Ба ин размгоҳ сафарбар шудани журналистоне, ки бомаҳорату ҷасур нестанд, пайомади ногувор ба бор меорад
Матбуот мисли оинаест, ки одамон дар он на танҳо симо, балки ҳақиқати рӯзгорро мебинанд. Аз ин ҷост, ки хонандагон ба журналист, албатта, қаламкаши ба арзишҳои инсонӣ, миллӣ ва давлатӣ содиқу арҷгузор, итминони комил доранд. Хабару мақола, очерку лавҳа, фелетону памфлети иншокардаи журналист дар ташаккули афкори ҷомеа саҳми бориз мегузоранд. Аз ин лиҳоз, ба дӯши рӯзноманигорон бори сангини масъулият вогузор аст.
Журналисти асил хуб медонад, ки «аз фитнаи забони сухан эҳтиёт бояд кард» ва «ғофил набояд буд, ки гардани море гирифтааст». Ба ҳеҷ ваҷҳ ҷоиз нест, ки ба сухан муносибати дуюмдараҷа кард, бо ин абзори аз теғ ҳам буррандатар бозӣ намуд, чунки дар пушти ҳар вожа ба маънои том сарнавишт қарор дорад. Рӯзноманигор бояд ҳамаро ташхис намояд ва неруи қаламро ба манфиати халқу Ватан истифода барад. Дар ин раванд касбият, садоқат ва ҷасорат бояд авлавият ва меҳвару ҷавҳар бошад.
Бо дарки масъулият мегӯям, ки бидуни маҳорату диловарӣ соҳибном шудани журналист комилан ғайриимкон аст. Маҳз маҳорат замина фароҳам меорад, ки омӯзиши амиқи масъала, таҳлилу муқоисаи мавзуъ ва ояндабинӣ дар мадди назари журналист бошад.
Ҳастанд онҳое, ки худро «нофи журналистика» мепиндоранд, вале ягон матлаби қобили таваҷҷуҳу арзандаи ситоишашонро нахондаем. Ба «моҳи осмон айб меёбанд», аммо ду ҷумларо бо ҳам «ҷанг андохта» наметавонанд. Маҳз ҳамин «бузургон» баҳонаи «ба мо вокуниш намудан иҷозат нест!»-ро «сипар» намудаанд. Хуб дарк мекунам, ки ҳама масоил бояд тибқи назокати дар умури давлатдорӣ роиҷ риоя гарданд, вале дар ягон ҳолат таҳаммул кардани амалҳои муғризонаи нотавонбинон қобили қабул нест.
Шоҳид будам, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон панҷ сол қабл таъкид карданд, ки вақте нисбат ба Ҳукумату давлат носазо мегӯянд, манзур танҳо Роҳбари давлат ва аъзои Ҳукумат нест, он ҳарзаҳо ба кулли тоҷику тоҷикистониён дахл доранд ва рисолати зиёиён аст, ки ба онҳо бетаъхир вокуниш намоянд. Илова бар ин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз мулоқотҳояшон бо зиёиён гуфта буданд, ки мо бояд мафҳумҳои «миллати тоҷик», «забони тоҷикӣ», «таърихи тоҷикон», «фарҳанги тоҷикӣ» ва «адабиёти тоҷикӣ»-ро баробари номи муқаддаси Тоҷикистон, модари хеш ва мисли ҷони худ дӯст дорем ва онҳоро бо ифтихор ба забон орем.
Дар робита ба ин, Пешвои миллат ба зиёиён ва олимони кишвар дастур доданд, ки бетараф набошанд ва назару мавқеашонро равшану боҷуръатона баён намоянд. Андешаю назари онҳоеро, ки дину мазҳаб ва имону миллатро ба бегонагон фурӯхтаанду ҳаққи маънавии тоҷик буданро надоранд, қотеъона маҳкум кунанд.
