Ҳамовозӣ ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Конститутсия ва паём ду санаде, ки ҳамдигарро таҳким мебахшанд

№61 (4801) 15.05.2024

53426129786_db1ce27aec_oПаёми ҳарсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори кишвар — Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯйдоди муҳими сиёсии мамлакат маҳсуб меёбад, зеро татбиқи саривақтии нуктаҳои ин ҳуҷҷати муҳиму сарнавиштсоз замина фароҳам меорад, ки пешрафти соҳаҳо таъмин гардида,  рӯзгори мардум боз ҳам беҳбудӣ ёбад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барҳақ зикр намуданд: «Мақомоти олии намояндагӣ ва қонунгузори кишвар — Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки дар пешоҳанги татбиқи ҳадафҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, мебояд ҷиҳати таҳкиму устувории пояҳои ҳуқуқии ҷомеаи ҳуқуқбунёду адолатпарвар ва барои амалисозии вазифаҳои нави муайяннамудаи Роҳбари давлат вобаста ба рушду тараққиёти минбаъдаи Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаҳои мусоиди ҳуқуқӣ фароҳам оварад».

Илова бар ин, муҳтарам ­Рустами Эмомалӣ таъкид карданд: «Ҳар як узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Паёмро ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсоз ва роҳнамои кору сармашқи фаъолияти хеш қарор дода, дар иҷрои босамари дастуру нишондодҳои дар он зикргардида саҳмгузор бошанд».

Қобили зикр аст, ки ироа гардидани Паёми Роҳбари давлат ба парламент хоси давлатҳои мустақилест, ки моҳият ва самтҳои сиёсатгузории худро худашон мустақилона муайян мекунанд. Ин ҷанбаи хеле муҳим маҳсуб шуда, далели раднопазири давлати соҳибихтиёр, демок­ратӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона будани кишвари мо ва шаҳодати ҷомаи амал пӯшидани ормонҳои таърихии гузаш­тагонамон дар бораи соҳибдавлатӣ ва истиқлолият аст. Бо иштироки намояндагони тамоми қишрҳои ҷомеа баргузор гардидани маросими ироаи Паём ба мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори мамлакат аз лиҳози сиёсӣ бениҳоят муҳим буда, ба он шукӯҳу шаҳомати хоса бахшидааст.

Дар раванди ибрози андешаҳои марбут ба ин ҳуҷҷати муҳим бояд моҳияти байналмилалии Паём низ мадди назар бошад. Таъкид менамоем, ки нақши Пешвои миллат баҳри муайяннамоӣ ва расидан ба ҳадафҳо, коркарду пешбурди усулҳои самаровар ва барои ҷомеаи ҷаҳонӣ қобили қабул дар сиёсати хориҷии мамлакат меҳвар ва муассир аст.

Муҳим он аст, ки тав­сеа ва тақвияти сиёсати хориҷии кишвари мо ба тахайюли коршиносону ба истилоҳ назарияпардозон рабте надошта, маҳсули фаъолияти пурмаҳсул, иродаи қавӣ ва рӯҳияи шикастнопазири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб мешавад.

Ироаи Паём ҷузъе аз ин раванд ба ҳисоб рафта, сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, масири барои кишвар афзалиятдошта, мавқеъгирӣ дар робита ба ҷараёнҳои гео­политикӣ, дастовардҳои ноилгардида ва тасмиму нақшаҳо дар заминаи таҳлили амиқу доманадор ва истинод ба далелу рақамҳои асоснок муайян мегарданд. Маҳз, таклифу пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон боис мегарданд, ки аз ҷониби субъектҳои ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ва ҳуқуқэҷодкунанда санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла қонунҳои конститутсионӣ, кодексҳо, қонунҳо, стратегияҳо ва барномаҳо таҳия, қабул ва ҷонибдорӣ мешаванд. Илова бар ин, ба қонунгузории амалкунандаи кишвар тағйиру иловаҳо ворид шуда, ба шарофати ин иқдом заминаи ҳуқуқӣ мукаммалтар мегардад.

