Мушкилот ва дурнамои рушди қонунгузории соҳаи маориф

№96 (4679) 28.07.2023

9776624935_429c336eed_bБунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба соҳаи маориф — сармоягузорӣ барои рушди неруи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад».

(Аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  21-уми декабри соли 2021)

Дар шароити давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд, ки кишвари мо низ роҳи бунёди онро пеш гирифтааст, таъмини рушди устувори соҳаҳои ҳаёти ҷомеаро бидуни ба вуҷуд овардани заминаи мукаммали қонунгузорӣ тасаввур кардан номумкин аст. Ин нукта ҳанӯз дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон 25-уми апрели соли 2008 чунин баён ёфта буд: «Рушди устувори сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар аз заминаҳои мустаҳками меъёрии ҳуқуқӣ вобаста аст».

Дар ҳақиқат, рушду инкишофи устувори ҳар як соҳаи ҳаёти ҷомеаро, маҳз аз рушду инкишофи устувори қонунгузории он муайян намудан мумкин аст. Бо ин мақсад дар «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», ки бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми декабри соли 2016 таҳти №636 тасдиқ гардидааст, яке аз омилҳои боздорандаи пешравии соҳаи маориф барои ташкили муҳити рақобатнок дар соҳаи маориф маҳз такмил наёфтани заминаи меъёрӣ, ҳуқуқӣ унвон гардидааст. Аз ин нигоҳ, барои рушду инкишофи устувори ҳар як соҳа, хусусан соҳаи маориф, ки соҳаи ниҳоят муҳим ва сарнавиштсози ҳаёти ҷомеа, омили муайянкунандаи рушди иқтисодию иҷтимоӣ мебошад, нахуст бояд, номгӯи мушкилоти қонунгузории соҳаи маориф ва сабабу омилҳои ба пайдоиши мушкилоти он мусоидаткунанда, ҳамзамон ҷустуҷӯи роҳҳои ислоҳи онҳо ­муайян ва пешниҳод карда шавад.

Таҷриба нишон медиҳад, ки ҳарчанд ҳоло дар соҳаи маориф даҳ қонуни мукаммал ва як зумра санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор қабул ва мавриди амал қарор дода шуда бошад ҳам, вале ҳанӯз ҳам муносибатҳои ҳуқуқии соҳаи маориф ба мушкилоти гуногуни танзими ҳуқуқӣ рӯ ба рӯ аст. Зимнан, бояд дар назар дошт, ки зиёд гардидани қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии зерқонунӣ дар соҳаи маориф айни ҳол яке аз мушкилоти баҳснок ва ҳалталаби қонунгузории соҳа мебошад, ки он дар нав­бати хеш ба пайдоиши як зумра мушкилоти дигар, хусусан яке аз мушкилоти намоён ва бунёдӣ, мухолифат, номутобиқатӣ ва холигӣ, инчунин такрорёбӣ дар матни қонунгузорӣ, сабаб гардидааст. Аҳамияти мушкилоти мазкурро дар назар дошта, он ба сифати яке аз омилҳои зарурати қабули «Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018 — 2028», ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6-уми феврали соли 2018 таҳти №1005 тасдиқ шудааст, таҳти унвони «пешгирӣ ва бартараф намудани ихтилофот, номутобиқатӣ, нуқсонҳо, такроршавӣ дар қонунҳо ва хориҷ кардани меъёрҳои ҳуқуқии моҳияташонро гумкардаю камсамар» мус­таҳкам карда шудааст.

