Расидан ба марҳилаи Истиқлоли давлатӣ зиндагии ҷомеаи тоҷикро тағйир дода, роҳи пешрафту тараққиро аз ҳар ҷиҳат ҳамвор сохт. Мусаллам аст, ки тайи таърихи башарӣ ҷомеа, мардум ва кишварҳои зиёди ҷаҳон сари исми истиқлоли давлатӣ савганди садоқат ба ҷо оварда, дар ин масири саодатбахш ва руҳафзо фидокориҳо кардаанд. Истиқлоли давлатӣ ба унвони ормони таърихӣ, сиёсӣ ва миллӣ сарнавишти миллатро дар замон ва макони мушаххаси таърихӣ рақам зада, ҷомеаро ба сӯйи рушду инкишоф ҳидоят менамояд. Маҳз, марҳилаи истиқлоли давлатӣ имкон фароҳам меоварад, ки миллат шикасту рехт, бурду бохт, муваффақияту нокомӣ ва билохира, қисмати худро дар тарозуи ақлу виҷдон баркашад ва барои сохтмони давлати навин гомҳои устувор бардорад.
Маълум аст, ки ба шарофати Истиқлоли давлатӣ мо соҳиби рамзҳои давлатӣ — Парчам, Нишон, Суруди миллӣ ва Конститутсия гардида, Ватани азизамон аз ҷониби ҷомеаи башарӣ ҳамчун давлати мустақил эътироф шуд. Зимнан, Истиқлоли давлатӣ раванди ҳувиятсозии миллиро таҳкиму тақвият бахшида, барои густариш пайдо кардани ваҳдати тамоми сокинони қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи мусоид фароҳам овард. Насли миёнсол ва солманди Тоҷикистони азиз хуб дар ёд доранд, ки Истиқлоли давлатии мо ҳанӯз дар бомдоди тавлид ба зарбаи ҷонкоҳу ҳалокатбор — ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ мувоҷеҳ гардид, ки кишварҳои дигари тоза истиқлол бадастовардаи собиқ Иттиҳоди Шуравӣ дар он айём ба чунин вазъи душвору фоҷиабор гирифтор нашуда буданд.
Бояд таъкид кард, ки ҳанӯз дар Иҷлосияи шонздаҳуми Шурои Олӣ роҳи таърихии миллати тоҷик муайян гардид, ки он бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ мебошад. Ғояи давлати демократӣ баъдан дар Конститутсия инъикос гардида, давлати мо роҳи татбиқи арзишҳои демократиро пеш гирифт. Яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи ҳукумати нави дар Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ интихобшуда хомӯш кардани оташи ҷанг, таъмин намудани сулҳу оромӣ дар кишвар, оғози татбиқи барномаи барқарорсозии баъдиҷангӣ, ба Ватан баргардонидани гурезаҳо ва бо манзили зист таъмин намудани онҳо буд ва раҳбарияти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист, ки ин сарҳадафи стратегиро бомуваффақият амалӣ созад.
Қабули Конститутсия рамзи соҳибистиқлолӣ ва мустақилияти давлат буда, давлатро ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ мекунад. Раванди қонунофарӣ ва тасвиби Конститутсия ба унвони сарчашмаи ҳуқуқ марҳилаҳои гуногуни рушдро паси сар кардааст. Муҳаққиқони ҳуқуқшинос бар ин назаранд, ки давраи муосири рушди раванди қонунофарӣ ва конститутсионӣ аз охири солҳои 80-уми садаи XX шурӯъ шуда, то имрӯз идома ёфта истодааст. Оғози ин давра асосан бо аз байн рафтани давлати шуравӣ ва пошхӯрии ҷумҳуриҳои хориҷии сотсиалистӣ вобастагӣ дорад. Баъди барҳам хӯрдани давлати шуравӣ собиқ 15 ҷумҳурии иттифоқӣ истиқлолияти худро эълом дошта, ҳамчун давлатҳои мустақил аъзои комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ гардиданд. Дар баробари ин, ҷумҳуриҳои хориҷии сотсиалистӣ (ба истиснои Чин, Куба, Кореяи Шимолӣ ва Ветнам) барҳам хӯрда, аз ин низом даст кашиданд. Баъди интихоб намудани роҳи бунёди ҷомеаи демократӣ онҳо конститутсияҳои нави худро дар асоси модули конститутсионии Ғарб қабул намуданд. Ба ин тартиб, аз 15 ҷумҳурии собиқи шуравӣ моҳи декабри соли 1991 танҳо 12 ҷумҳурӣ шакли нави ҳамкориро дар қолаби иттиҳоди ҷадиди сиёсӣ — Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил пазируфтанд. Феълан аъзои ИДМ нуҳ ҷумҳурии собиқ шуравӣ мебошанд. Баъди эълом доштани истиқлоли давлатӣ дар ин ҷумҳуриҳои собиқ шуравӣ масъалаи таҳия ва тасвиби конститутсия ба миён омад. Ҷумҳуриҳои назди Балтика — Латвия, Литва ва Эстония ҳанӯз соли 1992 конститутсияҳои худро қабул намуданд. Дигар ҷумҳуриҳои собиқ шуравӣ аз соли 1992 то соли 1996 конститутсияҳои худро қабул карданд.
