҳумҳои гуногун буда, мақсаду мароми онҳо аз якдигар ба куллӣ фарқ дорад. Эътиқоди динӣ бояд орӣ  аз ғаразҳои сиёсӣ бошад. Дар акси ҳол, он ба бархӯрди манфиатҳои давлативу ҷамъиятӣ оварда мерасонад, ки оқибатҳои мудҳиши онро мо дар мисоли давлати хеш ва ҳодисаҳои охири  олам шоҳидем.

- Ба касе пӯшида нест, ки баъзе аз ҳизбҳои сиёсӣ дар барномаҳояшон  худро  ватандӯст ва ободкор вонамуд карда,  вале дар асл бо сарфи назар намудани манфиатҳои милливу давлатӣ «ба осиёби бегонагон об мерехтанд». Табиист, ки дар чунин ҳолат на манфиатҳои милливу давлатии мо, балки манфиат ва ғаразҳои нопоки бегонагон бартарӣ пайдо менамуд. Бинобар ин, манъи чунин ҳизбҳо, инчунин қатъ кардани маблағгузории ҳизбҳои қонунан фаъолияткунанда аз тарафи давлатҳо ва созмонҳои хориҷӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандони хориҷӣ  барои таъмини  манфиати амнияти давлату миллат бениҳоят муҳим аст, — таъкид кард номбурда.

Хулосаи ниҳоӣ ин аст, се маротиба  ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия дар маҷмӯъ ба мукаммалтар гардидани меъёру муқаррароти он мусоидат намуда, барои ташаккули минбаъдаи муносибатҳои ҷамъиятӣ заминаи мусоиди ҳуқуқӣ фароҳам оварда, кафолати ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрвандро дар ҷумҳурӣ тақвият бахшид.

Далер АБДУЛЛО,

«Садои мардум»