9-уми марти соли ҷорӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар мулоқот доир намуданд, ки номаи ҳидоят барои шаҳрвандони кишвар мебошад ва бунёди онро далелҳои муътамад аз Қуръону ҳадис ташкил менамояд. Қабл аз фаро расидани моҳи Рамазон вохӯрии мазкур хеле мубраму саривақтӣ буд.
Президенти мамлакат зимни суханронӣ аз мардуми шарифи кишвар даъват ба амал оварданд, ки бахусус, дар ин моҳи муборак ба кори хайру савоб ва амалҳои нек машғул бошанд. Аз ҷумла, таъкид намуданд, ки моҳи шарифи Рамазон фурсати беҳтарин барои вусъат додани амалҳои хайру савоб дар ҳаққи ятимону маъюбон, оилаҳои камбизоату бесаробонмонда, ниёзмандону дармондагон ва наздикону пайвандон мебошад. Бояд гуфт, ки маҳз баракати истиқлолияти давлатӣ аст, ки миллати мо ба эҳёи арзишҳои миллӣ ва динии худ комёб шудаву мардумамон бо мазҳаби аҷдодӣ, бо пирони хирад ва бузургони илму адаби гузаштаи хеш ҳамаҷониба ошно гардиданд. Ҷашнҳои Наврӯзу Меҳргон, Тиргону Сада ва идҳои Рамазону Қурбон ҳамчун ҷузъи фарҳанги миллӣ эҳё карда шуд ва инак, бо шукргузорӣ аз истиқлолияти давлатӣ, бо фараҳу сурур ин санаҳои бузурги миллӣ, ки таърихи шашҳазорсола доранд, бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил мешаванд.
Дар суханронии хеш Пешвои миллат ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро арзиши олӣ арзёбӣ карда, иброз доштанд, ки Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ҳамчун арзиши олӣ муносибат намуда, барои амалӣ гардонидани онҳо усулу воситаҳои заруриро дар сохтори давлатӣ ташаккул дод.
Сарвари давлат аз зуҳуроти нороҳатсозандаю номатлуби таассубу хурофот, тафриқаандозию ифротгароии динӣ изҳори нигаронӣ карданд. Дарвоқеъ, душманони дини мубини ислом барои коштани тухми нифоқу бадбинӣ, эҷоди ҳисси исломситезӣ, тафриқаи мазҳабӣ дар байни уммати мусулмон ва расидан ба ҳадафҳои ғаразноки худ ифротгароии диниро бо ҳар роҳу восита пуштибонӣ ва маблағгузорӣ мекунанд.
Яке аз масъалаҳои дигаре, ки боиси нигаронии Пешвои миллат буд, ин ҳолатҳои шомил шудани занону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ мебошад. Воқеан, барои модари тоҷик, ки намоди лутфу назокат ва муҳаббату садоқат аст, силоҳ гирифтану пеш бурдани ақидаҳои тезу хашин шоиста нест ва боиси таассуф аст, ки занону духтарон тамаддуни бостонии миллатро нодида гирифта, аз таърих сабақ набардошта, гумроҳона даст ба корҳои номатлуб мезананд.
Зимни суханронӣ Сарвари давлат зикр намуданд, ки дини мубини ислом гуногунзабонӣ, гуногунфикрӣ ва дорои фарҳанги мухталиф будани халқу миллатҳоро эътироф кардааст. Бегонапарастӣ дар сарулибос, одоб ва расму оини либоспӯшӣ бегонашавии фарҳангист, ки истиқлоли фикрӣ, ҳувияти миллӣ ва фарҳангии миллатро халалдор месозад. Имрӯз гурӯҳҳое пайдо шудаанд, ки мехоҳанд барои амалисозии нақшаҳои ғаразноки худ ҳамаро зери як шиор тағйир диҳанд. Воқеият баёнгари он аст, ки ҳар миллат бинобар собиқаи фарҳангии худ дар либоспӯшӣ рафтору анъанаҳои махсус дорад, ки арзишҳои моддиву маънавии гузаштаи онро инъикос менамояд ва ҳар миллат аз рӯйи забон, фарҳанг ва шаклу тарзи либоспӯшияш шинохта мешавад. Бегонапарастӣ дар сарулибос, яъне пӯшидани либоси бегона бо номҳои сохтаи сатру ҳиҷоб, дигар масъалаи мубрам барои ҷомеаи мо мебошад.