53426549385_69ae648593_oАгар аз лиҳози ҳуқуқӣ моҳияти ин ҳуҷҷати муҳимро арзёбӣ намоем, пеш аз ҳама, бояд зикр кард, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун меъёри конститутсионӣ заминаи қонунӣ дорад ва аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад. Тавре аз муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бармеояд, барои дар сатҳи хубу сифати баланд амалӣ намудани салоҳияту ваколати Президент санадҳои зиёд таҳия, қабул, ҷонибдорӣ ва мавриди амал қарор гирифтаанд. Барои мисол, фармон, амр, санадҳои меъёрӣ ва ғайримеъёрии зиёд марбут ба салоҳияти Президент мавҷуданд, ки хусусияти ҳуқуқтатбиқнамоӣ доранд. Миёни онҳо ҷойгоҳи яке аз санадҳои муҳим ва асосӣ — Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» хоса аст, зеро меҳвару ҷавҳари он таҳлили амиқ, муқоисаи асоснок, хулосаи воқеӣ, масъалагузориҳои бениҳоят муҳим, тасмимгирии саривақтӣ ба ҳисоб рафта, дар ин раванд ягон соҳа аз мадди назар дур намемонад.

Ин ҳуҷҷати муҳим самараи ислоҳоти конс­титутсионии соли 1999 ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба моддаҳои 69 ва 55-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки  бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ (26 сентябри соли 1999) қабул гардид.

Тибқи муқаррароти сархати якуми моддаи 69 ва қисми сеюми моддаи 55-и Конс­титутсияи мамлакат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Паёмашонро «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» дар Ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори мамлакат ироа менамоянд. Иқдоми мазкур бори нахуст 27-уми апрели соли 2000 амалӣ гардида буд.

Лозим ба ёдоварист, ки муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмҳо ба арзиши олӣ доштани ҳуқуқи инсон, зарурату моҳияти бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, мақомоти дахлдори давлатиро вазифадор карданд, ки дар ин самт бетаъхир тадбирҳои судманд андешанд.

Паёми навбатӣ (28 декабри соли 2023) идомаи мантиқии Паёми солҳои пешини Роҳбари давлат мебошад. Он навгониҳое, ки дар бахшҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа рӯйи кор омада истодаанд, замина фароҳам меоранд, ки мазмуну моҳияти ин ҳуҷҷат низ дигаргун гардад. Ин махсусият дар ҳама нуктаҳои Паём баръало намоён аст.

Маҳз, тавассути Паёмҳои Президент мардум дар бобати тадбирандешиҳои ба  бахшҳои гуногун рабтдошта иттилоъ пайдо менамоянд. Барои мисол, зимни ироаи яке аз Паёмҳо бо мақсади таъмини рушди минбаъдаи соҳибкорӣ дар истеҳсолот бо назар­дошти ҷалб намудани техника ва технологияи муосир ва тадриҷан афзун кардани истеҳсоли маҳсулот дар дохили мамлакат барои ҳама гуна тафтишу санҷиши фаъолияти соҳибкороне, ки корхонаҳои нави истеҳсоли молу маҳсулот таъсис медиҳанд, мораторий эълон шуда, ба вазорату идораҳои дахлдор супориш дода шуд, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ҳамкории давлат ва бахши хусусӣ»-ро таҳия карда, ба баррасии Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.

Такмили Кодекси андоз, дар таҳрири нав таҳия ва пешниҳод гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ», эълони 300 рӯзи ислоҳот оид ба дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва дигар ибтикорот маҳз,  дар партави ин ҳуҷҷати муҳим сурат гирифт.

28 декабри соли 2023 дар фарҷоми Паёмашон Пешвои миллат чунин таъкид намуданд: «Ман ба мардуми азизи кишвар муроҷиат карда, ҳар яки онҳоро даъват менамоям, ки биёед, табиати Тоҷикистони биҳиштосоямонро ба гулистон табдил диҳем, ободӣ ва тозагиву озодагиро аз ҳар хонаву кошона сар карда, то деҳоти дурдасттарин вусъат бахшем, тамоми қаламрави Ватанамонро хурраму сарсабз гардонем ва соҳиби фарҳангу тамаддуни бостонӣ будани худро ба ҷаҳониён собит намоем. Ман ба ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси гарми ватандӯстӣ, нияти неку азми қатъӣ ва саъю талоши созандаи мардуми шарафманди Тоҷикистон эътимоди комил дорам».

Тавре олимони соҳаи ҳуқуқ иброз медоранд, Паёми Президентро аз рӯйи қувваи олии ҳуқуқӣ ва аҳамияту эътибор метавон ба Конститутсия муқоиса кард, зеро он баҳри амалӣ гаштани меъёрҳову муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши муҳиму назаррас дорад ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳомии Конститутсия, қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошанд.

Далер АБДУЛЛО,

«Садои мардум»