Дар таҳқиқоти илмӣ ва оммавӣ дар баробари дигар мушкилоти қонунгузории маориф, инчунин оид ба такрорёбии мафҳумҳо, коста будани мазмуни онҳо ва мухолифати байни онҳо, инчунин номукаммал будани мафҳумҳои расмӣ дар қонун дар бораи маориф низ ишора шудааст. Мушкилоти дигари қонунгузории соҳаи маориф, ки нисбат ба он дар таҳқиқоти илмӣ низ ишора рафтааст, ба услуби расмии забони давлатӣ ҷавобгӯ набудани калимаю ибора ва истилоҳоти дар матни онҳо истифодагардида мебошад. Дар баробари номгӯи мушкилоти зикршуда, ба назари мо, маҳз падидаи зиёд будани қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии зерқонунии соҳаи маориф ба пайдоиши мушкилоти дигар, мамониат намудан барои сари вақт ба талаботи замони муосир мутобиқ сохтани муқаррароти қонунгузорӣ, ки тавассути ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунгузорӣ имконпазир аст, низ сабаб гардидааст. Ба андешаи мо, сарчашмаи асосии пайдоиши мушкилоти зикршудаи қонунгузории соҳаи маориф маҳз зиёд гардидани шумораи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа мебошад, ки он як зумра мушкилоти дигарро ба бор оварда, дар навбати худ ба ҳоло ҳам камсамар гардидани ҷараёни татбиқи ислоҳоти соҳаи маориф ҳамчун соҳаи афзалиятнок ва стратегии мамлакат боис шудааст. Аз ин рӯ, зарур аст, ки барои аз байн бардоштани номгӯи мушкилоти зикршудаи қонунгузории соҳаи маориф, пеш аз ҳама, роҳи ҳалли мушкилоти зиёд будани шумораи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа муайян ва пешниҳод карда шавад.

Дар моддаи 85 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» роҳҳои гуногуни бартараф намудани ихтилофоти байни қонунгузорӣ пешбинӣ шудааст, ки ба онҳо дар баробари дигар роҳҳо, қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқии нав дохил мешавад. Дар адабиёти ватанӣ низ рушди муносибатҳои минбаъдаи соҳаи маориф бидуни гузаронидани ислоҳоти қонунгузории соҳа, ки чунин ислоҳот аз қабули қонуни нав ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои амалкунанда иборат аст, мушкил ва ғайриимкон дониста шудааст. Дар «Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028» ба мушкилоти зиёд гардидани қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ ва дар ин замина пайдоиши мушкилоти мухолифат, номутобиқатӣ ва холигӣ, инчунин такрорёбӣ дар қонунгузорӣ таваҷҷуҳ зоҳир гардида, таъкид шудааст, ки самтҳои такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти васеъ гардидани доираи муносибатҳои ҷамъиятии моҳиятан ҳаммонанд, ки бо қонунҳо танзим меёбанд, бояд дар оянда тадриҷан кодификатсия карда шаванд, зеро дар шароити аз ҳад зиёд шудани қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии зерқонунӣ барои танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ дар баъзе соҳаҳо кодификатсия хеле муҳим мебошад. Ба чунин кодификатсия ва васеъкунӣ аз ҳоло бояд шурӯъ кард ва онро тавассути такмили қонунгузории амалкунанда анҷом додан лозим аст. Мақсади кодификатсия кардани онҳо бартараф намудани номутобиқатӣ ва кам кардани шумораи санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҳаммонанд мебошад.

Дар адабиёти илмӣ, таълимӣ ва оммавӣ, инчунин қонунгузории дохилӣ ва хориҷии кишварамон низ фикру ақидаҳо оид ба зарурат ва аҳамияти қабули санади кодификатсионии қонунгузорӣ дар соҳаи маориф, бахусус дар намуди кодекс, баён гардидааст. Ба андешаи мо, маҳз бо назардошти афзалияти кодекс назар ба дигар намудҳои кодификатсияи қонунгузорӣ ҳанӯз дар Консепсияи пешгӯии инкишофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19-уми феврали соли 2011 таҳти №1021 тасдиқ шудааст, қайд гардида буд, ки барои кодификатсияи қонунгузории соҳаи маориф таҳияи санади меъёрии ҳуқуқии ягонаи маҷмӯӣ ба мақсад мувофиқ аст. Дар банди 26 барномаи давлатии татбиқи консепсияи мазкур дар соҳаи меҳнат, ҳифзи иҷтимоӣ ва маориф барои солҳои 2012 — 2015, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми апрели соли 2012 таҳти №144 тасдиқ шудааст, оид ба таҷдиди назар намудани қонунгузории соҳаи маориф низ таъкид гардида буд. Дар бандҳои 22, 23 ва 24-уми «Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» бошад, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-уми сентябри соли 2020 таҳти №526 тасдиқ шудааст, дар заминаи муттаҳид кардани даҳ қонуни мукаммали амалкунандаи соҳаи маориф таҳияи лоиҳаи Кодекси маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид гардидааст.

