Маърифати ҳуқуқии аҳолӣ боло меравад, агар…

№99 (4839) 14.08.2024

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон бо ташаб­бусу иқдомоти беназири худ барои боз ҳам беҳтар гардидани сатҳу сифати рӯзгору маънавиёти аҳолии мамлакат мусоидат менамоянд, ки воқеан ҳам, шоистаи таъкиду тавсифанд.

Яке аз чунин иқдомоти бениҳоят муҳиму саривақтӣ, ки дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии мамлакат садо дод, ба муносибати таҷлили 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол ­эълон гардидани соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» аст. Роҳбари мамлакат аз ҷумла гуфтанд: «Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки заминаи эъмори давлати мустақили миллӣ ва пешравии тамоми ҷанбаҳои ҳаёти мардуми кишварро фароҳам овардааст, яке аз дастовардҳои муҳимтарини мо мебошад. Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии кишварамонро таъмин намоем, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем. Бинобар ин, пешниҳод менамоям, ки соли 2024 ба ифтихори ин санаи бисёр муҳими таърихӣ «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карда шавад».

Ин тасмими наҷиб, ки бо мақсади таъмини ҳуқуқбунёдӣ – яке аз меъёрҳои аслии конститутсионии ҷомеаи мо амалӣ мешавад, дар ҳақиқат, муҳим аст, зеро шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона, ки аз муқаррароти конститутсионӣ мебошад, тавассути чунин ибтикор имконпазир мегардад.

Маърифати ҳуқуқӣ аз мафҳумҳоест, ки дар меҳвари ҳуқуқбунёдии давлат қарор дорад, зеро Конститутсияи Тоҷи­кистони соҳибистиқлол ҳамчун яке аз беҳтарин қонунҳои асосии олам инсон ва ҳуқуқу озодиҳояшро арзиши олӣ мешуморад ва барои ӯ доираи васеи ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад. Аз ин рӯ, барои дарку фаҳм ва истифодаи оқилона аз ин имконият сатҳи баланди маърифати ҳуқуқӣ зарур аст. Чунин тадбири оқилонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳз барои расидан ба ҳамин ҳадаф – баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ равона гардидааст.

Бегуфтугӯ, дар амалӣ намудани ин иқдом мо — кормандони нотариалии давлатӣ низ саҳми муносиб гузошта метавонем, зеро нотариати давлатӣ масъалаҳои ҳуқуқии мубрам ва рӯзмарраи шаҳрвандонро ҳал намуда, барои ҳукми қонунӣ гирифтани иродаи шахс мусоидат менамояд. Дар ин ҷодаи муҳиму нозук ва масъу­лиятнок баланд будани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ хеле муҳим аст. Аз ин рӯ, тасмим гирифтаем, ки бо аҳолии деҳот ва кормандони корхонаҳо вохӯриву суҳбат доир намуда, ба онҳо мазмун ва моҳияти амалиёти нотариалии гузаронидашаванда, тартиби дастрас кардани ҳуҷҷатҳои барои ин ё он амалиёти нотариалӣ зарур, ҳуқуқ ва манфиатҳои шахсонро фаҳмонем. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки таваҷҷуҳи аҳолӣ ба сатҳи маърифати ҳуқуқии худ то андозае кам аст. Вақте ба онҳо нозукиҳои масъалаҳои ҳуқуқӣ фаҳмонида мешавад, мавриди ҳамовозӣ қарор гирифта, бо саволҳои мухталиф муроҷиат мекунанд. Ин амал бори дигар бениҳоят муҳим будани пешниҳоди Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмонро нишон медиҳад.

Илҳомиддин ШУҶОИДДИНЗОДА,

нотариуси давлатии идораи нотариалии давлатии ноҳияи Айнӣ