Аз салоҳияти мақомот то уҳдадориҳои воситаҳои ахбори омма
Дар шароити ниҳоят ҳассосу мураккаби минтақа ва ҷаҳон дар назди аҳли ҷомеа вазифаҳои бағоят мубрами амниятӣ, аз ҷумла мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ қарор доранд, ки вобаста ба ҳодисаҳои охири ҷаҳони муосир торафт шиддат гирифта истодаанд.
Табиист, ки ҳолати мазкур тадбирандешии бетаъхири сохторҳои марбута ва ҳамоҳангии ҳама қишрҳои ҷомеаро тақозо менамояд. Мавриди амал қарор гирифтани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба терроризм», ки «принсипҳои асосии муқовимат ба терроризм, асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии пешгирии терроризм ва мубориза бо он, роҳу усулҳои бартараф намудани оқибатҳои амали террористиро бо мақсади таъмини бехатарии шахс, ҷамъият ва давлат, ҳифзи соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ ва амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд», идомаи мантиқии ин раванд маҳсуб мешавад.
Дар заминаи ин иқдом Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» , ки аз 16 ноябри соли 1999 мавриди амал қарор дошт, аз эътибор соқит дониста шуд. Матлаби мазкур моҳияти ин санади меъёрии ҳуқуқиро бозгӯӣ менамояд.
Далелҳои таърихӣ шаҳодат медиҳанд, ки терроризму террористон аввалин маротиба дар Аврупо зуҳур кардаанд. Барои мисол, дар асри I пеш аз мелод дар бораи гурӯҳи сиёсии яҳудиён бо номи «зелотҳо», ки бо истифода аз террор ба муқобили римиҳо мубориза мебурданд, маълумот вуҷуд дорад. Дар солҳои 60 -70 асри яки мелодӣ гурӯҳи мутаассибони дини яҳудия — «сикориҳо» аз амалҳои террористӣ истифода намуданд. Ин тоифа дар рӯзи равшан, одатан дар вақти серодам будани кӯчаю бозорҳо, дар рӯзҳои ҷашн, бо истифода аз ханҷари кӯтоҳ амалиёти террористӣ анҷом медоданд.
Тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба терроризм», содир намудани ҷиноятҳои дорои хусусияти террористӣ дар шакли ба гаравгон гирифтан, рабудани одамон, суиқасд ба ҳаёти арбоби давлатӣ ва ҷамъиятӣ, намояндагони гурӯҳҳои миллӣ, динӣ, мазҳабӣ, нажодӣ, дигар гурӯҳҳои аҳолӣ, намояндагони давлатҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмилалӣ амали террористӣ ба ҳисоб меравад. Ба амалҳои террористӣ, ҳамчунин ғасб намудан, зарар расонидан ва нобуд кардани иншооти давлатӣ ва ё ҷамъиятӣ, амалӣ кардани таркиш, сӯхтор, тирпарронӣ, истифода намудан ва ё таҳдиди истифодаи таҷҳизоти тарканда, моддаҳои радиоактивӣ, биологӣ, тарканда, кимиёвӣ ва дигар маводи заҳролудкунанда, расонидани зарар ба ҳаёт ё саломатии аҳолӣ, молу мулки шахсони воқеӣ ва ё ҳуқуқӣ бо роҳи содир кардани садамаҳо, фоҷиаҳои техногенӣ шомиланд.
Дар шароити кунунӣ аҳамияту зарурияти муқовимат ба терроризм тамоюли афзоишро касб намудааст. Дар ин бобат зиёд мегӯянд, вале на ҳама онро дарк кардаанд. Зери ин мафҳум қонунгузор фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва мақомоти дигар оид ба пешгирии терроризм, аз ҷумла ошкорсозӣ ва минбаъд бартараф намудани сабабу шароитҳои ба содиршавии амали террористӣ мусоидаткунанда, ошкорсозӣ, огоҳонӣ, пешгирӣ, қатъ намудан, кушодан ва тафтиш кардани амали террористӣ, то ҳадди камтарин расонидан ё бартараф намудани оқибатҳои амали террористиро пешбинӣ кардааст.
Тибқи муқаррароти моддаи 3, муқовимат ба терроризм ба таъмин ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, қонуният, афзалияти чораҳои пешгирии терроризм, истифодаи чораҳои сиёсӣ, иттилоотию таблиғотӣ, иҷтимоию иқтисодӣ, ҳуқуқӣ, махсус ва тадбирҳои дигари муқовимат ба терроризм, роҳ надодан ба гузашти сиёсӣ ба террористон, ҳамбастагии тарзҳои ошкоро ва ғайриошкорои муқовимат ба терроризм ва ҳамкории давлат бо созмонҳои байналмилалӣ ва шаҳрвандон дар муқовимат ба терроризм асос ёфтааст.
