Ҳамовозӣ ба мулоқоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар

Мо бояд дарси хидмат ба халқу ватанро аз Пешвои миллат омӯзем

№40 (4780) 01.04.2024

Сулаймон ТСуханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар ба ҳар фарди ҷомеа неруи тоза бахшид. Дарвоқеъ, дар шароити пуртазоду печидаи муосири минтақа ва ҷаҳон, авҷ гирифтани рақобат, таҳдидҳои пай дар пайи буҳронҳои иқтисодии ҷаҳонӣ, бархӯрди манфиатҳои кишварҳои абарқудрат масъалаи ҳифзу тақвияти давлату давлатдории миллӣ аҳамияти хеле муҳим пайдо мекунад.

Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд: «Солҳои охир вусъати бесобиқа ёфтани талоши абарқудратҳо барои амалисозии манфиатҳои худ, азнавтақсимкунии дунё, мусаллаҳшавии бошитоб, оғози марҳалаи нави «ҷанги сард», густариши бесобиқаи фаъолияти гурӯҳҳои террористию экстремистӣ, ки мутаассифона, хусусияти динӣ касб намудааст, вазъи мураккаби дар пайи пандемияи COVID — 19 бавуҷудомада, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои вазнини он – хушксоливу камобӣ, норасоии маводи ғизоӣ ва гуруснагӣ вазъи ҷаҳонро мураккабу пешгӯинашаванда гардонида истодааст».

Ҷаҳон дар ибтидои садаи XXI, воқеан, пешгӯинашаванда гардида, ба сари фарзандони одам мушкилию печидагиҳои зиёди фарҳангӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, ҳуқуқӣ ва диниро овардааст, иддае аз давлатҳоро ноорому истиқлолияти давлатии онҳоро осебпазир гардондааст. Барои ҳамин, Пешвои миллат махсус таъкид намуданд, ки мо бар зидди ҳама гуна зуҳуроти номатлубу хатарнок, аз ҷумла ифротгароию терроризм, бояд ­сарҷамъона мубориза барем ва дар кишвар волоияти қонунро таъмин намоем.

Имрӯз яқин аст, ки мардуми Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ ­Раҳмон аз ин имтиҳонҳои замон  сарбаландона  гузашта истодааст ва оянда низ хоҳад гузашт. Мо дигар ҳуқуқи иштибоҳ кардан надорем, зеро мардуми Тоҷикистон аз мо — зиёиён ва мақомоти интизомии кишвар интизориҳои зиёд доранд ва мо дар назди наслҳои имрӯза ва оянда масъул мебошем.

Ҳоло давлати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба самти рушди устувор қадамҳои ҷиддӣ гузошта истодааст. Ба шарофати сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ заминаҳои ҳуқуқии истиқлолияти давлатии хешро таҳкими бештар бахшидем ва барои кору зиндагии мардум шароити беҳтар фароҳам сохта шудааст. Акнун имкон дорем, ки дастовардҳои истиқлолияти давлатиро боз ҳам афзун намоем ва кишварамонро ба сатҳи сифатан нави рушд барорем.

Дигар мавзуе, ки Пешвои миллат ба он рӯй овардаанд, экстремизми динӣ маҳсуб меёбад. Тавре ки таъкид намудаанд: «Душманони дини мубини ислом барои коштани тухми нифоқу бадбинӣ, эҷоди ҳисси исломситезӣ, тафриқаи мазҳабӣ дар байни уммати мусулмон ва расидан ба ҳадафҳои ғаразноки худ, ки яке аз онҳо даст ёфтан ба боигариҳои фаровони кишварҳо мебошад, ифротгароии диниро бо ҳар роҳу восита пуштибонӣ ва маблағгузорӣ мекунанд».

Маълум аст, ки дар ин марҳилаи барои халқу кишвар сарнавиштсоз ҳанӯз ҳам қувваҳое вуҷуд доранд, ки оромию осудагии мардум барояшон хуш намеояд, дастовардҳои истиқлолият, рушду нумӯи сохти давлатдории тоҷикон табъашонро нороҳат мегардонад, мехоҳанд оромию осудагии мардуми моро халалдор намоянд, кишварро дубора ба вартаи нооромию даргириҳо тела диҳанд. Аз ин лиҳоз, ба мардуми мо, ба ҳар касе, ки имрӯзу ояндаи халқу Ватан барояш бетафовут нест, сарфи назар аз ақидаю ҷаҳонбинии сиёсӣ, лозим аст, ки бо бедории миллӣ ва ҳушёрии сиёсӣ ҷиҳати тақвияти сулҳу ваҳдат, якпорчагии марзу буми Ватан, бо самимият ва саъю талоши бесобиқа барои ба соҳили мурод расондани киштии амну субот аз ҳеҷ гуна худгузариҳо сарфи назар накунем. Бо неруи тоза бояд тамоми донишу таҷриба, қобилият ва азму иродаи қавии худро барои рушду нумӯи Тоҷикистони азизамон ва некӯаҳволии халқи шарифамон бедареғ равона созем.

Тавре Пешвои миллат таъкид намуданд, мо — ворисони миллати куҳанбунёди фарҳангии ориёием, ҳар мушкилӣ ва печидагиро метавонем бо лаҳни мулоим, муколамаи солим ва эҳтироми ақидаҳо ҳал намуда, дар ҳамаи ҳолатҳои мушкил имкониятҳои нави таърихиро барои худ пайдо намоем.

Ҳақ ба ҷониби Пешвои миллат аст ва мо бояд дарси хештаншиносӣ ва, муҳимтар аз ҳама, дарси хидмат ба халқу Ватанро аз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон омӯзем.

Сулаймон ТАЛБАКЗОДА,

муовини директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон