Ҳар гоҳе таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон наздик меояд, беихтиёр дасти андеша моро ба замони қабули он мебарад, ёди он рӯзҳои барои мо басо сахту душвор дар зеҳн равшан мегардад. Он рӯзҳо вазъ ниҳоят ҳассосу мураккаб ва тамоми талошҳо барои ба эътидол овардани он равона гардида буд. Қабл аз ҳама, мебоист собит гардад, ки ҷанги дохилӣ дар мамлакат таҳмилӣ буда, дар асл мо як миллати фарҳангпарвару дорои таърихи қадиму адабиёти пурғановат ҳастем, ки абармардони миллатамон дар ташаккули тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми бориз гузоштаанд. Бояд дар ин рӯзҳо ҳар чӣ зудтар эътимоду эътирофи ҷомеаи ҷаҳониро нисбат ба худ ба даст меовардем. Бо ҳамин мақсаду ҳадафи нек Роҳбари тозаинтихоби Шӯрои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 29-уми сентябри соли 1993 аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид нахустин бор бо забони ноби тоҷикӣ суханронӣ намуда, ҳадафҳои сулҳҷӯёна ва мақсаду мароми неку созандаи давлати моро ба самъи ҷаҳониён расониданд ва назари онҳоро нисбат ба мардуми мамлакат ва давлати тозаистиқлоламон ба самти мусбат тағйир доданд.
Он айём дар қатори ба ифоқа овардани тарафҳои даргиру баргардонидани гурезаҳо, ҳамчунин, қабули Конститутсия низ аз тадбирҳои басо муҳим арзёбӣ мегардид ва Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо саъю талоши беназир ва садоқату вафодорӣ ба миллату давлати хеш, сарфи назар аз вазъияти басо мураккабу печида, тавонистанд, ки ин тадбирҳои барои халқи азизамон басо сарнавиштсозро дар амал татбиқ намоянд.
Имсол аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бисту нуҳ сол сипарӣ мегардад, ки он яке аз беҳтарин дастовардҳои даврони соҳибистиқлолиамон эътироф гардидааст. Метавон ақида кард, ки барои таҳия ва қабули он наздик ба чаҳор сол пушти сар шуд. Манзурам ин аст, ки Эъломияи Истиқлолияти ҶШС Тоҷикистон аз тарафи Совети Олии ҶШС Тоҷикистон аз 24 — уми августи соли 1990 қабул гардид, вале ҳанӯз ҳам он замон ҶШС Тоҷикистон ба ҳайати ИҶШС дохил мешуд ва ҳамин падидаи сиёсӣ барои омодасозии лоиҳаи нави Конститутсия асоси ҳуқуқӣ гардид. Бо ин мақсад моҳи августи ҳамон сол ҳайати корӣ таъсис ёфта, ба кори хеш шурӯъ намуд. Давоми як сол лоиҳаи Конститутсия омода гардид, вале бо сабабҳои маълум қабули он ба таъхир афтод. Билохира, дар қатори дигар ҷумҳуриҳои ҳайати ИҶШС 9-уми сентябри соли 1991 Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ эълон гардид. Орзуи деринтизори миллатамон ҷомаи амал пӯшид ва мо соҳибдавлат гаштему бароямон имкон муҳайё гардид, ки ормонҳои миллиро дар амал татбиқ намоем. Бо назардошти ин падидаи сиёсии таърихӣ мебоист, ки лоиҳаи Конститутсияи давлати ба тозагӣ истиқлолёфта аз нав омода гардад ва соли 1992 ҳайати нави корӣ таъсис ёфт. Лоиҳа аз тарафи ҳуқуқшиносони варзида борҳо бозбинӣ гардида, ба он тағйироту иловаҳои зарурӣ, ки дархӯри замон буданд, ворид шуд ва мебоист ба муҳокимаи умумихалқӣ гузошта мешуд, вале сар задани ҷанги таҳмилӣ боис ба он гардид, ки ин тадбир амалӣ нагардад. Бо гузашти соле аз миён аз сари нав ба масъалаи мавриди назар руҷӯъ шуд ва дар Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26-уми июни соли 1993 бо Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Шӯрои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раиси комиссияи конститутсионӣ интихоб гардиданд. Вобаста ба шакли идоракунии давлатӣ ду лоиҳа — шакли идоракунии ҷумҳурии президентӣ ва шакли идоракунии ҷумҳурии парлумонӣ таҳия гардид. Баъди баррасиҳо лоиҳаи Конститутсия бо шакли идоракунии президентӣ қобили қабул дониста шуд ва қабл аз қабул тавассути воситаҳои ахбори омма мавриди муҳокимаи умум қарор гирифт.
