Чунин аст моҳияти Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат»
Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат» дар низоми қонунгузории кишвар падидаи нав маҳсуб шуда, «вазъи сиёсӣ ва ҳуқуқии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллатро ҳамчун бунёдгузори давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, сулҳ ва ваҳдати миллӣ, бо мақсади тақвияти асосҳои сохтори конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, истиқлолияти давлатӣ ва тамомияти арзӣ, якпорчагии Ватан, суботу пойдории давлати Тоҷикистон, таҳкими демократия, таъмини рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, ҳифзи арзишҳои таърихии давлатдории миллӣ, фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона барои ҳар як инсон муқаррар мекунад».
Қонуни мазкур бо риояи талаботи моддаҳои 6, 27, 31, 58 — уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо арзи эҳтиром ба пешниҳоду дархости шаҳрвандони ҷумҳурӣ, бо эътирофи моддаи 21-уми Эъломияи умумии ҳуқуқи башар, мувофиқ ба муқаррароти моддаҳои 1, 19 ва 25-уми Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ дар такя ба таҷрибаи давлатҳои демократӣ рӯи кор омада, аз муқаддима ва 16 модда иборат аст.
Ҳоҷат ба шарҳу эзоҳ нест, ки қадршиносӣ аз хизматҳои таърихии фарзанди содиқу вафодори халқ ҳадафи асосии қонун маҳсуб мешавад. Тибқи муқаррароти қонун, «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат шахсияти барҷастаи таърихии миллат мебошад, ки дар Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат интихоб гардида, дар бунёди низоми давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол, барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ саҳми беназир гузошта, тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 дар асоси овоздиҳии умумихалқӣ аввалин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуда, дар эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ нақши арзанда гузошта, миллатро аз парокандагӣ, давлатро аз нестшавӣ ва халқро аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳо намуда, дар рушди сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва таърихиву фарҳангии давлати мустақили Тоҷикистон хизматҳои бузурги тақдирсоз намудааст».
Ҳарчанд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле пештар Пешвои миллат эътироф шудаанд, вале баҳри аз лиҳози ҳуқуқӣ расмикунонӣ моддаи 2 қонуни конститутсионӣ муқаррар кардааст, ки «Ба сифати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон — Эмомалӣ Раҳмон, ки барои халқи Тоҷикистон хизматҳои бузургу беназир кардааст, эътироф карда мешавад».
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат салоҳият дорад, ки ба халқи Тоҷикистон, мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор оид ба масъалаҳои муҳими сохтори давлатӣ, амнияти кишвар, сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ муроҷиат намояд, ки ба инобат гирифтани онҳо барои мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдори давлатӣ ҳатмӣ мебошад.
Илова бар ин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат узви якумраи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон буда, масъалаҳои муҳими давлатӣ ва ҷамъиятӣ, самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии кишвар бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат мувофиқа карда мешаванд. Ба хотири арҷгузорӣ аз хизматҳои содиқонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат дар назди Ватан, таъсиси орден ва ҷоизаи давлатӣ бо номи Пешвои миллат, бунёди осорхона, китобхона ва бойгонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат ҳамчун сарвати миллӣ низ муқаррар гардидааст. Дигар моддаҳои ин санади меъёрии ҳуқуқӣ масъалаҳои дахлдорро танзиму муқаррар намудаанд. Ба андешаи инҷониб, барои ба маънои томаш Пешвои миллат эътироф гардидан сифатҳои дигари шахсӣ низ афзалият доранд, ки онҳоро ҳеҷ санад қодир нест, ки танзим намояд. Яке аз онҳо ҷасорати шахсӣ аст, ки дар Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустини давлатдорӣ баръало буд. «Баҳри истиқрори сулҳ ва бозгашти ҳама гурезаҳо ман тайёрам ҷони худро нисор кунам»-ро Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор намуданд. Дар солҳои минбаъда низ борҳо исбот кард, ки қавлу амали ин абармард якест.