Хеле муҳиму саривақтӣ аст, ки муқовимати иттилоотию таблиғотӣ дар қонун мадди назар қарор гирифтааст. Воқеан ҳам, дар шароити кунунӣ ин ҷанба аз аҳамияти хоса бархӯрдор буда, муносибат ба он набояд дуюмдараҷа бошад. Моддаи 9 қонуни мавриди назар муқаррар кардааст, ки муқовимати иттилоотию таблиғотӣ ба терроризм бо мақсади шарҳи хатари терроризм, фошкунии шакл, воситаву тарзҳое, ки бо ёрии онҳо террористон ғояву ақидаҳои худро таблиғ менамоянд, ташаккул додани рӯҳияи зиддитеррористӣ дар ҷомеа, муттаҳидсозии кӯшишҳои мақомоти давлатӣ, ки ба терроризм муқовимат мекунанд ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар пешгирии терроризм, маҳдуд кардани заминаи иҷтимоии дастгирии терроризм амалӣ мегардад.
Тибқи моддаи 10, воситаҳои ахбори омма ҳангоми шарҳи ҳодисаҳое, ки бо амалҳои террористӣ ва фаъолияти зиддитеррористӣ алоқаманданд, уҳдадоранд афзалияти ҳуқуқи одамон ба ҳаёт ва амниятро нисбат ба ҳуқуқ оид ба озодии дастрасии иттилоот ва паҳнкунии иттилоот ба назар гиранд, ҳангоми ба даст овардани маълумот оид ба амали террористии тайёршаванда фавран ба мақомоти дахлдор хабар диҳанд, дар сурати доштани маълумот ё ҳуҷҷатҳои дахлдор вобаста ба фаъолияти террористӣ ва амали террористӣ, онҳоро ба мақомоти давлатии бевосита ба терроризм муқовиматкунанда супоранд.
Ба ғайр аз ин, роҳбарони воситаҳои ахбори омма уҳдадоранд чора андешанд, ки матолиби дар ташкилоти таҳти роҳбарии онҳо қарордошта омодашуда фаъолияти террористӣ ва дигар фаъолияти экстремистии ба ҷамъият хавфнокро сафед накунанд, ба чунин фаъолият даъват накунанд ва ё барангезандаи он набошанд, инчунин, кинаву хусумати динӣ, мазҳабӣ, миллӣ ва нажодиро таблиғ накунанд.
Муҳимтар аз ҳама, тибқи талаботи моддаи 11, роҳбарон ва кормандони воситаҳои ахбори омма, ки дидаву дониста уҳдадориҳояшонро дар самти муқовимат ба терроризм иҷро намекунанд, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд ё фаъолияти чунин воситаҳои ахбори омма дар асоси санади дахлдори судӣ қатъ карда мешавад.
Муқовимат ба терроризм яке аз вазифаҳои афзалиятноки давлат буда, тавассути ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ амалӣ карда мешавад. Дар моддаи 18 омадааст, ки Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон субъектҳои бевосита ба терроризм муқовиматкунанда мебошанд. Дар моддаи 20 қонуни зикршуда Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон субъектҳои дар муқовимат ба терроризм иштироккунанда муайян шудаанд.
Вазифаи субъектҳои бевосита ба терроризм муқовиматкунанда ҳоҷат ба шарҳу тавзеҳ надорад, вале дар бобати субъектҳои дар муқовимат ба терроризм иштироккунанда мардум иттилои кам доранд. Дар робита ба ин бояд донист, ки Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути назорати фаъолияти оинномавии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ, ки бо тартиби муқарраргардида ба қайд гирифта шудаанд, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути гуфтушунид бо давлатҳои хориҷӣ ҳангоми ошкорсозӣ, огоҳонӣ, пешгирӣ ва қатъ намудани фаъолияти террористии байналмилалӣ, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути пешгирӣ намудани ҳолатҳои аз сарҳади гумрукӣ ғайриқонунӣ гузаронидани силоҳ, лавозимоти ҷангӣ, маводи тарканда, заҳрнок, радиоактивӣ ва дигар ашёҳое, ки мумкин аст ба мақсадҳои террористӣ истифода шаванд, Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути пешгирӣ намудани истифодаи воситаҳои алоқа, аз ҷумла алоқаи барқӣ, ба мақсадҳои террористӣ ва Бонки миллии Тоҷикистон тавассути андешидани чораҳои муқовимат ба маблағгузории терроризм мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом» дар ин раванд иштирок мекунанд.
