Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ташкили ҳукумати қонунӣ, пойдории сулҳу осоиштагӣ дар мамлакат ва хатари парокандагии Тоҷикистони азиз замина гузошт. Он ба рағми бадхоҳони миллати тоҷик, новобаста аз вазъи муташанниҷи сиёсӣ бо иштироки фаъоли вакилон дар сатҳи баланд баргузор гардид. Дар арафаи таҷлили ин ҷашн бо яке аз иштирокчиёни он, вакил аз ҳавзаи интихоботии «Саноат», №84 Ғаффорхон Муҳиддинов ҳамсуҳбат гардидем.
- Аз рӯзҳои аввали баргузории иҷлосия ёдовар шавед…
- Дар он шабу рӯз на танҳо мо — вакилон, балки ҳама мардуми Тоҷикистон аз иҷлосия умед доштем. Ба иборае, ҳама бо умеди охирин ба ин рӯйдод менигаристанд, зеро воқеаҳои мудҳиши сиёсӣ, шароити вазнини иқтисодӣ, беҳокимиятӣ, алангаи ҷанги бародаркуш, бадбахтии гурезаҳои иҷборӣ ва азобу кулфати мардуми кишвар қувваҳои солими ҷомеаро нигарон карда буданд. Барои вакилон муҳите лозим буд, ки бо ҳусни тафоҳум, бо таҳаммулу мусолиҳа бобати пешгирии бетартибиву бенизомиҳо, рафъи буҳрони сиёсӣ ва таҳкими сулҳу суботи ҷомеа саъю талош варзанд.
Аз 12-уми ноябр дар бинои кумитаи иҷроияи вилоятӣ бақайдгирии вакилон оғоз гардида, беш аз 30 вакил номнавис шуда буданд. Бегоҳии 15-уми ноябр, вақте ки иттилоъ ёфтем беш аз 160 вакил аз қайди расмӣ гузаштаанд, бовариамон афзуд. То ин дам бархе ба баргузории иҷлосия дар шаҳри Хуҷанд шубҳа доштанд. Албатта, он бояд доир мегашт, дигар роҳи наҷоти миллату давлат набуд. Мардуми ҷумҳурӣ аз мо — вакилони халқ заковату хирадмандӣ, умеди наҷоти миллату давлат доштанд. Шукр, ки 16-уми ноябр дар Қасри Арбоб, баъди нисфирӯзӣ иҷлосия бо иштироки 193 вакил ба кор оғоз намуд.
-Барои чӣ иҷлосия баъд аз нисфирӯзӣ оғоз шуд?
- Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Акбаршо Искандаров даъват кард, ки иҷлосия ба рӯзи дигар гузошта шавад, вале аксарият норозигӣ карданд. Вакилон боисрор талаб карданд, ки он бояд ҳамин рӯз ба кор оғоз намояд, зеро мардуми кишвар ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Қасри Арбоб чашм дӯхта буданд.
«Агар ҳамин қадар омодагӣ дида, тамоми мардумро умедвор карда, дар рӯзи таъиншуда иҷлосияро оғоз накунем, боварии интихобкунандагон ва кулли мардуми ҷумҳуриро аз даст медиҳем», — таъкид намуд вакил Б. Бобоев. Вакилон ӯро ҷонибдорӣ намуданд ва иҷлосия оғоз гардид. Комиссияи баҳисобгирию котибот ва комиссияи муросо интихоб карда шуд. Комиссияи муросо, ки аз 40 вакил аз ҳамаи минтақаҳо иборат буд, масъалаҳои баргузории иҷлосия ва рӯзномаи онро баррасӣ намуд.
- Ҳамчун вакил дар кадом рӯз ё лаҳзаи баргузории иҷлосия эътимод пайдо кардед, ки он натиҷаҳои мусбат медиҳад?
- Аз рӯзи нахуст эътимоду боварӣ доштем, ки бояд иҷлосия доир гардида, ба эътидоли вазъи ба миёномада, хотимаи ҷанги шаҳрвандӣ, бенизомиву бетартибӣ ва беадолативу беқонунӣ замина мегузорад. Муҳимияти баргузории иҷлосияро ҳама дарк мекард, зеро дар он тақдири давлату миллати мо ҳал мегардид.
- Аз иҷлосия кадом лаҳзаҳои хотирмон ба ёдатон мондааст?
- Дар иҷлосия лаҳзаҳои хотирмону таърихӣ хеле зиёд буданд, ки ҳеҷ аз лавҳи хотир намераванд. Яке аз он лаҳзаҳо ба интихоби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон марбут аст. Аввал ин, ки ҳама аз малакаи корбарӣ, меҳанпарастӣ ва муҳаббату самимияти инсонии ин шахсияти барӯманд маншаъ мегирифт. Дар давраи фаъолияти вакилӣ аз дониши баланд, поквиҷдониву масъулиятнокӣ, худшиносии комил, фитрату заковати баланди эзидӣ ва дигар хислатҳои ҳамидаи Сарвари давлат огаҳӣ пайдо карда будем. Ин буд, ки 19 -уми ноябри соли 1992 тибқи овоздиҳии пинҳонӣ аксарияти вакилон, яъне аз 197 нафар 186 нафар ба тарафдории муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раъй доданд.
- Шумо узви котиботи иҷлосия будед ва дар таҳияи матни санаду ҳуҷҷатҳо саҳм гирифтед…
- Аз рӯзҳои аввал узви котиботи иҷлосия будам. Лоиҳаи ҳамаи ҳуҷҷатҳо, қарору қонунҳо, муроҷиатномаҳо ва дигар санадҳо ҳатман аз назари аъзои котибот мегузаштанд. Кӯшиш мекардем, ки ҳуҷҷатҳо ба талаботи меъёрҳои ҳуқуқӣ мутобиқ бошанду дорои сифати баланд. Дар маҷмӯъ, дар иҷлосия 74 санади ҳуқуқӣ, аз ҷумла 15 қонун, 52 қарор, 6 фармон ва як изҳорот қабул гардид, ки нақши онҳо дар таҳкими давлатдорӣ, ба эътидол овардани вазъи сиёсии кишвар ва рушди муносибатҳо дар он солҳо бузург буданд.
Ҳамчунин, суханрониву маърӯза, таклифу пешниҳоди ҳар як вакилро меомӯхтем ва кӯшиш мекардем, то ба эҳсосот роҳ надиҳем. Санадҳои иҷлосия, ки имрӯз моли таърих гаштаву дар осорхонаҳо маҳфузанд, қимати бузурги таърихӣ доранд ва насли ҷавонро зарур аст, ки онҳоро омӯзанд, баҳра баранд ва шукри ин диёри ободу рӯзгори осуда намоянд.
- Бузургтарин дастоварди иҷлосия аз нигоҳи шумо чист?
- Албатта, пеш аз ҳама, таъмини сулҳу осоиши мамлакат ва бунёди ҳукумати қонунӣ. Чунон ки дар Изҳороти Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-уми ноябри соли 1992 омадааст: «Муҳимтарин дастоварди кори иҷлосия тантанаи қонун аз болои қонуншиканӣ, бозгаштан ба роҳи конститутсионии ҳалли масъалаҳои тезутунди иҷтимоию сиёсӣ мебошад, ки ҷомеаро ба изтироб овардаанд».
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ ба ин маънӣ таъкид кардаанд, ки ба шарофати иҷлосияи таърихӣ мо давлату миллатамонро аз вартаи нобудӣ наҷот дода, тамомияти арзии онро ҳамчун давлати ягона ҳифз кардем ва аркони асосии сиёсиву идорӣ ва давлатдории миллиро эҳё намудем.
Бо гузашти 30 сол таърих боз ҳам собит менамояд, ки мо — вакилон дар интихоби Сарвари давлат хато накарда будаем ва ин интихоб аз беҳтарин дастоварди иҷлосия маҳсуб меёбад. Парвардигор раҳми миллати тоҷикро хӯрд ва муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бахти мардуми мамлакат зимоми роҳбариро ба даст гирифта, мардуми кишварро ба ин рӯзҳои босаодат расониданд.
Мухтори АБДУЛЛО,
«Садои мардум»