Ҳар пешниҳоду ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзмарра буда, аз дастгирии қишрҳои гуногуни ҷомеа бархӯрдор аст. Соли 2024-ро ҳамчун «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани Пешвои миллат бесабаб нест, зеро агар аз як тараф, он ба пешвози 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, аз тарафи дигар, ин иқдом водор менамояд, ки мардум огоҳии хешро оид ба қонуну тартибот, арзишҳои инсонӣ ва эҳтироми дастовардҳои истиқлолияту ваҳдати миллӣ беҳтар гардонанд.
Тавре зимни суҳбат номзади илмҳои иқтисодӣ, муовини ректор оид ба таълими Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав Хурсанд Ҳамдамзода иброз дошт, имрӯз ҷомеаи Тоҷикистон ба шахсиятҳои огоҳу ҷаҳонбинии васеъдошта ва созандаю бунёдкор эҳтиёҷ дорад, то арзишҳои миллию соҳибихтиёриро, ки бо талошҳои пайгиронаи Пешвои миллат ва халқи соҳибтамаддуни тоҷик ба даст оварда шудааст, ҳамчун гавҳараки чашм нигоҳ доранд, зеро маҳз ҳамин арзишҳо метавонанд давлати моро дар олами мутамаддин муаррифӣ ва онро поянда нигоҳ доранд. Конститутсия ва дигар санадҳои ҳуқуқӣ яке аз нишонаҳои ҳастии давлат маҳсуб меёбад. Пешвои миллат соли 1999-ро «Соли волоияти қонун ва ризоияти шаҳрвандӣ» эълон намудаанд, ки аз дастгирии зиёди доираҳои дохилию берунӣ бархӯрдор гардида буд.
- «Соли маърифати ҳуқуқӣ» давоми ҳамон тадбирҳое мебошад, ки ҳар фарди имрӯзи Тоҷикистон ҳақшиносу адолатхоҳ ва аз ҳуқуқу озодиҳои худ огоҳ бошад ва дар мавридҳои зарурӣ аз худ дифоъ карда тавонад, манфиатҳои Ватану миллатро дар мадди аввал гузорад, дар ин ҷаҳони пурталотум, ноором ва пешгӯинашаванда манфиатҳои миллии худро дарк намояд ва бетарафиро пеша накарда, баръакс, барои ҳифзи арзишҳои миллӣ, омодагӣ нишон диҳад. Ба мафҳумҳои ҳуқуқии ҳақиқат, адолат, қонуният, баробарӣ ва арзишҳои ахлоқӣ ва эҳтирому таҳаммулпазирӣ содиқ бошад. Донишу маърифати ҳуқуқӣ на танҳо барои ҳуқуқшиносону ҷомеашиносон, балки ба ҳар фарди ҷомеа зарур мебошад, то ақаллан ҳуқуқу манфиатҳои худро ҳимоя карда тавонад, — мегӯяд Х. Ҳамдамзода.
Номбурда дар идомаи суҳбат афзуд, ки ҳар як меъёри Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаҳои гуногуни муносибатҳои ҷамъиятиро ба танзим дароварда, санадҳое, ки ба Конститутсия мувофиқат намекунанд, эътибори ҳуқуқӣ надоранд.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мафҳумҳои «инсон» ва «шаҳрванд» диққати махсус додааст. Аз ҷумла, дар моддаи 5 гуфта шудааст: «Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошанд». Ҳамчунин, боби дуюми Конститутсия пурра ба риоя, ҳифз ва кафолати ҳуқуқу озодиҳои инсон бахшида шудааст, ки ба рушду инкишофи ҳар фарди мамлакат мусоидат намуда, ба демократикунонии ҳаёти ҷомеа пурра созгор аст. Мутаассифона, на ҳама қишрҳои ҷомеа аз меъёрҳои ин санади сарнавиштсоз ва аз ҳуқуқу озодиҳои худ огоҳӣ доранд ва табиист, ки ба мушкилоти гуногун дучор мешаванд. Маҳз, ба ҳамин хотир ва баланд бардоштани донишҳои ҳуқуқӣ Пешвои миллат соли 2024-ро «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намуданд.
Ҳар яки мо аз ҳама бештар ба Конститутсия, ки як санади роҳнамо ва танзимкунандаи муносибатҳои ҷамъиятӣ аст ва пешравию рушди кишвари мо ба он пайванди ногусастанӣ дошта, яке аз муқаддасоти миллӣ маҳсуб мешавад, бояд эҳтироми беандоза дошта бошем. Чӣ тавре ки Пешвои миллат дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуданд, ин ҳама рушду пешрафти кишвар ба меъёрҳои Конститутсия рабт дошта, аз он сарчашма мегиранд.