Манфиатҳои миллӣ ва суботу оромии ҷомеа тақозо менамоянд, ки воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ на танҳо дастгоҳи тавонои хабарӣ бошанд, балки дар муборизаи иттилоотӣ барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ, алалхусус амнияти давлат ва ҷомеа, хизмат кунанд. Табиист, ки то чӣ андоза комёб будани журналист дар инъикоси дастоварду пешравиҳои мамлакат ба донишу касбият вобаста буда, аз садоқату самимият, эҳсоси ватандорӣ, ҷасорат, азми қавӣ ва нияти нек маншаъ мегирад.
Мавқеи интихобкардаи журналист бояд қотеъ буда, лағзиш дар афкор имконнопазир бошад. Содиқонаю бериё эҷод намояд, саъю талош ба он равона гардад, ки бо мутолиаи нигоштаҳои қаламкаш пеши назари хонанда воқеият падид ояд.
Дар шароити кунунӣ вазифаи муҳимтарин ва асосии ҳар яки мо саҳмгузор будан баҳри ҳифзи истиқлолияти давлатист. Ин рисолати таърихиро аз рӯзҳои аввали давлатсозию давлатдорӣ, замоне ки аксарият арзишҳои миллию давлатиро фурӯхтанд, ба ояндаи неки кишвар бовар надоштанд, аз умури давлатдорӣ худро канор гирифтанд, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самимона, ҷасурона ва фарзандвор ба зимма гирифтанд. Ҳоло вазифаи ҷонӣ, рисолати инсонӣ ва қарзи виҷдонии мо аст, ки дар паҳлуи ин абармарди дунёи сиёсат бошем.
Таъкид менамоям, ки барои навиштан дар дилхоҳ жанри журналистика оид ба дастовардҳо ва нақши Пешвои миллат дар ин раванд ба ҳеҷ ваҷҳ ба нокифоягии далелу рақамҳо мувоҷеҳ намегардем. Ҳазорҳо далели вобаста ба ҷоннисорӣ, садоқат, самимият ва ҷасорати Роҳбари мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавҷуд аст, ки дар сурати истифодаи як қисмати он метавон афкори дилхоҳ нафарро ба самти мусбат шакл дод. Омили асосие, ки аҳли зиё бояд ба он истинод кунанд, иродаи қавии сиёсии Пешвои миллат ва қулфкушои мушкилоти даврони давлатдории навини мо будани ин ҷанба маҳсуб мешавад.
«Зиёиён, — ҳамон тавре Пешвои миллат таъкид карданд, — бояд ба муқобили ифротгароиву хурофот ва ақидаву андешаҳое, ки кишварро ба қафо мекашанд, мубориза баранд ва сиёсати дунявияти давлатро ба дигарон шарҳ дода, ҷомеаро аз таъсири ҳар гуна фарҳангу мафкураи бегона ҳифз намоянд». Бо вокунишҳои бетаъхиру аз далелу рақамҳо ғанӣ ба нотавонбинони тоҷику тоҷикистониён, ки аз дастовардҳои мо ваҳшатзадаанд, посух бояд дод. Вазифадорем, ки ба хотири аз ҳама гуна равияҳои хурофотӣ ва бегонаву ифротӣ ҳифз намудани шаҳрвандон тавассути воситаҳои ахбори омма ва фаъолияти дастаҷамъона корҳои ташвиқотию тарғиботиро ба роҳ монда, ҷиҳати пойдории суботи сиёсӣ, таҳкими рукнҳои давлатдорӣ ва таблиғи ғояҳои миллӣ кӯшиш намоем.
Вобаста ба ин Пешвои миллат чунин фармудаанд: «Бори дигар зиёиёни кишварамонро ҳушдор медиҳам, ки фикри ояндаи миллат ва Ватани маҳбубамонро ҳаргиз аз зеҳни худ дур насозанд, ғояҳои Истиқлолияти давлатӣ ва худогоҳиву худшиносии миллиро пайгиронаву боҷуръатона таблиғ намоянд». Рисолати дигари аҳли зиё посухи сазовор додан ба онҳоест, ки худро мухолифи сиёсӣ мепиндоранд.