Журналист Саидалӣ Сиддиқ хеле бамаврид қиёс кардааст, ки: «Амрикоиҳо аллакай дар солҳои нахустини ҳукмронии Рузвелт ба неруи ҳаётбахшу коҳишнаёбанда, хирад ва дурандешии ӯ эътимод намуданд. Бинобар ин, ӯ ягона президенти амрикоӣ дар таърих буд, ки чаҳор маротиба пай дар пай сарвари давлати ИМА интихоб шудааст. Ин, алалхусус, аз он ҷиҳат қобили таваҷҷуҳ аст, ки дар солҳои ҳукуматдории Эмомалӣ Раҳмон ва Франклин Рузвелт Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико озмоишҳои сахттаринро паси сар карданд. Агар амрикоиҳо бо Депрессияи бузург (Great Depression), буҳрони бонкӣ, бекории оммавӣ ва Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ мувоҷеҳ шуда бошанд, пас қисмат моро бо оқибатҳои ниҳоят сангини фурӯпошии ИҶШС, ҷанги шаҳрвандӣ, буҳрони иқтисодӣ ва афзоиши бекорӣ рӯ ба рӯ намуд».
Қобилияти бахшида тавонистан яке аз фазилатҳои дигари Пешвои миллат мебошад. Хеле кам воқеъ мешавад, ки Роҳбари давлат ҳатто гуноҳи онҳоеро, ки душмани сохти конститутсионӣ буданд, бахшад. Ҳамватанонамон шоҳиданд, ки барои авфи гуноҳи шахсоне, ки ҷиноят содир карда, зиндонӣ шуданд, даҳҳо қонуни авфро ба имзо расониданд.
Ҷанбаи дигари муҳими қонун ҳамин аст, ки заминаи боътимоди маънавӣ дошта бошад, ба ҷуз муносиботи муҳими иҷтимоӣ, ҷанбаҳои равониву эстетикӣ ва ахлоқии мардумро мадди назар дорад. Ҳарчанд мақоми Пешвои миллат барои кишвари мо нав аст, аммо моҳиятан дар қиёс ба падидаи президент барои миллати тоҷик бештар қобили қабул буда, қаробати зиёдтар дорад. Президент дар ҷаҳони муосир падидаи бениҳоят маъмул буда, зуҳури Пешвои миллат бошад, тақозои раванди давлатсозӣ дар марҳилаҳои душвори ин ё он давлат буда, ба номи шахсиятҳои бениҳоят муътабар рабт дорад. Муҳим он аст, ки мақоми Пешвои миллат бо махсусият ва мероси ниёкони мо низ созгор буда, умумиятҳои таърихии зиёд дорад.
Онҳое, ки муҳимияту моҳияти қонуни конститутсионии мазкурро таври бояду шояд дарк накардаанд, бояд донанд, ки аз нигоҳи ҳуқуқӣ расмикунонии эътирофи ҷонфидоиҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳеҷ ваҷҳ сифату арзишҳои демократии ҷомеа ва давлатҳоро коҳиш надода, баръакс, иттиҳоду ҳамбастагии тоҷику тоҷикистониёнро таҳким бахшид.
Дар санади меъёрии ҳуқуқии мазкур иродаи мардуми шарифи тоҷик ифода ёфта, ба ин васила бори дигар соҳибтамаддун ва қадршинос будани миллати тоҷик собит гардид. Аслан шахсияти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ниёз ба тарғиб надорад. Шахсиятҳои маъруфи зиёд низ эътироф карданд, ки маҳбубияти ин абармарди дунёи сиёсат аз афкору мулоҳиза, фитрату завқу салиқа ва ҷасорату садоқат маншаъ гирифтааст. Пешвои миллат то ҳадде хоксору қаноатпешаанд, ки вақте ӯро мардум қаҳрамон мегӯянд, бо самимияту сароҳат мардуми тоҷикро қаҳрамон меноманд. Таъкид мекунанд, ки фарзанди ин сарзаминанд ва хизматҳояшон ба ин сарзамин фарзандвор, холисонаву содиқона ва дар заминаи муҳаббат ва ормонҳои миллист.
Ба андешаи номзади илми ҳуқуқ Раҳмон Озода Эмомалӣ, «Калиди муваффақиятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он аст, ки дар зимоми давлатдорӣ ба ганҷинаи ғании таҷрибаи давлатдории ниёгони сарбаланду бомаърифати хеш ин кори наҷибро идома дода, аз рӯзҳои аввали Роҳбари давлат шуданаш Пешвои миллат пайваста вохӯрию суҳбатҳоро бо аҳолии тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат, шахсони кордидаю корозмуда, намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа ва бахусус, зиёиёни мамлакат, ба яке аз самтҳои муҳимтарини фаъолияти хеш қарор додааст. Дар ин радиф бояд таъкид намуд, ки бо фитрати аз Худованд эҳдонамудааш ӯ ҳамеша авзои ҷомеаро ба хубӣ дарк менамояд ва вобаста ба он ба ҳалли масъалаҳое оғоз менамояд, ки тақозои рӯзанд. Маҳз дар ҳамин замина ӯ дар мизони заковати хеш оқибатҳои корҳои шурӯънамудаашро дарк менамояд, ки дар бисёр мавридҳо атрофиёнаш аз фаҳмидани моҳияти мақсадҳои наҷибаш қафо мемонанд».