Ба андешаи мо, ҳоло дар кишварамон барои таҳия ва қабули Кодекси маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми заминаҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва иқтисодӣ, аз ҷумла таҷрибаи қонунгузорӣ, мавҷудияти мутахассисон, таҳқиқоти илмӣ, заминаи зарурии ҳуқуқӣ, алоқаҳои гуногуни ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷӣ ва созмону ташкилотҳои байналмилалию минтақавӣ барои истифодаи натиҷаҳои мусбати қонунгузории онҳо мавҷуданд. Таҷрибаи муҳимтарин барои таҳия ва қабули Кодекси маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷрибаи қонунгузорӣ мебошад, ки он дар мамлакат таҷрибаи зиёда аз сисоларо ташкил дода, дар ин муддат Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ҳамчун қонуни асосии соҳа бо назардошти дастовардҳои ҳосилшудаи соҳаи маорифи дохил ва хориҷи кишварамон се маротиба (солҳои 1993, 2004 ва 2013) дар таҳрири нав қабул карда шуданд. Аз ин рӯ, марҳилаи заминавии ташаккули қонунгузории соҳаи маориф дар маҷмӯъ ба охир расида, вобаста ба ин, бояд марҳилаи сифатан нав дар бахши қонунгузории соҳаи маориф, хусусан қабули Кодекси маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа дар асоси он қабул карда мешаванд, фаро расидааст.

Бинобар тараққиёти илму техника, пешрафти ҳаёти ҷомеа, дигаргуниҳои куллии ҳаёти ҷомеа, ташаккули муносибатҳои нави ҳаёти ҷамъиятӣ, танзими ҳуқуқии муносибатҳои ҷамъиятӣ дар соҳаи маориф дар доираи қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии зерқонунии амалкунанда мушкил гардида, онҳо ба танзими ҳуқуқии боз ҳам хубтар дар шакли кодификатсия дар намуди қабули Кодекси маорифи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ниёз пайдо кардаанд. Танзими ҳуқуқии саривақтии кодификатсионии муносибатҳои ҷамъиятӣ дар соҳаи маориф, хусусан дар намуди Кодекси маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдоми ниҳоят муҳим ва зарурӣ буда, барои ба талаботи замони муосир мутобиқ гардидани қонунгузории соҳаи маориф ва ҳифзи боз ҳам муносибтари манфиатҳои давлатию ҷамъиятӣ дар шароити пурпечутоби ҷаҳони муосир ҳамчун соҳаи афзалиятноки ҷомеа, инчунин барои боз ҳам хубтар ва ба марҳилаи ҳамчун соҳаи ҳуқуқи комплексӣ ташаккул ёфтани ҳуқуқи таҳсилот дар низоми ҳуқуқи кишварамон мусоидат хоҳад кард.

Ҳамин тавр, таҳия ва қабули санади кодификатсионӣ дар намуди кодекси маориф ба назари мо амри ниҳоят муҳим ва зарурист. Он барои пурра ва ҳаматарафа танзим намудани муносибатҳои муҳими соҳаи маориф ва қоидаҳои рафтори иштирокчиёни муносибатҳои мазкур мусоидат намуда, қабули шумораи зиёди санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маорифро ҳамчун мушкилоти асосии ҳалталаби қонунгузории соҳа ва дигар мушкилоти дар ҳамин замина бавуҷудомадаро аз байн бардошта, боиси хубтар гардидани сифати мазмун ва моҳияти санадҳои меъёрҳои ҳуқуқии соҳаи маориф мегардад. Барои сари вақт ба талаботи замони муосир мутобиқ намудани меъёрҳои ҳуқуқии соҳаи маориф ҳамчун санади маҷмӯӣ имкони ворид намудани тағйиру иловаҳоро фароҳам оварда, барои ташаккул ва инкишофи ҳуқуқи таҳсилот ҳамчун соҳаи ҳуқуқи комплексӣ дар низоми ҳуқуқи кишварамон заминаи ҳуқуқӣ ба вуҷуд меорад. Дарвоқеъ, он барои ба як низоми мантиқан мураттаб­гашта ва боз ҳам самараноку пешқадам ворид гардидани низоми қонунгузории соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон шароит муҳайё менамояд.

Сиёвуш АБДУРАҲИМОВ,

номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