Коррупсия яке аз падидаҳои номатлуб буда, дар низоми муносибатҳои иҷтимоӣ арзи вуҷуд дорад. Табиист, ки ин ҳодиса дар рафти раванди таърихӣ доимо тағйир меёбад ва дар баробари мураккаб шудани тартиботи сиёсӣ ва иқтисодӣ шаклҳои нави он ба миён меоянд. Дар ҷаҳони муосир коррупсия барои қариб ҳамаи давлатҳо мушкили ҷиддӣ ва мубрам ба ҳисоб меравад.
Дар муқаддимаи Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия мушкилот ва таҳдидҳои коррупсия ба суботу амнияти ҷомеа, ки институтҳо ва арзишҳои демократӣ, арзишҳои ахлоқӣ ва адолатро халалдор мекунанд ва ба рушди устувор ва волоияти қонун зарар мерасонанд, қайд мешавад ва он дигар мушкилоти маҳаллӣ ба ҳисоб нарафта, балки ба падидаи фаромиллӣ табдил ёфтааст, ки ба ҷомеа ва иқтисоди ҳама кишварҳо таъсир мерасонад.
Имрӯз мушкилоти коррупсия, рафъи зуҳуроти мухталиф ва муқовимат ба паҳншавии он, таҳия ва татбиқи амалии сиёсати самарабахши зиддикоррупсиониро барои тамоми кишварҳои олам тақозо намуда, иллати тамоми низоми идоракунии иҷтимоӣ мебошад, ки ба ҳама давлатҳо хос аст. Он ба низоми муносибатҳои ҷамъиятии дорои дараҷаҳои гуногуни фаъолият таъсир расонда, баъзан чунон мавқеъ пайдо мекунад, ки ба танзимгари ин муносибатҳо табдил ёфта, қонунро иваз менамояд ё дар баробари он амал намуда, пояҳои ҳокимияти давлатиро суст мекунад. Чунин кирдорҳои коррупсионӣ соҳибони қудрати қонуниро водор месозад, ки ба он муқовимат нишон диҳанд. Мубориза бо ин шакли шадиди коррупсия ба самти муҳимтарини ташаккули рушди устувори низоми идоракунии иҷтимоӣ табдил меёбад.
Давлат ва ҷомеа ҳангоми рушд, бо назардошти омилҳои зиёди дорои хусусияти объективӣ ва субъективӣ воситаҳои мубориза бо коррупсияро таҳия намуда, онҳоро дар сатҳҳои гуногуни ҳокимият — ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ ва маҳаллӣ мавриди санҷишу таҳлил қарор медиҳанд. Бо ин мақсад бар зидди коррупсия чораҳои зарурӣ, чӣ дар сатҳи байналмилалӣ ва чӣ дар сатҳи миллии кишварҳо андешида шуда, доктринаи ягонаи ҳуқуқӣ дар ин раванд ташаккул дода шудааст.
Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия», коррупсия кирдоре, ки аз ҷониби шахси барои иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахсони ба он баробаркардашуда бо истифода аз мақоми хизматии худ ва имкониятҳои он барои ба манфиати худ ё шахси дигар ғайриқонунӣ ба даст овардани неъматҳои моддию ғайримоддӣ, бартарӣ ё имтиёзҳои дигар содир карда мешавад, инчунин, ба ин шахс бевосита ё бавосита додани неъматҳои моддию ғайримоддӣ, бартарӣ ё имтиёзҳои дигар ба субъектҳои ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд бо мақсади моил кардан ё мукофотонидани онҳо барои содир намудани чунин ҳаракатҳо ба манфиати шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ ба ҳисоб меравад.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки сабабҳои содиршавии кирдорҳои коррупсионӣ гуногунанд, аз ҷумла таҳаммулпазирии аҳолӣ ба зуҳуроти коррупсия, паст будани шуури ҳуқуқии шаҳрвандон, мавҷудияти интихоби усулҳои рафтори шахси мансабдор, вақте ки ӯ метавонад масъалаи дар назди ӯ гузошташударо мусбат ва ҳам манфӣ ҳал намояд, аз ҷониби шаҳрванд надонистани ҳуқуқҳои худ, инчунин, ҳуқуқу уҳдадориҳои шахси мансабдор ё шахсе, ки вазифаи роҳбариро дар ташкилоти тиҷоратӣ ё ташкилоти дигар иҷро менамояд.
Дар навбати худ намудҳои коррупсия низ гуногуншакланд. Вобаста ба субъекти он, бо суиистифода аз вазифаҳои хизматӣ ва ташаббускори муносибатҳо, ришвадиҳандаю ришвагиранда, миёнаравӣ, вобаста ба объекти он, фоида, бартарӣ ва имтиёзи ба дастовардашуда фаҳмида мешаванд.
Ин амали номатлуб мушкилоти байналмилалӣ буда, он ба ҳамаи кишварҳо, сарфи назар аз сохти сиёсӣ ва сатҳи рушду нумӯъ маҳсуб буда, танҳо аз ҷиҳати миқёсу андозаи худ фарқ мекунад.
Дар умум, оқибатҳои ногувори коррупсия дар он аст, ки принсипи волоияти қонунро зери суол бурда, ба рушди арзишҳои демократӣ ва волоияти қонун таҳдид мекунад, ҷалби сармоягузориҳо, аз ҷумла сармоягузориҳои хориҷиро, коҳиш медиҳад ва ҳавасмандии сармоягузоронро ҷиҳати машғул шудан ба фаъолияти муайян аз байн мебарад.
Б. ЮСУПОВ,
ҳуқуқшиноси асосии Дастгоҳи раиси Раёсати КВД БА ҶТ «Амонатбонк»