Эътироф бояд кард, ки дар ҷаҳони муосир давлатсозӣ, фароҳам овардани шароит барои ташаккули миллат, таъмини истиқлоли сиёсиву гуманитарӣ, бунёди давлати иҷтимоӣ, демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявӣ кори саҳлу сода нест. Зиндагии босаодати мардуми кишвар далели бебаҳси он аст, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин рисолатро дар сатҳи хубу сифати баланд иҷро карда истодаанд, марбут мебошанд. Дар бораи моҳияти истиқлолияти давлатӣ зиёд гуфтаанду навиштаанд, пажӯҳишҳои илмӣ низ дар ин бобат зиёданд. Хулоса ин аст, ки бо вуҷуди пуршебу фароз будани ҷодаи давлатдорӣ ва тамоюли духӯра касб кардани ҳуқуқу озодиҳо дар ҷаҳони муосир истиқлолияти давлатӣ ягона воситаи эътироф ва эҳтироми ҳаққи худмуайянкунии миллатҳост. Аз ин лиҳоз, барои тоҷику тоҷикистониён истиқлолияти давлатӣ аз арзишу моҳияти хоса бархӯрдор аст.
Мо ҳаводиси солҳои навадуми асри гузаштаро ба ҳеҷ ваҷҳ набояд фаромӯш кунем. Бо «мусоидат»-и фарзандони нохалафи миллат ва «ҷаҳду талош»-и хоҷаҳои хориҷии онҳо халқ пароканда, аркони давлатӣ фалаҷ гардида, миллату давлат ба вартаи нобудӣ расиданд. Ба андешаи ман, дар ҷомеа набудани шахсият фоҷиа аст. Онҳо ҷомеаро шаҳомат мебахшанд, мардумро рӯҳбаланду роҳнамоӣ мекунанд, бо садоқату ҷасораташон одамони дурӯяву нотавонбинро ноком мекунанд.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маънои томаш шахсият мебошанд. Дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ, ки марҳилаи бениҳоят ҳассос маҳсуб мешуд, ба дарди мардуми тоҷик, ки аксарият бедаво унвон карда буданд, маҳз Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳам шуданд. Ислом Каримов, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон (солҳои 1991-2016), дар суханронии худ 15-уми июни соли 2001 эътироф карда буд, ки: «Бо зуҳури Эмомалӣ Раҳмон дар саҳнаи сиёсӣ ҳамон раванди оштӣ, ки боиси таҳаввулоти кунунии зиндагӣ дар Тоҷикистон гардид, оғоз ёфт. Маҳз қобилияти ӯ дар ёфтани роҳҳои дуруст, пайдо кардани мувофиқа байни одамони дорои эътиқодот ва назариёти комилан мухталиф, таҳаммулпазирӣ ва иродаи қавӣ ҷузъи асосии сулҳи имрӯза дар Тоҷикистон мебошанд».
Шояд ҳоло барои баъзе нафарони аз ҳама кас ва ҳама чиз норозӣ боварнокарданист, вале дар он замон кам нафаре пайдо мешуд, ки зимоми идораи давлатро ба дӯш гирифта, истиқлолияти аздастрафтаистодаро ҳифз намояд. Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори амонати давлатдорӣ ва раҳоӣ аз ин мушкилоти ҷиддиро ба дӯши роҳбари ҷавон — Эмомалӣ Раҳмон гузошт.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар матлаби хеш – «Маҷлиси миллӣ зодаи даврони истиқлолият аст» бамаврид ёдовар шудааст: «Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки дар меҳвари рӯзномаи Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор гирифт, интихоби Сарвари нави давлат буд, ки мебоист дар он вазъи барои кишвар хеле мураккабу ноором нахуст институтҳои фалаҷгардидаи давлатиро барқарор, волоияти қонунро таъмин ва ҷанги шаҳрвандиро хотима бахшад. Интихоби вакилон ба номзадии Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифт ва ин абармарди миллат, ки дорои сифатҳои роҳбарӣ, ҷасорату матонати сиёсӣ аст, дар натиҷаи овоздиҳии пинҳонӣ бо ҷонибдории аксарияти вакилон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. Ӯ дар нахустин савганде, ки ба ҳайси Роҳбари давлат ёд кард, гуфт: «…кори худро аз сулҳ оғоз хоҳам кард. Ман тарафдори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд мебошам. Мо ҳама ёру бародар бошем, то ки вазъиятро ором намоем…». Баъдтар таърих собит намуд, ки Пешво ва роҳнамои миллат ба ин принсипҳои бунёдӣ ҳамеша содиқ аст».
