Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 28-уми декабри соли 2024 зимни ироаи Паёмашон ба Маҷлиси Олии мамлакат иброз доштанд, ки соли ҷорӣ мардуми шарафманди Тоҷикистон 30-юмин солгарди қабули нахустин Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли худро бо ифтихору шукргузорӣ аз соҳибватаниву соҳибдавлатӣ таҷлил намуданд. Зеро «Конститутсия ҳамчун санади тақдирсози давлати тоҷикон заминаи ҳуқуқии давлатдории мустақил, соҳибихтиёрии миллӣ ва рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеаи кишварро фароҳам овардааст», — таъкид намуданд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Тавре медонем, соли 2024 ба ифтихори 30-юмин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқдоми Пешвои миллат «Соли маърифати ҳуқуқӣ» низ эълон гардида буд. Вобаста ба ин мавзуъ бо доктори илми ҳуқуқшиносӣ, профессор, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Маҳмад Раҳимзода мусоҳиба доштем, ки фишурдаи онро пешниҳод менамоем:
- Муҳтарам Маҳмад Раҳимзода, иқдоми эълон намудани «Соли маърифати ҳуқуқӣ» барои бунёди ҷомеаи ҳуқуқбунёд чӣ аҳамият дорад?
- Албатта, он масъалае, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёмашон дар хусуси «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон кардани соли 2024 баён намуда буданд, яке аз иқдомҳои бузургест дар роҳи барпо намудани давлати ҳуқуқбунёд. Давлати ҳуқуқбунёд бе маърифати баланди ҳуқуқӣ ва бе фарҳанги ҳуқуқӣ рушд ёфта наметавонад. Вақте дар бораи маърифати ҳуқуқии инсон сухан мегӯем, он дониши ҳуқуқиеро дар назар дорем, ки шаҳрвандон дар натиҷаи қабул кардани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва аз худ кардани онҳо доранд. Мақсади маърифати ҳуқуқӣ баланд бардоштани шуурнокии ҳуқуқӣ ва фарҳанги ҳуқуқии шаҳрвандон ва ба ин васила ҳар чӣ хубтар риоя намудани тартиботи ҳуқуқию пойдории қонуният дар ҷомеа мебошад. Маърифати ҳуқуқиро давлат ба воситаи қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, шарҳи онҳо ва истифодаи дурусти ин санадҳо аз тарафи шаҳрвандон амалӣ менамояд. Барои шаҳрванд маърифати ҳуқуқӣ доштан на танҳо вазифа, балки уҳдадорӣ роҷеъ ба аз худ кардани иттилоот ва дониши ҳуқуқӣ оид ба қонун ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии қабулкардашуда мебошад. Аз тарафи дигар, ин замина ва ё воситаест барои фарҳанги ҳуқуқии инсон, фарҳанги ҳуқуқии ҷомеа. Мо бояд дарк кунем, ки то ба ҳамин рӯз мо иттилооти зиёди ҳуқуқӣ дорем, санадҳои зиёди ҳуқуқӣ қабул кардаем. Ҳамин қонуну санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар баъзе мавридҳо шояд ба тарзи бояду шояд иҷро карда нашавад. Ҷомеа бо иттилооти ҳуқуқӣ таъмин ҳаст, яъне давлат қонунҳои зиёде қабул кардааст, китобҳои зиёде дар бораи ҳуқуқ навишта шудааст, аммо фарҳанги ҳуқуқии ҷомеа ба дараҷаи даркорӣ рушд наёфт.
Аз ин рӯ, дар Паёми Пешвои миллат маърифати ҳуқуқӣ махсус таъкид шудааст.
- Воқеан, бо василаи ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ, новобаста аз он ки солҳои аввал дар ҳолати ногувори сиёсиву иқтисодӣ қарор доштем, санадҳои меъёрии зиёди ҳуқуқӣ қабул карда шуданд.
- Бале, дар ҳамон шароити мураккаб Конститутсияро қабул кардем, яъне ҳанӯз дар давраи аввали соҳибистиқлолӣ заминаи ҳуқуқиро бунёд кардем.
