Солиёни зиёд дар мақомоти прокуратура кор кардан ва суҳбату вохӯриҳо бо одамони касбу кори гуногун бароям имкон фароҳам овард, ки таҷрибаи зиёд ҳосил гардад.
Суханрониҳои Пешвои миллат дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар ва дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар бароям равзанаи наве боз намуд.
Пеш аз ҳама, мехостам дар бораи эҳтироми қонун чанд сухан бигӯям. Риояи қонун барои пешрафти давлат, сулҳу субот ва оромии ҷомеа имкон фароҳам меорад. Ин нукта дар суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар (9 марти соли 2024) баён гардидааст:
«Тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба қонун ва таъмин намудани волоияти он, ба роҳ мондани усули ҳамкории самараноки давлат ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон аз ҷумлаи ҳадафҳои аслии «Соли маърифати ҳуқуқӣ» мебошад».
Пешвои миллат аз рӯзҳои аввали сари қудрат омаданашон тарбияи насли донишманду боистеъдодро вазифаи ҷомеа медонанд. Яъне, насли соҳибсавод метавонад дар асоси илм барои пойдории давлат ва неруманд гардидани он саҳмгузор бошад.
Агар мардум соҳибтаҳсилоту бомаърифат, худшиносу ватандӯст бошанд, метавонанд дар ҳар гуна шароит арзишҳои миллӣ, муқаддасот ва давлати миллии худро муҳофизат кунанд.
Аз ин рӯ, Пешвои миллат пайваста мавзуи мазкурро ёдовар мешаванд: «Борҳо таъкид кардаам ва такроран таъкид менамоям, ки мо бояд илму дониш омӯзем, забонҳои хориҷиро аз худ кунем, шогирд тарбия намоем, наврасону ҷавононамонро соҳибмаърифат ва соҳибкасбу соҳибҳунар гардонем, ки онҳо дар оянда муҳтоҷи дигарон нашаванд».
Бо итминони комил гуфта метавонем, ки сиёсисозии дин барои авҷ гирифтани ифротгароӣ ва терроризм имконият фароҳам меорад. Ин таълимот онҳоро ба сӯи ифротгароӣ роҳнамоӣ кард. Магар бачаҳо дар ин кор гуноҳе доранд? Гунаҳкор мо будем: падару модарон, фаъолон, аҳли зиё! Мо сари вақт ба масъала дуруст сарфаҳм нарафтем ва пеши роҳи фиребгаронро нагирифтем.
Ташкилотҳое ҳастанд, ки барои ба доми худ кашидани ҷавонони бесавод ва аз ҳақиқат ноогоҳ ҳама корро мекунанд ва аз ин роҳ сарвати зиёд меғундоранд.
Пешвои миллат ин масъаларо низ дар суҳбаташон таъкид намуданд: «Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аксари шахсони ба ҷиноятҳои экстремистиву террористӣ дастзада дар даврони наврасӣ ба таълими ғайриқонунии динӣ ҷалб гардидаанд ва аз таҳсил дар мактаби миёна дур мондаанд».
Таҷриба нишон дод, ки бегонагон ва хоинони миллат наврасону ҷавононро на ба хотири худошиносӣ, балки барои дар оянда ҳамчун силоҳ истифода бурдан, бо мақсади амалӣ гардондани ҳадафҳои миллаткуши худ ба мактабҳои махсус ҷалб мекарданд.
Бадтарин рафтори инсон дар ҷомеа бетарафист. Насли калонсол шоҳиданд, ки солҳои навадуми асри ХХ бетарафии мардум боиси харобии мамлакат ва хунрезиҳои зиёд шуд. Агар сокинони мамлакат ҳамон солҳо ҳақиқатро дуруст сарфаҳм мерафтанд ва атрофи Ҳукумати кишвар сарҷамъ шуда, муқобили хоинон мубориза мебурданд, мушкилӣ байни чанд рӯз ҳал мешуд. Имрӯз ҳам баъзан бетарафии мардумро мушоҳида мекунем. Рафтори ношоистаи бархе аз ҷавононро нодида мегиранд. Мо муваззаф ҳастем, ки ба хотири миллату давлати худ ҳамеша ҳушёру бедор бошем. Дар муқобили зуҳуроти номатлуб далерона сухан гӯем ва гумроҳшудагонро ба роҳи рост ҳидоят кунем. Тавре Пешвои миллат иброз намуданд: «Вақти он расидааст, ки мо бар зидди ҳама гуна зуҳуроти номатлубу хатарнок, аз ҷумла ифротгароиву терроризм, сарҷамъона мубориза барем ва дар кишвар волоияти қонунро таъмин намоем».
Кирдори носавоби ҷавонони тоҷик дар мамолики дигар боиси бадномии миллати соҳибтамаддуни тоҷик гардид. Мо — насли калонсол аз рух додани чунин вазъ набояд бепарво бошем. Байни ҷавонон корҳои фаҳмондадиҳиро хубтар ба роҳ монем. Пеш аз рафтанашон ба муҳоҷирати меҳнатӣ гаштаву баргашта ба онҳо панду андарз гӯем. Бояд ҷавонон донанд, ки сафар ба кишварҳои бегона танҳо бо мақсади таъмини рӯзгори хонаводаи онҳост, аммо афсӯс, ки ҷавонони содаву дунёнадида дар ғурбат ба доми фиребгарон меафтанд ва боиси сарпастии падару модару бадномии миллат мешаванд.
Масъалаи дигар ва хеле муҳим тақлид ба расму оин ва либоси ягона аст. Солҳои охир миёни сокинони кишвар тамоюли бегонапарастӣ ва майлу рағбат ба фарҳанги бегона дида мешавад, ки боиси ташвиш аст. Ҷои таассуф аст, ки тақлиди занон ва духтарон ба либоси бегона кӯр-кӯрона буда, ифодагари беиттилоотӣ ва бехабарӣ аз асли воқеа мебошад. Як гурӯҳи маҳдуди занону духтарон мусалмониро дар пӯшидани либоси сиёҳ медонанд ва бо ин амали хеш фарҳанги миллии моро поймол мекунанд. Магар модарону бонувони мо дар гузашта аз ҳақиқати Ислом огоҳ набуданд? Магар дар он даврон уламои Ислом, ки барои таҳсил то шаҳрҳои бузурги олами Ислом рафта меомаданд, ба онҳо дар бораи либос ҳарф намезаданд?
Баъд аз омӯхтани муҳтавои суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суҳбат бо ҳамкорон ва дар шуроҳои ҳамоҳангсозии фаъолияти кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пайваста ёдовар мешавам, ки ҳар нафарашон суханрониҳои мазкурро бодиққат мутолиа намоянд ва ҳангоми суҳбат бо сокинони ноҳия ҳамеша истифода баранд.
Бо боварӣ гуфта метавонам, ки ҳар суҳбату суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муҳаббату эҳтироми ӯро дар дили тамоми сокинони кишвар афзун мегардонад. Ҳар як роҳбар бояд ба Пешвои миллат пайравӣ намояд.
Абдурашид Кишварзода,
мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3,
прокурор ва раиси шурои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Рашт