Ба ин тартиб, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди як дараҷа хомӯш шудани оташи ҷанги шаҳрвандӣ масъалаи аз нав омода кардани лоиҳаи нави Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тағйир додани ҳайати Комиссияи конститутсионӣ дар Иҷлосияи Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 июни соли 1993 матраҳ гардида, бо Қарори Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати Комиссияи конститутсионӣ дар ин иҷлосия тағйир дода шуд ва Раиси Комиссияи конститутсионӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон интихоб гардиданд. Аввалин маҷлиси Комиссияи конститутсионӣ 4 сентябри соли 1993 баргузор гардид, ки дар он ду гурӯҳи кории нав ташкил дода шуд. Моҳи апрели соли 1994 гурӯҳи корӣ ду лоиҳаи Конститутсияро — яке лоиҳаи Конститутсия бо шакли идоракунии президентӣ ва дигаре бо шакли идоракунии парлумонӣ ба Комиссияи конститутсионӣ пешниҳод намуд. Дар натиҷа, лоиҳаи Конститутсия бо шакли идоракунии президентӣ маъқул дониста шуд. Бо қарори Раёсати Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Конститутсия ба баррасии умумихалқӣ пешниҳод шуд. Ҳамин тариқ, лоиҳаи Конститутсия 21-22 апрели соли 1994 дар рӯзномаҳо ва маҷаллаҳои расмӣ интишор ва муҳокимаи он то моҳи июли соли 1994 идома ёфт. Дар Иҷлосияи нуздаҳуми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 21-22 июли соли 1994 доир шуд, лоиҳаи Конститутсия бо пешниҳоду таклифҳо муҳокима гардида, барои қабули он тариқи раъйпурсӣ дар таърихи 25 сентябр қарори дахлдор ба тасвиб расид. Баъдан, бо қарори Иҷлосияи бистуми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 сентябри соли 1994 муҳлати гузаронидани раъйпурсӣ то 6 ноябри соли 1994 тамдид карда шуд.
Бояд тазаккур дод, ки мардуми шарифи Тоҷикистон, ки барои хомӯш шудани оташи ҷанги хонумонсӯзи ҳамватанӣ дар паҳлуи раҳбарияти олии давлат қарор доштанд, дар таъини сарнавишти минбаъдаи давлат тавассути қабули Конститутсияи миллӣ саҳми сазовор гузоштанд. Ин буд, ки 6 ноябри соли 1994 дар раъйпурсии умумихалқӣ барои қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 94,4 дарсади шаҳрвандони ҷумҳурӣ ширкат варзида, 87,59 дарсади онҳо ба тарафдории қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон овоз доданд. Аз он ба баъд 6 ноябри соли 1994 ҳамчун Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пазируфта шуда, дар феҳристи ҷашнҳои давлатӣ ворид гардид.
Тавре ишора шуд, халқи тоҷик иродаи худро ба таври расмӣ тавассути Конститутсия соли 1994 баён дошт. Гузашта аз ин, дар таҳияи Конститутсия таҷрибаи қонунсозӣ ва санадофарии давлатҳои тараққикарда ва мутамаддини ҷаҳонӣ мавриди истифода қарор гирифтаанд. Ин аст, ки Конститутсияи давлати нави Тоҷикистон баёнгари тафоҳуми миллӣ ва ҳамбастагии мардумӣ буда, ҳамин шеваи демократӣ дар раванди тағйиру иловаҳо ба қонуни асосии кишвар то имрӯз пайгирӣ шудааст. Ин ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи сохтмони давлатдории демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ қадамҳои устувор бардошта истодааст, ба мазмуну муҳтавои Конститутсияи кишвар вобастагӣ дорад.