Дар ин замина, бо ҳамроҳии академик Аъзам Маҳмудов китоби «Асосҳои давлат ва ҳуқуқ»-ро навиштем. Ин аввалин китоби тоҷикӣ дар соҳаи ҳуқуқ буд, ки дастраси ҷомеаи Тоҷикистон гашт. Яъне, давлати мо ҳамон вақт ҳавасманд буд, ки ҳар як шаҳрванд дорои дониш ва маърифати ҳуқуқӣ бошад ва фарҳанги волои ҳуқуқӣ дошта бошад. Мутаассифона, ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва мухолифатҳое, ки дар ҳамон давра ба вуҷуд омад, боиси паст шудани на танҳо дониши ҳуқуқӣ, балки нигилизми ҳуқуқӣ гардид. Яъне, хунукназарӣ ба қонун пайдо шуд. Дар натиҷа, талаботи ҳуқуқӣ риоя намегардид, аз ҷониби гурӯҳҳои муайян кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ содир мешуд. Баъди Амри Президент дар соли 1995, мо якчанд кодекси асосиро таҳия ва қабул кардем, аз ҷумла Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ва як қатор қонунҳоро ба хотире, ки маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, фарҳангу шуурнокии аҳли ҷомеа баланд бардошта шавад.
- Шумо ду даъват вакили мақоми олии қонунбарори мамлакат — Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон будед. Роҷеъ ба фаъолияти қонунэҷодкунии парламенти мамлакат ибрози назар мекардед?
- Баъди таъсиси парламенти мамлакат, яъне Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низоми дупалатагӣ ба вуҷуд омад – Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон. Дар ҳамон давра, барои он ки мо фазои муносибатҳои ҷамъиятро зери танзими ҳуқуқӣ қарор диҳем, хеле босуръат санадҳои меъёрии ҳуқуқиро қабул кардем. Парламент дар таҳия ва қабули қонуну санадҳои меъёрии ҳуқуқии барои ҷомеа бисёр муҳим саҳми арзанда гузошт. Дар даъвати дуюм, давоми панҷ сол, мо зиёда аз 600 қонун қабул кардем. Дар даъвати сеюм, аз соли 2005 то соли 2010 бошад, зиёда аз 800, солҳои 2010-2015 (даъвати чорум) зиёда аз 600 санад ва дар даъвати панҷум (солҳои 2015-2020) зиёда аз 450 санади меъёрии ҳуқуқӣ қабул кардем. Ин ҳама барои танзими ҳуқуқии соҳаҳои гуногун ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳли ҷомеа, такмили дониши ҳуқуқии шаҳрвандон равона карда шудааст. Новобаста ба ин, бубинед, боз баъзеҳо ҳанӯз ба қадри кофӣ шуури ҳуқуқӣ ё маърифати ҳуқуқӣ надоранд.
Имрӯз шаҳру деҳот, аз ҷумла Душанберо чӣ қадар зебою кабудизор кардаем, гулу дарахтони зиёди зебо шинондаем, аммо баъзеҳо ба таври бояду шояд маърифати баланди шаҳрвандӣ надоранд. Баъзеҳо мегузаранду аз шишаи тирезаи мошин қуттӣ ва ё дигар чизҳоро ҳаво медиҳанд. Дар истгоҳҳои мусофиркашони ҷамъиятӣ таксиҳои хусусӣ, автобус ё троллейбусҳои ҷамъиятиро имконият намедиҳанд, ки озодона мусофиронро фароранд ва мусофирон ба нақлиёт савор шаванд, мавқеи онҳоро танг мекунанд.
- Соҳиби маърифати ҳуқуқӣ будан, албатта, ба ҳама дахл дорад, ҳамин тавр не?
- Бале, аз шаҳрванди одӣ то ба шахсони масъулу мансабдор бояд дорои маърифат ва фарҳанги ҳуқуқӣ бошанд. Мо вазифадорем, ки ҳама тартиботу қонуниятро риоя кунем. Шаҳри Душанбе имрӯз шуҳрати зиёд касб кардааст ва ба шаҳри мо меҳмонони зиёд меоянд, дар пойтахти мамлакат ҳамоишҳои сатҳи баланд доир мегарданд. Мо бояд ба меҳмонон фарҳангу маърифати баланди ҳуқуқиамонро нишон диҳем.
Солҳое, ки мо дар мактаб-интернати рақами 2-и шаҳри Душанбе мехондем, ҳамин чанорҳоеро, ки имрӯз дар кӯчаҳои шаҳр қомат афрохтааст, мунтазам об медодем, дар ҳашарҳои гулшинонӣ ва дигар маъракаҳои кабудизоркунӣ фаъолона иштирок мекардем, то дар зебоии пойтахти азизамон саҳмгузор бошем. Яъне шаҳрванди пойтахт бояд масъулият ва маърифати баланд доштаю ғамхор бошад. Душанбе ифтихори мост, мо онро бояд ҳамеша тозаю озода нигоҳ дорем ва ҳамзамон, ба меҳмонон хуб муаррифӣ кунем.
Маърифати ҳуқуқӣ қисми таркибии маърифати умумибашарист, ки хирадмандони миллати мо дар рушди он саҳми босазо гузоштаанд. Бале, мо анъанаҳои нек ва фарҳанги бузурги ахлоқӣ дорем ва онҳоро имрӯз бояд эҳё намоем, такмил диҳем ба фарҳанги имрӯзаи ҳуқуқӣ мутобиқ созем. Дар баробари ифтихор аз гузаштаамон бояд дар амал маърифати баланд, ахлоқи ҳамидаро касб кунем. Агар худро давомдиҳандаи маърифати баланди бузургонамон, ба мисли Рӯдакӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Ҷалолиддини Балхӣ, Имоми Аъзам, Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода ва дигарон шуморем, бояд фарҳанги ҳуқуқиамон низ аз ҳамон фарҳанги волои гузаштагонамон маншаъ гирад. Бале, мо ифтихор мекунем, вале баъзан пайравӣ аз ахлоқи ҳамидаи ниёгонамонро канор гузошта, баръакс, ба фарҳанги бегона тақлид менамоем.
Бо назардошти ҳамин нуктаҳо Пешвои миллат соли 2024-умро «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карданд. Яъне баланд бардоштани маърифатӣ ҳуқуқӣ яке аз заминаҳои рушди ҷомеа, барпо кардани давлати демократию ҳуқуқбунёд буда, ба таъмини амнияти ҳар як шаҳрванд, ба ҳуқуқвайронунӣ роҳ надодани тамоми шаҳрвандон мусоидат мекунад.
- Зарурати қабули қонунҳои зиёд ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар чист?
- Ин талаботи замон аст. Муносибатҳои ҷамъиятӣ рушд меёбанд. Мо узви ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонем. Тағйироту дигаргуниҳое, ки дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ба вуҷуд меоянд, ба рушди муносибатҳои ҷамъиятӣ дар кишвари мо таъсир мерасонад. Масалан, рушди иқтисоди рақамӣ, шартномаҳои электронӣ, бастан ва иҷрои шартномаҳо дар фазои маҷозӣ ва ғайра тақозои замон буда, роҳандозии онҳо дар ҷумҳурии мо низ заруру манфиатовар аст. Дар моддаи 521-и Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон истилоҳи «ҳуқуқи рақамӣ» пайдо шуд. Яъне бо рушд ёфтани ҷомеа муносибатҳо низ рушд меёбад. Агар мо қонунҳоро ба раванди ҷомеа мувофиқу мутобиқ ва тағйиру иловаҳо ворид накунем, санадҳои меъёрии ҳуқуқиро шарҳу тавзеҳ надиҳем, мухолифати қонунҳо, номуайянӣ ба вуҷуд омада, дар натиҷа ҳуқуқу озодиҳои инсон халалдор гардида, ба арзиши олӣ доштани ҳуқуқу озодиҳои инсон таъсири манфӣ мерасонад.
Вобаста ба ҳамкорӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ мо бояд сатҳи донишу фарҳанг ва маънавиёти худ, аз ҷумла маърифати ҳуқуқиамонро баланд бардорем. Вақте ба кадом давлати дунё сафар мекунӣ, бояд се чиз — забон, қонуну тартибот ва таърихи онро ба қадри зарурӣ бидонӣ. Дар ин замина шаҳрвандони мо бояд, пеш аз ҳама, таърих, забон ва ҳуқуқҳои хешро хуб донанду дар бораи дигар давлатҳо низ ҳангоми зарурат маълумот дошта бошанд. Ҳуқуқи имрӯзаи мо хислати умумиҷаҳонӣ дорад, меъёрҳои ҳуқуқии мо имрӯз дар алоқамандӣ бо қонунҳои дигар кишварҳо қарор дорад. Ба кадом кишваре равӣ, агар тартиботу қонуни онро вайрон кардӣ, ба ҷавобгарӣ кашида мешавӣ. Маҳаки рушди инсон фақат забондонӣ нест. Вақте шаҳрванд ҳуқуқи хешро медонад, вай ба қонунвайронкунӣ даст намезанад, шаъну эътибори худро ҳимоя мекунад, эҳтироми ҷомеаро сазовор мегардад.
Дар муносибати давлат ва шаҳрвандон таъкид кардан зарур аст, ки шаҳрванд бояд давлатро эътироф намояд, бо Ватани худ ифтихор дошта бошад, дар навбати худ, давлат шаҳрвандашро, новобаста аз мавқеи иҷтимоияш эътироф, барои рушди ҳуқуқу озодиҳояш шароит муҳайё ва кафолати ҳимояи онҳоро таъмин намояд.
- Тарбияи ҳуқуқиро аз кай оғоз кардан лозим, ки самаровар бошад?
- Тарбияи ҳуқуқӣ бояд аз овони кӯдакӣ оғоз ёбад. Ин ҳам аз ахлоқу маънавиёти падару модар ва аҳли оила вобастагии зич дорад. Аз кӯдакӣ падару модар ба фарзанд бояд фаҳмонанд, доимо таъкид кунанд, ки онҳо шохи дарахтонро нашикананд, обро ифлос накунанд, дар кӯча боодобу хушахлоқ бошанд, калонсолонро эҳтиром намоянд. Кӯдакону наврасонро то зарурат нашавад, ба дасташ пул дода ба мағоза ё бозор равон кардан лозим нест. Агар ба ин кор зарурат ҳам пайдо шуд, ба фарзанд бояд фаҳмонанд, ки дар бозору мағоза чӣ тавр рафтор намояд, аз дӯкону растаҳо ягон чизро нагирад ва ғайраҳо. Вақте фарзандро ба мактаб мегуселонанд, бояд таъкид намоянд, ки ба дарсҳо дуруст диққат диҳад, сабақи муаллимонро хуб аз худ кунад, дар роҳ то мактаб ва дар таълимгоҳ беодобӣ накунад. Дар навбати худ, омӯзгорон бояд ҳатман маърифату фарҳанги ахлоқию ҳуқуқӣ дошта бошанд, зеро кори тарбия танҳо бо як китоб намешавад. Дар мактабҳо тестҳо ва маҷмуи масъалаҳоро вобаста ба маърифати ҳуқуқии толибилмон зиёд кардан лозим.
- Яъне дар оила ва мактаб заминаи маърифати ҳуқуқии шахсро бояд пайдо кард, то вай аз хубу бад огоҳ бошад, хайрро аз шарр ҷудо карда тавонад, ба қонунвайронкунӣ, ҷинояткорӣ даст назанад.