Яке аз масъалаҳое, ки назарҳо дар бобати он яксон нест, рӯйхати шахсони бо терроризм алоқаманд маҳсуб мешавад. Баъзеҳо, аз ҷумла онҳое, ки террорист буданашон бо далелҳои раднопазир тасдиқ шудааст, таҳияи онро баҳсбарангез арзёбӣ мекунанд. Дар моддаи 7 муқаррар гардидааст, ки рӯйхати шахсони бо терроризм алоқаманд аз ҷониби Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб дода мешавад. Дар навбати худ, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси аризаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қонунгузорӣ ташкилот ё намояндагии онро ташкилоти террористӣ эътироф менамояд. Шахсони воқеӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои содир намудани ҷиноятҳои дорои хусусияти террористӣ бо ҳукми суд гунаҳгор мегардад. Нусхаи санадҳои зикргардидаи судӣ барои дохил намудани шахсони воқеӣ ва ташкилотҳо ба рӯйхати шахсони бо терроризм алоқаманд ба Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода мешаванд.
Илова бар ин, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рӯйхати шахсони бо терроризм алоқаманд шахсони воқеӣ ва ташкилотҳоеро, ки мутобиқи қатъномаи Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон террорист ё ташкилоти террористӣ эътироф шудаанд, дохил менамояд.
Сипас, нусхаи ин рӯйхат фавран ба субъектҳои бевосита ба терроризм муқовиматкунанда ва ба мақоми ваколатдори муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом барои иҷрои чорабиниҳои муқовимат ба терроризм, паҳнкунии силоҳи қатли ом ва андешидани чораҳо оид ба ғайрифаъолгардонии маблағ, коғазҳои қиматнок ё молу мулки дигари шахсони мазкур фиристода мешавад.
Бо мақсади тавсеаи муқовимат ба терроризм ашхосе, ки ба ошкорсозӣ, пешгирӣ ва қатъ намудани фаъолияти террористӣ, кушодан ва тафтиши ҷиноятҳои дорои хусусияти террористӣ, муайян ва дастгир кардани шахсони тайёркунанда, содиркунанда ё содиркардаи чунин ҷиноятҳо мусоидат менамоянд, аз ҳисоби буҷети давлатӣ қадрдонӣ мешаванд.
Бояд мадди назар дошт, ки чораҳои ҳимояи давлатӣ ва амниятӣ, инчунин, дастгирии иҷтимоии шахсони воқеӣ, ки дар мубориза бар зидди терроризм иштирок ва ҳамкорӣ кардаанд, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи давлатии иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ» амалӣ мегардад.
Пешниҳоди нокифояи иттилоъ дар бораи амали террористӣ ва вазъият дар минтақаи гузаронидани амалиёти зиддитеррористӣ аз масъалаҳое мебошад, ки баъзеҳо нигаронанд. Ин масъалаи хеле нозук буда, ба он муносибати сатҳӣ ҷоиз нест. Бинобар ин, дар моддаи 27 муқаррар шудааст, ки ҳангоми гузаронидани амалиёти зиддитеррористӣ хабардор кардани ҷомеа дар бораи амали террористӣ дар шакле, ки аз тарафи ситоди оперативӣ муайян шудааст, аз ҷониби намояндаи ситоди оперативӣ, ки барои робита бо воситаҳои ахбори омма ва ҷомеа масъул аст, сурат мегирад.
Дар ин марҳила паҳн кардани иттилооте, ки тарзу усулҳои техникии махсуси гузаронидани амалиёти зиддитеррористиро ифшо намояд, гузаронидани амалиёти зиддитеррористиро мушкил гардонад, ба ҳаёту саломатии одамоне, ки дар минтақаи гузаронидани амалиёти зиддитеррористӣ ё берун аз он минтақа қарор гирифтаанд, хатар эҷод созад, дар бораи шахсоне бошад, ки ба амалиёти зиддитеррористӣ ҷалб шудаанд ё дар гузаронидани чунин амалиёт ҳамкорӣ менамояд, манъ аст.
Дар маҷмӯъ қонуни мазкур, бо назардошти вазъи ҷаҳони муосир муҳиму саривақтӣ буда, татбиқи он кишварамонро аз амалҳои террористӣ эмин нигоҳ медорад.
Далер АБДУЛЛО,
муовини сармуҳаррири рӯзномаи «Садои мардум»