Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

№59 (4642) 03.05.2023

Kohir-Rasulzoda-928 — уми апрели соли равон дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Он лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иштироки шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ» ва шаш пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаҳои якчанд қонунҳо, аз ҷумла «Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон», «Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикис­тон», «Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи фарҳанг» ва «Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» муҳокима гардида, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол шуд.

Аъзои Ҳукумати мамлакат, ҳамчунин, масъалаҳо «Оид ба пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Левакант дар бораи таъсис додани шаҳраки нав дар маркази маъмурии шаҳри Левакант ва номгузорӣ намудани он ба Сарбанд» ва «Оид ба пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Восеъ оид ба таъсис додани шаҳраки нав дар ҳудуди деҳоти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва номгузорӣ намудани он ба шаҳраки Заҳматобод», инчунин «Оид ба пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Восеъ оид ба иваз намудани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини ноҳияи Восеъ»-ро баррасӣ карданд.

Лоиҳаҳои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Барномаи давлатии корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027», «Барномаи рушди минтақаи сайёҳии «Роғун» барои солҳои 2024-2028», «Тартиби гузаронидани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Тартиби пардохти моддии моҳонаи якумра ба ғолибон ва ҷоизадорони бозиҳои олимпӣ, паралимпӣ ва сурдлимпӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ­масъалаҳои дигари маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки баъд аз муҳокимаи онҳо қарорҳои дахлдор қабул шуд.

Дар охири маҷлис Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода оид ба иҷрои супоришҳои маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастурҳои қаблии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нишондиҳандаҳои Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аъзои Ҳукумат ва роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо супоришҳои мушаххас дод.

АМИТ «Ховар»