- Бале. Тарбияи ҳуқуқию ахлоқиро минбаъд дар коллеҷу омӯзишгоҳҳо, донишкадаю донишгоҳҳо идома бояд дод. Дар сурати бо донишҳои ҳуқуқӣ ва ахлоқию маънавӣ мусаллаҳ будан он наврас ва ё ҷавон дар оянда ҳамчун шахси бомаърифату боандеша ва масъулиятшинос ба Ватан хизмат мекунад. Маҳз, чунин инсонҳо боиси пешрафти ҷомеа ва давлат мегарданд, ба шарофати чунин нафарони тарбиятдида сатҳи ҷинояткорӣ паст мешавад, дар тамоми соҳаҳо шахсони дорои нияту дасту дили пок афзоиш меёбад, фиребу дуздидани моликияти ҷамъиятӣ, хусусан ришвагирӣ, кам ва оромию осудагии ҷомеа таъмин мегардад.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак»-ро қабул кардем, барои чӣ? Маҳз, барои ин ки падару модарон масъулияти худро хубтар дарк кунанд, нисбати тарбияи фарзандон бепарво набошанд. Татбиқу риояи ин қонун ҳам ба тарбияи хуби насли наврасу ҷавон, баланд гардидани маърифати ҳуқуқӣ, ахлоқи ҳамида ва омӯзишу донишгирии онҳо мусоидат мекунад. Имрӯзҳо ба мушоҳида мерасад, ки ахлоқи баъзе наврасону ҷавонон коста шудааст, дар таълимгоҳҳо миёни хонандагон муноқишаҳо сурат мегирад, барои ҳаллу баррасии ин масъалаҳо кормандони ҳифзи ҳуқуқ ба мактабҳо мераванд. Чаро падару модарон ва муаллимон ин корҳоро пешгирӣ намекунанд? Дар ин бора бояд андеша кард.
Дар мактабҳо дарсҳои тарбиявиро бо сифати баланд гузаронида, мунтазам бо аҳли илму фарҳанг, собиқадорон суҳбату мулоқотҳо ташкил кардан лозим. Роҷеъ ба масъалаҳои мавриди назар дар курсҳои такмили ихтисоси муаллимон барномаҳои мушаххасу манфиатовар роҳандозӣ кардан зарур аст. Ба ҷои санҷишу тафтишҳои зиёде, ки дар мактабҳо сурат мегирад, хуб мебуд бештар чунин мулоқоту ҷамъомадҳо ташкил карда шавад.
- Аз суҳбат бо Шумо чунин хулоса бармеояд, ки барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ бояд тамоми ҷомеа саҳмгузор бошад?
- Бале, тавре дар боло ишора кардем, маърифати ҳуқуқӣ ин танҳо барои шаҳрванди одӣ хос нест. Шахсони масъулу мансабдор низ бояд аз донишу маърифати ҳуқуқӣ бархӯрдор бошанд. Маҳз, онҳо бояд намуна бошанд, зеро омма аз пушти онҳо меравад, ба сухани онҳо гӯш мекунад. Як чизи муҳим аст, баъзе инсонҳо метавонанд шуур ва маърифати ҳуқуқӣ дошта бошанд, лекин фарҳанги ҳуқуқӣ надоранд ва дидаю дониста ба ҳуқуқвайронкунӣ роҳ медиҳанд. Бубинед, шахси мансабдор, масъул ва ё шаҳрванди одӣ агар фарҳанги волои ҳуқуқӣ дошта бошад, магар ришва мегирад, ё ришва медиҳад, суиистифода аз мансаб мекунад, ба дигар корҳои ношоям даст мезанад? Албатта, не! Ин нуктаҳо бори дигар аз зарурату дурандешии Пешвои миллат дарак медиҳанд, ки чунин иқдомро пеш гирифтанд ва соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон шуд.
Муаррифӣ: Маҳмад Раҳимзодаро ҳамчун олими шинохтаи соҳаи илми ҳуқуқшиносӣ дар ҷумҳурӣ ва берун аз он мешиносанд. Вай давоми беш аз 45 соли фаъолияти меҳнатӣ зиёда аз 480 рисолаи илмӣ, китобҳои дарсию воситаҳои таълимӣ-методӣ, тафсирҳо ва мақолаҳои илмию оммавӣ ба нашр расонидааст. Асарҳои ӯ берун аз кишвар низ ба забонҳои русӣ, англисӣ, олмонӣ ва форсӣ рӯи чоп омадаанд.
Маҳмад Раҳимзода ду даъват вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Вай аввалин директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Заҳматҳои Маҳмад Раҳимзода бо Ордени «Иттиҳод»-и Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ, Медали 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, унвони фахрии Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон ва Ҷоизаи давлатии ба номи Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи илм қадрдонӣ шудааст.
Мусоҳиб Бурҳониддин КАРИМЗОДА,
«Садои мардум»