Аз ин лиҳоз, бо қабули Конститутсияи нав халқу давлати Тоҷикистон дар самти сохтмони давлатдории демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ иқдоми ҷиддӣ бардошт ва иқдомоти минбаъдаи созандаи сиёсӣ, иҷтимоӣ, фикрӣ, маданӣ ва ҳунарӣ давлати тоҷиконро дар арсаи байналмилалӣ соҳибобрӯ сохт. Бо қабули ин санади калидӣ, ки бозгӯкунандаи сатҳи тамаддун ва фарҳанги давлатмадории миллӣ мебошад, Тоҷикистон ба доираи давлатҳои мутамаддини ҷаҳонӣ шомил гардид ва имрӯз ҳарфи роҳбарияти олии моро созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва давлатҳои қудратманди минтақавию ҷаҳонӣ эҳтиром мекунанд.
Ҳанӯз сӣ сол қабл (20 июли соли 1994) муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ оид ба ислоҳоти конститутсионӣ, тартиби қабул ва мавриди амал қарор додани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иҷлосияи XIX Шурои Олии Тоҷикистон таъкид карда буданд: «Лоиҳаи Конститутсияи навро мардум қонуни сарнавишту тақдирсоз номидааст, ки ин асоси воқеӣ дорад. Конститутсияи нави Тоҷикистон бояд ҳамчун ҳуҷҷати ифодакунандаи орзую ормон ва масъулияти шаҳрвандон, конститутсияе, ки минбаъд ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷамъият дар чорчӯбаи он сурат бигирад, барои насли имрӯзу ояндаи мо муқаддасу шариф аст». Муҳимтар аз ҳама, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конститутсияи сифатан нав ва қабули он дар ҳаёти ҷумҳурӣ, ҳақиқатан, воқеаи таърихӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқӣ маҳсуб меёфт. Ин санади сарнавиштсоз бо роҳи демократӣ — аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шуда, Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона (унитарӣ) мустаҳкам менамояд. Дар он шакли идоракунӣ, сохтори давлатӣ ва режими сиёсӣ муайян карда шуда, давлати иҷтимоӣ будани Тоҷикистон эълом шудааст.
Яке аз вежагиҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он аст, ки он аввалин маротиба усули таҷзияи ҳокимиятро пешбинӣ карда, волоияти меъёрҳои қонуни асосӣ ва бартарии санадҳои ҳуқуқии байналмилалиро муқаррар намудааст. Дар он аввалин маротиба сухан дар бораи вазъи ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд меравад, ки барои конститутсияҳои қаблии мо ин мафҳум бегона буд.
Дар бахши муқаддимотии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи халқи ҷумҳурӣ чунин нукоти ҷолибе дарҷ гардидааст: «Мо, халқи Тоҷикистон, қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон буда, худро дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъул ва вазифадор дониста, таъмини соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли онро дарк намуда, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шумурда, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф карда, бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор дода, ҳамин Конститутсияро қабул ва эълон менамоем».
Тавассути моддаҳои Конститутсия ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон ва шаҳрванд таъин гардид ва озодии андеша тавассути воситаҳои ахбори омма сурат гирифта, сензура ва таъқиб барои танқид манъ шуд. Ба унвони мисол, аз моддаи 30 Конститутсия ёдовар мешавем: «Ба ҳар кас озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор кафолат дода мешавад. Сензураи давлатӣ барои танқид манъ аст». Таъини меъёрҳои озодии виҷдон ва андеша (моддаи 26), ки аз муҳтавои Конститутсия бармеояд, роҳи сохтмони давлати дунявиро ҳамвор намуд. Маҳз давлате, ки бар пояи низоми давлатдории дунявӣ устувор аст, метавонад озодии виҷдон ва андешаро кафолат диҳад. Ин нуктаи меҳварии озодиҳои инсонро Конститутсия муқаррар кард ва аз ин тариқ барои ба вуҷуд омадани ҷомеаи шаҳрвандӣ ва маданӣ дар мамлакат шароити мусоид фароҳам овард.
Ба таври куллӣ, бар асоси Конститутсияи соли 1994 шароити мусоиди такмили қонунияти конститутсионӣ ва истеҳкоми пояҳои демократикунонии Ҷумҳурии Тоҷикистон фароҳам оварда шуд. Ин санади олии ҳуқуқӣ раванди низоми давлатдории дунявиро дар ҷумҳурӣ таҳкиму тақвият бахшид. Ба ибораи дигар, Конститутсия гардиши куллиро дар ҳаёти сиёсӣ, идеологӣ, иқтисодӣ, фикрӣ ва фарҳангӣ ба вуҷуд оварда, роҳҳои рушду тараққии минбаъдаи давлатдории муосири тоҷикро ҳамвор сохт.
Нозим НУРЗОДА,
ходими Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон