Маҳбубият ва манзалати бениҳоят баланди Раиси ҲХДТ

№23 (4606) 10.02.2023

1 ш — копияДар ноҳияи Фирдавсӣ соли гузашта таъсис ёфтани 23 ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ва 4000 нафар зиёд шудани аъзо ба ин омил вобаста аст.

-Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон бо роҳбарии Раиси он, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар мабнои арҷгузорӣ ба арзишҳои инсонӣ, миллӣ ва давлатӣ барои эъмо­ри давлати демократӣ, дунявӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон, инчунин, ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ ва дастовардҳои он, таъмини саодати халқ ва озодиҳои шаҳрвандон кӯшиш ба харҷ дода, комёбиҳо бениҳоят зиёд аст. Бегуфтугӯ, маҳбубияти ҳизб ва тамоюли афзоишро касб намудани теъдоди аъзо ва ҳаводорони он ба шахсияти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рабт дорад, — гуфт дар суҳбат раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ Абдураҳим Шоҳиён.

Шаҳрвандон ба он хотир аъзои ҳизб шуданд ва шуда истодаанд, ки Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба суханашон содиқ, ба ваъдаашон устувор ҳастанду дилхоҳ ибтикор аз зовияи мардумсолориву қонунмеҳварӣ сурат мегирад. Бинобар ин, ба қадри ин шахсият расидан ва роҳи интихобкардаашонро ҳифз карда, идома додан моҳиятан ва мантиқан эҳтиром ба давлати миллӣ, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаи Тоҷикистон аст. Дар раванди суҳбат маълум гардид, ки Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ дар 205 ташкилоти ҳизбӣ 16 ҳазору 450 аъзои ҳизбро муттаҳид намудааст. Аз теъдоди зикршуда 7 ҳазору 408 нафарро ҷавонон ташкил дода, 9 ҳазору 684 нафар зан мебошанд. Пурмаҳсул будани фаъолият дар он зоҳир мегардад, ки танҳо соли гузашта  теъдоди аъзои ҳизб дар ноҳия 4000 нафар афзуда, 23 ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ таъсис дода шуд. Илова бар ин, ҷиҳати сабти дақиқи аъзо аз ҷониби Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ «Махзани ягонаи электронии аъзои ҲХДТ» ташкил шудааст, ки аллакай натиҷаи назарррас ба бор овард.

 Иқдоми дигари ба тавсеаи фаъолият мусоидаткунанда таъмин гардидани ташкилотҳои ҳизбӣ бо «Китоби бақайдгирии аъзои Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон» маҳсуб мешавад. Дар заминаи ин ибтикор пешниҳоди ҳисоботи омории муътамад имконпазир гардид.

- Ба шарофати нуфузи хосаи ҳизб номзадҳои ҲХДТ, ки  ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатии Фирдавсӣ №1, вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва ноҳияи Фирдавсӣ бар ивази вакилони хориҷшуда дар ҳавзаҳои интихоботии шаҳрии №62, №5, № 9, №26 ва № 31 пешниҳод шуда буданд, комёб гардиданд, — афзуд ҳамсуҳбатам.

 Абдураҳим Шоҳиён бо иқтибос намудани таъкиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар яки мо бояд ватандӯсту ватанпараст бошем ва ҳаргиз фаромӯш насозем, ки эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва ҳисси баланди миллӣ омили асоситарин ва роҳи муҳимтарини рушди давлат ва ҷомеа мебошад», аз чорабиниҳои ба ин масъала рабтдош­та ёдовар шуд. Маълум гардид, ки бахшида ба Рӯзи Президент аксияҳои «Пешвои миллат — ҳомӣ ва роҳнамои ҷавонон», «Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз саҳифаҳои дурахшони таърихи навини кишвар аст» ва «Президенти ман», дар робита ба 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи илмӣ-адабӣ таҳти унвони «Нақши занону бонувони тоҷик дар пойдории истиқлолияти давлатӣ», озмуни иншои беҳтарин таҳти унвони «Истиқлолият — рамзи олии Ватану ватандорӣ» миёни хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия баргузор гардидааст.