Дар маҷмӯъ, инъикоси дастовардҳо, саҳмгузорӣ дар таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ рисолати аҳли зиё маҳсуб шуда, дар кадом сатҳу сифат амалӣ шудани он ба садоқати ин қишри мафкурасоз марбут аст. Муҳимтар аз ҳама, садоқати мо ба арзишҳои инсонӣ, миллӣ ва давлатӣ набояд «мавсимӣ» ё марбут ба мансаб бошад. Барои инсони соҳибкасб, содиқ ва ҷасур аҳамият надорад, ки дар кадом вазифа қарор дорад, баръакс, муҳим самараи меҳнат ва нақши ӯ дар пешрафти мамлакат, ҳифзи манфиатҳои миллию давлатӣ аст.
Вақте журналист ба садоқату масъулият нигоҳи хос дорад, вижагиҳо ва таъсири онҳоро ба ҷомеа амиқ дарк месозад ва аз ҳамин мавқеъ ба дифои арзишҳои миллӣ ва давлатӣ бармехезад, зиндагиро дар ҷабҳаи мубориза барои расидан ба хайр ва аз байн бардоштани шарр сарф менамояд, он гоҳ ҷасораташ сутуданист.
Барои ба маъраз гузоштани ҷасорат иродаи шикастнопазир, азм ва нияти нек бояд дошт, муҳаббат ба халқу Ватан бояд дар мағз андар мағзи ҷон ҷойгузин бошад.
Нуран алонур аст, агар ҷасорати журналист маншаъ аз миллату Меҳан, таъриху забон, фарҳангу оини мардумӣ гирифта, реша ба ниёкони баномуси ҳимматбаландамон дошта бошад, зеро инсони маҳрум аз ифтихори миллӣ моҳиятан манқурт буда, барояш мафҳумоти Ватан, миллат, ҳақиқат, ҳувият ва шараф арзиш надорад ва қодир аст онҳоро арзон фурӯшад.
Бояд дар мадди назар дошт, ки ҷасорат ҳаргиз бо кибру ғурур тавъам нест, зеро кибру ғурур шахсро ба зиллат мувоҷеҳ месозад, ки чунин мисолҳо зиёданд. Вақте ҷасорат меҳвари фаъолияти журналист бошад, ба хотири пуштибонӣ аз марзу буму кишвар, манфиатҳои миллӣ ва давлатӣ сина сипар менамояд.
Солҳои охир муҳорибаҳои иттилоотӣ, ки ҳадди ниҳоии сиёсинамоии журналистика ва ба афсарони иттилоотӣ табдил додани журналистон маҳсуб мешавад, беш аз пеш авҷ гирифтааст. Дар ин раванд расидан ба мақсад ва дар сатҳи хубу сифати баланд роҳандозӣ кардани фаъолият бидуни қаробати журналист ва сиёсат ғайриимкон аст.
Ба ин ҳарбгоҳ сафарбар шудани журналистоне, ки ҷасур нестанд, пайомади ногувор ба бор меорад. Бегуфтугӯ, дар даргириҳои фикрӣ ва ҷангҳои иттилоотӣ журналистоне комёбанд, ки ҷасуранду содиқ.
Хулоса, дар замоне ки ҷангҳои иттилоотӣ шиддат гирифта истодаанд, журналистон ба сифати афсарони идеологӣ дар самти дифоъ аз арзишҳои давлатӣ ва миллию маънавӣ бояд фаъолияти назаррас дошта бошанд. Инчунин, аҳли қалами кишвар бояд дар пешорӯйи паҳн намудани маълумоти ғаразноку таҳқиромез, ки ба иззати нафси миллат мерасанд, хомӯшӣ ихтиёр накунанд.
Далер АБДУЛЛО,
«Садои мардум»