Дили соф ва нияти неки Роҳбари ҷавони чилсола боис гардид, ки дар иҷрои рисолати таърихӣ комёб ва Пешвои воқеии миллат эътироф гарданд. Касе наметавонад инкор намояд, ки ин фарзанди фарзонаи миллат баҳри истиқрори сулҳу ваҳдати миллӣ, ҳимояву арҷгузории арзишҳои милливу давлатӣ корҳоеро амалӣ намуданд, ки дар таҷрибаи байналмилалӣ назир надоранд. Шоҳидони ҳол мегӯянд, ки бисёриҳо он замон пешниҳоди Сардори давлатро бобати таъин шудан ба ин ё он мансаб рад мекарданд. Тоҷикистон он айём ба киштии шикаста шабеҳ буд, ки ба нохудои ҷасур ва сарсупурда ниёз дошт. Шахсони дар мактаби сиёсат обутобёфта ва дар мансабҳои баланд фаъолияткарда вазифаҳои калидиро рад мекарданд. Ёдовар шудан бамаврид аст, ки шакли идораи президентӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 30-юми ноябри соли 1990 тавассути ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи ҶШС Тоҷикистон ҷорӣ карда шуда, Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон Қ. Маҳкамовро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намуд. Вале он интихоби бевоситаи халқ набуд, онро вакилони Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон амалӣ намуданд.
Бо мурури камтар аз як сол Қ. Маҳкамов ба истеъфо рафту боз ба Конститутсияи ҶШС Тоҷикистон тағйирот ворид карда шуда, интихоботи умумихалқии Президент эълон гардид. 27-уми ноябри соли 1991 Р. Набиев Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб, вале бар асари нооромӣ иҷборан моҳи сентябри соли 1992 ба истеъфо фиристода шуд. Бо ёдоварӣ аз он рӯзҳо прокурори генералии мамлакат Юсуф Раҳмон воқеъбинона нигоштааст: «Аввалин маротиба институти президентӣ дар Тоҷикистон бо ворид намудани тағйиротҳои дахлдор ба Конститутсияи ҳамон сол амалкунанда моҳи ноябри соли 1990 таъсис дода шуда, ду нафар ба ин мансаби олӣ интихоб гардидаанд. Дар як муддати кӯтоҳ (солҳои 1990-1992) президентҳои интихобгардида зери фишору таҳдидҳои гурӯҳҳои мусаллаҳу ифротӣ истодагарӣ карда натавониста, идоракунии давлатро аз даст доданд. Дар чунин лаҳзаҳои душвор Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси роҳбари кишвари тозаистиқлоли тоҷикон интихоб гардида, бо шиори «Ман ба шумо сулҳ меорам» умеди мардумро дубора ба ояндаи неки кишвару давлат зинда карданд».
Муаррифии кишвар ба ҷомеаи ҷаҳон, ҳифз намудани манфиатҳои миллӣ дар арсаи байналмилалӣ идомаи мантиқии ибтикори иқдомоти зикргардида мебошанд, ки дар ин самт низ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастовардҳои бениҳоят зиёд доранд. Ҷаҳон ҳама вақт ба неруи ақлонӣ ниёз дорад ва маҳз он кишварҳое, ки аз ин неру пурғановатанд, дар тамоми соҳаҳо пешсаф ва намунаи ибрат мебошанд. Шахсиятҳои ҷасуру нотарс ва содиқу донишманд дар ҷомеа ҳамеша пешсафу пешоҳанг ва бунёдкор маҳсуб меёбанд ва ягон иқдом дар ҷомеа бидуни иштироки онҳо ҷомаи амал намепӯшад.
Аз ин рӯ, нақши ин қабил шахсиятҳо дар ҳама давр, хусусан дар замони соҳибистиқлолии кишварамон, хеле бузург мебошад. Нафари поквиҷдону масъулиятшинос, ки ҳамзамон шахси таҳсилдидаву равшанфикр аст, нуру рӯшноии ҷомеа маҳсуб меёбад ва аҳли ҷомеаро сӯи созандагӣ ҳидоят намуда, дар пешрафту такомули соҳаҳои гуногун, таҳкими ваҳдати миллӣ ва дифоъ аз манфиатҳои миллат ва Ватан саҳмгузор аст. Ба маънои томаш, чунин ашхос бавуҷудоранда, рушддиҳанда ва пешбарандаи афкори ҷомеа, намунаи ибрати мардум, бахусус, насли ҷавон, маҳсуб мешаванд. Дар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сифатҳои мазкур тавъаманд. Шоҳидони ҳол аз муътабар, иродаи қавӣ доштану нафари принсипиалӣ буданашон то Сардори давлат интихоб шудан низ ёдовар мешаванд. Барои мисол собиқ вазири тандурустӣ, иштирокчии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аламхон Аҳмадов дар мусоҳиба бо муаллифи сатрҳо чунин гуфт: «Тобистони соли 1992 дар ҳайати гурӯҳи ҳукуматӣ, ки ба он муовини Сарвазири ҷумҳурӣ Тӯхтабой Ғаффоров роҳбарӣ мекард, ба шаҳри Кӯлоб ва сипас ба ноҳияи Данғара рафтем. Ба гурӯҳ зиёда аз 15 вазиру масъули Ҳукумати муросои миллӣ шомилем. Он замон дар ноҳияи Данғара теъдоди зиёди гурезаҳо аз дигар шаҳру навоҳӣ маскун буданд. Баробари фуруд омадани чархбол дар фурудгоҳи Данғара моро гаравгон гирифта, ба толори Омӯзишгоҳи касбӣ — техникии ноҳия бурданд. Дар он ҷо зери поямон мина гузошта, таҳдид карданд, ки метарконанд. Хулоса, ҷони аъзои гурӯҳ дар хатар буд. Илтимосу хоҳиши раиси вақти ноҳия Комилҷон Абдуқодиров ва депутати Шӯрои Олӣ Адолат Раҳмонова бенатиҷа монд. Он замон Эмомалӣ Раҳмон раиси хоҷагӣ буданд ва баробари аз қазия огоҳ шудан моро аз марг наҷот доданд. Аз ин бармеояд, ки ҳамон вақт низ Пешвои миллат миёни мардум обрӯву нуфузи бениҳоят баланд доштанд».
Албатта, дар ин раванд рӯйдоди муҳим ва тақдирсоз интихоби дурусти Сарвар дар Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олӣ маҳсуб мешавад, вале фаъолияти минбаъдаи Сарвари тозаинтихоб муҳимтар аз ҷанбаҳои дигар аст. Имрӯз далели бебаҳс аст, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давлатдориро аз сифр, бо назокатҳои ба он айёми ҳассос хос, мадди назар қарор додани манфиатҳои миллӣ ва давлатӣ шурӯъ карданд. Ҷанбаи дигари муҳим он аст, ки дар он айёми ҳассос оташбас ва субот ба ин гурӯҳҳои манфиатдори дохилию хориҷӣ қобили қабул набуд. Биноан, барои Роҳбари ҷавон паймудани масири пурмонеа пеш омад. Тавре Пешвои миллат дар яке аз суханрониҳояшон эътироф карданд, дар бисёр ҳолатҳо ҳатто баъзе ҳамсафон ба ояндаи нек шубҳа доштанд. Фазилатҳои зикршудаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боис гардиданд, ки халқро аз парокандагӣ, миллатро аз нестшавӣ ва давлатро аз завол наҷот диҳанд. Зиндагии инсони асил мисоли китобест пурмаънӣ, ибратбахшу хонданӣ. Ҳар саҳифаи умри фарди некном рангину фаромӯшношуданист. Ҳарчанд рӯзҳо мегузаранд, ҳамон қадар қадру қиматаш афзун мешавад. Кори наку ва писандидааш дар хотираи мардум зиндатар, номаш гиромитар мегардад.
Хулоса, чанд ҷанбаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат», ки бо истинод ба андешаҳои нухбагони мамлакат бозгӯйӣ гардид, далели бебаҳси он аст, ки чунин қадршиносӣ ба авторитаризму шахсиятпарастӣ умуман рабт надошта, моҳиятан муҳаббатномаи мардуми қадршинос ба фарзанди фарзонаи миллат аст.
Далер АБДУЛЛО,
«Садои мардум»