29-уми апрели соли 2024 дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Нахуст, дар асоси супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли 2024 баррасӣ гардид.
Роҳбарони вазорату идораҳои давлатӣ оид ба ҷамъбасти фаъолияти бахшҳои муҳими иқтисоди миллӣ дар давраи ҳисоботӣ гузориш доданд. Баъди ҳисоботи шахсони масъул Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар назди роҳбарони сохторҳои давлатӣ ҷиҳати ислоҳи камбудиҳо, иҷрои босамари нақшаҳо ва татбиқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазифаҳои мушаххас гузоштанд.
Аз рӯи масъала «Дар бораи «Барномаи бехатарии маҳсулоти озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028» ҳисоботи раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Файзуллозода шунида шуд.
Сипас, лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нишондиҳанда барои ҳисобҳо», «Дар бораи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйир ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ва «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи карантин ва муҳофизати растаниҳо» муҳокима гардида, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шуд.
Аъзои Ҳукумати мамлакат, ҳамчунин, чор хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаҳои як қатор қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла «Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиаи иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи мутақобила»-ро муҳокима намуда, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намуданд.
Дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳо «Дар бораи Консепсияи миллии арзёбии сифати таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2044», «Шурои парасторони Фонди ташаббусҳои шаҳрвандӣ оид ба таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва таҳкими қонуният» ва «Дар бораи таъсиси Корхонаи воҳиди давлатии «Маҷмааи варзиш»-и назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон» низ баррасӣ гардиданд.
Аъзои Ҳукумати мамлакат ва роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар ҷамъбасти маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои ҳатмию саривақтии дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои вусъати киштукори баҳорӣ, пешгирӣ ва бартараф кардани офатҳои табиии вобаста ба селу обхезиҳо ва амалисозии тадбирҳои созанда ҷиҳати истиқболи сазовори Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор карда шуданд.
АМИТ «Ховар»