Воқеан, тайи ду даҳсолаи охир аз тарафи занону духтарони тоҷик тақлид ба либоспӯшии бегона ба анъана даромадааст, ки боиси нигаронии ҷиддӣ мебошад. Бояд зикр намоем, ки дар байни қавму миллатҳо ва пайравони динҳои гуногун сарулибос яке аз унсурҳои муҳиме мебошад, ки тавассути он мансубияти нажодию миллӣ ва эътиқодии одамон ба осонӣ муайян мегардад. Сарчашмаҳои таърихию илмӣ оид ба либосҳои аҷдодони қадимтарини тоҷикон — суғдиён ва бохтариён аз он шаҳодат медиҳанд, ки ниёгони мо каллапӯшҳою кулоҳҳо ва лавозимоти ороишию зебу зинати миллиро соҳиб буданд ва либосу кулоҳи онҳо бо намудҳои гуногун дар асарҳои муаррихони юнонӣ ва чинӣ дар намуди мусаввараи рӯйи санг ва рӯйи деворҳо аз тарафи бостоншиносон исбот шудаанд. Либос, ки ҷузъи асосии фарҳанги ин ё он миллат аст, фарҳанги баланди ниёгони моро дар аҳди қадим ҳам муаррифӣ менамояд. Чодару ҷилбоб, фаранҷию химор моли миллати тоҷик набуд, он дар ҷазираи Арабистон баъди зуҳури ислом пайдо шуд, зеро қабл аз ислом, дар замони ҷоҳилият занҳои араб либосҳои нимурён мепӯшиданд. Барои занони муъмин ба сар гирифтани чодар аз он хотир буд, ки шинохта шаванд ва аз озори ҷинсию шаҳвонӣ дар амон бошанд.
Солҳои охир сатру ҳиҷоби сиёҳ ба бар кардан дар миёни бонувони ҷавони тоҷик мӯд шудааст, ки ин тарзи либоспӯшӣ хоси занони тоҷик набуд. Гузаштагони мо пӯшидани либоси сиёҳро ба занон қабул надоштанд ва ҳатто ҳангоми азодорӣ либоси кабуд мепӯшиданд, на сиёҳ ва дар мавриди шахси азодор мегуфтанд «фалонӣ кабудпӯш аст» ё ҳангоме муддати азо тамом мешуд, маъракае доштанд бо номи «сафедпӯшон». Имрӯз ба бар кардани либоси сиёҳ (ҳиҷоби сиёҳ) на фақат бар хилофи расму оини миллӣ, балки нодида гирифтани фармудаҳои мазҳаби мо аст. Дар фарҳанги миллию динии мо ранги сиёҳ намоди андуҳи гарон, нокомӣ ва бадномӣ мебошад.
Пас, сиёҳпӯшон, ки баъзан дар кӯчаҳои шаҳри мо пайдо мешаванд, истиқболе дар байни мардуми мо надоранд.
Химор, яъне чодари борики якарз, ҳамон рӯсариҳои тоҷикии сафед аст, ки модару модаркалонҳои мо ба сар мекарданд. Куртаҳои тарҳи миллӣ, яъне бару остинаш дарозтару фарохтар ва тарзи рӯсарибандии тоҷикона, ки гесувони занонро паноҳ намуда, иффати зани мусалмонро ба намоиш нагузоштааст ва бадани зан намудор намешавад, беҳтар аз он сатру ҳиҷоб аст, ки зебогию латофати шаҳватангези зан намоён ва шарфҳои сиёҳи пур аз сӯзанак аст, ки имрӯз ин тарзи либоспӯшӣ дар байни ҷавондухтарон мӯд шудааст ва таърихи пайдоиши онро аз туҳфаҳои овардаи ҳоҷиён ба хешону наздиконашон ва таъсири тамошои филмҳои туркӣ, яъне таблиғи беохири молу маводи туркию чинӣ тавассути технологияҳои иртиботӣ, чун интернет ва моҳвора, донистан дуруст аст.
Имрӯз, ки бархе ҷавондухтарон аз бисёр рукнҳои фарҳанги миллӣ ва суннатии хеш бехабаранд ва ба либоспӯшии кӯр-кӯрона тақлид мекунанд, ба онҳо ҳушдор бояд дод, ки либоси миллии тоҷикӣ чакан, атласу адрас ва тарҳи дӯхти он нишонаи олии иффат ва назокати занону бонувон буда, шинаму зебо ва боиси ифтихори ҳар як бонуи тоҷик аст. Чакану адрас чун либоси тоҷикӣ аз ҷониби созмони бонуфузи байналмилалии ЮНЕСКО эътироф гардидааст.
Аз ин рӯ, тарроҳонро мебояд, ки аз матоъҳои фораму шинам, ки дорои рангҳои табиати диёр аст, мувофиқ ба фаслҳои сол ва мутобиқ ба талаботи миллию эътиқодот намунаи либосҳоро манзури духтарону бонувон намоянд. Дар ин маврид, барои пеши роҳи зуҳуроти бегонашавӣ аз фарҳанги миллиро гирифтан ҳар яки моро низ зарур аст, ки муассиртар бо василаи корҳои фаҳмондадиҳӣ ва пешниҳодот чораандешӣ намоем.
Муҷибахон Ҷавҳарӣ,
вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон