Муждаи оғози даврони эҳёи миллати тоҷик аз Қасри Арбоб

№114 (4697) 18.09.2023

Чунин иқболи баланд барои як халқ дар тӯли садсолаҳо як бор фароҳам меояд

1639134329_2-krot-info-p-dvorets-arbob-v-khudzhande-krasivie-foto-3Дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 24-уми январи соли 2023 баргузор гардид, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид карданд: «Ҳар яки мо бояд ватандӯсту ватанпараст бошем ва ҳаргиз фаромӯш насозем, ки эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва ҳисси баланди миллӣ омили асоситарин ва роҳи муҳимтарини рушди давлат ва ҷомеа мебошад». Вазифагузории Пешвои миллат, бо назардошти авзои ҷаҳони муосир, ҳикмати зиёд дорад ва масъулин бояд бо диди нав баҳри иҷрои онҳо ҷаҳду талош намоянд.

Таҳлилу арзёбии нақши давлат дар доираи таҳаввулоти таърихӣ ва муосир дар масъалаи ҷаҳонбинӣ, бо назардошти категорияи манфиат аз ҷониби профессор С. Ятимов дар мақолаи «Эҳёи миллат — бақои давлат» ба ин масъала рабт дорад. Ҷоиз ба зикр аст, ки иқдоми мазкур идомаи мантиқии ибтикори қаблии сиёсатшинос С. Ятимов ба ҳисоб меравад. Номбурда самтҳои гуногуни таҳким ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ, аз он ҷумла хирадсолорӣ, илм ва амният, идеология ва манфиатҳои миллӣ, маориф, фарҳанг ва нақши онҳоро дар ҳифзу таҳкими манфиатҳои миллӣ мавриди таҳлил қарор додааст. Муҳим он аст, ки дар ин раванд ӯ ба мавқеъ ва нақши сарвари сиёсӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намудааст.

Дар оғози матлаб муаллиф барҳақ нигоштааст: «Ба таъсиси давлат вақте зарурат пайдо мешавад, ки ниёзҳои ҷомеа барои низоми муайяни идоракунӣ ба хотири таъмини амният, рушди пойдори иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ба тарзи муташаккил ва моҳиятан аломатҳои устувори қонунмандӣ мегиранд. Вазифаи асосии давлат таъмин намудани зиндагии осоиштаи ҷомеа дар асоси дифферентсиатсия, тақсимоти салоҳият, таъини меъёрҳои ҳуқуқ ва вазифаҳо мебошад. Истилоҳоти давлат ва истиқлол ҳамчун зуҳуроти сиёсӣ тавъам ва аз ҳам ҷудонопазир мебошанд».

Воқеан ҳам, вазифаи муҳимтарин ва асосии ҳар як давлатдор ҳифзи истиқлолияти давлатист. Ин рисолати таърихиро аз рӯзҳои аввали давлатсозиву давлатдорӣ, замоне ки аксарият арзишҳои миллию давлатиро фурӯхтанд, ба ояндаи неки кишвар бовар надоштанд, аз умури давлатдорӣ худро канор гирифтанд, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон самимона, ҷасурона ва фарзандвор ба зимма гирифтанд.

Агар ба тадбирандешиҳо барои таҳкими истиқлолияти давлатӣ мутаваҷҷеҳ гардем, пас аз ду усули маъмулу эътироф­шуда — ҳарбӣ ва маънавӣ огоҳ мегардем. Усули ҳарбии ҳифзу таҳкими истиқлолияти давлатӣ аз ҷониби муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ташкили қӯшун, мақомоти амниятӣ, ҳифзи ҳуқуқ, дигар аркони давлатдорӣ ва муттасил ташаккул додани фаъолияти онҳо рабт дорад.

Шоҳид будем, ки дар заминаи муносибати дуюмдараҷа зоҳир намудани роҳбарони вақти кишвар имкон фароҳам шуд, ки силоҳу муҳимоти ҳарбии дар кишвар мавҷудбуда берун бурда шавад. Дар он марҳилаи ҳассос, ҳамон тавре ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуданд: «Мо на Вазорати мудофиа доштем, на иншооти инфрасохторӣ, на заминаи зарурии моддиву техникӣ ва на мутахассису кадрҳои касбӣ».

Усули дуюми таҳкими истиқлолияти давлатӣ — маънавӣ, ки дар давлатсозию давлатдории муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон авлавият дорад, аз бедор кардани эҳсоси ватандорӣ дар вуҷуди ҳар тоҷику тоҷикис­тонӣ маншаъ мегирад. Ҷавҳари ин иқдомро беш аз пеш ошно намудани мардум бо фарҳанг, таърих, забон, дину мазҳаб ва анъанаҳои миллӣ ташкил медиҳад.

 ФОСИЛАГИРӢ АЗ АРЗИШҲО БОИСИ ҚАРОБАТ БО ХУРОФОТ МЕГАРДАД

Бо муаллиф дар мавриди он ки «фосила гирифтан аз арзишҳои миллӣ, саҷда овардан ба хурофот ва фарҳанги бегона ҳамчун натиҷа раванди босуръати рӯз то рӯз ифротишавии ҷомеа, ҷилвагар шудани номи намояндагони миллат дар ҳар кунҷу канори дунё дар алоқамандӣ бо кирдорҳои террористӣ ва экстремистӣ обрӯ ва манзалати миллатро дар назди оламиён шадидан коста мегардонад», комилан ҳамфикрам.

Содир гардидани амалҳои ­террористӣ аз ҷониби ҳамватанонамон дар шаш кишвар, аз ҷумла Франсия, Федератсияи Россия, Белгия, Туркия ва бонги изтироб задани созмонҳои мазҳакаофару гурӯҳу ашхоси ҳавасманд бинобар зуҳури терроризми «тоҷикӣ» аз ҳар яки мо андешидани тадбирҳои бетаъхирро тақозо менамояд.

Дар робита ба ҳушдори С. Ятимов, ки болотар иқтибос шуд, пеш аз ҳама, бояд ҷиддӣ андешем, ки кадом омилҳо замина барои зуҳури терроризми «тоҷикӣ» шуданд? Бо истинод ба натиҷаи тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ, ки тибқи он, 90-95 фоизи аъзои ташкилотҳои террористию экстремистӣ таълимгирандагони мактабҳои ғайриқонунии динӣ мебошанд, посухи савол мушаххас аст. Ба ибораи дигар, рӯи кор омадани терроризми «тоҷикӣ» самараи таълими ғайриқонунии динӣ мебошад, ки бо мусоидати доираҳои манфиатдор имконпазир гардид.

Ба ҳеҷ ваҷҳ муқобили таълимоти динӣ гирифтани ҳамватанонамон нестам. Бароя­мон хушоянд аст, ки раванди демократикунонии ҷомеа ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, аз ҷумла озодии виҷдон, боис гашт, то шаҳрвандон озодона ба дин рӯй оварда, барои пайравии амалӣ аз таълимоти динӣ ва анҷоми маросими динӣ имкони васеъ пайдо намоянд.

Эълони озодии виҷдон ва пайравӣ ба дин, бунёди масҷиду муассисаҳои таълимии динӣ ва ғайра сабаб гардиданд, ки таваҷҷуҳи мардум ба дин тамоюли афзоишро касб намояд.

Дар сатҳи конститутсионӣ таъмин гаштани ҳуқуқу озодиҳои динии шаҳрвандон, эълон шудани Соли бузургдошти пешвои мазҳабии мардуми тоҷик ва аксар мусулмонони ҷаҳон — Имоми Аъзам (р), ба забони тоҷикӣ тарҷума ва нашр гаштани «Қуръон»-и карим, таъсиси Донишкадаи исломии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», баргузории озмунҳои ҷумҳуриявии қориёни «Қуръон», ба тасвиб расидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ ҷорӣ шудани фанни таълимии «Таърихи дин» ва ғайра барои гирифтани таълими динӣ заминаи мусоид фароҳам намуд.

Муҳимтар аз ҳама, соли 2019 бо Фармони Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин қабул гардид, ки мақсаду вазифа ва самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи динро бо назардошти манфиатҳои миллӣ муайян ва танзим менамояд.

Манзури ман таълими ғайриқонунии динӣ мебошад, ки асосан дар манзили зисти рӯҳониёни иртиҷоӣ ба роҳ монда мешавад. Пайомади ногувори ба таълими ғайриқонунии динӣ ҷалб шудани насли наврас бениҳоят зиёд буда, тамоюли хурофотӣ ва ғайриилмӣ гирифтани ҷаҳонбинии насли наврас ва аз дастовардҳои илму техника, омӯзиши фанҳои дақиқ ва умуман, рушду тараққиёт қафо мондани ҷомеа ибтидои ин раванд буд.

Муаллиф барҳақ нигоштааст, ки «эътиқод, тасаввур, хаёлот, орзую ормони ғайриилмӣ, таассуб, хурофот, фанатизм, дилбастагӣ ба мавҳумот ва абстраксия наметавонанд ҷойгоҳи манфиатро иваз кунанд».

Сарчашмаи таблиғкунандаи идеологияи ифротӣ ва қадами нахустин ба ҷониби ячейкаҳои ибтидоии террористӣ маҳсуб шудани таълими зикршуда идомаи мантиқии ин раванд буда, он ҳамзамон таҳрикдиҳандаи сатҳи таассубу хурофот, радикализми динӣ ва моилсозии ҷавонон ба созмонҳои террористию экстремистӣ аст.

Омили дигари тавсеабахши ин раванд майлу рағбат доштани дастандаркорони баъзе саҳифаю гурӯҳҳои фейсбукӣ ва сомонаҳои интернетӣ ба таълими ғайриқонунии динӣ барои зиёд намудани шумораи аъзо ва бо мақсади ба даст овардани маб­лағи муфт мебошад. Нигаронкунанда он аст, ки бинобар берун аз назорат будани фазои таълими динӣ дар интернет, равия­ҳои гуногуни барои муҳити динии Тоҷикис­тон ғайрианъанавӣ таблиғ мешаванд.

Тамоюли коҳишёбиро касб намудани содиршавии чунин ҷиноят дар қиёс ба солҳои пеш натиҷаи тадбирандешии сохторҳои марбута — таҳия, қабул ва ҷонибдории қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки дар онҳо ҷавобгарӣ барои таълими ғайриқонунии динӣ меҳвар аст, ба ҳисоб меравад.

Мутаассифона, ҳоло низ баъзе шаҳрвандон хавфу пойомади терроризму экстремизмро пурра дарк накарда, ба он аз паси панҷа менигаранд. Маҳз муносибати дуюмдараҷа ба масъалаи мазкур боис гардидааст, ки имконияти фароҳамшуда аз ҷониби нотавонбинони давлат ва миллат суиистифода шуда, дар ин замина таассуб, хурофот ва ифротгаройӣ ривоҷ ёбад. Ҳамватанонамон бояд дарк намоянд, ки ҳамкории самарабахши давлат ва ҷомеа дар мубориза бо терроризму экстремизм унсури муҳими таъмини субот ва рушди мамлакат буда, бетафовуту бетараф набудани ҳар кадоми мо зарур ва ногузир аст.

ДАСТОВАРДИ ОНОНЕ, КИ МЕХОҲАНД МУСУЛМОНРО ЗАВҚМАНДИ РЕХТАНИ ХУНИ ЯКДИГАР БИНАНД

Хулосаи муаллиф — «Дар доираи фаҳми категорияи манфиат ҳар қадар дур рафтан, фосила гирифтан аз арзишҳои иқтисодӣ, моддӣ, молӣ, материалӣ, заминӣ, ҳамон қадар маънои наздик шудан ба камхирадӣ, таассуб, раҳгумзадагӣ, дурӯғ ва фиребро дорад», бозгӯи воқеияти ҷаҳони муосир аст.

Шикастани «қолаб»-ҳои шахшуда кори саҳлу сода набуда, ҳамон тавре С. Ятимов нигоштааст, «ба нохун роҳ дар хоро буридан, фурӯ рафтан ба оташдон нагунсор басе осонтар» аз бозсозӣ ва дигаргун сохтани шуури онҳоест, ки гирифтори ҳамин тарзи ҷаҳонбинии устуравӣ (мифологӣ) ва бедалел ҳастанд».

Дар идома зикр шудааст: «Ҳамин аст дастоварди бузурги воқеӣ ва таърихии ононе, ки мехостанд ва мехоҳанд мардуми мусулмонро якумр ғулом, дастнигар, мутеъ, ҷоҳил, вобаста ва олоти муборизаи худӣ дар муқобили худиҳо, завқманди рехтани хуни якдигар бинанд. Аз дур мусулмононро наззора ва идора кунанд. Боз бо истифодаи маводи зинда бо номи одам дар масири идораи олам барномаҳои дигар омода созанд. Манфиатҳои навбатӣ ва беохири худро думбол кунанд».

 Ба андешаи инҷониб, аксар маврид маҳз зудбоварӣ ва побанди хурофот будани қисмате аз мардум омили асосии «ҳадафрас» шудани тасмимоти беруна аст. Яъне, қувваҳое, ки дар хориҷ аз кишвар тасмими роҳандозии амалҳои барояшон мувофиқу зарурӣ ва ҷавобгӯйи манфиатҳояшонро гирифтаанд, ба қавли Аллома Иқбол, бобати он ки «мусалмон фоқамасту ҷандапӯш аст», муътақиданд ва аз ин усул таври густурда истифода намуда истодаанд. Сониян, имрӯзҳо миёни аҳли тақво, уламои дин ва намозгузорон як навъ рақобати носолим, ки аз нотавонбинӣ ва ноогоҳӣ маншаъ гирифтааст, ҷараён дорад. Чунин ҳолат «табъи дил»-и манфиатбардорон буда, ба халқияте, ки пайрави дини мубини ислом мебошанд, ҳамчун василаи самараноки таъсиррасонӣ васеъ истифода шуда истодааст.

 Масъулони ташкилоту созмонҳои аз вазъи озодиҳои дар Тоҷикистон нигарон, ки кишвари моро мунтазам «кишвари ноозод» ва озодиҳои динӣ дар онро «маҳдуд» «арзёбӣ» менамоянд, чаро намегӯянд, ки бо кадом сабаб ҷомеаи Ғарб ҳанӯз сесад сол пеш зарурати бунёди давлати дунявиро таври бояду шояд дарк намудаву то имрӯз ба он устувор аст? Чаро шарҳ намедиҳанд, ки дар ҳамин ҳол, давлатҳои Аврупо гӯё ба арзишҳои динии давлатҳои ақибмондае, ки қисми аъзами сокинонашонро мусулмонон ташкил медиҳанд, «арҷгузорӣ» намуда, ба ҳеҷ ваҷҳ «роҳ намедиҳанд», ки онҳо дар ҷодаи эъмори давлати воқеан ҳам дунявӣ собитқадам бошанд? Бо кадом сабаб пажӯҳиши дар давоми се соли охир анҷомдодаи нашрияи британии «The Telegraph»-ро ба эътибор намегиранд, ки тибқи он, сатҳи диндории шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ баландтарин – 85 фоиз арзёбӣ шудааст. Магар бо мавҷудияти «маҳдудиятҳои динӣ» чунин нишондиҳанда ҳосил мешавад?

 Посухи «қолабӣ»-и онҳо, аз қабили «озодии дин яке аз рукнҳои умда ва принсипи асосии демократияи мо маҳсуб меёбад. Мо ба ин ақидаем, ки ҳифзи озодии дин аз ҷониби Ҳукумат ба бунёди давлати боз ҳам устувортару босубот мусоидат мекунад», аллакай бароям маълум аст.

 Тоҷикон таърихи исботшудаи беш аз панҷҳазорсола дошта, ҳанӯз пеш аз зуҳури ислом соҳиби фарҳанги асил ва анъанаҳои қадимаи давлатдорӣ буданд. Бидуни баҳс ҳар фарди мусулмон ба дини мубини ислом чун ба як сарчашмаи асосии маънавӣ ва рӯҳониву ахлоқӣ эҳтиром мегузорад, зеро ислом ба яке аз рукнҳои муҳими ҷаҳонбинӣ, маънавиёт ва ахлоқи ҷомеаи мо табдил ёфтаву ин раванд бардавом аст.

 Мушкилӣ дар он зоҳир мегардад, ки баъзеҳо ҷудо будани иттиҳодияҳои диниро аз давлат ҳамчун тазод байни дунявият ва дин маънидод карда, масъаларо ба мардум нодуруст шарҳ медиҳанд ва чунин мешуморанд, ки гӯё давлат динро аз ҳаёти ҷомеа берун мекарда бошад. Дар натиҷа, баъзе шахсони сода ва зудбовар фирефтаи суханони дурӯғини нафарони тафриқаандоз ва ҷоҳталабу беимон мешаванд. Бамаврид аст, ки зикр кунам, ки одатан дар кишварҳои рӯ ба инкишоф ин масъала аз ҷониби гурӯҳҳои манфиатдор бо мусоидати баъзе ташкилоту давлатҳо ба сиёсат омезиш дода мешавад. Табиист, ки дар ин ҳолат ҳар доираи манфиатдор мехоҳад ба хостаҳояш дастёб шуда, кӯшиш менамоянд дар ин гуна кишварҳо бавуҷудории ихтилофи мазҳабӣ ва сармоягузорию дастгирии дингароёнро пайваста идома диҳанд. Инчунин, то ҳадди имкон аз ҷониби давлатҳои манфиатдор кӯшиш ба харҷ дода мешавад, ки онҳо дар доираи тафаккуроти динию мазҳабӣ боқӣ монанд, зеро, агар донишҳои илмӣ рушд кунанд, тафаккури миллӣ боло мегирад, ки дар пайи он манофеи миллӣ ба вуҷуд меояд, ки ба манфиати доираҳои зикршуда нест.

ДИН ҚОДИР АСТ БА ПЕШРАФТИ ҶОМЕА ТАКОН БАХШАД, АГАР …

 - «Муваффақияти дуюм ва дастоварди ниҳоят хатарноки душманони мо иборат аз он аст, ки таассуб, хурофот, фанатизми динӣ – мазҳабӣ, эҳсоси Тоҷик будан, Тоҷикият, эҳтиром, муҳаббат ва садоқатро ба мафҳуми Миллат, Ватан ва Ватандорӣ нобуд месозад. Ба сифр мубаддал мегардонад. Ҳамчун лашкари бе пул дасти ифротгароён, террористонро аз ҳисоби фарзандони ҳамин миллат, дар муқобили ҳарими муқаддаси бунёди давлатсозӣ, давлатдории миллӣ, марзу бум ва суботи он боз мекунад», — нигоштааст профессор С. Ятимов.

 Ин масъала, ҳарчанд онро баъзеҳо ҷузъӣ мепиндоранд, бениҳоят муҳим аст ва ҳушдор аз ҷониби муаллиф омил ва рамзу ҳикмати зиёд дорад. Баҳри тақвияти андешаи С. Ятимов бамаврид медонам чанд нуктаро зикр намоям. Бо вуҷуди фароҳам будани имкониятҳои зикршуда, эътироф бояд кард, ки дини мо моҳияти миллӣ касб накардаву дар ҳифзи манфиатҳои миллии давлатӣ ба таври бояду шояд саҳмгузор нест.

 Баръакси кишвари мо, дар ақсои олам дин баҳри ҳифзи манфиатҳои миллӣ хеле густурда истифода ва дар баъзе ҳолат ҳатто суиистифода ҳам мешавад. Барои мисол, калисои католикӣ ва калисоҳои православӣ бо меҳвар қарор додани манфиатҳои миллӣ баҳри пешгирии низоъҳо, таҳкими сулҳ, риояи ҳуқуқи башар, пуштибонӣ аз ҳуқуқи зан, мубориза ба бемориҳои сангини аср, мубориза бо терроризм, расонидани кумак ба мардуми камбизоат ва ғайра бо сохторҳои дахлдор фаъолияти муштарак доранд.

 Мисоли дигар, уммати ислом дар кишварҳои Кавказ бо нидои «Аллоҳу акбар» аз манфиатҳои миллию давлатӣ, ки баъзе маврид шояд бо аҳкоми динӣ то андозае муғойират дошта бошад, ҳимоя мекунанд. Кори дуруст мекунанд, зеро тафовути эътиқодӣ набояд монеа дар ҳифзи манфиатҳои миллӣ бошад.

Дар ин бобат С. Ятимов бамаврид ёдовар шудааст, ки «Яке аз намояндагони Даврони Эҳё Сервантес таъкид мекард, ки мардуми зери асорати зеҳнии миллатҳои бегона қароргирифта, мисли лойи кулолест дар дасти аҷнабиён, ки ҳар асбобе хоҳанд аз он месозанд ва истифода мекунанд. Миллат бояд ҷаҳонбинӣ, дидгоҳ, маънавиёти ягонаи худро дошта бошад. Онро эҳсоси ягонаи умумияти таърихӣ – ирсият, урфу одат ва мафкураи ягонаи миллӣ муттаҳид намояд, на ташвиқи бепояи фарҳанги аҷнабӣ. Маҳз ба ҳамин хотир Эҳёгарон интихобан бо беҳтарин ходимони дин, роҳибон, диншиносон, донандагони Инҷил, ки аз мардуми соҳибмаърифат буданду ҳиссиёти баланди ватанпарастӣ ва миллатдӯстӣ доштанд, ба ҳам омаданд».

Фаъол будани қариб чор ҳазор масҷид дар кишвар яке аз садҳо далели тақвиятбахши ҷавҳари матлаб ба ҳисоб меравад. Ҷоиз ба зикри алоҳида аст, ки бо назардошти теъдоди аҳолӣ дар кам кишвари исломӣ ин қадар масҷид вуҷуд дорад.

 Муаллиф, ҳамчунин ба хулосаи Эҳёгарон дар бобати он ки «муддати садсолаҳо муллоҳои манфиатҷӯ ба Инҷил ва дигар адабиёти тафсири он нуктаҳоеро худсарона илова кардаанд, ки танҳо ба манфиат ва манзалати шахсии табақаи рӯҳонӣ хизмат мекунанд. Бисёре аз чунин иловаҳои сохта ва тафсирҳои бофта ба сарчашмаи хурофоту таассуб ва манбаи даромади ходимони дин мубаддал гаштаанд. Ба эҳсос ва ташаккули бегонапарастӣ, ҷаҳонватанӣ (беватанӣ) боис гардидаанд», бамаврид ишора кардааст. Дар ин робита бамаврид аст ёдовар шавем, ки солҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар ҷомеа равияи нав – таври густурда тарғиб намудани арзишҳои динӣ маъмул гардида буд. Кор то ба ҷое расид, ки як олиме, ки дониши мукаммали гуногунҷанба дорад, дар радифи ба ном муллои чаласавод қадру манзалат надошт. Фурӯши густурдаи фитаҳои амри маъруф, гузаронидани тӯй ва маъракаҳо ба тарзи мазҳабӣ, нишон додани афзалияти гирифтани таълими динӣ дар хориҷи кишвар ва ғайраҳо ба «осиёб»-и ашхоси манфиатдор «об рехт». Динро меҳвари муборизаҳои сиёсӣ ва идеологӣ кардану муташанниҷ сохтани суботи ҷомеа амали зиддиконститутсионӣ, зиддимиллӣ ва ҳатто зиддишариатӣ аст, зеро ислом суботи ҷамъиятӣ ва амнияти ҳар як миллати мусулмонро арзиши олӣ меҳисобад.

 Вақте ки қаробати дунявиятро бо арзишҳои миллию давлатӣ, бо назардошти мероси фарҳангии бузургон баҳо доданӣ шавем, ба ҳеҷ ваҷҳ муносибати онҳоро ба фарҳанги умумибашарӣ сарфи назар набояд кард, зеро бе шинохту арҷгузории саҳми ин фарзонафарзандон ҳувияти миллии мо ноқис хоҳад монд.

 Мояи нигаронист, ки дар заминаи муносибати дуюмдараҷа ба милликунонии дин дар бисёр кишварҳои исломӣ зуҳуру «фаъолият»-и созмонҳои ифротӣ саҳлу сода гардида, абарқудратҳо таҳрикбахши ин раванд маҳсуб мешаванд. Дар чунин ҳолат рушди фарҳанги миллӣ ва динӣ зарур ва ногузир буда, маҳз ба ин васила, эмин мондан аз ифрот имконпазир аст. Мутаассифона, иддае ҳамватанон то ҳанӯз дарк накардаанд, ки мансубияти исломӣ ба ҳеҷ ваҷҳ маънои инкори мансубияти фарҳангии миллатҳои мусулмонро надорад. Муҳим он аст, ки ҳар миллат ин дини мубинро, бо такя ба ҳувияти фарҳангиаш қабул карда, ин раванд ҳамвора густариш ёфта истодааст.

Пас аз мутолиаи таълифоти ба ин масъала дахлдошта бароям аён гашт, ки тақвият ёфтани раванди ягонаи тамаддунофаринии арабӣ-исломӣ эҳтимоли бархӯрди фарҳангҳо ва тамаддунҳоро пурра аз байн набурд. Таърихнигорон низ собит кардаанд, ки маҳз таассуботи қавмӣ, динии ҳизбӣ ва фирқавӣ бо омехтагии арзишҳои фарҳангӣ ва хусусиятҳои тамаддунӣ низоъҳои нави динӣ-сиёсӣ ва идеологиро ба вуҷуд оварданд.

 Дар ҳамон айём равия ва аҳзоби динӣ тамоюли афзоишро касб намуда, ҳар кадом кофир ҳисобидани мухолифони ақидавӣ ва сиёсии худро самти афзалиятнок эътироф намуда, муборизаро алайҳи ҳамдигар амри шаръӣ медонист. Таассуфовар аст, ки бо гузашти ҳазорсолаҳо ин мушкил аз байн нарафта, баръакс, ба мушкили дохилиисломӣ табдил ёфтааст. Дар маҷмӯъ, миллӣ кунонидани дин метавонад ба манфиати миллат ва таҳкими давлатдорӣ хизмат кунад. Агар дар ин самт комёб гардем, ин дини мубин якҷо бо андешаи миллӣ қодир аст, ки ба пешрафти ҷомеа такони ҷиддӣ бахшад.

ПЕШВОИ МИЛЛАТ — БУНЁДГУЗОРИ ДАВРОНИ ЭҲЁИ МИЛЛАТИ ТОҶИК

Вобаста ба Даврони Эҳёи миллати тоҷик С. Ятимов барҳақ навиштааст, ки «ҳақиқати эътирофгардида аст, ки дар марҳилаи навин Даврони Эҳёи миллати тоҷик аз аввалин суханони Роҳбари тозаинтихобгаштаи давлати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари Қасри Арбоб оғоз гардид». Муаллиф барои тақвияти андешааш ба суханрониҳои барномавӣ, Паёмҳо, таълифот ва таълимоти бунёдии Президенти мамлакат, ки дар онҳо барои ҳар фарди тоҷик ҳаётан муҳим будани Эҳёи миллат асоснок гардида, принсипҳои асосӣ, сарчашма, роҳ, восита ва усулҳои ба он ноил гаштан фаҳмонда, ин раванд бо азму разми ҷавонмардӣ тавассути бузургтарин чорабиниҳои дар таърихи миллати тоҷик собитқадамона тасдиқ шудааст, такя кардааст.

Ҳар як тоҷику тоҷикистониро суханони муаллиф: «Бо такя ба таълимоти Пешвои муаззами миллат бояд таъкид кард, ки чунин шонс (имконият, иқбол, умед)-и фавқулода ва нотакрор барои як халқ дар тӯли садсолаҳо як бор падид меояд», бояд ба амиқ андеша кардан водор намояд. «Ҳамватанони мо, ки ҳазор сол азияти бедавлатӣ ва ғуломиро кашидаанд, зарурати ҳаётӣ аст ҳама сар ба сар эҳсоси масъулияти миллатдӯстӣ ва ватанпарастӣ намоянд. Аз ҷаҳолати рӯ ба афзоиши оммавӣ худдорӣ кунанд».

Бояд беш аз пеш эътироф ва арҷгузорӣ намоем, ки маҳз бо ташаббуси Пешвои миллат дар заминаи эҷоди барномаҳои миллӣ қудрат ва нуфузи давлати мо ба маъраз гузошта шуд, ки ин тамоюл дар таҳкими истиқлолияти давлатӣ саҳми бориз доранд. Бо дарки масъулият метавон гуфт, ки маҳз бо ибтикори муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи тадбир­андешиҳо баҳри таҳкими истиқлолияти давлатӣ ва тақвияти ҳувияти миллӣ рӯҳияи миллӣ ба вуҷуд омад. Тавре маълум аст, асоси рӯҳияи миллиро ифтихори миллӣ ташкил медиҳад, ки он иборат аз падидаҳои худмуайянкунӣ, худшиносӣ ва эътирофи худ мебошад. Аз ин лиҳоз, қадршиносии хизматҳои Абармарди дунёи сиёсат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рисолати ватандорӣ ва қарзи фарзандии ҳар шаҳрванди баору номуси Ватан буда, бояд шурӯъ аз муҳити хонавода талқин гардад. Барои тақвияти андеша оид ба мақому манзалат ва нақши Пешвои миллат мо ба ҳеҷ ваҷҳ ба нокифоягии далелу рақамҳо мувоҷеҳ намегардем. Ҳазорҳо далели вобаста ба ҷоннисорӣ, садоқат, самимият ва ҷасорати Роҳбари мамлакат мавҷуд аст, ки дар сурати истифодаи як қисмати он метавон афкори дилхоҳ нафарро ба самти мусбат шакл дод.

 Баробари ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ кишвари мо ба гирдоби мухолифату низоъҳои дохилӣ ва оқибат ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гирифтор гардид ва ҳастии миллату давлати тоҷикон зери суол қарор гирифт. Хушбахтона, мардуми шарифи Тоҷикистон бо роҳбарии фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу салоҳро дар кишварамон таъмин карда, бетаъхир ба барқарорсозии харобаҳои ҷанг оғоз намуданд. Бинобар ин, қатъи хунрезӣ, расидан ба сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ нахустин ва арзишмандтарин дастоварди даврони соҳибистиқлолӣ маҳсуб шуда, дурнамои истиқлолияти давлатӣ низ ба ҳифзу гиромидошти он робитаи ногусастанӣ дорад. Барои таҳкими истиқлолияти давлатӣ ба шаҳрвандон талқин бояд кард, ки сабақҳои талхи низои дохилӣ ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро зинҳор аз хотир набароранд.

 Эҳё ва барқарор намудани аркони давлатдории миллӣ ва ниҳодҳои асосии он идомаи мантиқии ин раванд ба ҳисоб рафта, қабули Конститутсия дар таърихи давлатдории мо саҳифаи навро оғоз намуд. Тавре Пешвои миллат ёдрас шудаанд: «Даҳсолаи аввали давлатдории миллии мо асосан ба ҳалли масъалаҳои сиёсӣ, аз ҷумла ба эътидол овардани вазъияти кишвар, баргардонидани гурезаҳо, бо хонаву ҷой таъмин кардани онҳо, бесилоҳ гардонидани гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, ҳалли масъалаҳои дар Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон муайяншуда сарф гардида, танҳо пас аз соли 2000-ум ба Давлату Ҳукумат муяссар гардид, ки ба таври ҷиддӣ ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоиро роҳандозӣ намояд».

Дар ин раванд месазад аз дастовардҳои қобили мулоҳиза ва арзандаи ситоиш вобаста ба татбиқи чор ҳадафи стратегӣ – расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар ифтихор ва иқтибос намоем.

 Корро бояд ба роҳ монд, то тамоми қишрҳои ҷомеа беш аз пеш дарк ва арҷгузорӣ намоянд, ки маҳз ба шарофати мақому манзалати бениҳоят баланди муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи байналмилалӣ, обрӯву нуфузи хоса ва маҳбубияти беназири ин Абармарди дунёи сиёсат дар дохил ва хориҷи мамлакат Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол ҷойгоҳи хосро соҳиб аст.

 Ихтиёрдории тақдири имрӯзу фардо орзую ормони ҳар як миллат буда, на ба ҳар халқият муяссар мегардад. Зиёданд дар ҷаҳон миллатҳое, ки теъдодашон то 40 миллион нафар аст, вале на давлат доранду на истиқлолият. Агар ба далелу рақамҳои таърихӣ мутаваҷҷеҳ гардем, ғояи истиқлолият яке аз аркони калидии инсон ва шаклдиҳандаи андешаю ҳувияти миллӣ маҳсуб мешавад.

 Соҳибистиқлолӣ агар, аз як ҷониб, ифтихор бошад, аз тарафи дигар, масъулияти азим буда, аз ҳар фарди миллат ҳисси баланди ватандӯстӣ, сатҳи волои ҳувияти миллӣ, садоқат ба арзишҳои инсонӣ, миллӣ ва давлатиро тақозо менамояд. Аллакай дар саҳифаҳои таърих бо ҳарфҳои заррин ҳаккокӣ шудааст, ки маҳз ба шарофати зуҳури муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, новобаста ба он ки истиқлолияти Тоҷикистон ба айёми мухолифатҳо рост омад, тоҷику тоҷикистониён, бо назардошти ҷанбаҳои милливу таърихӣ роҳи дурустро пеш гирифта, дар ҷодаи бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ собитқадаманд.

 Муҳимтар аз ҳама, усули вежаи давлатдории миллии Тоҷикистони соҳиб­истиқлолро ҷомеаи байналмилалӣ эътироф намуд ва кишвари мо мақому манзалати шоистаи худро дар ҷомеаи башарӣ пайдо кард. Ҷанбаи дигари муҳим, дарки моҳияти истиқлолият маҳсуб мешавад, зеро бидуни ин омил пойдории давлат ва бақои миллат имконнопазир аст.

 Мутаассифона, баъзеҳо чун сухан дар бораи истиқлолияти давлатӣ равад, бештар ба ҷанбаҳои моддӣ ва иҷтимоӣ афзалият медиҳанд. Ин тоифа нодида мегиранд, ки маҳз истиқлолияти давлатӣ шароит муҳайё намуд, ки номаи тақдири ­худро бо дасти худамон нависем ва дар ташкилотҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ҳамрадиф бо абарқудратҳо овоз ва мақому манзалатро соҳиб гардем. Вазифаи ҷонии ­масъулини мақомоти давлатӣ ва аҳли зиё он аст, ки ба мардум фаҳмонанд норасоӣ ва мушкилоти зиндагӣ танҳо дар сурати соҳибистиқлол будан ва мавҷудияти фазои сулҳу оромӣ ҳаллу фасл мегардад, зеро миллате, ки истиқлолияту озодӣ дорад, имконият ҳам дорад, ки камбудиҳои мавҷударо бе таъсири ғайр ҳаллу фасл намояд.

 Маҳз, ба шарофати истиқлолияти давлатӣ раванди худшиносӣ ва ифтихор аз давлатдории миллӣ ба сатҳи сиёсати давлатӣ расид. Дар ин замина, ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони соҳибистиқлол метавонад бо сарфарозӣ худро фарзанди миллати куҳанбунёду фарҳангсолор ва соҳибдавлати тоҷик муаррифӣ карда, аз Ватану ватандорӣ ва аз муқаддасоти миллии хеш — Парчаму Нишони давлатӣ ва Суруди Миллӣ ифтихор намояд.

 Дар чунин шароити пуртазод ва торафт маъмул гардидани сиёсати духӯра таҳкими истиқлолияти давлатӣ афзалияти бештар касб намуда, чунин вазъ ҳамаро, сарфи назар аз мансубияти иҷтимоӣ, водор месозад, ки беш аз пеш зиракии сиё­сиро меҳвари кору зиндагӣ қарор диҳем.

 Ҳақиқати бебаҳс аст, ки раванди ҷаҳонишавӣ дар баробари мусоидат кардан ба пешрафти бесобиқаи илму техника, кашфиёти технологӣ, рушди босуръати иқтисодиёт ва ҳамгироии кишварҳо ба ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакатҳое, ки тараққиёти ноустувор доранд, хатари ҷиддӣ эҷод мекунад. Роҳбари мамлакат ин равандро ба селоби бузургу босуръате ташбеҳ доданд, ки «дар роҳи худ чашмаҳо ва рӯдҳои хурдро ба комаш фурӯ мебарад».

Вобаста ба таъсири манфии раванди ҷаҳонишавӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фармудаанд: «Ба андешаи ман, натиҷаи аз ҳама нигаронкунанда ва ҳатто хатарноки раванди глобализатсия ва ҷараёнҳои ба он пайванд коҳиш ёфтани ахлоқ, маънавиёт, одоб, суннат, фарҳанг ва унсурҳои дигари иҷтимоист, ки бе онҳо ҳастии ҳақиқии инсон амалан ғайриимкон аст».

 Бо хулоса аз вазъи кунунии сайёра метавон гуфт, ки минбаъд низ Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил ба масъалаҳое мувоҷеҳ мегардад, ки дурнамои истиқлолияти давлатӣ ба чигунагии ҳалли онҳо рабт дорад. Бегуфтугӯ, дар тамоми марҳалаҳо ҳифзу таҳкими соҳибистиқлолӣ масъалаи муҳими умумимиллӣ ва давлатӣ боқӣ мемонад.

 Бояд бештар дар бобати он андешем, ки бо кадом роҳҳо истиқлолияти давлатиро метавон таҳким бахшид? Қабл аз ҳама, ташаккул додани тафаккури давлатӣ, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ифтихор аз соҳибистиқлолӣ бояд ягон вақт аз мадди назар дур намонад.

 Баргузории чорабиниҳои қолабӣ бо иштироки ашхосе, ки худ моҳияти ин муқаддасотро дарк накардаанд, суханрониҳое, ки наметавонанд аудиторияро ҷалб намоянд, ҷалби нафароне, ки дар ҷомеа обрӯву эҳтиром надоранд, ба ҳеҷ ваҷҳ қобили қабул нест ва метавонад натиҷаи баръакс диҳад.

 Мебояд бо ҷалби ашхоси донишманду аз набзи замон огоҳ, ба маънои том ватандӯст, ба Пешвои миллат воқеан ҳам содиқ, чорабиниҳои ба масъалаи мавриди назар дахлдоштаро дар сатҳи хубу сифати баланд доир намуд, то ҳисси ифтихор аз доштани Пешвое чун муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва соҳибистиқлолӣ дар қалби ҳар сокини Тоҷикистон, сарфи назар аз миллат, дину маҳзаб ва мавқеи сиёсию иҷтимоӣ беш аз пеш маскан гирад.

 Барои комёб будан дар ин самт ба болоравии маърифати сиёсӣ, масъулияти шаҳрвандӣ ва зиракии сиёсии мардум таваҷҷуҳи хоса зоҳир намудан бениҳоят муҳим аст. Мусаллам аст, ки дар сурати баланд будани маърифати сиёсӣ ва ҳуқуқии шаҳрвандон нотавонбинон дар самти фирефта намудани онҳо ноком мемонанд. Ба ибораи дигар, ҳувияти баланди миллию ватандӯстии мардум пойдевори амният ва суботи сиёсии давлат маҳсуб мешавад.

 Дар тӯли 32 соли соҳибистиқлолӣ собит гардид, ки тоҷику тоҷикистониён бо роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон аз уҳдаи иҷрои ин рисолати таърихӣ — бунёди давлати мутамаддини ҷавобгӯ ба орзую ормон ва манфиатҳои халқи кишвар ва эҷоди аркони давлатдории муосир сарбаландона баромаданд.

 Дар шароити кунунӣ ба дастовардҳои ноилгардида иктифо накарда, баҳри тамоюли афзоишро касб намудани онҳо ҷаҳду талош бояд кард. Барои расидан ба ҳадафҳои муайянгардида мо дар симои Пешвои миллат роҳнамо дорем, ки сиёсати хирадмандонаю бунёдкоронаашон комёбиҳоро дар тамоми самтҳо афзун намуда, ба рушди устувори сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва маънавии ҷомеа такон бахшидаанд.

Пешвои миллат зимни яке аз суханрониашон дар назди хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таъкид карданд: «Бояд барои ҳимояи сулҳу оромии ба қимати бисёр гарон бадастовардаамон, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва амнияти давлату халқамон омода бошем. Зеро ҳимояи амнияти давлат ва ҳифзи оромии ҷомеа барои мо вазифаи муқаддастарин, муҳимтарин ва афзалиятноктарин буда, мо ин корро бо кадом қимате, ки бошад, анҷом медиҳем!»

Овардани ин иқтибос дар фарҷоми матлаб мантиқан ва моҳиятан бамавриду рамзӣ буда, ба мазмуну муҳтавои мақолаи «Эҳёи миллат — бақои давлат» алоқаманд аст.

Далер АБДУЛЛО,

«Садои мардум»