Билохира, 6 — уми ноябри соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ якдилона қабул гардид. Ин маънои онро дошт, ки аксарияти мардуми кишвар раъй доданд, ки сарнавишти ояндаи худ ва давлати соҳибистиқлоламон дар чаҳорчӯбаи ҳамин Конститутсия барномарезӣ шавад. Аз ҳамин ҷост, ки Конститутсияи мавриди назарро Конститутсияи мардумӣ мегӯянд ва ҳар сол рӯзи қабул гардиданашро таҷлил менамоем.
Маврид ба зикр аст, ки моддаи 1-уми Конститутсия давлати моро бо сифатҳои соҳибихтиёр, демократӣ, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ муаррифӣ менамояд. Як ҷиҳати фарқкунандаи он аз дигар конститутсияҳои қаблӣ дар он зоҳир мегардад, ки аз як сӯ волоияти меъёрҳои қонун, санадҳои ҳуқуқии байналмилалиро муқаррар мекунад, аз сӯйи дигар вазъи ҳуқуқии инсон ва шаҳрвандро мушаххас менамояд.
Маҳз, Конститутсия ормонҳои давлатдорию манфиатҳои миллии моро ифода карда, ҷаҳониён мамлакати моро ҳамчун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ, татбиқкунандаи сиёсати дарҳои боз шинохтанду эътироф намуданд.
Қайд кардан бамаврид аст, ки омили мардумсолорӣ ва арҷгузорӣ ба ҳуқуқу озодиҳои инсон дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мақоми аввал меистад. Боби 2 — юми Конститутсия ҳуқуқ, озодӣ, вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд ном дорад ва 34 моддаи Конститутсия ва ё аз се як ҳиссаи он ба ин мавзӯъ бахшида шуда, инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯро арзиши олӣ эътироф намудааст.
Дар моддаҳои 5 ва 14 омадааст: «Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошанд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба воситаи Конститутсия, қонунҳои ҷумҳурӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки аз тарафи Тоҷикистон эътироф шудаанд, ҳифз мегарданд».
Мусаллам аст, ки дар мамлакати мо намояндагони дигар миллатҳо низ ҳаёт ба сар мебаранд, Тоҷикистонро ватани худ медонанд ва соҳиби забони хешанд. Аз ҳамин лиҳоз, мавқеи корбурди забон ба таври мушаххас дар моддаи 2 — юми Конститутсия муайян гардидааст: «Забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст. Забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо амал мекунад. Ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳое, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ зиндагӣ мекунанд, ҳуқуқ доранд аз забони модариашон озодона истифода кунанд».
Боиси ифтихор аст, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи коршиносону мутахассисони дигар давлатҳо баҳои баланд гирифта, Созмони амният ва ҳамкории Аврупо онро дар қатори даҳ конститутсияи беҳтарини давлатҳои аъзои худ эътироф намуд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз касби соҳибистиқлолӣ ҳамчун давлати мустақил, аз тарафи 192 давлат эътироф гардида, бо 183 мамлакат муносибатҳои дипломатиро ба роҳ монд ва ҳамзамон, узви комилҳуқуқи ҳамаи созмонҳои байналмилалию минтақавӣ гардида, дар онҳо овозу мавқеи худро дорад ва дар ҳалли масъалаҳои ҷаҳонӣ фаъолона ширкат варзида, иштирокдори беш аз 170 конвенсияи байналмилалӣ мебошад. Риоя ва иҷрои ҳуқуқҳои байналмилалӣ аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моддаи 10 — уми Конститутсия ба таври возеҳу равшан ифода ёфтааст: «Санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, қисми таркибии низоми ҳуқуқии ҷумҳуриро ташкил медиҳанд. Агар қонунҳои ҷумҳурӣ ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофшуда мутобиқат накунанд, меъёрҳои санадҳои байналмилалӣ амал мекунанд. Қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон эътироф кардааст, пас аз интишори расмӣ амал мекунанд».
Конститутсия кафили пойдории ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, сулҳу субот ва тинҷию оромӣ дар ҷомеа буда, сиёсати имрӯзаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ менамояд.
Имрӯз собит гардид, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти тамоми омилҳо одилонатарин ҳуҷҷати ҳуқуқӣ мебошад. Инчунин, бо назардошти рушди муносибатҳои нави ҷамъиятӣ барои тақвияти меъёрҳои Конститутсия бо роҳи раъйпурсӣ ба он тағйиру иловаҳо ворид мегарданд.
Чун дар арафаи Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем, ин ҷашни фархундаро, ки дар созандагӣ, хушрӯзӣ ва саодатмандии сокинони мамлакат заминагузор аст, ба мардуми кишвари азизамон самимона муборакбод мегӯям.
Барно Саидвализода,
сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,
номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ,
генерал — майори милитсия