Ҳамовозӣ ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маърифати ҳуқуқӣ — омили муҳими пешгирии амалҳои номатлуб

№20 (4760) 12.02.2024

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 28-уми декабри соли 2023 зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд, ки дар раванди бунёди ҷомеаи пешрафта ва адолатпарвар масъалаи ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон нақши калидӣ дорад.

Ҳамчунин, вобаста ба он ки соли 2024 ба қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сол пур мешавад, чунин иброз доштанд: «Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки заминаи эъмори давлати мустақили миллӣ ва пешравии тамоми ҷанбаҳои ҳаёти мардуми кишварро фароҳам овардааст, яке аз дастовардҳои муҳимтарини мо мебошад. Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии кишварро таъмин намоем, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем».

Бо назардошти 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба ифтихори ин санаи бузургу таърихӣ Роҳбари давлат пешниҳод намуданд, ки соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карда шавад. Ин пешниҳод саривақтӣ ва зарур буда, имкон медиҳад, ки донишу маърифати ҳуқуқии аҳолӣ баланд бардошта шавад.

Мавриди зикр аст, ки Роҳбари давлат ба масъалаи таълиму тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон пайваста диққати ҷиддӣ медиҳанд. Чунончи, 21-уми декабри соли 2021 дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии кишвар низ ба масъалаи баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ дахл намуда, пурзӯр намудани корҳоро дар самти баландбардории маърифати ҳуқуқии аҳолӣ тақозо намуда буданд.

Бояд гуфт, ки баҳри баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар замони соҳибистиқлолии кишвар як қатор санадҳои ҳуқуқӣ қабул гаштаанд. Аз ҷумла, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати ҳуқуқӣ ва таъмини тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 9-уми апрели соли 1997 ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22-юми августи соли 1997 «Дар бораи баъзе чораҳои беҳтар намудани тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ва кори ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ» бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолии кишвар қабул гашта, дар ин асос «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои солҳои 2009-2019 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-уми апрели соли 2019 тасдиқ ва амалӣ карда шуд. Баъди иҷрои муваффақонаи ин барнома дар ин самт санади навбатӣ – «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030» бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27-уми ноябри соли 2019 тасдиқ гашт. Айни замон дар доираи ин барнома аз тарафи тамоми бахшҳои марбутаи давлатию ғайридавлатӣ, корхонаҳою муассисаҳо, сарфи назар аз шакли моликияташон, дар роҳи амалӣ гаштани ин барномаи муҳими ҳуқуқӣ корҳои заруриро анҷом дода истодаанд.

Таҳлил нишон дод, ки кормандони прокуратураи вилояти Хатлон дар давраи ҷамъбастии соли 2023 баҳри баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқии шаҳрвандон ва дигар масъалаҳо вобаста ба фаъолият дар тарбияи ҳуқуқии аҳолӣ, дастуру супоришҳои Сарвари давлат ва прокурори генералии ҷумҳуриро сармашқи фаъолияти худ қарор дода, иҷрои амалии онҳоро таъмин намуданд.

Кормандони прокуратураи вилояти Хатлон вобаста ба Паёми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаҳои ҳуқуқӣ, тарбияи ҳуқуқӣ ва дигар масъалаҳо баромаду вохӯриҳои зиёдро анҷом додаанд. Прокуратураи вилоят дар ин самт, пеш аз ҳама, ҳамкориро бо воситаҳои ахбори омма ба роҳ монда, ҳангоми баромадҳо кормандони мақомот баҳри фаҳмондадиҳии қонунҳо оид ба мавзӯъҳои «Пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон», «Дар бораи ҳуқуқу уҳдадориҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ», «Дар бораи мубориза бар зидди ҷинояткорӣ», «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия», «Дар бораи мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъаовар, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи ҳифзи муҳити зист», «Дар бораи иҷрои қонунгузории андоз», «Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ», «Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ», «Оиди ҷиноятҳои одамфурӯшӣ ва одамрабоӣ», «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва пардохти саривақтии нафақа», «Дар бораи ҷиноятҳо ба муқобили ҳаёт, шаъну шараф ва саломатии инсон», «Дар бораи ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон», «Дар бораи таъмини ҳуқуқи маҳкумон ва маҳбусон», «Дар бораи қонунгузориҳои замин», «Дар бораи моҳияти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва оид ба сарфакорона истифода бурдани неруи барқ мулоҳизаронӣ намуданд.

Метавон гуфт, ки нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон (аз соли 2021) оид ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ аз тарафи кормандони прокуратураи вилояти Хатлон муваффақона ба иҷро расонда шуда истодаанд. Дар ин асос, вобаста ба «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гаштани соли 2024 ва санаи фархундаи 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони прокуратураи вилояти Хатлон бо масъулияти том дар роҳи тарбияи ҳуқуқии аҳолӣ ва маърифатнок намудани шаҳрвандон чораҳои лозимаро амалӣ менамоянд.

Варқа ЗАЙНИДДИНОВ,

ёвари калони прокурори вилояти Хатлон, мушовири адлияи дараҷаи I