Воқеан, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар барқарор намудани сохти конститутсионӣ, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон, муайян намудани салоҳияту вазифаҳои мақомоти асосии давлатӣ ва муаррифӣ намудани Тоҷикистон дар муносибатҳои байналхалқӣ нақши бузург бозид. Конститутсия дар тӯли 30 сол ҳамчун як санади роҳнамо Тоҷикистонро дар дохил ва хориҷи кишвар муаррифӣ намуд. Аз тарафи дигар, дар ҳамон лаҳзаи барои мо сарнавиштсоз, ки хавфи аз байн рафтани давлат таҳдид менамуд ва ҷанги таҳмилӣ ҷараён дошт, аз таъмини амнияти мардум, пешгирии ҷанги хонумонсӯз, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон, қонунияту адолат, баргардонидани гурезаҳо, ҳифзи истиқлолияти давлатӣ ва таъмини ваҳдати миллӣ дида вазифаи бузургтару муқаддастаре набуд. Хушбахтона, маҳз ба шарофати сиёсати дурандешонаи Пешвои миллатамон ва ҳамин санади тақдирсоз ба чунин рӯзҳои тинҷу ором расидем ва имрӯз аз тантанаи адолат истиқбол менамоем.
Ба ҳамагон маълум аст, ки дар ҷаҳони муосири ҷаҳонишавӣ (глобализитсия) рушду пешрафт аҳамияти бесобиқа дорад. Ҷаҳони имрӯзаро бе ҷаҳонишавии тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа тасаввур карда намешавад. Яке аз хосиятҳои ҷаҳонишавӣ технологияи иттилоотӣ мебошад, ки ҳама аз он фаровон истифода мебаранд ва дар кору фаъолияти онҳо кумаки калон мерасонад, вале дар баробари тарафҳои мусбат мушкилоти ҷаҳонишавӣ низ хеле зиёд буда, давлату ҷомеаҳоро бетараф гузошта наметавонад ва онҳо барои ҳифзи арзишҳои миллии худ талош мекунанд, то равандҳои номатлуби ҷаҳонишавӣ манфиатҳои миллии онҳоро зери хатар нагузорад ва суботи ҷомеаро вайрон насозад. Албатта, манфиати миллии ҳар як давлати соҳибистиқлол, пеш аз ҳама, ҳифзи истиқлолият ва тамомияти арзии мамлакат буда, муҳимтарин неъмати истиқлолият суботи ҷомеа мебошад.
Имрӯз ҷаҳони муосир ба ғайр аз рушду пешравиҳои бесобиқа ба мушкилоти гуногун рӯ ба рӯ аст. Аз ҷумла, хатари ифротгароӣ ва терроризм ба ҳамаи давлатҳо таҳдид мекунад. Давлати мо имрӯз тамоми қудрату тавоноиро дорад, ки аз худ дифоъ намояд ва суботи ҷомеаро таъмин созад. Тавре Пешвои миллат дар яке аз суханрониҳояшон иброз дошта буданд, маҳз муборизаи муштарак ва оштинопазир бар зидди ин зуҳуроти номатлуб метавонад моро аз ин мушкилӣ раҳо намояд. Дар баробари ин, донишу маърифати ҳуқуқӣ ташаккул дода шавад, то ҳар фарди ҷомеа хатари ин амалҳои номатлубро дарк намояд ва дар куҷое набошад, манфиати миллии худро аз ҳама арзишҳои дигар боло гузорад.
- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 28-уми декабри соли 2023 дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуданд: «Ҳамаи мо вазифадорем дар шароити ниҳоят ҳассос ва ноорому пуртаҳаввули ҷаҳони имрӯза баҳри суботу амнияти кишварамон аз ҳар вақти дигар босабру таҳаммул ва муттаҳиду сарҷамъ бошем». Вобаста ба ин дастуру супоришҳо моро лозим аст, ки дар байни қишрҳои ҷомеа корҳои тарғиботӣ ва фаҳмондадиҳӣ, суҳбатҳо ва конфронсҳои илмию амалӣ гузаронида, «Соли маърифати ҳуқуқӣ» ва 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро сазовор ҷашн гирем ва заррае ҳам бошад, дар устуворӣ ва бақои давлати маҳбубамон саҳм гузошта, барои саодатмандии халқамон масъул бошем, — иброз дошт Хурсанд Ҳамдамзода.
Сулаймон СУЛТОНОВ,
«Садои мардум»