Бо мақсади тақвияти ватандӯстӣ дар қисмҳои ҳарбии 0123-и Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 08010-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардида, хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таълимии ноҳияи Фирдавсӣ аз хобгоҳ, хонаи маишӣ-фароғатӣ, нуқтаи тиббӣ, хонаи волидайн, ошхонаи сарбозон ва осорхонаи онҳо боздид намуданд.

Бахшида ба Рӯзи Модар доир намудани суҳбати гирди миз бо номи «Нақши занон дар ташаккули давлатдории тоҷикон», аёдати модарони муътабар, баргузории аксия таҳти унвони «Модар, ту биҳишти ҷовидон баҳри манӣ», бахшида ба Рӯзи пойтахт созмон додани озмуни «Рассоми беҳтарин», бо истинод ба Рӯзи оила чорабинии сиёсӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Оила-пойдевори давлат», бахшида ба Рӯзи ҷавонон мусобиқаи варзишии баскетбол идомаи мантиқии ин раванд маҳсуб мешавад.

Илова бар ин, роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ дар ҳайати гурӯҳи кории Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби халқии де­мо­к­ратии Тоҷикистон аз 23-юм то 28-уми феврали соли гузашта ба ВМКБ сафар намуда, дар вохӯриҳо нутқи пурмуҳтаво намуданд.

Бино ба гуфти А. Шоҳиён, дар давраи зикршуда шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат ба мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори мамлакат масъалаи меҳварӣ буда, дар ин мавзӯъ 744 мулоқот доир гардид. Соли сипаришуда ба қабулгоҳи ҷамъиятии назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ 177 ариза пешниҳод гардида, бо ҷалби вакилон ба 624 ниёзманд кумаки моддии яквақтаина расонида шуд.

Иқдоми дигари арзандаи ситоиш дар ҳамовозӣ ба муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами ­Эмомалӣ дар бобати ба «Шаҳри сабз» табдил додани шаҳри Душанбе баргузории 10 аксияи ниҳолшинонӣ ва 78 ҳашари дастаҷамъона ба ҳисоб меравад.

Бар замми ибтикори зикршуда, роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ кӯшиш дорад, то дар таъмини амнияти иттилоотӣ низ саҳм гузоранд. Бо ин мақсад моҳи августи соли гузашта дар Конференсияи 36-уми ғайринавбатии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ Комиссияи таҳлилӣ ва кор бо воситаҳои ахбори оммаи назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе таъсис дода шуд.

 Нашри матолиб оид ба дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ бо меҳвар қарор додани нақши Пешвои миллат, бозгӯӣ кардани ободиву созандагӣ дар шаҳри Душанбе, бетаъхир вокуниш намудан ба таҳоҷуми иттилоотӣ, инъикоси моҳият ва зарурияти бунёди НБО-и «Роғун», шарҳи хурофот, ҳушдор додани шаҳрвандон барои аз даст надодани зиракии сиёсӣ вазифаҳое мебошанд, ки аз тарафи комиссия дар сатҳи хубу сифати баланд иҷро шуда истодааст. Шоистаи зикр аст, ки иқдоми мазкур интиҳои кор дар самти зикршуда набуда, чанде пеш дар назди Кумитаи иҷроияи ҳизб Комиссияи кор бо занон ва оила низ таъсис ёфт

Дар маҷмӯъ, Ҳизби халқии де­­­­мо­к­ратии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мактаби бузургест, ки омӯзиш ва азбарнамоии он ҳар яки моро ба пешравиҳои беш аз пеш ноил мегардонад, — гуфт дар фарҷоми суҳбат Абдураҳим Шоҳиён.

Далер АБДУЛЛО,

«Садои мардум»