11-уми майи соли 2023 дар доираи сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳаммедов бо Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода баргузор шуд.
Ҷонибҳо ҳамкории дуҷонибаву бисёрҷонибаро мавриди баррасӣ қарор дода, ба тақвияти муносибатҳо дар соҳаҳои муҳим, аз ҷумла кишоварзӣ, саноат, сармоягузорӣ, сайёҳӣ, фарҳангӣ, роҳу нақлиёт ва хизматрасонӣ, ҳавасмандӣ зоҳир намуданд.
Пас аз соҳибистиқлол гаштани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи сиёсати дарҳои боз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории некро бо давлатҳои ҷаҳон, аз ҷумла бо Туркманистон низ, ба роҳ монда, бо мақсади тақвияти бештари робитаҳои байниҳукуматӣ аз имконот ва шароити мавҷуда самаранок истифода менамояд.
АМИТ «Ховар»